Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№116-117 (3262-3263) 09.10.2014

DSC_0198

7 октябри  соли  2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи Шӯро бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қарор қабул кард: «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул», «Оид ба Созишнома дар бораи пешниҳод намудани  грант байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи фаръии давлатии коммуналии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба пешниҳоди  гранти инвеститсионӣ аз ҳисоби Фонди махсуси  саҳомии БАТР ҷиҳати татбиқи  лоиҳа оид ба беҳтар намудани идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа ва минтақаҳои атрофи он», «Дар бораи  Созишномаи  қарзӣ ва лоиҳа оид ба  идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа байни  Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»  ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд», «Дар бораи  Созишнома байни Ҳукумати  Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба ҳамкории техникӣ  барои солҳои 2012-2013 ва чорабинии махсус оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии обу ҳаво  дар доираи  Фонди энергетикӣ ва иқлимӣ (ФЭИ)» ва  «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии  Федеративии Германия ва Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2012-2013 ва чорабинии махсус оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар доираи маблағҳои махсуси молиявии Фонди энергетикӣ ва иқлимӣ (ФЭИ)».

Масъалаҳои мазкурро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия А.Катаев, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Х. Юсуфӣ, оид ба иқтисод ва молия С. Раҷабов, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин С. Ёқубзод ба муҳокимаи аъзои Шӯро пешниҳод намуда, шарҳ доданд.

Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои номбурда, бо дарназардошти пешниҳоду эродҳои баённамуда, таври алоҳида қабул гардиданд ва ин масъалаҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод шуданд.

Доир ба масъалаҳои охирини рӯзнома — «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар фароварди ҷаласа таваҷҷуҳи масъулону мутасаддиёнро ба баррасии саривақтии лоиҳаҳои санадҳои мавҷуда, дар сатҳи зарурӣ омода ва баргузор кардани муҳокимаҳои парламентӣ ҷалб намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин  Исоев