24 июни соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Пас аз қабули Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯро, масъалаҳо мавриди муҳокимаи аъзои Шӯро қарор гирифтанд.
Доир ба масъалаҳои нахустини рӯзнома — «Дар хусуси созишномаҳои кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон, марҳилаи 2» ва «Дар хусуси созишномаҳои (кредитӣ) қарзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон, марҳилаи 2» раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин С. Ёқубзод гузориш дод.
Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи масъалаҳои мазкур қабул гардид. Мутобиқи муқаррароти ин қарорҳо масъалаҳои номбурда ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод шуданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи навбатии рӯзнома — «Дар бораи доир намудани муҳокимаи ошкорои парламентӣ «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми маблағгузории «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои cолҳои 2006-2015» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005 № 238)» қарор қабул кард.
Тибқи муқаррароти қарорҳои қабулкардаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зерини рӯзнома — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷора», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»,«Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишномаи грантӣ оид ба асосноккунии техникию иқтисодии НБО-и Қайроққум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд», «Дар хусуси Созишнома дар бораи маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагӣ оид ба лоиҳаи «Паст намудани талафоти қувваи барқ») байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд», «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ бо мақсади рушд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (Лоиҳаи «Паст намудани талафоти қувваи барқ»)» ва «Дар хусуси Созишномаи грантӣ оид ба паст намудани талафоти қувваи барқ дар вилояти Суғд – Хизматрасониҳои машваратӣ ба маркази татбиқи лоиҳаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
Ҳамзамон доир ба масъалаи дигари рӯзнома — «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ва дар робита ба баррасии ин масъала оид ба даъвати ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум (28 июни соли ҷорӣ)қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои охирини рӯзнома- «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро баррасӣ намуда, доир ба онҳо таври алоҳида қарорҳо қабул кард.
Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум».
Суратгир А.ИСОЕВ