4 майи соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯро қарор қабул кард.
Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон М. Ватанов, оид ба иқтисод ва молия Ш. Раҳимзода, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷ. Маҷидзода масъалаҳои нахустини рӯзнома — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо» ва «Дар бораи Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон»-ро ба муҳокимаи аъзои Шӯро пешниҳод намуда, шарҳ доданд.
Тибқи муқаррароти қарорҳои қабулкардаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои номбурда ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи навбатии рӯзнома — «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард ва ин масъала барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои пешниҳоди хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои охирини рӯзнома — «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қабул гардиданд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ