ДАР ШӮРОИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

№67 (3547) 24.05.2016

DSC_1664Бисту сеюми майи соли  2016 таҳти раёсати  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Баъд аз тасдиқи рӯзномаи ҷаласа муҳокимаи масъалаҳо оғоз ёфт. Дар бораи масъалаҳои рӯзнома – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистион «Дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  фаъолияти  суғуртавӣ»,  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи Созишномаи молиявӣ вобаста ба маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти зиндагӣ дар деҳот» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ва «Дар бораи Созишномаи грантии Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим вобаста ба маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти зиндагӣ дар деҳот» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд (ба сифати Мақоми татбиқкунандаи Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим)» раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа  ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир, оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, оид ба илм маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова ва оид ба масъалаҳои аграрӣ , захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот гузориш пешниҳод карданд.

Бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зикршуда  барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул  кард.

 Самариддин АСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир А. ИСОЕВ