Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№2-3 (3303-3304) 06.01.2015

DSC_0447

Панҷуми январи соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯро бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Сипас, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия С.Раҷабов масъалаи нахустини рӯзнома — «Оид ба Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Протоколи Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя аз 7 июни соли 2011», оид ба  қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон М.Ватанов масъалаҳои навбатии рӯзнома – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро ба баррасии аъзои Шӯро пешниҳод намуда, шарҳ доданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти пешниҳоду эродҳои баёнгардида, аз рӯйи масъалаҳои мазкур таври алоҳида қарорҳо қабул кард ва масъалаҳои номбурда  барои баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод шуданд.

Мутобиқи муқаррароти қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зерини рӯзнома – «Дар бораи Созишномаи грантӣ (Лоиҳаи тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд», «Дар бораи Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони корхонаи истеҳсолии креолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди ТАЛКО» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой», «Дар бораи Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) оид ба лоиҳаи «Сохтмони корхонаи истеҳсолии креолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди ТАЛКО» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой», «Оид ба Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой дар хусуси «Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитаъи Ваҳдат-Ёвон», «Дар хусуси Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба «Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон», «Дар бораи Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба «Сохтмони навбати дуюми «Маркази барқу гармидиҳии-2 шаҳри Душанбе» бо иқтидори 2х150 МВт» ва «Оид ба Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой дар хусуси «Сохтмони навбати дуюми МБГ-2 бо иқтидори 2х150 МВт» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои пешниҳоди хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи дигари рӯзнома — «Дар бораи тасдиқи рӯйхати идораю муассисаҳое, ки обунаи онҳо ба маҷаллаи «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2015 аз ҳисоби сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад» қарор қабул кард.

Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи масъалаҳои охирини рӯзнома — «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» қабул гардиданд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум». Суратгир  Аҳлиддин ИСОЕВ.