8 сентябри соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи Шӯро қарор қабул кард.
Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия С. Раҷабов, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин С. Ёқубзод, оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот О. Салимзода, оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон М. Ватанов масъалаҳои зерини рӯзнома — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба Лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хадамоти наздисарҳадӣ», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ», «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ», «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро ба баррасии аъзои Шӯро пешниҳод намуда, шарҳ доданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти баъзе эроду пешниҳодҳо аз рӯйи масъалаҳои мазкур таври алоҳида қарорҳо қабул намуд.
Мутобиқи муқаррароти қарорҳои қабулгардида, масъалаҳои мазкур барои баррасӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод шуданд.
Доир ба масъалаи дигари рӯзнома — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, масъалаи номбурда барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати пешниҳоди хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Аз рӯйи масъалаи охирини рӯзнома – «Дар бораи сафари хизматии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон» низ Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард.
Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум»