Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Ба қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуд

№67-68 (3213-3214) 24.06.2014

DSC_0004

Бистуми июни соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»           

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ»

7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият».

РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна дода мешавад.

Бибидавлат АвзалшоеваБибидавлат АВЗАЛШОЕВА:- Муҳтарам Раис,  Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибидавлат Авзалшоева ва Шакарбек Самадов таҳия шудааст, пешниҳод мегардад.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур  бо мақсади таъмини мутобиқати он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили қонуни конститутсионии амалкунанда ва бартараф намудани мухолифат миёни меъёрҳои қонунҳои амалкунанда  пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи  қонуни конститутсионии пешниҳодшуда аз 33 қисм иборат буда, дар он ба 31 моддаи қонуни амалкунанда ворид намудани тағйиру иловаҳо пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла  ду моддаи нав -«Моддаи 11  Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва «Моддаи 481 Интихобот дар воҳидҳои марзию маъмурии навташкил» илова гардидаанд.

Инчунин  ба 5 моддаи қонуни амалкунанда қисмҳои нав  илова гардида, қисмҳои алоҳидаи баъзе моддаҳо дар таҳрири нав оварда шудаанд.Ҳамзамон як қатор модда ва сархатҳои он аз ҷиҳати услуби забон ва мутобиқати дохилӣ мавриди таҳлил қарор дода, ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ гардонда шудаанд.

Ба моддаи 9 қисми дуюм дар бораи роҳбарии умумӣ ва назорати ташкилу гузаронидани интихобот илова карда шуда,қисми панҷуми моддаи 16 ва қисми даҳуми моддаи 17 вобаста ба номукаммалии худ дар таҳрири нав оварда шудааст.

Мутобиқи лоиҳаи ин қонун ба қисми сеюми моддаи 24 ҷумлаи нав илова мегардад, ки тибқи он ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд шахсони аъзои ҳизб набударо низ номзад ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин, тибқи лоиҳаи қонун ба моддаи 27   қисми панҷум ҷумлаи дуюм ба таври зайл илова мегардад:  «Дар сурати рад шудани бақайдгирии номзад, комиссияи дахлдори интихобот вазифадор аст, ки дар давоми як шабонарӯз ба номзад ва ҳизби сиёсӣ нусхаи қарори комиссияи интихоботро бо баёни асосҳои радкунӣ пешниҳод намояд».

Ба моддаи 34 қисми 1 илова гардид, ки тибқи он ташвиқоти интихоботӣ аз рӯзи бақайдгирии номзад оғоз, як шабонарӯз пеш аз овоздиҳӣ қать мегардад.

Мутобиқи пешниҳод ба моддаи 42 қисми шашум илова карда мешавад, ки тибқи он комиссияҳои интихоботии вилоятӣ шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар бораи натиҷаҳои интихобот ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ медиҳанд.

Ҳамчунин, ба моддаи 45 қисми нав илова карда мешавад, ки тибқи он шакл ва намуди шаҳодатнома ва нишони дахлдори сарисинагии вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Номи боби 8 ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ кунонида шуд. Ҳамзамон меъёри муайяншуда оид ба ташкили интихобот дар воҳидҳои марзию маъмурии навташкил дар матни боб нишон дода шудааст. Аз ин рӯ, ба қонун моддаи нав- 481 «Интихобот дар воҳидҳои марзию маъмурии навташкил» илова карда шуд.

Моддаи 49 дар таҳрири нав оварда шуд, ки дар он маблағгузории интихобот, сарчашмаҳо ва тартиби назорати маблағҳо муайян карда шудааст.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2285 аз 24 феврали соли 2014 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, бо мақсади такмили он як қатор таклифҳо пешниҳод намуданд.

Кумитаи масъул рӯзи 10 июни соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни конститутсионии зикршуда ва таклифҳои воридгаштаро мавриди баррасӣ қарор дода, аз 94 таклифи пешниҳодшуда 38 -тоашро пурра ва 24 -тоашро қисман қабул карда, 32 — тои онро қобили қабул наҳисобид.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ гардидани меъёрҳои он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»-ро, бо назардошти тағйиру иловаҳои воридшуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС :- Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Имомов Азизмат  Холматович дода мешавад.

Азизмат ИмомовАзизмат ИМОМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз ҷониби гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни конститутсионии мазкур ба муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар санадҳои қонунгузории мамлакат, такмил ва бартараф намудани мухолифати меъёрҳои алоҳидаи он таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Аз ин лиҳоз, муаллифони лоиҳаи қонун дар мувофиқа ба муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузории ҷумҳурӣ пешниҳод менамоянд, ки ба қонуни конститутсионии мазкур моддаи 1.1 зери унвони «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» илова карда шуда, дар он муқаррар карда шавад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии  байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Таҳрири  аз ҷониби муаллифон пешниҳодгардидаи қисми 1 моддаи 2 қонуни конститутсионии мазкур онро ба муқаррароти моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида, муқаррар мекунад, ки интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия умумӣ мебошад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб  шуданро доранд.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба моддаи 6 қонуни конститутсионӣ, меъёрҳои моддаи мазкурро ба муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мегардонад.

Иловаи қисми 2 ба моддаи 9 қонуни конститутсионӣ таъиноти моддаи мазкурро пурра намуда, дақиқ муқаррар мекунад, ки роҳбарии умумӣ, назорати ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Тағйироти пешниҳодгардида ба банди 15 моддаи 11 ба комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот ваколат медиҳад, ки онҳо дигар ваколатҳоро низ вобаста ба ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки аз қонуни конститутсионии мазкур бармеоянд, амалӣ намоянд.

Таҳрири пешниҳодгардидаи қисми 5 моддаи 16 низ меъёри мазкурро мушаххасу оммафаҳм мегардонад ва муқаррар мекунад, ки номзад ба вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, узви комиссияи дахлдори вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот, инчунин комиссияи ҳавзавӣ ё участкавии интихобот, ки овоздиҳиро дар ҳамон ҳавза ё участкаи интихоботӣ ташкил мекунад, буда наметавонад. Албатта, муқаррароти мазкур ба таъмини шаффофият ва объективона гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ равона гардида, қобили дастгирӣ мебошад.

Тағйироти пешниҳодшуда ба қисми 10 моддаи 17 меъёри мазкурро мушаххас гардонида, дақиқ менамояд, ки комиссияҳои интихоботӣ ба муҳлати муайян ташкил карда мешаванд ва онҳо баъд аз интихоб шудани вакилон аз ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ ба Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ фаъолияти худро қатъ менамоянд.

Таҳрири пешниҳодгардидаи қисми 3 моддаи 21 меъёри мазкурро пурра ва оммафаҳм гардонида, муқаррар мекунад, ки шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар хусуси ба рӯйхат дохил нашудан, нодуруст дохил кардан ё аз рӯйхат баровардан, инчунин саҳву хатои дар рӯйхат ҷойдошта ба мақоми дахлдор шикоят кунанд. Ҳамзамон дар меъёри мазкур мақоми баррасикунандаи шикоят ва тартиби баррасии он муайян карда мешавад, ки мутобиқ ба моҳият ва таъйиноти институти мазкури интихобот мебошад.

Иловаи қисми 3 моддаи 24 ба ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ медиҳад,  шахсонеро низ, ки аъзои ҳизби сиёсӣ намебошанд, ба вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ номзад пешниҳод намоянд. Муқаррароти мазкур ба баландбардории сифати касбӣ ва сиёсии номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба мақоми вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ нигаронида шуда, ба манфиати тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Иловаи ҷумлаи дуюм ба қисми 5 моддаи 27 комиссияҳои интихоботро вазифадор мекунад, ки дар сурати рад кардани бақайдгирии номзад, дар давоми як шабонарӯз ба номзад ва ҳизби сиёсӣ нусхаи қарори  комиссияи интихоботро бо баёни асосҳои радкунӣ пешниҳод намоянд. Ин маънӣ мувофиқ ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» буда, ба таъмини ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон зимни муроҷиат ба мақомоти давлатӣ нигаронида шудааст.

Таҳрири пешниҳодгардидаи қисми 2 моддаи 34 ба номзадҳо ба вакилӣ ҳуқуқ медиҳад, ки аз воситаҳои ахбори омма бо асосҳои баробар истифода баранд, вохӯриҳои худро бо интихобкунандагон дар шакли барои ҳар ду ҷониб мувофиқ ташкил намоянд. Ҳамзамон комиссияи участкавии интихобот вазифадор карда мешавад, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои гузаронидани вохӯриҳо мусоидат намояд, вақту маҳалли  баргузории онҳоро ба интихобкунандагон хабар диҳад.

Иловаи қисми 6 ба моддаи 42 Комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро вазифадор мекунад, ки аз натиҷаи ниҳоии интихобот дар ҳавзаи интихоботии дахлдор ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ диҳанд.

Тағйироти пешниҳодшуда ба боби 8 онро мувофиқ ба муқаррароти  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мегардонад.

Пешрафти ҷомеа шаҳодати он аст, ки ташкили воҳидҳои нави марзию маъмурӣ дар мамлакат ҳодисаи муқаррарист. Аз ин лиҳоз, муаллифони лоиҳаи қонун иловаи моддаи 481- ро зери унвони «Интихобот дар воҳидҳои марзию маъмурии навташкил» пешниҳод карда, дар он асосҳо ва тартиби гузаронидани интихоботро дар воҳидҳои марзию маъмурии навташкил муайян намудаанд, ки ба манфиати низоми интихобот дар ҷумҳурӣ мебошад.

Таҳрири пешниҳодгардида ба моддаҳои 49 ва 50 қонун бошад, меъёрҳои мазкурро мушаххас намуда, масъалаҳоро вобаста ба маблағгузории интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва асосҳои ҷавобгарӣ барои риоя накардани муқаррароти қонуни конститутсионии  мазкур оммафаҳм мегардонанд.

Ҳамин тариқ, тағйиру иловаҳои пешниҳоднамудаи муаллифони лоиҳаи қонун ба рушди асосҳои ҳуқуқӣ ва низоми ягонаи интихоботи Маҷлиси вакилони халқ дар Тоҷикистон равона гардида, ба манфиати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони соҳибистиқлол нигаронида шудаанд.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, ҳамкасбони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» овоз диҳед.

Лоиҳаи қонуни консти-тутсионӣ ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» сухан  ба муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмонов Фатҳиддин Бадриддинович дода мешавад.

DSC_0049Фатҳиддин ИСМОНОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки ба муҳокимаи шумо пешниҳод шудааст, дар асоси банди 5 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014 таҳти №138 «Дар бораи таъсиси маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба низоми марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Чӣ хеле ки маълум аст, низоми марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз соли равон ҷорӣ карда шуда, ҳадафи он ба таври шаффоф, одилона ва бо истифода аз имконоти муосир ба роҳ мондани қабули довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда барои беҳтар намудани раванди мазкур мусоидат мекунад.

Лоиҳаи қонун аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (30 майи соли 2014 таҳти №342) маъқул дониста шуда, амалӣ намудани он маблағгузории иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш дорам, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ҳакимов Мироҷиддин Дӯстмуродович дода мешавад.

ҲАКИМОВ ММироҷиддин ҲАКИМОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар замони муосири рушди бесобиқаи илму техника таъмини амнияти миллӣ, ки таҳсилот ҷузъи таркибии он мебошад ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҳар як кишвар дар алоҳидагӣ ба истифодаи ғояҳои замонавӣ, технологияҳои пешқадам, татбиқи усулҳои инноватсионӣ, робитаи мустаҳками илму истеҳсолот ва сатҳу сифати таҳсилоти ҷавонон ҷавобгӯ ба талаботи замон вобастагии зичи ногусастанӣ дорад, пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур зарур буд.

Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми таҳсилот ҷорӣ намудани меъёрҳои замонавии таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои амалӣ намудани он як қатор корҳоро ба сомон расонидааст, ки ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар қисми қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷумлаи он мебошад.

Бо Фармони Президенти ҶумҳурииТоҷикистон Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки мақсади асосии он ташкили имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар нуқтаҳои ба макони зисти довталабон наздик, шаффоф, объективона ва бо таъмини иштироки баробару озодонаи ҷавонон, ҳамчунин аз байн бурдани падидаҳои номатлуб, бахусус, сӯиистифодаи мансабҳои хизматӣ, яъне коррупсия дар рафти қабул мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани банди 5 Фармони ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон аз 10 феврали соли 2014 таҳти №138 «Дар бораи таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он 8 таклиф пешниҳод намуданд, ки онҳо асосан ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ вобаста буда, характери имлоию таҳрирӣ доштанд.

Дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, ки 11 июни соли 2014 бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, лоиҳаи қонун ҷонибдорӣ ва таклифу дархостҳои пешниҳодгардида қабул ва бо розигии субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун дохил карда шуданд.

Ҳамин тавр, дар оянда бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф васеъ гардида, тасдиқи тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар ин самт бекор карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, аз Буҷети давлатӣ  маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон бо дарназардошти ворид намудани тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро барои муҳокима ва баррасӣ ба шумо пешниҳод намуда, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: -Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» сухан  ба муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмонов Фатҳиддин Бадриддинович дода мешавад.

Фатҳиддин ИСМОНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» дар асоси  банди 5 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014 таҳти №138 «Дар бораи таъсиси маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба низоми марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии  таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда дар назар дошта шудааст, ки ба моддаҳои 13,31 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 30 майи соли 2014 №343 маъқул дониста шуда, амалӣ намудани он маблағгузории иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ кунед.

РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ҳакимов Мироҷиддин  Дӯстмуродович дода мешавад.

Мироҷиддин ҲАКИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва бо мақсади мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани банди 5 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014 №138 «Дар бораи таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он ҳашт таклиф пешниҳод карданд, ки онҳо асосан хусусияти имлоию таҳрирӣ доштанд

11 июни соли 2014 ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи қонун ҷонибдорӣ, таклифҳои пешниҳодгардида қабул ва бо розигии субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун дохил карда шуданд.

Ҳамин тавр, дар оянда бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф васеъ гардида, тасдиқи тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар ин самт бекор карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, аз Буҷети давлатӣ  маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, бо дарназардошти ворид намудани тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»-ро барои муҳокима ва баррасӣ ба шумо пешниҳод намуда, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ  намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» сухан ба муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Абдусалом дода мешавад.

МИРЗОЕВАбдусалом МИРЗОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», ки ба муҳокимаи шумо пешниҳод шудааст, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014» дар мавриди дастрасии шаҳрвандон ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ, соҳибкасб намудани онҳо, таъмини бозори дохил ва хориҷи кишвар бо кадрҳои коргарии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ таҳия гардидааст.

Тағйироти мазкур, пеш аз ҳама, ба ворид шудани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.

Ҳамзамон дар ин замина системаи ягонаи омӯзиши касбии шаҳрвандони бекор, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва калонсолон ташкил карда мешавад, ки ба паст намудани сатҳи бекорӣ ва кам кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатии ғайрирасмии  аҳолии қобили меҳнат мусоидат хоҳад кард.

Бинобар зарурати масъалаи мазкур, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала  сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ҳакимов Мироҷиддин Дӯстмуродович дода мешавад.

Мироҷиддин  ҲАКИМОВ: — Муҳтарам  Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Тайи солҳои истиқлолият дар натиҷаи таҳти ислоҳоти куллӣ қарор гирифтани сохторҳои иқтисодиёти мамлакат ва ба ин васила дар он ҷорӣ намудани дастовардҳои илму техникаи ҳозиразамон талабот ба кадрҳои коргарӣ ва муносибат ба онҳо сифатан тағйир ёфта, нақш ва саҳми онҳо дар таъмини рушди ҷомеа, бахусус соҳаҳои алоҳидаи он, беш аз пеш афзун мегардад. Дар замони ҳозира таъмини пешравии иқтисодию иҷтимоии ягон кишварро дар алоҳидагӣ бе мавҷудияти кадрҳои баландихтисоси коргарӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Имрӯзҳо инкишофи шаклҳои моликият дар ҷумҳурӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ ба ташаккули бозори меҳнат мусоидат карда, талабот ба касбу ҳунарҳои гуногунро ба вуҷуд меоварад, ки тайёр намудани мутахассисон дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар ин раванд меҳвари асосии онро ташкил медиҳад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастрасии шаҳрвандон ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ, соҳибкасб намудани онҳо, таъмини бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар бо мутахассисони коргарии ба талаботи замон ҷавобгӯ таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он нуҳ таклиф пешниҳод намуданд, ки онҳо асосан ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ вобаста буда, характери имлоию таҳрирӣ доштанд.

Дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, ки 11 июни соли 2014 бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, лоиҳаи қонун ҷонибдорӣ ёфта, таклифу дархостҳои пешниҳодгардида пурра қабул ва бо розигии субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун дохил карда шуданд.

Ҳамин тавр, дар оянда бо ворид намудани тағйироти мазкур дар амалия муҳлати аз худ намудани барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи таҳсилоти асосии умумӣ то ба се сол ва бидуни гирифтани таҳсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ то ба ду сол оварда расонида мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз Буҷети давлатӣ  маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

 

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, бо дарназардошти ворид намудани тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»-ро барои баррасӣ ба шумо пешниҳод намуда, хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Гиёев Сайфулло Неъматович дода мешавад.

ГиёевСайфулло ГИЁЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» ҷиҳати қабул пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани он бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тибқи лоиҳаи қонун ворид намудани як қатор тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» пешбинӣ мегардад. Аз ҷумла, дар ном ва матни моддаи 6 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», дар сархати панҷуми моддаи 7, қисми якуми моддаи 16 ва дар қисми якуми моддаи 18 калимаи «системаи» ба калимаи «низоми», дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 101  калимаи «яроқи» ба калимаи «силоҳи», дар қисми дуюми моддаи 18 «мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шудаанд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2014 таҳти №2433 барои хулоса ба Комиссияи экологии  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро дар маҷмӯъ ҷонибдорӣ намуданд.

Ҳамзамон барои такмили он аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният панҷ таклиф пешниҳод гардид, ки ҳамаи онҳо қобили қабул ҳисобида шуданд.

Мувофиқи қисми 2-юми лоиҳаи қонун дар сархати панҷуми моддаи 7, қисми якуми моддаи 16 ва қисми якуми моддаи 18 иваз  намудани калимаи «системаи» ба калимаи «низоми» пешниҳод шуда буд. Пешниҳоди мазкур қабул нагардид, зеро дар таҷрибаи фаъолияти қонунэҷодкунӣ истилоҳи «системаи» ҷавобгӯи мақсад буда, истилоҳи мазкур дар соҳаҳои гуногун ба маънои пурраи он мавриди истифода қарор дода мешавад.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро дар ҷаласаи васеи худ рӯзи 12 июни соли 2014 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дод. Дар маҷмӯъ, лоиҳаи қонун ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалигардии он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Гиёев Сайфулло Неъматович дода мешавад.

Сайфулло ГИЁЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2014 таҳти № 2429 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд. Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади мутобиқгардонии он ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 10 июни соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дода, лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмудов Насрулло Раҳматҷонович дода мешавад.

Насрулло МаҳмудовНасрулло МАҲМУДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Моҳи июли соли 2013 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи қонунӣ гирифт, ки он фаъолияти 40 мақомоти ваколатдори давлатӣ ва судро оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин тартиби татбиқи ҷазои маъмурӣ муайян менамояд. Дар амалия ҳолатҳое ҷой доранд, ки иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарори мақомот ва шахсони мансабдорро, ки ваколатдоранд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намоянд, мавриди баҳс қарор медиҳанд. Бо дарназардошти ин ҳолатҳо дар бобҳои 12, 13 ва  14 кодекси мазкур, ки 50 моддаро дар бар мегиранд, ба таври хеле муфассал субъектҳое, ки ҳуқуқи пешниҳод кардани шикоятро нисбат ба қарори мақоми ваколатдори давлатӣ ва шахсони мансабдори онро доранд, инчунин муҳлат ва тартиби баррасии ин шикоятҳо, бекор кардани қарори мақомот  ва шахсони мансабдори баррасикунандаи парвандаи маъмуриро ҳангоми беасос будан пурра ба танзим дароварда шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки то қабули Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зикргардидаро меъёрҳои сархати сеюми моддаи 249 ва боби 26-и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамагӣ се моддаро дар бар мегирифт, ба танзим медаровард. Аммо ин меъёрҳо тамоми ҳолатҳои баррасии баҳсро, тавре ки дар Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода шудааст, дар бар намегирифтанд.

Аз ин лиҳоз, аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              М. Кенҷаева бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шудааст. Бо пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур хориҷ кардани сархати сеюми моддаи 249 ва боби 26 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул рӯзи 12 июни соли 2014 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Кенҷаева Мунаввара Ҳодиевна дода мешавад.

Мунаввара КЕНҶАЕВАМунаввара  КЕНҶАЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади бартараф намудани номутобиқатии байни санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Боиси тазаккур аст, ки то қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 июли соли 2013) мурофиаи парвандаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарорҳои мақомот ва шахсони мансабдоре, ки ваколатдоранд парвандаҳоро оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ намоянд, тибқи талаботи сархати сеюми моддаи 249, боби 26 ва моддаҳои 264, 265, 266 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 5 январи соли 2008) амалӣ мегардид.

Пас аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба аз нав баррасӣ кардани қарорҳои суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мутобиқи талаботи бобҳои 12, 13, ва 14 ҳамин кодекс амалӣ карда мешаванд, ки ин ҳолат  номутобиқатиро байни меъёрҳои Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён овардааст.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки бо мақсади бартараф намудани номутобиқатӣ ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти дахлдор ворид карда шавад.

Бинобар ин, тибқи лоиҳаи қонун пешниҳод гардидааст, ки сархати сеюми моддаи 249, боби 26 ва моддаҳои 264, 265, 266 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шаванд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳишмандем ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Эсанқулов Эшбӯрӣ Тӯрахонович дода мешавад.

Эшбўрӣ ЭсанқуловЭшбӯрӣ ЭСАНҚУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз пешниҳоди қонуни мазкур мутобиқгардонии он ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида мафҳумҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» истифода гардидаанд, ба мафҳумҳои солҳои охир дар ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ қобили қабул шуморидашуда, мутобиқ гардонида шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур 10 июни соли 2014 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва пурра ҷонибдорӣ ёфт.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабул шудани қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ