Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№120 (3266) 14.10.2014

DSC_0333

13 октябри  соли  2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи Шӯро қарор қабул кард.

Масъалаҳо — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»,  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру   иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» — ро муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният С. Холов, «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» — ро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия А. Катаев, «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони бинои (маҷмӯи биноҳои) мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумкулӣ дар хоҷагии деҳқонии «Эргаш Султонов»-и ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Л. Саидмуродов  ба муҳокимаи  аъзои Шӯро  пешниҳод намуда, тавзеҳ доданд.

Бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  масъалаҳои мазкур, бо дарназардошти эроду пешниҳодҳои баёнгардида,  ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи  Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати чорум пешниҳод шуданд.

Доир ба масъалаҳои навбатии  рӯзнома — «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии  Баҳрайн оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата  ва пешгирӣ  намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад» ва «Дар бораи Конвенсияи бекоркунандаи  талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ»  қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардида, масъалаҳои номбурда  барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҷиҳати пешниҳоди хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи  ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  супорида шуданд.

Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи масъалаҳои охирини рӯзнома  — «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» қабул гардиданд.

Ҷумъахон НАБОТОВ,  «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ