Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№49 (3034) 22.04.2013

22 апрели соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

DSC_0001

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Нахуст, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои зерини рӯзнома — «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озод намудани Мирзоев А. К. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани Файзалов Н. ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард.

Сипас, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ У. Давлатов, оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот О. Салимзода, оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон М. Ватанов, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният А.Азимов масъалаҳои навбатии рӯзнома — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти муҳандисии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» — ро ба муҳокимаи Шӯро пешниҳод карда, тавзеҳ доданд.

Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи масъалаҳои мазкур, бо дарназардошти пешниҳоду мулоҳизаҳои баёншуда, қабул гардида, ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод шуданд.

Мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон У.Охунов масъалаҳои зерин – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» ва «Дар хусуси Тасҳеҳот ба Созишнома оид ба таъсиси Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд» -ро ба муҳокимаи Шӯро манзур намуд. Бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъалаҳо барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои охирини рӯзнома – «Дар бораи доир намудани муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2004 таҳти № 348 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014», «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» таври алоҳида қарорҳо қабул кард.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров дар ҷамъбасти ҷаласаи навбатии Шӯро таваҷҷуҳи сохторҳои марбутаро ба баррасии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқи мавҷуда, ҷараёни омодагӣ ҷиҳати баргузории Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.

 

Ҷумъахон НАБОТОВ,

«Садои мардум»

Суратгир А. ИСОЕВ