Буҷети давлатӣ чӣ тавр иҷро мешавад?

№54 (3039) 06.05.2013

Тибқи нақшаи корӣ ва дастури Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Саиди Ёқубзод, М.И. Ҳисориев ва      О. Ҷ. Сафаров дар шаҳри Конибодом, ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сафари корӣ доштанд.

Сафари корӣ оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз худ намудани маблағҳои буҷетӣ аз манбаъҳои маблағгузории асосӣ ва сармоягузории хориҷӣ (марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ), маблағҳо барои Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон (малах, мӯр ва ғайра) ҷудогардида, омодагии соҳаи хоҷагии об ба мавсими обтаъминкунии соли 2013 (тайёрии пойгоҳҳои обкашӣ, заҳбуру заҳкашҳо ва шабакаҳои обёрӣ) ва омодагии сохторҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон бахшида шуд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо роҳбарони хоҷагиҳои оби вилоят, шаҳр, роҳбари лоиҳаи инвеститсионии барқарорсозии шабакаҳои обёрии водии Фарғона ва раиси шаҳри Конибодом мулоқот анҷом дода, бо корҳои ба анҷомрасида дар пойгоҳҳои обкашӣ, обанбори Қайроққум, канали калони Фарғона шинос шуданд. Дар ноҳияи Ашт бо фаъолони ноҳия, роҳбарони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагиҳои  деҳқонӣ мулоқотҳо доир карда, бо вазъи омодагӣ ба мавсими обтаъминкунӣ ва тайёрии кишоварзон барои соли 2013 ошно шуданд.

Дар семинар — машварати вилоятӣ оид ба ташкили «Мубориза бар зидди малах» раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  аграрӣ, захираҳои об ва замин Саиди Ёқубзод суханронӣ намуд.

А. САЛОҲОВ