Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№75(3376) 01.06.2015

DSC_0615Якуми июни соли 2015  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарбаргирии масъалаҳои зерин доир ба тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯро қарор қабул кард:  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ва «Дар бораи Созишнома дар шакли мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи пардохти андоз аз даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти меҳнатиро дар Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд».

Мутобиқи муқаррароти қарорҳои қабулкардаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои мазкур барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб кард ва ба ин манзур супоришу тавсияҳои мушаххас ироа намуданд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ.