21 апрели соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласа бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Масъалаҳои рӯзномаро – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Дар хусуси Шартномаи Сингапур дар бораи қонунҳои тамғаҳои молӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амирқул Азимов, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амир Катаев ва оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Убайдулло Давлатов тавзеҳ доданд. Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин масъалаҳо дар алоҳидагӣ қарорҳо қабул намуда, онҳоро ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод намуд.
Бо пешниҳоди шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои марбутаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои навбатии рӯзнома — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (лоиҳаи заминистифодабарии устувори экологӣ ва таъмини зист дар деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҳамчун Агентии иҷроияи Фонди глобалии экологӣ», «Дар бораи Созишномаи грантӣ (лоиҳаи заминистифодабарии устувори экологӣ ва таъмини зист дар деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдил ва рушд чун Мақоми иҷроияи Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим» барои додани хулоса ба кумитаҳо ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.
Неъматулло СОЛЕҲОВ, «Садои мардум».
Суратгир А. ИСОЕВ