7 ноябри соли 2014 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ»
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ»
8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»
9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»
10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм».
РАИСИКУНАНДА: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна дода мешавад.
АВЗАЛШОЕВА Бибидавлат: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ !
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, пешниҳод мегардад.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади такмил ва бартараф намудани мухолифатҳои дохилии қонун, мутобиқати он бо меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва инчунин ҷиҳати иҷрои «Тавсияҳои нозирон аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо доир ба интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010» таҳия гардидааст.
Тибқи лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур тағйиру иловаҳо ба ҳафт моддаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла тағйирот ба моддаи 10 оид ба ташкили комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ба моддаи 12 оид ба ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот ва шакли бюллетенҳо, моддаҳои 30,40,41,42 дар бораи тартиби овоздиҳӣ, аз ҷониби интихобкунандагон пур кардани бюллетенҳои интихобот мушаххас гардид.
Инчунин доираи шахсоне, ки дар як вақт вакили Маҷлисҳои дахлдори маҳаллии вакилони халқ буда наметавонанд, аниқ муайян карда шудааст.Чунончӣ, моддаи 26 қонуни конститутсионии амалкунанда, яъне «Талабот аз номзадҳо ба вакилӣ» ба мафҳумҳои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатӣ» мутобиқ карда шуд. Дар ин модда сохторҳо пурра муайян шуданд ва гуногунфаҳмӣ аз байн меравад. Хусусан қисми дуюми ҳамин модда дар таҳрири зайл омадааст:
«Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, прокурорҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовинони онҳо, роҳбарони сохторҳои ҳудудии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар як вақт вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи дахлдор буда наметавонанд ва ба шарте ҳамчун номзад ба қайд гирифта мешаванд, ки дар аризаи худ ҳангоми вакил интихоб шудан аз вазифа рафтанашонро изҳор карда бошанд.».
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2014 таҳти № 2606 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Субъектҳои зикргардида лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Ҳамзамон дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба моддаи 1-уми лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур тағйироти таҳрирӣ аз ҷониби кумита ворид карда шуд, аз ҷумла:
- дар дебочаи моддаи 1 калимаҳои «Қонуни конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, № 1087» ба рақамҳои «2014 г, №7, қисми 1 моддаи 383» иваз карда шуд;
- дар қисми дуюм номи моддаи 12 бо ранги сиёҳ навишта шуд;
- дар қисми 3 калимаи «Дар» ба калимаи «Аз» ва дар сархати 1 қисми 7 калимаи «дар» ба калимаи «ба» иваз карда шуданд.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб наменамояд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»-ро, бо дарназардошти тағйироти воридшуда, барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир А. ИСОЕВ