Аз соли 2010 инҷониб дар сохтори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зерсохтори нав- Комиссияи муввақатии экологӣ таъсис ёфта буд. Ҳадафи асосии ин иқдом ҳамоҳангсозии фаъолияти Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои гуногун дар самти ҳифзи муҳити зист, беҳдошти вазъи экологӣ, саломатии аҳолӣ, истифодаи оқилона ва самараноки захира ва сарватҳои табиӣ маҳсуб меёбад, ки дар ҷаҳони муосир ба сифати мушкилоте, ки ҳаллу фасли саривақтиро тақозо дорад, эътироф шудаанд. Муҳимияти самти фаъолияти ин ниҳодро ба инобат гирифта, аз номи он калимаи муввақатӣ ихтисор шуд. Минбаъд он чун Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мебарад. Комиссияи фавқуззикр тавонист тули мавҷудияташ дар арсаи байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои экологӣ аз манфиатҳои кишварамон ҳимоя намояд.
Саҳми воситаҳои ахбори оммаро дар ташаккули афкори ҷомеа ба инобат гирифта, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2013 озмун барои «Беҳтарин мавод оид ба масъалаҳои мубрами экологӣ» эълон гардид. Ин навбат бо дастгирии роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун такмил ёфта, ҳаҷми маблағи ҷоизаҳо низ зиёд карда шуд.
Ба наздикӣ — 21 июни соли равон даври аввали озмуни имсола ҷамъбаст гардид. Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев зимни ҷамъбасти озмун иброз дошт, ки ба таваҷуҳи ҳакамони озмуни имсола зиёда аз 30 маводи гуногунжанр бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод гардид. Дар натиҷаи таҳлили амиқи ҳакамони серталаб ҷойи аввалро бо 2000 сомонӣ ба муҳаррири шуъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти рӯзномаи «Садои мардум», Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Мерганов сазовор донистанд. Ҷоизаро ба ғолиби озмун Далер Мерганов муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ботантана тақдим намуд.
Ҷойҳои дуюм -1500 сомонӣ ба Ҳасан Асоев ва ҷойи саввум -1000 сомонӣ ба Ҷумъа Қувват муносиб дониста шуд.
Ҳамчунин, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Ҷумъахон Наботов ва муҳаррири шӯъбаи ҳамин рӯзнома Бурҳониддин Каримзода бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Бояд зикр намуд, ки рӯзномаи «Садои мардум» аз рӯзҳои нахустин ба масъалаҳои экологии кишвар беш аз ҳама таваҷҷӯҳ зоҳир карда, ҳамеша маводи ҷолибу хонданиро ҷасурона ба табъ мерасонад. Қадр намудани се нафар қаламкашони рӯзнома худ гувоҳи он аст.
Далер Мерганов барои нашри силсилаи мақолаҳои ҷасуронааш вобаста ба ҳимояи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» сазовори ҷойи аввал дониста шудааст. Номбурда аз шумори он журналистонест, ки ба Ватан ва ҳалқаш эҳтироми хоса дорад ва кулли навиштаҳояш бозгӯйкунандаи дастоварду пешравиҳои кишвари азизамон маҳсуб меёбанд. Бемуҳобот, ӯ ягона журналисте мебошад, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали бунёди НБО-и «Роғун» бо нашри матолиби гуногунжанр аз ин сохтмони сарнавиштсоз пуштибонӣ намудааст. Мақолаҳои ӯ таҳти номҳои «Дархости беасосро посух рад аст», «Ҳарзагӯйиро самар шармандагист», « Лоиҳаи НБО-и «Роғун» сазовори «чароғи сабз» аст», «Мушкилоти экологӣ «зода»-и бархурди манфиатҳост», «Лоиҳаи НБО-и «Роғун» бояд дар сархати феҳристи вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бошад», «Олусон ҳамаро каҷ мебинанд» ва ғайра дар саҳифаҳои рӯзномаи «Садои мардум» чоп шудаанд. Мақолаҳои чопшудааш маводи қолабӣ набуда, баръакс, дар онҳо таҳлили амиқ ва муҳимтар аз ҳама ҷасорати журналистӣ ба мушоҳида мерасад, зеро барои бо ин шева ҳимоя намудани лоиҳаи тақдирсозе чун Неругоҳи барқи обии «Роғун» журналист бояд хеле далер бошад. Бо назардошти ин омил муболиға нахоҳад буд, агар гӯем, ки Далер Мерганов воқеан ҳам Далери матбуоти тоҷик аст.
Тавре аз мушоҳидаҳоям бармеояд, қисме журналистон кӯшиш мекунанд, ки аз мавзӯҳои баҳсталаб, ба монанди НБО «Роғун», КВД Ширкати «Алюминийи Тоҷик» ва ба ин монанд иншоотҳои муҳими кишварамон дур бошанд. Вале ҳамкори мо кӯшиш мекунад сатре ҳам бошад ба манфиати давлат ва халқи азизаш иншо намояд. Вай борҳо ба ин сохтмони аср сафар карда, аз пешравии кори бунёдкорони ин нерӯгоҳ хурсанд мешавад. Ният дорад, ки аз рафти сохтмони нерӯгоҳ очерку сафарнома нависад.
Ҳамчун як тан журналисти ватандӯст ӯ наметавонад нисбати онҳое, ки сохтмони НБО «Роғун»-ро зери шубҳа мемонанд, бетараф бошад.
- Ман боварӣ дорам, ки Роҳбари дурандеши мо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба «даъвогарони хориҷӣ» ҷавоби қотеона ва боварибахш дода, сохтмони нерӯгоҳро ба охир мерасонем. Ва он рӯз дур нест, ки аз нури агрегатҳои НБО «Роғун» боз даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ мунаввар ва корхонаҳои саноатии кишвари мо вусъат меёбад, -мегӯяд Далер.
Ба сифати нафаре, ки солиёни зиёд бо номбурда дар якҷо кор мекунам, гуфта метавонам, ки ҳампешаам аз шумори он журналистонест, ки мунтазам дар қиболи амалҳои муғризонаи душманони миллат,мардум ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон садо баланд мекунад ва бо нашри маводи таҳлиливу асоснок ба онҳо посухи сазовор медиҳад. Ин аст рисолати як нафар журналисти ватандӯст, ки дар замираш меҳандӯстиву худогоҳӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ амиқ ҷо гирифтааст.
Мукофот муборак, ҳамқалами арҷманд Далер!
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»
Дар сурат: Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ба рӯзноманигор Далер Мерганов ҷоизаро месупорад.