25 майи соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх мулоқот намуд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, зимни суҳбати судманду самимӣ Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки ин сафар фоли нек буда, умед аст, ҳамкорӣ дар сатҳи парлумонҳои ҳар ду кишвар тавсеа ёфта, табодул ва ҳамоҳангсозии таҷриба ва фаъолият ба рушди робитаҳо миёни ҳар ду маҷлис сабаб мегардад.
- Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷониба бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қаноатманд ҳастем ва баҳри таҳкиму густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ изҳори омодагӣ менамоем. Иқдоми ҷониби Арабистони Саудиро дар мавриди таҳким ва тавсиа бахшидани ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи давлатҳои арабӣ мусбат ва зарурӣ арзёбӣ мекунем. Соли гузашта ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар ба 588 ҳазор доллари ИМА расид. Табиист, ки ҳаҷми ин нишондиҳанда ба имконияту иқтидорҳои мавҷудаи ду давлат ҷавобгӯ буда наметавонад, — гуфт Ш. Зуҳуров.
Зикр гардид, ки бахши гидроэнергетика ва сармоягузории соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз соҳаҳои ҷолиб ва умедбахш ба шумор меравад. Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ даъват намуд, ки дар татбиқи лоиҳаи гидроэнергетикӣ, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду миёна дар Тоҷикистон ва сохтмони хатҳои интиқоли неруи барқ иштирок намояд. Изҳори умед шуд, ки Ҳукумати Арабистони Саудӣ бо дарназардошти имкониятҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон ба ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад кард.
- Кишвари мо дорои захираҳои фаровони оби тоза аст, ки аз кӯҳҳо ва чашмаҳо ибтидо мегирад. Биноан, ду кишвар метавонанд дар соҳаи содироти оби ошомиданӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ намоянд, — илова намуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки айни замон заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз нуҳ санад иборат аст ва дар баррасии ҳар ду тараф лоиҳаи чанд созишнома қарор доранд, ки бо кӯшишҳои ҳар ду ҷониб дар наздиктарин фурсат имзо хоҳанд шуд.
Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх барои пазироии самимона ба Раиси Маҷлиси намояндагон арзи сипос намуда, омодагии мамлакати худро барои тақвияти равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон дошт. Номбурда аз ҷумла гуфт, ки дар Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 150 вакил фаъолият доранд, ки аз онҳо 30 нафар зан аст. Дар он ҳизбият вуҷуд надорад.
Инчунин, таъкид шуд, ки Арабистони Саудӣ кӯшиш мекунад, ки дар оянда муносибатҳои иқтисодиву кишоварзии Тоҷикистону Арабистони Саудиро тақвият бахшад, зеро дар бахши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тағйироти ҷиддӣ сурат гирифтааст. Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи туризм дар Тоҷикистон зикр шуд, ки солҳои охир шумораи бештари шаҳрвандони Арабистони Саудӣ хоҳиши дидани Тоҷикистон дошта, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ҳама соҳа, аз ҷумла туризм ҳавасманданд.
Ҳамрадиф бо ин, истеҳсоли навъҳои тар ва хушки меваҳо дар Тоҷикистон барои бахши хусусии иқтисоди Арабистони Саудӣ мароқангез мебошад. Аз нигоҳи соҳибкорони ин кишвар асалпарварӣ ва боғдорӣ дар Тоҷикистон маблағгузориҳои чандон калонро тақозо намекунад ва дар ҳолати омода будани соҳибкорони тоҷик ҷониби Арабистони Саудӣ метавонад дар рушди ин соҳаҳо саҳм гузорад.
Дар фарҷом аз Шукурҷон Зуҳуров даъват шуд, ки дар вақти муносиб ба Арабистони Саудӣ сафари расмӣ анҷом диҳад.
АМИТ «Ховар».
Суратгир А. Исоев