3 декабри соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он»
3. Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба кӯмаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба дастгирии Лоиҳаи «Пешгирии гузаштани ВИЧ/СПИД аз модар ба кӯдак дар Тоҷикистон»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»
7. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015».
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» сухан ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Парвиз дода мешавад.
Парвиз ДАВЛАТЗОДА: — Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» дар таҳрири нав пешниҳод мегардад.
Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» 2 декабри соли 2002 қабул гардида, ба он танҳо як маротиба -21 ноябри соли 2006 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста дар ҳолати тағйиру таҳаввул қарор дорад ва хизмати дипломатии Тоҷикистон, ки рӯ ба тараққӣ аст, бинобар дигаргуниҳои дохилӣ ва хориҷӣ қонунгузории хешро низ бояд мутобиқ ба он такмилу тағйир диҳад.
Зарурати дар таҳрири нав қабул намудани қонуни мазкур аз талаботи банди 76 Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011 тасдиқ шудааст, инчунин банди 7 Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ барои солҳои 2012-2015», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 тасдиқ шудааст, бармеояд.
Бояд зикр намуд, ки ин мавзӯъ дар соли ҷорӣ дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид гардид.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур навовариҳои ҷузъии зерин пешбинӣ шудаанд:
Якум: Бо дарназардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва техникаи қонунэҷодкунӣ дар лоиҳаи қонун моддаи алоҳида оид ба мафҳумҳои асосӣ, ки дар қонуни мазкур истифода мешаванд, пешбинӣ гардид.
Мафҳумҳои «кормандони хизмати дипломатӣ», «коркунони техникии хизмати дипломатӣ» ва «ҳайати хизмати дипломатӣ» бо дарназардошти муқаррароти Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ аз соли 1961 оварда шуда, барои дуруст ҷобаҷогузорӣ намудани ҳайати хизмати дипломатӣ равона шудаанд.
Навоварии дуюм – ин мушаххас ва васеъ гардонидани доираи фаъолияти мақомоти хизмати дипломатӣ ва илова кардани самти фаъолияти нав ба номи «дипломатияи иқтисодӣ» мебошад (моддаи 5).
Тибқи Консепсияи таҷдиди сохтори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31августи соли 2007 қабул гардидааст, дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай сохтори нав – шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ фаъолият дорад, ки дар оянда ҳамчун раёсат таъсис дода мешавад. Вобаста ба ин, дар моддаи 5 сархати иловагӣ бо мазмуни зайл ворид карда шуд:
«Дар ҷалби сармоягузории мустақим барои амалигардонии барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла аз ҳисоби қарзҳо ва грантҳои аз тарафи ташкилотҳои байналмилалии иқтисодӣ ва молиявӣ пешниҳодшаванда, иштирок менамоянд».
Сеюм: Маҳдудиятҳои қабул шудан ба хизмати дипломатӣ.
Дар баробари дигар маҳдудиятҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, дар лоиҳаи қонуни мазкур инчунин ду ҳолати дигар илова шуда, мувофиқи онҳо шаҳрванд наметавонад ба хизмати дипломатӣ қабул гардад ва корманди хизмати дипломатӣ наметавонад дар мансаби дипломатӣ қарор дошта бошад, аз ҷумла:
а) надоштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) доштани шаҳрвандии давлати дигар.
Чорум: Тартиби додани рутбаҳои дипломатӣ ва муҳлати қарор доштан дар рутбаҳои дипломатӣ.
Муайян кардани номгӯйи рутбаҳои дипломатӣ, тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ваколати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб аст. Дар лоиҳаи қонун бошад, ба кадом категорияи кормандон, дар кадом асос ва ба кадом муҳлат додани рутбаҳои дипломатӣ дар моддаҳои алоҳида муайян шудааст.
Бояд зикр кард, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур додани рутбаи дипломатӣ дар баробари кормандони хизмати дипломатӣ ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд, пешбинӣ гардид (қисми 2 моддаи 17). Низомномаи тартиби додани рутбаи дипломатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул хоҳад гардид, ки дар он масъалаи мазкур пурра ба танзим дароварда мешавад.
Панҷум: Кафолат ва ҷубронпулиҳо ҳангоми кор дар хориҷа.
Ба ҳайати хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми кор дар хориҷа чунин кафолат ва ҷубронпулиҳо пешбинӣ шудаанд:
а) пардохти хароҷоти сафар аз давлати иқомат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозпас гаштан ҳангоми ба рухсатии меҳнатии навбатӣ баромадани онҳо;
б) пардохти хароҷоти хизматрасонии тиббӣ, инчунин хароҷоти ҷойгиронии фаврии корманд ё аъзои оилаи ӯ ба муассисаи табобатии статсионарӣ (ба ғайр аз ҳолатҳои протезионии дандонҳо ва амалиёти ҷарроҳии нақшавӣ) ҳангоми беморӣ;
в) ҷуброн намудани хароҷоти таҳсили кӯдакони ноболиғ, пардохти маблағи таҳсили фарзандони ноболиғ, агар дар давлати иқомат муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шакли ройгон мавҷуд набошад;
г) кумакпулии якдафъаина ва ҷубронпулиҳо ба аъзои оилаи ҳайати хизмати дипломатӣ дар ҳолати фавт;
д) кафолатҳои иловагӣ ба кормандони хизмати дипломатӣ, ки дар давлатҳои хориҷӣ дар шароити ҳолатҳои фавқулода ё низоъҳои мусаллаҳона кор мекунанд.
Яке аз масъалаҳои ҳалталаби иҷтимоии кормандони хизмати дипломатӣ ин пардохти кумакпулии якдафъаина ва ҷубронпулиҳо дар сурати фавти корманди хизмати дипломатӣ ба аъзои оилаи ӯ мебошад. Масъалаи мазкур дар қонуни амалкунанда ба таври мушаххас ба танзим дароварда нашудааст.
Муқаррароти вобаста ба пардохти таҳсили кӯдакони ноболиғи кормандони ҳайати хизмати дипломатӣ барои он ба лоиҳаи қонун ворид карда шудааст, ки фарзандони ҳайати хизмати дипломатӣ, ки ҳамроҳи онҳо дар кишвари иқомат зиндагӣ мекунанд, бо таҳсили ройгон таъмин карда шаванд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар қонуни амалкунанда чунин муқаррарот пешбинӣ нагардидааст. Бинобар ин, айни замон на ҳамаи кормандони хизмати дипломатӣ имконият доранд, фарзандони ноболиғашонро ҳамроҳи худ ба кишварҳои хориҷӣ баранд ва хароҷоти маблағи таҳсили онҳоро пардохт намоянд. Албатта, ҳолати мазкур ба самаранокии фаъолияти корманди хизмати дипломатӣ таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Ҳамзамон мутобиқи моддаи 24-уми лоиҳаи қонун ба кормандони хизмати дипломатӣ, ки дар давлатҳои хориҷӣ дар шароити ҳолатҳои фавқулода ё низоъҳои мусаллаҳона кор мекунанд, иловапулӣ ба маоши мансабӣ бо асъори хориҷӣ дар ҳаҷми 20 фоиз аз музди меҳнати мансабӣ пардохт карда мешавад.
Муқаррароти мазкур аз таҷрибаи байналмилалӣ гирифта шудааст. Дар чунин кишварҳо ҳайати хизмати дипломатӣ бе аъзои оила фаъолияти хизмати дипломатиро анҷом медиҳанд ва ба онҳо иҷозат дода шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ дар се моҳ як маротиба ба Тоҷикистон сафар намоянд. Иловапулии мазкур ҳамчун кумак ба кормандони хизмати дипломатӣ арзёбӣ мегардад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Лоиҳаи қонуни мазкур маблағгузории иловагиро пешбинӣ менамояд. Татбиқи қонуни мазкур аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ ва муассисаҳои хориҷии он маблағгузорӣ мегардад.
Дар сурати қабули қонуни мазкур зарурат ба вуҷуд меояд, ки санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ бо он мутобиқ карда шаванд, инчунин ҷиҳати амалӣ намудани моддаҳои 3, 17, 23, 24 ва 26 зарур аст, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав қабул карда шаванд.
Дар фарҷом мехостам зикр намоям, ки соҳиби касби дипломатӣ будан шарафи бузург буда, гузоштани саҳми худ дар пешрафту тараққиёти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯю нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо меҳнати содиқона ва поквиҷдонона қарзи ҳар як корманди соҳаи хизмати дипломатӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Сафаров Амирхон дода мешавад.
Амирхон САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!
Ба диққати шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» пешниҳод мегардад. Ин лоиҳа бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ барои солҳои 2012-2015» ва супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, дар таҳрири нав омода карда шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» аз 7 боб ва 31 модда иборат мебошад.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ ба таври алоҳида ҷудо карда шуда, дигар тағйирот, ба монанди мушаххас кардани вазифаҳои мақомоти хизмати дипломатӣ, доираи фаъолият, таъмини моддию техникӣ ва бехатарии онҳо, ҳайати хизмати дипломатӣ, татбиқи санҷиши ҳатмӣ ба шахсоне, ки бори аввал ба хизмати дипломатӣ ворид мешаванд, ҷойивазкунии хизматчиёни дипломатӣ, маҳдудиятҳо дар хизмати дипломатӣ, рутбаҳои дипломатӣ, кафолатҳо ва ҷубронпулиҳои кормандони хизмати дипломатӣ дар бобҳо ва моддаҳои алоҳида дарҷ гардидаанд. Танҳо афзудан мехоҳем, ки пешниҳодҳои судманди ҳама кумитаҳо ва Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар такмилу тадвини лоиҳаи қонун хеле бамаврид буданд.
Бояд зикр кард, ки қабули қонуни мазкур маблағгузории иловагиро талаб мекунад. Манбаъҳо ва сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои иҷрои меъёрҳои лоиҳаи қонуни мазкур Буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ, муассисаҳои хориҷии он ва дигар манбаъҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънашуда пешбинӣ шудаанд.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таклифу пешниҳодҳо ҷонибдорӣ карда шуд.
Ҳамин тариқ, аз 101 таклифу пешниҳод 62-тоаш қабул, 7-тоаш қисман қабул ва 32-тоаш қабул нагардиданд.
Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем барои қабули қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: -Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» сухан ба муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаева Бунафша Фаттоевна дода мешавад.
Бунафша ОДИНАЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», ки соли 1998 қабул шудааст ва вобаста ба истифодаи асарҳо тавассути технологияи рақамӣ, эътироф кардани созишномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Тоҷикистон, ҳамчунин мутобиқ гардонидани қонуни мазкур ба талаботи Созишномаи савдо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ, Созишномаи умумиҷаҳонии савдо солҳои 2003, 2006 ва 2009 тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст. Ин қонун дар танзими муносибатҳои муаллифон ва истифодабарандагони асарҳои онҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он нақши муҳим дорад.
Бо мақсади дастгирӣ ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳли эҷоди кишвар, ҳамчунин таври зарурӣ танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҳаққи қалами муаллифон, бо дарназардошти сатҳи таваррум, зарурати ба қонун ворид намудани тағйирот пеш омад.
Мутобиқи қисми 7, моддаи 26-уми қонуни мазкур андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад ва ҳамзамон бо индексатсияи андозаҳои ҳадди ақали музди меҳнат индексатсия мешаванд, ки ин омил на ҳама вақт аз ҷониби истифодабарандагон ба инобат гирифта мешаванд.
Фармоишгарон ва истифодабарандагони асарҳои муаллифон бештар ба маблағи ҳадди ақали ҳаққи қаламе, ки дар қарор омадааст, такя мекунанд.
Дар аксар маврид таносуби байни андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф бо боло рафтани андозаҳои ҳадди ақали музди меҳнат вайрон мешавад.
Муаллиф ба гирифтани ҳаққи қалам барои ҳар як намуди истифодаи асараш ҳуқуқ дорад (ҳуқуқ ба ҳаққи қалам). Андоза ва тартиби пардохти ҳаққи қалами муаллиф барои ҳар як навъи истифодаи асар дар шартномаи байни муаллифон ва истифодабарандаи асар муқаррар карда мешавад.
Андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллифон тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф барои корҳои нигоришӣ –бадеӣ ва аксбардорӣ дар матбуот» аз 4 феврали соли 2002 таҳти №37 ва «Дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф барои нашри асарҳои илм, адабиёт, санъат ва иҷрои фармоишҳо барои офаридани асарҳои драмавӣ, мусиқӣ, мусиқӣ-драмавӣ ва адабӣ барои иҷрои оммавӣ ё барои ҳуқуқи иҷрои нахустини оммавии асарҳои интишорнаёфта» аз 1 августи соли 2006 таҳти №351 ба танзим дароварда мешаванд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти сатҳи таваррум ва бо мақсади дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии муаллифон, масъалаи баланд бардоштани ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллифонро бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва иттифоқҳои эҷодӣ таҷдиди назар намуд.
Вазорати молия пешниҳод кард, ки бо дарназардошти талаботи банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 августи соли 2012 таҳти №1313 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаву ташкилотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, андозаи нафақа ва стипендия» бояд ба қонун тағйирот ворид намуда, қабл аз таҳия ва қабул намудани лоиҳаи нави қарори андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалам ба ҷойи «индексатсияи андозаҳои ҳадди ақали музди меҳнат» — «зиёдшавии музди меҳнати соҳаи фарҳанг» навишта шавад.
Вазорат бо мақсади ба низом даровардани таносуби ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф ва тартиби боло рафтани он, лоиҳаи ворид намудани тағйирот ба қисми 7, моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он»-ро таҳия намуд.
Қабули қонуни мазкур маблағи иловагӣ талаб намекунад. Хоҳишмандам лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ҳакимов Мироҷиддин Дӯстмуродович дода мешавад.
Мироҷиддин ҲАКИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳли эҷоди кишвар ва дар сатҳи дахлдор танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҳаққи қалами муаллифон, бо дарназардошти сатҳи таваррум, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Дар робита ба ин, тағйирот ба қисми ҳафтуми моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» дар назар аст, ки тибқи он дар баробари зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг, андозаи ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф низ индексатсия карда мешавад, ки он кафолати иловагии ҳифзи иҷтимоии моликони моликияти зеҳнӣ дар кишвар ба шумор рафта, дар худ ҳавасмандкунии шахсии аҳли қаламро таҷассум менамояд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он чор таклиф пешниҳод намуданд.
24 ноябри соли 2014 Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон лоиҳаи қонуни мазкурро дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, дар маҷмӯъ, лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ ва аз таклифҳои пешниҳодшуда 2-то қабул ва 2-тои дигараш қабул нашуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он»-ро барои муҳокима ба баррасии шумо пешниҳод намуда, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ ва барои қабули он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: -Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба дастгирии Лоиҳаи «Пешгирии гузаштани ВИЧ/СПИД аз модар ба кӯдак дар Тоҷикистон» сухан ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфаров Наврӯз Ҷунайдуллоевич дода мешавад.
Наврӯз ҶАЪФАРОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Тибқи тартиби муқарраргардида дар баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ оид ба кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба дастгирии Лоиҳаи «Пешгирии гузаштани ВИЧ/СПИД аз модар ба кӯдак дар Тоҷикистон» қарор дорад.
Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якҷоя бо шарикони байналмилалӣ дар баробари дигар соҳаҳои иҷтимоиёт ба соҳаи тандурустии кишвар, алалхусус дар раванди пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад ва дар натиҷа дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, алалхусус ба табақаҳои осебпазири он, тадриҷан беҳтар гардида истодааст,
Бояд зикр намуд, ки сарфи назар аз андешидани чораҳои зарурӣ нисбат ба пешгирии бемориҳои сироятӣ вазъи сироятёбӣ бо вируси норасоии масунияти одам дар байни табақаҳои осебпазири аҳолӣ хеле ташвишовар аст.
Тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ то ҳол дар ҷаҳон тақрибан 35,3 млн. нафар сироятёфтаи ВНМО ба қайд гирифта шуда, тақрибан 39 млн. нафар фавтидаанд. Танҳо дар соли 2013 тақрибан 1,5 млн. нафар аз бемориҳои бо ВНМО вобаста аз олам даргузаштаанд. Дар доираи амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва хизматрасониҳои тиббӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ қариб 13 млн. нафар аз табобати зиддиретровирусӣ бархӯрдор мебошанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 бақайдгирии сирояти ВНМО оғоз гардида, шумораи сироятёфтагон то 30 сентябри соли 2014 ба 6309 нафар расидааст, ки аз онҳо 4420 нафарашон мардон ва 1889 нафарашонро занҳо ташкил дода, 501 нафарашон кӯдакон мебошанд. Аз ҷумла шумораи занони ҳомиладори сироятёфтагони ВНМО ба 548 расида, 188 кӯдак бо роҳи гузариши «аз модар ба кӯдак» сироят ёфтаанд. Дар баробари ин, то айни ҳол 58 кӯдак фавтида, 400 кӯдак ба табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шудаанд ва 197 кӯдак аз модарони мубталои ВНМО таваллуд шуда, бо натиҷаи ташхиси манфии ВНМО арзёбӣ гардиданд.
Дар доираи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби кумакҳои беруна барои сари вақт ва самаранок амалӣ намудани равандҳои афзалиятноки «Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011- 2015» Бонки Исломии Рушд иқдом гирифтааст, ки лоиҳаи грантии «Пешгирии гузаштани ВИЧ/ СПИД аз модар ба кӯдак»- ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.
Бо анҷом додани якчанд даври гуфтушунидҳо бо миссияҳои тафсирии Бонкии Исломии Рушд тамоми ҷанбаҳои фаъолияти лоиҳавӣ мавриди баррасии якҷоя қарор дода шуда, дар натиҷа лоиҳаи ниҳоии Созишномаи грантӣ омода гардид ва дар таърихи 25 июни соли 2014 дар шаҳри Ҷиддаи Амороти Муттаҳидаи Араб аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари кории Бонкии Исломии Рушд ба имзо расонида шуд.
Бояд зикр намуд, ки мақсад аз амалӣ намудани лоиҳаи мазкур пешгирии сироятёбии кӯдакон бо бемории ВНМО аз модар ба кӯдак тавассути баланд бардоштани иқтидори кадрии кормандон, дастрасӣ ба маҷмӯи хизматрасониҳои махсусгардонидашудаи тиббию санитарӣ ва баргузории чорабиниҳои оммафаҳмонӣ дар байни аҳолӣ мебошад.
Дар ин раванд, бо дарназардошти талаботи мавҷудаи Бонки Исломии Рушд ва қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ ҷиҳати анҷом додани маҷмӯи чорабиниҳои омодагӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар як қатор ҳуҷҷатҳои заминавиро барои муайян намудани сохтори идоракунии маъмурӣ ва молиявии лоиҳа анҷом додааст. Дар баробари ин, бо мақсади иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ барои эътибор пайдо кардани ҳуҷҷати пешниҳодшуда бояд Созишномаи мазкур дар асоси қарори марбутаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи пешниҳоднамудаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ оид ба кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба дастгирии Лоиҳаи «Пешгирии гузаштани ВИЧ/ СПИД аз модар ба кӯдак дар Тоҷикистон»- ро дастгирӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ дода мешавад.
Хайринисо ЮСУФӢ: — Саломатӣ неруест, ки барои беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва нумуи шахсияти комил заминаи бунёдӣ мегузорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиҳатии ҷомеаро чун масоили муҳими иҷтимоӣ шуморида, барои пешгирии бемориҳо пайваста чорасозӣ менамояд. Далели ин гуфтаҳо пешниҳоди Созишномаи мазкур мебошад. Дар татбиқи барнома барои рафъи ин беморӣ ҳудудан 399, 300 доллари ИМА пешбинӣ шудааст.
Созишномаи мазкур 25 ноябри соли равон дар ҷаласаи васеи Кумитаи масъул мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳишмандам, ба тарафдории Созишномаи мазкур овоз диҳед.
Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Нозимов Маҳмадшариф дода мешавад.
Маҳмадшариф НОЗИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории низоми иҷозатдиҳӣ ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ таҳия гардида, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2677 аз 24 ноябри соли 2014 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон барои такмили он аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ду таклиф пешниҳод гардид, ки онҳо пурра қабул шуданд.
Кумитаи масъул 27 ноябри соли 2014 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаро дастгирӣ намуданд.
Эродҳои шумо, муҳтарам Шукурҷон Зуҳурович, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуда буданд, ба инобат гирифта шуда, дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳа як қисми нав илова карда шуд. Мувофиқи он дар қисми 3 моддаи 16 рақамҳои «17 ва 18», «21» ва «22» мувофиқан ба рақамҳои «16 ва 17», «20» ва «21» иваз карда шуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Вобаста ба ин, аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро дастгирӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: -Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Самадов Тӯрахон Давлатович дода мешавад.
Тӯрахон САМАДОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад. Лоиҳаи қонун бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии иштирокчиёни мурофиаи судӣ оид ба овардани шикояти хусусӣ ва эътироз ба таъиноти суди марҳилаи якум таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Вобаста ба мазмунашон дар мурофиаи гражданӣ намудҳои гуногуни таъиноти судӣ қабул карда мешаванд. Як қисм таъинот ба ҳаракати муътадили баррасии парванда монеъ мешавад ва дар ҳолати нодуруст қабул шуданашон метавонанд боиси вайрон гардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои тарафҳои парванда шаванд. Барои овардани шикоят сари вақт ба тараф расидани таъинот аҳамияти махсуси мурофиавӣ дорад. Аз ин рӯ, лоиҳаи қонун дар муҳлати се рӯз ба иштирокчиёни парванда супоридани нусхаи ин намуди таъинотҳоро меъёри ҳатмӣ шуморидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаро омӯхта, ҷиҳати мукаммал намудани он 14 таклифу пешниҳод ирсол намуданд.
Кумитаи масъул 27 ноябри соли 2014 ҷаласаи васеъ гузаронида, бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаро баррасӣ намуд.
Дар натиҷаи муҳокима ҳамаи таклифу пешниҳодҳо пурра ё қисман қобили қабул шуморида шуда, дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳа ворид карда шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро ҷонибдорӣ намуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Доир ба масъалаҳои рӯзнома- «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» ва «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулов Ҳамрохон Ҳасанович ва раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад гузориш доданд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар муҳокимаи ин масъалаҳо иштирок намуда, аз ҷумла чунин иброз дошт:
-Шароити корӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хеле беҳтар шудааст. Бо вуҷуди ин камбудиҳо ҷой доранд. Қабл аз ҳама, ин ба кам будани маоши кормандони техникӣ дахл дорад. Ин дар ҳолест, ки нархи маводи ғизоӣ, барқ ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ торафт зиёд шуда истодаанд.
Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ мебуд, барои баланд бардоштани маоши кормандони техникӣ ва дигар хизматрасонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод карда шавад.
Вобаста ба ин масъалаҳо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ.