Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Фаъолияти аудиторӣ ва муомилот бо партовҳои радиоактивиро қонунҳои нав танзим менамоянд

№68 (3053) 08.06.2013

DSC_2338

5 июни соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати  чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ».

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шуруъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Руҳулло Абдулғаниевич дода мешавад.

DSC_2052Руҳулло ҲАКИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси таҳлилҳои ҳаматарафа ва бо мақсади ба талаботи байналмилалӣ мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти аудиторӣ таҳия гардида, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013 № 187 маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар қонуни амалкунанда мафҳуми стандартҳои байналмилалии аудит ва имконияти истифодаи онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу уҳдадориҳои аудиторон оид ба иҷрои талаботи стандартҳо, Кодекси одоби касбӣ, талабот оид ба омӯзиш, мафҳуми аудити дохилӣ  ва ташкили он дар субъектҳои хоҷагидор ва дигар шартҳои муҳим муайян нагардида буд. Ҳамзамон ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иттиҳодияҳои касбии аудиторон, тартиби аккредитатсиякунонии онҳо, тартиби гузаронидани назорати сифатии фаъолияти аудиторӣ ва тартиби пешниҳод намудани  ҳисобот аз тарафи онҳо, салоҳияти мақоми ваколатдор ва ҷавобгарӣ барои риоя нагардидани талаботи қонун ҳам аз ҷониби аудиторони  инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ва ҳам аз ҷониби  субъектҳои санҷидашаванда муқаррар нашудааст.

Дар рафти таҳияи лоиҳаи қонун  баҳри татбиқи Стратегияи ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва стандартҳои байналмилалии аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2018, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013 № 202 тасдиқ шудааст, мафҳуму талаботи байналмилалӣ дохил ва инчунин меъёрҳои қонун, мафҳумҳои асосӣ ва дигар талабот пурра ва фаҳмотар  дарҷ шудаанд ва ин боиси дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи қонун гардид. Лоиҳаи нави пешниҳодгардида дорои 4 боб ва 32 модда мебошад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод  ва молия Гулов Сафаралӣ дода мешавад.

DSC_2250Сафаралӣ ГУЛОВ: — Муҳтарам  Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро бо қарори худ аз 13 майи соли 2013 № 1850 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» дар асоси таҳлили пешакии  Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 марти соли 2006 №170 «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ва «Стратегияи ҷорӣ намудани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи  молиявӣ  ва Стандартҳои фаъолияти аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.

Таҳлили қонуни амалкунанда нишон дод, ки мафҳуми Стандартҳои байналмилалии аудит ва имконияти истифодаи онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори моликони ширкатҳои аудиторӣ, ки метавонанд бевосита ба мустақилияти аудиторон таъсир расонанд, ҳуқуқу уҳдадориҳои аудиторон оид ба иҷрои талаботи Стандартҳо, Кодекси одоби касбӣ, талабот оид ба омӯзиш ва дигар шартҳои муҳим дар қонуни амалкунанда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иттиҳодияҳои касбии аудиторон, тартиби аккредитатсиякунонии онҳо, тартиби гузаронидани назорат ва пешниҳод намудани ҳисобот аз тарафи онҳо, салоҳияти мақоми ваколатдор ва ғайра муқаррар нашудааст.

Дар рафти таҳияи лоиҳаи қонун барои нисбатан пурра ва фаҳмо дарҷ гардидани меъёрҳои қонун, мафҳумҳои асосӣ ва талаботи зикршуда дохил  карда шудаанд, ки боиси дар таҳрири нав таҳия  ва пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни мазкур гардид.

Қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба рушди ояндаи фаъолияти аудиторӣ ва гузаронидани санҷиши аудитории нисбатан босифат мусоидат  ва таъсири мусбӣ расонида, барои мустақилияти аудиторон зимни тайёр намудани ҳисоботи аудиторӣ шароит фароҳам меоварад.

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ва ҳамзамон ба кумита 85 таклифу дархост пешниҳод намуданд.

Бисту чоруми майи соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонун мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа аз таклифу дархостҳои воридшуда 74-тоаш  қабул, 4-тоаш қисман қабул гардида, 7-тоаш  қабул нашуд.

Тибқи таклифу дархостҳои қабулшуда, дебочаи лоиҳаи қонун, сархатҳои якум, дуюм, сеюм, ёздаҳум, дувоздаҳум, бисту якуми моддаи 2, қисми 1 моддаи 6, қисмҳои 4 ва 6 моддаи 8, қисми 1 ва 2 моддаи 14, сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи 15, сархати дуюми қисми 1 моддаи 24 аз нав таҳрир карда шуданд, ба лоиҳа ба моддаи 2 мафҳуми нав – сирри аудитӣ, ба моддаи 4 принсипи  қонуният ва воқеият  илова шуд. Моддаи нави 32 бо мақсади мушаххас намудани «Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи  қонуни мазкур» илова карда, аз моддаи 6 қисмҳои 3 ва 4, зербандҳои 1) ва 2) қисми 2 моддаи 7 ба моддаи 1 гузаронида шуданд, боби 3 боби 2 ҳисобида, сархати сенздаҳуми моддаи 28 ва моддаҳои 29, 30 ва 31 хориҷ карда шуд. Дар тамоми матни қонун калимаҳои «санҷишшаванда» ва «амвол» мутаносибан  ба калимаҳои «санҷидашаванда» ва «молу мулк» иваз карда шуд. Номи моддаи 31 дар таҳрири зайл ифода карда шуд: «Муқаррароти хотимавӣ».

Таклифу дархостҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд, ки онро боз ҳам мукаммал гардониданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Вобаста ба масъалаи мавриди баррасӣ сухан  ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович дода мешавад.

DSC_1924Дилшод ИСМАТУЛЛОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Ислоҳоти баҳисобгирии муҳосибавӣ  ва молиявӣ ҳанӯз соли 2002 оғоз шуда, то имрӯз давом дорад. Мақсади асосии ислоҳот  ба муҳайё намудани фазои мусоид  барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар ва беҳтар намудани ҳаёти иҷтимоии мардум равона шудааст.

Ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва стандартҳои байналмилалии аудит  тақозои замон буда, сифат ва мазмуни нишондодҳои иттилооти муҳосибавӣ ва шаффофияти онро таъмин менамоянд, ки дар навбати худ он ба рушди тиҷорат, фаъолияти соҳибкорӣ ва васеъ шудани бозори сармоягузорӣ меоварад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» дар асоси «Стратегия оид ба ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва стандартҳои байналмилалии  аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2013-2018» таҳия шуда, мақсади он аз муқаррар намудани заминаи ҳуқуқӣ, механизми батанзимдарории фаъолияти аудиторӣ  ва талабот барои амалӣ намудани он иборат мебошад.

Дар лоиҳа мафҳумҳои  асосии фаъолияти аудиторӣ ва принсипҳои он номбар гардида, онҳо саҳеҳ  шарҳ дода шудаанд. Он назар ба қонуни амалкунанда пурратар  ва васеътар буда, танзими  паҳлуҳои гуногуни  фаъолияти аудиториро равшану возеҳ таъмин менамояд.

Номгуйи хизматрасониҳои марбут ба аудит зиёд карда, онҳо дурусттару аниқтар нишон дода шудаанд.

Дар лоиҳа моддаҳои нав, ба монанди «Ташкили аудити дохилӣ», «Вазифаҳои аудити дохилӣ», «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои фармоишгари аудит», «Шартнома дар бораи гузаронидани аудит» ва «Хусусиятҳои гузаронидани аудити субъекти манфиатҳои умум» ворид шудаанд. Ин меъёрҳои нав имкон медиҳанд, ки фаъолияти аудиторӣ ҳаматарафа ба танзим дароварда шавад.

Моддаҳои 15 ва 16  фаъолияти ташкилотҳои худтанзимкунанда- Ташкилотҳои касбии аудиторон ва ҳуқуқу уҳдадориҳои  онҳоро ба танзим медароранд. Ин меъёр яке аз самтҳои асосии Стратегияи мазкур ба шумор меравад, яъне нақши Ташкилотҳои касбии аудиторон дар ояндаи наздик баҳри рушди фаъолияти аудиторӣ  ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси  ин соҳа  баланд хоҳад шуд.

Талаботи иловагӣ ба таъсиси ташкилотҳои аудиторӣ ва аз ҷониби онҳо риоя намудани Кодекси одоби касбии аудиторон пешбинӣ шудааст. Чунончӣ, муассисон  (иштирокчиёни) ташкилотҳои аудиторӣ  бояд ҳатман аудитор буда, таҷрибаи кофии касбӣ  дошта бошанд, доғи судӣ надошта, дар фаъолияти худ  талаботи  Кодекси одоби касбии  аудиторонро ҳатман риоя намоянд.

Зикр кардан  зарур аст, ки лоиҳаи қонуни мазкур назар ба қонуни амалкунанда ҷавобгӯйи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳисобдории молиявӣ ва аудит буда, қабули он барои рушди минбаъдаи фаъолияти аудиторӣ ва дар татбиқи  барномаву стратегияҳои давлатӣ мусоидат хоҳад намуд.

Аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда  ба овоз монда, яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот  бо партовҳои радиоактивӣ» сухан ба директори  Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Ӯлмас Мирсаидов дода мешавад.

DSC_2275Ӯлмас МИРСАИДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ин лоиҳа бо вазорату идораҳо мувофиқа карда, дар кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва такмил дода, ба он якчанд тағйирот ворид шудааст, ки қобили дастгирӣ мебошад. Лоиҳаи қонуни мазкур аз 9 боб ва 30 модда иборат буда, муносибатҳои вобаста ба фаъолияти  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо партовҳои радиоактивиро ба танзим  дароварда, инчунин барои таъмини ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири партовҳои радиоактивӣ равона шудааст.

Ба шумо маълум аст, ки аз коркарди маъдани уран аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ  дар Тоҷикистон мероси партовҳои зиёде боқӣ  монда, инчунин дар кишвари мо манбаъҳои афканишоти ионофар дар соҳаҳои гуногуни саноат ва хоҷагии халқ (истеҳсолот, тиб, илм, хизматрасонӣ) истифода бурда мешаванд. Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 55 миллион тонна партовҳои радиоактивии саноати уранӣ ва беш аз ҳазор адад манбаъҳои афканишоти  ионофари муҳлати истифодаашон  баитмомрасида  мавҷуданд. Бақайдгирии манбаъҳои  афканишоти ионофар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир гузаронида, хазинаи электронии бақайдгирии онҳо ташкил карда шудааст. Қисми зиёди манбаъҳои афканишоти ионофари аз истифодабаромада  дар Муассисаи давлатии «Нуқтаи гӯронидани партовҳои радиоактивӣ», воқеъ дар ноҳияи  Файзобод, гӯронида шудаанд. Аммо, ҳолати кунунии идоракунии партовҳои радиоактивии коркарди саноати урани ҷумҳурӣ ташвишовар аст, зеро нисбати онҳо муомилот, коркард, мутобиқгардонӣ, гӯронидан таври зарурӣ  гузаронида намешаванд ва онҳо ба ҳолати экологӣ ва ба муҳити зисти одамон хавф меоранд. Дар танҳоӣ ба ҳолати зарурӣ овардани ин миқдор  маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилии зиёд меорад. Барои ҷалби сармояи хориҷӣ  бошад, набудани заминаи ҳуқуқии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ монеа мешавад.

Аз ин сабаб зарур аст, ки системаи ягонаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ба роҳ монда шавад. Барои амалӣ намудани ин мақсадҳо омода намудани заминаи ҳуқуқии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ бамаврид аст. Тавассути лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда муносибатҳои ҳуқуқии муомилот  бо партовҳои радиоактивӣ ва ба меъёрҳову стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ овардани ҳолати маҳфузи  ин партовҳо таъмин мегарданд. Инчунин муҳити зист  ва вазъи экологии мавқеи ҷойгиршавии ин партовҳо  беҳтар гардида, мардум аз тарси хатари партовҳои радиоактивӣ эмин мегарданд. Ғайр аз ин, ба ҷалби сармояи хориҷӣ  мусоидат мекунад.

Қабули лоиҳаи  қонуни мазкур татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалии зеринро таъмин менамоянд:

1. «Конвенсия оид ба бехатарии идоракунии  сӯзишвории ядроии истифодашуда ва бехатарии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»

2. Барномаи мақсадноки байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё «Солимгардонии ҳудудҳои аъзо-давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки ба таъсири истеҳсоли уран дучор гаштаанд»

3. Шартномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Аврупо оид ба маблағгузории лоиҳаҳо ва ғайра.

Инчунин, агар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда қабул шавад, якчанд қоидаҳо ва талабот вобаста ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ таҳия мешаванд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» овоз диҳед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  аграрӣ, захираҳои об ва замин Маҳмадшариф Ҳақдодов дода мешавад.

DSC_1911Маҳмадшариф ҲАҚДОДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Басо рамзист, ки имрӯз -5 июн дар Рӯзи умумиҷаҳонии  ҳифзи муҳити зист дар ин ҷаласа яке аз масъалаҳои муҳими экологӣ –муносибат ба партовҳои радиоактивӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» баррасӣ мегардад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 8 апрели соли 2013 №1804 барои додани хулоса ба Кумитаи масъул, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Кумитаи масъул 21 майи соли 2013 дар ҷаласаи худ ва ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ намуданд. Аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 202 таклифу пешниҳод оид ба лоиҳаи қонуни мазкур ворид гашт. Аз таклифу пешниҳодҳои воридгашта 173-то қабул, 5-то қисман қабул гардида, 24 пешниҳод қабул нашуд.

Бо назардошти таклифу пешниҳодҳои қабулгардида ва эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Инчунин масъалаи мазкур дар ҷаласаи Комиссияи экологӣ баррасӣ гардид.

Бояд зикр намоем, ки маводи радиоактивӣ дар муқоиса бо дигар маводи маъмул хусусияти махсус дорад ва масъалаи идоракунии бехатари партовҳои радиоактивӣ аз лиҳози техникӣ, технологӣ, меъёрии ҳуқуқӣ, экологию радиологӣ, тиббию биологӣ ва системаи мониторингу назорат дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии техникии махсус, ҷавобгӯйи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ба танзим дароварда мешавад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи фаъолияти КВД «Востокредмет» дар ҳудуди шаҳрҳои Чкалов, Табошар ва шаҳрчаи Адрасмон зиёда аз 170 млн. м3 ҷинсҳои кӯҳии коркардшуда ва маҳфузгоҳи партовҳои урандор дар ҳаҷми 55 млн.тонна мерос мондааст.

Хусусияти асосии объектҳои номбаршуда ҷойгиршавии онҳо дар водиҳои байникӯҳӣ, дар наздикии ҷӯю дарёҳо ва дар ҳудуди минтақаҳои аҳолинишин, инчунин зери таъсири офатҳои табиӣ мебошад, ки метавонад барои саломатии инсон ва муҳити зист таъсири манфӣ расонад.

Яке аз принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ афзалияти ҳифзи ҳаёт ва саломатии насли ҳозираю оянда ва муҳити зист аз таъсири партовҳои радиоактивӣ ва хатарҳои радиоатсионӣ мебошад.

Бо назардошти ин, барои идоракунии бехатари маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивии мавҷуда ва солимгардонии онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо кишварҳои ҳамсоя, Барномаи рушди СММ, Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (МАГАТЭ), Комиссияи Аврупо ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби давлатҳои кӯмакрасон ва ташкилотҳои байналмилалӣ барои ҳалли масъалаи солимгардонии партовгоҳҳо пайваста талош менамояд.

Дар натиҷаи ин фаъолият ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ Барномаи мақсадноки байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё «Солимгардонии (рекултиватсияи) ҳудудҳои давлатҳои – аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё (ЕврАзЭС), ки зери таъсири истеҳсолоти коркарди уран қарор доштанд» ва лоиҳаи Комиссияи Аврупоӣ дар асоси созишнома бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои асосноккунии техникиву иқтисодӣ, арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва солимгардонии партовгоҳҳои шаҳри Истиқлол (Табошар) ва Деҳмой маблағҳо ҷудо гардидааст ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», ки дар он масъалаҳои танзими давлатӣ ҷиҳати кафолати таъмини ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири зараровари партовҳои радиоактивӣ бо татбиқи чорабиниҳои ташкилӣ, иқтисодӣ, меъёрии ҳуқуқӣ, санитарию беҳдоштӣ ва байналмилалӣ ҷорӣ мегардад, барои тавсеаи корҳо дар самти таъмини бехатарӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар маҷмуъ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» барои ташкили низоми ягонаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва омода намудани заминаи ҳуқуқии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ мусоидат намуда, муносибатҳои ҳуқуқии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ба меъёрҳову стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ намудани ҳолати мафҳузи ин партовҳо ва солимгардонии онҳоро таъмин менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз 9 боб ва 30 модда иборат буда, бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои қабули он овоз диҳед.

7Шодӣ ШАБДОЛОВ: — Пеш аз ҳама мехоҳам зикр намоям, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз лиҳози моҳият хеле муҳим маҳсуб меёбад, зеро пештар сохторҳое арзи вуҷуд доштанд, ки бевосита ба ин масъала масъул буданд. Бо барҳамхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ фаъолияти онҳо низ қатъ гардид. Хурсандиовар аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, ки хеле муҳиму саривақтист. Дар ин самт аллакай кори зиёд ба сомон расидааст, ки муҳимтарашон роҳандозӣ гардидани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ  (МАГАТЭ) ва мавриди амал қарор гирифтани як силсила қонунҳои соҳавӣ мебошанд. Боварии комил дорем, ки бо қабул гаштани лоиҳаи қонуни мазкур марҳилаи сифатан нави пешрафти ин бахш шуруъ мегардад.


DSC_2323Абдузафар ИНОМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Тавре дар баромадҳои маърӯзачиён зикр гардид, лоиҳаи қонуни баррасишаванда бо мақсади ба танзим  даровардани муносибатҳо вобаста ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ барои таъмини ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири зараровари партовҳои радиоактивӣ таҳия гардидааст.

Зарурати ҳалли масоили вобаста ба партовгоҳҳо ва маҳфузгоҳҳои партовҳои истеҳсолоти уран аз он бармеояд, ки дар шароити имрӯза нигоҳдории партовҳои зикршуда ба талаботи муосири бехатарии радиатсионӣ ҷавобгӯй набуда, боиси хатари ифлосшавии муҳити зист дар ҳудудҳои васеи минтақа хоҳад гардид, зеро ин партовгоҳҳо ва маҳфузгоҳҳо дар шафати маҳалҳои аҳолинишин, сойҳо ва дарёҳо, дар ҳудудҳои хатари сейсмикидоштаи кишвар ҷойгир буда, хатари ба миён омадани фалокати экологиро на фақат дар кишвар, балки дар минтақа низ меафзояд.

Бояд тазаккур намуд, ки ба эътидол овардани ҳолати радиатсионии ин партовгоҳҳо бо талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва мутобиқи он таъмин намудани бехатарии муҳити зист ҷалби маблағҳои муайянеро аз хориҷи кишвар талаб мекунад.

Аз ин лиҳоз, масъалаи идораи безарари партовҳои истеҳсолоти уран бояд яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ бошад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба мушкилот ва безараргардонии партовҳои урандори кишварҳои Осиёи Марказӣ афзуда истодааст.

Баргузории конференсияҳои минтақавии шаҳри Қайроққум (соли 2005), шаҳри Бишкек (солҳои 2009, 2012), форуми байналмилалии Женева (соли 2012) таҳти унвонҳои «Партовгоҳҳои уранӣ дар Осиёи Марказӣ», «Мушкилотҳои маҳаллӣ, пайомадҳои минтақавӣ, тасмими ҷаҳонӣ» далели ин гуфтаҳост.

Ҳамзамон барои солимгардонии партовгоҳҳои давлатҳои аъзои АвруОсиё бо Қарори Шӯрои байнидавлатии АвруОсиё моҳи апрели соли 2012 Барномаи мақсадноки байнидавлатии «Солимгардонии минтақаҳои давлатҳои аъзои АвруОсиё, ки ба таъсири истеҳсол ва коркарди маъданҳои урандор дучор гардидаанд», ба имзо расидааст. Тибқи барномаи мазкур, корҳои амалии солимгардонии партовгоҳҳои уран дар шаҳри Истиқлол (Табошар)-и вилояти Суғд соли равон бояд оғоз гардад.

Барои беҳтар намудани вазъи экологии шаҳри Истиқлол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо моҳи декабри соли 2012 Созишномаи молиявӣ роҷеъ ба Барномаи солонаи стратегӣ оид ба амнияти ядроӣ баста шуд. Мувофиқи ин созишнома, аз тарафи Иттиҳоди Аврупо барои безараргардонии партовгоҳҳои радиатсионии шаҳри Истиқлол (Табошар) ҷудо намудани 1,3 млн.евро ба нақша гирифта шудааст.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур имкон медиҳад, ки субъекти муносибатҳо дар ин соҳа, уҳдадориҳои онҳо ҳангоми муомилот бо партовҳои радиоактивӣ муайян карда, ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири зараровари партовҳои радиоактивӣ таъмин шавад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ