Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№132 (3278) 11.11.2014

DSC_0669

10 ноябри соли  2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи ҷаласаи Шӯро  бо дарбаргирии масъалаҳои зерин тасдиқ гардид: «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо», «Дар бораи лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»,«Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», «Оид ба Созишнома дар бораи махсусгардонии бисёрҷонибаи байнидавлатии истеҳсол ва таҳвили тухмии навъҳо ва дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ, кӯчату ниҳолҳои меваю буттамева ва ток».

Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният А. Азимов, оид ба иқтисод ва молия С. Раҷабов, оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот  О. Салимзода, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин С. Ёқубзод масъалаҳои  рӯзномаро ба муҳокимаи аъзои Шӯро пешниҳод намуда, шарҳ доданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи масъалаҳои мазкур, бо дарназардошти пешниҳоду эродҳои баёнгардида, қарорҳои алоҳида қабул намуд. Тибқи муқаррароти қарорҳои қабулгардида масъалаҳои номбурда барои баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод шуданд.

Доир ба масъалаҳои охирини рӯзнома —              «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

Ҷумъахон НАБОТОВ,  «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ