Ба Раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон хонум Тошмухамедова Д. Ғ.

№70 (3055) 10.06.2013

Мӯҳтарам Дилором Ғафурҷоновна!

Муроҷиати Шумо, қарори Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва гузориши Ҳаракати экологии Ҷумҳурии Ӯзбекистон нисбати КВД «Талко» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор гирифт.

Дар навбати аввал мехостам хотирнишон намоям, ки вазъи экологӣ дар кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, хотири вакилони парлумони моро низ мушавваш сохтааст. Аз ҷумла чораҳо оид ба таъмини бехатарии экологӣ дар мавзеи КВД «Талко» зери назорати доимии вакилон қарор дорад, зеро вазъи саломатии шаҳрвандон моро ҳам бетараф гузошта наметавонад.

Аз ин сабаб, далелҳо ва рақамҳои дар ҳуҷҷатҳои зикргардида қайдшуда саволҳои мантиқиро оид ба усули ҳисоб ва дараҷаи саҳеҳнокии онҳо ба вуҷуд меоваранд. Чӣ тавре ки маълум аст, арзёбии илман асоснокшудаи таъсири экологии корхонаҳои саноатӣ ба муҳити зист, саломатӣ, генофонди аҳолии таҳҷойӣ, низоми экологии минтақа, мушоҳидаҳои бисёрсола бо истифодаи таҷҳизоти махсус ва ҷалби мутахассисони баландихтисосро талаб мекунад.

Дар пайдоиши ин ё он касалӣ ва бад шудани вазъи саломатӣ дар ин ё он мавзеъ инчунин омилҳои дигар, ба мисли камбизоатии оила ва бадтар шудани таркиби ғизо, истифодаи зиёди маҳсулоти воридотие, ки дар таркибашон маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта зиёданд, мушкилоти дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва ғайра таъсир мерасонанд.

Далелҳои мутақобила ва иттилоот дар бораи фаъолияти ба ин муносибат амалишавандаи хадамоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маълумотномаи замимагашта, ки аз ҷониби Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст, муфассал қайд шудаанд.

Агар ба айбдоркунии тарафайн гузарем, тарафи мо низ дар навбати худ метавонад далелҳои илман асоснок ва исботшудаи вайрон шудани вазъи экологиро дар ҳудудҳои наздисарҳадии шимоли Тоҷикистон аз ҷониби корхонаҳои Ӯзбекистон пешниҳод намояд.

Корхонаҳои бузурги металлургӣ, заводҳои сементбарорӣ, шабакаҳои барқу гармидиҳии дар ноҳияҳои Бекобод ва Олмалиқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгиршуда дар давоми ним аср боз ҳавои атмосфера ва захираҳои оби ноҳияҳои шимоли Тоҷикистонро олуда месозанд. Коршиносон зарари расонидаи онҳоро то ба садҳо миллион доллари ИМА ҳисоб кардаанд. Вале муҳимтар аз ҳама зарари расонида ба саломатии аҳолӣ аст, ки дар ин ҳудуд зери таъсири ин омилҳо зиёда аз 600 ҳазор нафар аҳолии ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Зафаробод зиндагӣ мекунанд.

Вале мо чунин мепиндорем, ки бо баёни иддаои (даъвои) тарафайн масъалаҳои экологӣ ҳалли худро намеёбанд. Ба анъанаҳои неки қадимаи халқҳоямон такя карда таклиф дорем, ки баҳри ҳалли мушкилоти ҷойдошта роҳҳои муштараки онро тариқи гуфтушуниди конструктивӣ паси мизи гуфтушунид ба роҳ монем. Дар ин ҷода мо таҷрибаи кофии кор ва ҳалли шартномаҳои байнидавлатӣ оид ба масоили наздисарҳадӣ дорем.

Мо метавонем ин гуна гуфтугӯро дар доираи намояндагони парламентҳои кишварҳоямон ба роҳ монем. Бо мақсади арзёбии ҳақиқии вазъи экологии ҳудудҳои баҳсноки ҳар ду ҷониб пешниҳод менамоем, ки гурӯҳи байнипарлумонии ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои экологӣ бо ҷалби коршиносони мустақили байналмилалӣ таъсис диҳем. Ин тарзи фаъолият имкон медиҳад, ки дар ниҳояти кор кишварҳои мо нуқтаи назари ягона ва оқилонаву одилонаро баҳри таъмини ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самарабахши табиат рӯйи кор оранд.

Муътақидам, ки ин тарзи кор ба ҳукуматҳои мо имконият медиҳад, ки ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисодӣ ва дигар механизмҳоро баҳри беҳтар намудани ҳолати экологӣ ва санитарӣ-эпидемиологӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон оқилона истифода намоянд.

Итминони комил дорам, ки фақат тариқи чунин чораҳои муштарак мо метавонем ба боварии тарафайн ва муҳимтар аз ҳама ба ҳифзи саломатӣ, таъмини ҳимояи экологӣ, иқтисодӣ ва дигар манфиатҳои аҳолии кишварҳои хеш ва дар маҷмуъ минтақа расем.

Замима: 1. Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2013.

2. Маълумотнома «Оид ба вазъи экологӣ ва чораҳои амалишаванда баҳри муҳофизати муҳити атроф дар минтақаи КВД «Талко».

Бо эҳтиром, Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Ш. Зуҳуров