23 августи соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Бо қарори Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзномаи ҷаласа тасдиқ гардид.
Масъалаҳои аввали рўзнома – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», «Оид ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи супоридани маҳкумшудагон»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода ва оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷўрахон Зоир тавзеҳ доданд.
Дар ин робита қарорҳои Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва тибқи онҳо масъалаҳои мазкур барои баррасӣ ба Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.
Ҳамчунин, бо қарори Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ҷиҳати такмил бахшидан ба кумитаи дахлдор бозпас гардонда шуд.
Масъалаҳои дигари рўзнома – «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният», «Дар хусуси Протокол дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба муқовимат бо фаъолияти ҷинояткорӣ дар соҳаи иттилоот», «Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи таъмини мутақобилаи ҳифзи иттилооти махфӣ дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 18 июни соли 2004», «Дар бораи Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба шартҳои имтиёзноки таҳвили техникаи махсус ва воситаҳои махсус барои таҷҳизонидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 6 октябри соли 2007» бо қарорҳои алоҳидаи Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сафари хизматии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» низ қарори дахлдор қабул кард.
Аъзои Шўро, инчунин «Дар бораи даъват кардани Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Дар бораи рўзномаи Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарорҳо қабул намуданд.
Самариддин АСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин Исоев