Чанде пеш муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Ғафорова ва муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Амирхон Сафаров дар Конфронси пленарии Ассамблеяи парлумонии Осиё дар мавзӯи «Қарни Осиё: ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, энергетика ва муҳити зист», ки дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид, иштирок намуданд.
Зимни суҳбат бо Назира Ғафорова маълум гардид, ки дар кори конфронс ҳисоботи Котиби генералии Ассамблеяи парлумонии Осиё Наҷот Ҳусейниён, раиси ҷаласаи якуми Шӯрои иҷроияи Ассамблеяи парлумонии Осиё Абутороби Фарда шунида шуда, раисии Ассамблеяи парлумонии Осиё аз ҷониби Сурия ба ҷониби Покистон, яъне ба Раиси Сенати Покистон Сайёд Найер Ҳусейн Бухорӣ вогузор шуд.
Ҳамчунин ҷаласаҳои кумитаҳои доимоамалкунанда оид ба масъалаҳои сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳанг ва иқтисодиёт баргузор гардид. Дар ҷаласаи Кумитаи доимоамалкунанда оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳанг баромад ва мубоҳисаҳо дар масоили «Нақши зан дар Парламент» зиёд буданд ва муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Ғафорова дар ин раванд фаъолона ширкат намуд. Дар конфронси номбурда намояндагони 41 парлумони давлатҳои аъзои Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок доштанд.
Дар доираи сафари фавқуззикр Назира Ғафорова ва Амирхон Сафаров бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Сайёд Найер Ҳусейн Бухорӣ мулоқот намуданд, ки дар он масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, байнипарлумонӣ, кишоварзӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони парламенти Тоҷикистон ҳамчунин бо Раиси Ассамблеяи миллии Покистон Сардор Аяз Содиқ вохӯрӣ доир намуданд, ки дар он масъалаҳои вобаста ба ривоҷи ҳамкориҳои байнипарламентӣ аз мавзӯъҳои меҳварӣ буд.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»