ДИДОРИ МЕҲМОНОН АЗ БОҒҲОИ БИҲИШТИИ ТОҶИКИСТОН

№69 (3549) 30.05.2016

DSC_098226 майи соли равон Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии  Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх дар доираи сафар ба Тоҷикистон аз Корпоратсияи «Баракат»-и шаҳри  Ҳисор дидан намуд.

Дар ин сафар Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайхро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Раиси корпоратсияи мазкур Билол Алимардонов ба меҳмонон иттилоъ дод, ки заминҳои корпоратсия аз 500 гектар иборат буда, дар 11 гектари он ангур, 48 гектар себ, 43 гектар боғи нави гелос парвариш мешавад.

Соли гузашта корпоратсия 15 ҳазор тонна ангур ба Федератсияи Россия, Чин, Афғонистон ва Покистон содирот намуд.

Меҳмонон, ҳамчунин аз хоҷагии асппарварии ин корпоратсия дидан намуданд.

Бо ҳамин сафари расмии  Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх дар Тоҷикистон ба охир расид.

Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи

Маҷлиси намояндагони ­Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир А. ИСОЕВ