Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№134 (3119) 22.10.2013

Шуро

Бисту якуми  октябри соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи  навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯро  қабул шуд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия  Сафаралӣ Раҷабов  масъалаҳои зерини рӯзнома – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», «Дар бораи лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016», «Дар хусуси Созишномаи мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба дастгирии лоиҳаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд «Қарз ба фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии  Рушд оид ба Лоиҳаи «Обёрии заминҳои Данғара» (Марҳилаи 3) ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова масъалаи дигари рӯзнома – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм»-ро ба муҳокимаи аъзои Шӯро пешниҳод карда, тавзеҳ доданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти пешниҳоду таклифҳои баёнгардида, вобаста ба масъалаҳои мазкур таври алоҳида қарорҳо қабул кард ва масъалаҳои номбурда барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод шуданд.

Сипас, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Расуловро «Оид ба ҷамъбасти вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон аз 12 то 22 сентябри соли 2013» ба маълумот  гирифт.

Ҳамчунин оид ба масъалаҳои охирини рӯзнома – «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи  ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»  қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таври алоҳида қабул гардиданд.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин  ИСОЕВ