Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Белорус дар соҳаи маориф

№48 (3033) 19.04.2013

Шабозов БелоруссияМуовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов   18 апрели соли ҷорӣ муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Белорус Василий Будкевичро, ки ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши «Баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ба ҷумҳурии мо омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Мирганд Шабозов дар ҷараёни мулоқот меҳмонро бо вазъи илму маориф, дастовардҳои илмӣ, саҳми парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ислоҳоти соҳаи маориф дар мамлакат ва сатҳу сифати қонунҳои дар ин замина қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон ошно намуд. Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», ки аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон Марҳабо Ҷабборова, Махфират Хидирова, Нурулло Оқилов ва Мироҷиддин Ҳакимов таҳия шудааст, мароқ зоҳир гардид.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон аз сатҳу сифати ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон хостори дар оянда низ тақвият ёфтани равобити ду кишвар дар ин замина шуд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки ҳамкории ҳасанаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус аз муносиботи хуби cарони ҳар ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко маншаъ мегирад, аз ин рӯ мо бояд дар доираи ин бовариву эътимод равобити худро дар ҳамаи соҳаҳо ба сатҳи боз ҳам болотар бардорем.

Муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Белорус Василий Будкевич низ раванди муносиботи Белорус ва Тоҷикистонро дар бахши маориф мувофиқ ба хостаҳои ду кишвар арзёбӣ намуда, ҳамзамон изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Белорус ҳамеша ҳавасманди тақвияти равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар бахши маориф ва ҳам дигар соҳаҳо мебошад.

***

Ҳамчунин, худи ҳамон рӯз, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова бо муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Белорус Василий Будкевич мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот бештар ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф изҳори назар карда шуд.

Марҳабо Ҷабборова таъкид кард, ки ташрифи ҳайатҳои гуногун аз Ҷумҳурии Белорус ба кишвари мо аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо муносиботи ҷумҳуриҳои мо дар ҳамаи соҳаҳо густариш пайдо кардааст.

Мақсад аз ташрифи ҳайати Ҷумҳурии Белорус таҳти роҳбарии муовини вазири маорифи ин кишвар Василий Будкевич ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро Марҳабо Ҷабборова шарҳ дода, аз ҷумла таъкид кард, ки ин ҳайат бо ҳадафи анҷоми ташхиси байналмилалии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ба кишвари мо сафар кардааст. Ҳайати мазкур дар ҳамкорӣ бо мутахассисони тоҷик лоиҳаи ин қонунро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, аз ташхиси байналмилалии он натиҷагирӣ хоҳанд кард.

Мавсуф ҳамчунин илова намуд, ки зарурати таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва бо ин мақсад лоиҳаи ин қонун таҳия гардида, айни ҳол барои додани хулоса дар ихтиёри кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон қарор дорад. Мо дар таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур аз таҷрибаи ғании кишвари ба мо дӯсти Белорус истифода намуда ва аз мутахассисони ин кишвар таҳти роҳбарии муовини вазири маориф Василий Будкевич дархост кардем, ки ташхиси ниҳойии ин лоиҳаи қонунро маҳз онҳо анҷом диҳанд.

Ҳайати Ҷумҳурии Белорус дар доираи боздиди худ аз ҷумҳурии мо дар ҳамоиши «Баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» иштирок ва бо вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов мулоқот ва аз чанд муассисаи томактабӣ, аз ҷумла боғчаҳои кӯдаконаи «Панда» ва рақами 45, литсей-интернати президентӣ ва гимназияи хусусии «Кафолат»-и шаҳри Душанбе дидан мекунанд.

 

Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон