Тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони худ вохӯриҳо доир намуданд. Дар ин вохӯриҳо масъалаҳое мавриди суҳбат қарор мегиранд, ки ҳалли онҳо ба вазорату кумита, дигар сохторҳои давлатӣ марбут мебошанд. Бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Абдураҳмони Ҷомӣ №28 Маҳмадамин Ҳисориев доир ба мушкилоти ҷойдошта, дархосту хоҳиши интихобкунандагон суҳбат доир намудем. Маҳмадамин Ҳисориев ду даъват (даъватҳои III-IV) аз ҳавзаҳои интихоботии Ёвон №29 ва Ҷомӣ № 28 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин мебошад.
-Вохӯрӣ бо интихобкунандагон баъди Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 апрели соли 2013) ба вуқуъ пайваст,- гуфт зимни суҳбат Маҳмадамин Ҳисориев. — Дар ин суҳбату вохӯриҳо ҳамроҳ бо ман вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ А.Қарақулов ва Б.Қурбонов низ ширкат доштанд. Дар назди интихобкунандагон оид ба фаҳмонда додани моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намудем.
Дар суханрониҳоямон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон, беҳбудӣ бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи насли солиму бомаърифат, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани кишвар, ҳифзи амнияти озуқавориро, ки дар Паёми навбатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст ва амалӣ гардидани барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2013- 2020 ҳамаҷониба шарҳ додем.
Ҳамчунин оид ба фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши қабули қонунҳо, тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, тасдиқу тасвиби санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби вакилон қабул гардидаанд, маълумот додем. Аз иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ёдовар шуда, мақсади қабули ин қонунҳоро, ки дар Паём таъкид шудаанд, фаҳмонидем.
Интихобкунандагон ҳангоми вохӯриҳо барои бартараф кардани баъзе мушкилоти мавҷуда хоҳиш намуданд, ки барояшон кӯмак расонем.
Чунончӣ, интихобкунандагони Ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон, бинобар сабаби набудани оби нӯшокӣ, ба тамоми мақомоти дахлдор муроҷиат намудаанд, лекин ягон кӯмаке аз онҳо нарасидааст.
Масъалаи таъмири роҳҳои автомобилгард дар деҳотҳои Ҳилолӣ, Айнӣ, Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон ва деҳотҳои Калинин, 50- солагии Тоҷикистон ва Арали ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ то ҳол ҳал нашудааст.
Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4, воқеъ дар деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки солҳои 40- уми асри XX аз хишти хом сохта шудааст, бинобар сабаби дар ҳолати садамавӣ қарор доштанаш, соли 2011 бо мақсади сохтмони бинои нав вайрон карда шуда буд. Гарчанде ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора мактуб фиристода шуда бошад ҳам, то ҳол бунёди мактаби нав шуруъ нашудааст.
Мардуми ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Ёвон ва шаҳри Норак ҳангоми вохӯриҳо оид ба сохтмони пул аз болои дарёи Вахш, ки ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро ба шаҳри Сарбанд ва ноҳияи Бохтар мепайвандад, аз вакили худ чандин маротиба кӯмак пурсидаанд. Оид ба ин масъала ман аз соли 2009 инҷониб ба мақомоти дахлдор дархости вакилӣ ирсол менамоям.
Вобаста ба пешниҳоди вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талабу дархости интихобкунандагон раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2011 гузориш додааст, ки сохтмони пули нав аз болои дарёи Вахш, ки ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро бо шаҳри Сарбанд мепайвандад, масъалаи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ буда, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин бора ба ташкилотҳои дахлдори соҳа муроҷиат кардааст.
Дар ҷавоби вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ҳакимов (аз 9 декабри соли 2011) оид ба ҷамъбасти вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки бо дархости интихобкунандагон барои кӯтоҳ намудани фосилаи байни ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо шаҳри Сарбанд аз болои дарёи Вахш пул сохта шавад. Вазир дар мактубаш тавзеҳ додааст, ки пули аз болои обанбори Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» соли 1967 сохташуда дар мувозинаи Вазорати нақлиёт қарор надорад. Бо супориши муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати нақлиёт нисбати рушди соҳа дар соли 2010 вазифагузорӣ шудааст, ки лоиҳаи инвеститсионии роҳи автомобилгарди Рӯдакӣ — Ёвон- Ҷомӣ- Сарбанд аз тарафи КВД «Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ»-и вазорат таҳия гардад. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти сармояи хориҷӣ низ супориш гирифтанд. Дар доираи ин лоиҳа сохтмони пул, ки ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро бо шаҳри Сарбанд пайваст менамояд, дар мавзеи ҷойгиршавии пуле бо номи «Кӯпруки сиёҳ» (гузаргоҳ аз болои роҳи оҳан) дар назар дошта шудааст.
Тавре аз ин ҷавоби расмӣ бармеояд, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки лоиҳаи инвеститсионии сохтмони мазкурро зери назорат гирифта, бунёди пули аҳамияти стратегидоштаро маблағгузорӣ намояд. Мутаассифона, то ҳол ҳеҷ гуна чораандешӣ нашудааст.
Дар нақшаи чорабиниҳои Вазорати нақлиёт барқарорсозии роҳи автомобилгарди Душанбе- Рӯдакӣ- Ёвон- Ҷомӣ- Сарбанд (бо масофаи 106 км), ки маблағи умумии он 50,37 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, сохтмони пули нав аз болои дарёи Вахш пешбинӣ шудааст.
Зикр кардан зарур аст, ки дарозии ин пул 180- 200 метрро ташкил медиҳад. Дар иртибот ба ин масъала ёдрас бояд шуд, ки солҳои охир воридоти мошинҳои боркаш ва сабукрав дар ҳудуди вилояти Хатлон зиёд шудааст. Ин ҳаракати нақлиётро дар роҳҳо душвор мегардонад. Аз ин сабаб барои беҳтар гаштани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои ин минтақа сохтмони пул аз болои дарёи Вахш зарурати воқеӣ аст.
Ҳамзамон дар он мавзее, ки бояд пул сохта шавад, аз болои роҳи оҳани Қӯрғонтеппа –Ёвон бештар аз ҳазор нафар сокинони шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, ноҳияҳои Бохтар ва Абдураҳмони Ҷомӣ (бо изофаи 200- 250 нафар хонандагони ноҳияи Бохтар, ки дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Кулсанги деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳсил доранд) рафтуо доранд.
Бо сохта шудани пули мазкур ҳаракати нақлиёт муътадил гардида, аз ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳо ҷилавгирӣ карда мешавад. Баробари кӯтоҳ шудани масофаи роҳ имкон пайдо мешавад, ки беш аз 1000 нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд.
Дар давраи шӯравӣ ҳангоми сохтмони роҳи оҳани Термиз- Қӯрғонтеппа- Ёвон сохтмони пули мазкур дар паҳлуи роҳи оҳан (монанди роҳи мошингарди Гараутӣ дар ноҳияи Ҷиликӯл) ба нақша гирифта шуда буд, аммо бо сабабҳои номаълум он сохта нашуд.
Тавре аз идомаи суҳбат бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Ҳисориев маълум гардид, ба сохтмони ин кӯпрук ҳоло таваҷҷуҳ бештар шудааст. Лоиҳаи инвеститсионии сохтмони пули мазкур таҳти назорати Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Барои дарёфти маблағи сохтмон вазорату сохторҳои марбута низ вазифадор шудаанд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»