Бисту шашуми ноябри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»
2. Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум»
3. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум»
4. Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум»
5. Дар бораи Созишномаи қарзии имтиёзнок байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум».
РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дода мешавад.
Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» пешниҳод гардидааст.
Мутобиқи моддаи 73- юми Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар маблағи андоз дар муҳлати муқарраргардида пардохт нашуда бошад, бақияпулӣ ба вуҷуд меояд, ки андозсупоранда уҳдадор аст аз санаи фаро расидани муҳлати пардохт то санаи пардохти бақияпулиҳо фоизҳои дахлдорро пардохт намояд.
Пардохти фоизҳо дар шакли иловапулӣ ба маблағи бақияпулии андоз анҷом дода шуда, фоизҳо дар ҳаҷми 0,08 фоиз маблағи қарзи андоз барои ҳар рӯзи тақвимии мавҷуд будани бақияпулӣ ҳисоб карда мешавад.
Маблағи қарзи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сангтӯда-1» дар назди буҷет аз рӯйи андозҳо ба ҳолати 1 ноябри соли 2014- ум 25,4 миллион сомонӣ, аз ҷумла фоизҳо 5,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Сабаби асосии пайдо гардидани қарзи ҶСК «Сангтӯда- 1» дар назди буҷет аз рӯйи андозҳо аз ҳисоби маблағҳои напардохтаи ҳаққи истифодаи неруи барқ аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик», ки харидори ягонаи барқи истеҳсолнамудаи ҶСК «Сангтӯда- 1» дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ба вуҷуд омадааст.
Ба ҳолати 1 ноябри соли 2014 қарзи ШСХК «Барқи Тоҷик» дар назди ҶСК «Сангтӯда-1» 418,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Қарзи ШСХК «Барқи Тоҷик» дар назди буҷет аз рӯйи андозҳо ба ҳолати 1 ноябри соли 2014 ба маблағи 185,6 миллион сомонӣ расидааст.
Пурра пардохт нагардидани ҳаққи истифодаи неруи барқ аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» ин боиси паст гардидани пардохтпазирии ҶСК «Сангтӯда- 1» гаштааст.
Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур дастгирии давлатии молиявии ҶСК «Сангтӯда- 1» буда, дар соли 2014 маблағи қарзи андозҳо аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба ШСХК «Барқи Тоҷик» ба вуҷуд омада, фоизҳо, ки тибқи моддаи 73- юми Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ҳисоб карда намешаванд.
Хотиррасон менамоям, ки солҳои охир бо сабаби ноустувор будани вазъи молиявӣ ШСХК «Барқи Тоҷик» уҳдадориҳояшро дар назди буҷет ва ҶСК «Сангтӯда- 1» иҷро карда натавонистааст ва ин омил асос барои таҳия ва ба баррасии шумо пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни мазкур гардидааст.
Хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда овоз диҳед.
РАИС:- Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.
Шарофиддин СИРОҶОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 ноябри соли 2014 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Пешниҳод мешавад, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» ба моддаи 15 қисми 13 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«13.Дар соли 2014 ба маблағи қарзи андозҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сангтӯда- 1», ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба вуҷуд омадааст, фоизҳое, ки тибқи моддаи 73 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ҳисоб карда намешаванд».
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Дар ҷаласаи васеи кумита 20 ноябри соли 2014 лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Вобаста ба масъалаи мазкур дар заминаи саволҳои аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров пешниҳодгардида раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Раҳматзода Рустам Мирзо ахборот дод. Мавсуф иқдоми мазкурро идомаи мантиқии дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи молиявии ширкат арзёбӣ намуда, ба натиҷаҳои хуб додани он муътақид буданашро иброз намуд. Аз суханони Раҳматзода Рустам Мирзо маълум гардид, ки айни замон ШСХК «Барқи Тоҷик» аз ҶСК «Сангтӯда- 1» 418,4 миллион сомонӣ ва аз ҶСК «Сангтӯда- 2» 165 миллион сомонӣ қарздор мебошад. Бо нархи нисбатан гарон харидорӣ намудани неруи барқ ва онро арзонтар ба аҳолӣ фурӯхтан яке аз сабабҳои ин мушкил маънидод гардид.
-Давоми чанд моҳи охир пардохти қарзҳои мазкур вусъат ёфта, ният дорем, ки минбаъд ин равандро густариш диҳем. Ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ низ беҳбудӣ ёфта, айни замон 81,2 фоизро ташкил медиҳад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ 60 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда қарзи музди меҳнат, ки зиёда аз 58 миллион сомониро ташкил медод, коҳиш ёфта, айни замон 32 миллион сомониро ташкил медиҳад,- гуфт дар фарҷом Раҳматзода Рустам Мирзо.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС:- Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дода мешавад.
Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Ба муҳокимаи шумо Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО- и Қайроққум» пешниҳод гардидааст.
Тавре маълум аст, дар шароити кунунӣ яке аз масъалаи муҳим пурра таъмин набудани аҳолии кишвар бо қувваи барқ ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар ин ҷода ислоҳоти заруриро амалӣ намуда истодааст.
Бояд зикр кард, ки қисмати шимоли ҷумҳурӣ, яъне вилояти Суғд танҳо бо як хатти интиқоли барқ ба қисмати ҷануби кишвар пайваст буда, дар сурати фаромадани тармаю селу боришот ва дигар ҳодисаҳои ғайричашмдошт эҳтимолияти аз кор баромадани хатти интиқоли барқ мавҷуд аст. Дар чунин вазъият НБО-и «Қайроққум» ягона манбаи бо қувваи барқ таъминкунандаи қисмати шимоли ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
НБО-и «Қайроққум» солҳои 1956- 1957 бо иқтидори умумии 126 МВт (6 агрегат бо иқтидори 21 МВт) мавриди истифода қарор гирифтааст. Давоми зиёда аз 50 соли истифодабарии НБО-и «Қайроққум» тамоми таҷҳизоти он фарсуда гардидааст ва бе таҷдиду азнавсозии неругоҳ истифодаи он дар оянда хатарнок мебошад.
Илова бар ин, моҳи январи соли 2014 дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқил агрегатҳои неругоҳи барқи обии мазкур аз кор баромаданд. Ин шаҳодати он аст, ки қисмҳои фулузии таҷҳизот бо гузаштани вақт аз фарсудагии металл корношоям гаштаанд ва дар ҳолати иваз накардани онҳо хавфи сар задани садама бо оқибатҳои нохуши барқарорнашаванда вуҷуд дорад.
Бинобар сабаби бекор мондани таҷҳизоти неругоҳ ва норасоии иқтидор талафи миёнаи солонаи неруи барқ дар неругоҳи барқи обии мазкур зиёда аз 310 млн. кВт/ соатро ташкил медиҳад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли ин масъалаҳои зикршуда моҳи июли соли 2014 созишномаҳо оид ба татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум»- ро дар шаҳри Душанбе ба имзо расонид.
Ҳадафи ин лоиҳа зиёд намудани иқтидори НБО-и «Қайроққум» аз 126 МВт то 142 МВт тавассути пурра иваз намудани таҷҳизоти фарсудашуда ва насби ду агрегати нави пуриқтидортар дар марҳилаи аввал мебошад. Ин агрегатҳо талафоти обро кам намуда, бе зиёд гардидани харҷи об истеҳсоли қувваи барқро зиёд менамоянд, ки ин барои ҷумҳурӣ дар шароити норасоии барқ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳаҷми умумии маблағи лоиҳа 75,7 миллион доллари ИМА, аз ҷумла қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳаҷми 50,0 миллион доллари ИМА, қарзи Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тавассути Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳаҷми 10,0 миллион доллари ИМА, гранти Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тавассути Бонки Арупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳаҷми 11,0 миллион доллари ИМА ва кумаки техникии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои хизматрасониҳои машваратӣ 4,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки дар татбиқи лоиҳаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кафолатдеҳ баромад намуда, маблағҳои қарзӣ бевосита ба ШСХК «Барқи Тоҷик» дода мешавад ва хизматрасонии қарз низ ба уҳдаи ШСХК «Барқи Тоҷик» вогузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ва беҳтар намудани сифат ва шароити зиндагии аҳолии ин минтақа мусоидат менамояд.
Боварӣ дорем, ки бо амалӣ шудани лоиҳаи мазкур иқтидори энергетикии кишвар, алалхусус иқтидори энергетикии вилояти Суғд, хеле афзуда, таъминоти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва сокинони шаҳру ноҳияҳоро бо неруи барқ боз ҳам беҳтар мегардонад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Домуллоҷон Ҷабборов дода мешавад.
Домуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» 25 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 ноябри соли 2014 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Мақсади Созишнома зиёд намудани иқтидори НБО-и «Қайроққум» аз 126 МВт то 142 МВт тавассути насби ду агрегати нави пуриқтидортар мебошад. Дар натиҷа, талафоти об кам гардида, бе зиёд гардидани харҷи об истеҳсоли қувваи барқ зиёд мешавад.
Мутобиқи Созишномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро дар Созишномаи қарзӣ ва Созишномаи қарзии имтиёзнок ба инобат гирифта, розигии худро ҷиҳати иҷро гардидани уҳдадориҳои Қарзгиранда кафолат медиҳад.
Арзиши умумии лоиҳа 75,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
20 ноябри соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.
Хоҳиш менамоем, ки барои тасдиқи Созишномаи мазкур овоз диҳед.
Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дода мешавад.
Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Ба муҳокимаи шумо Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» пешниҳод мегардад.
Созишномаи грантӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба маблағи 11,0 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.
Шартҳои татбиқи Созишномаи грантӣ бо шартҳои Созишномаи қарзӣ мувофиқ мебошанд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур анҷом додани корҳои зерин дар назар дошта шудааст:
- таҷдиди шуъбаи мошинӣ ва қисми бетонии сарбанд;
- мутобиқсозии блокҳои турбинавӣ барои турбинаҳои 1-2;
- бехатарии сарбанди бетонӣ ва хокрез;
- насби воситаҳои иловагии назорати техникӣ ва таҳлили устувории сарбанди бетонӣ, аз ҷумла фишори филтрӣ, омехтакунӣ ва лағжишҳо;
- таҳлили мушаххаси бехатарӣ ва таҳлили геотехникӣ (ба таври стандартӣ муқаррар намудани зичии хок) барои қисмҳои хатарноки сарбанд;
- таъмири асосии ду кран;
- таҳвил ва насби ду обпарто бо дарвозаҳои муттаҳидшудаи гидравликии 3 ва 4;
- таъмири асосии дарвозаҳои обпартоии 1 ва 2;
- насби ду турбинаҳои нав ва контроллерҳо;
- ду генератори нави 30 МВт (35 МВА- мегаватт ампер), ки ба ду турбинаҳои нав мутобиқ мебошанд;
- системаи идоракунӣ барои ҳамаи шаш турбинаҳо;
-таҷҳизотҳои электромеханикӣ;
- бастаи таҷҳизоти тақсимкунанда КРУ (Комплектная распределительная устройства) бо ҷудогузории элегазии 110 кВ (киловолт) барои 6 агрегат;
- таҷҳизоти ёрирасони барқӣ барои ду агрегати нав;
- насби се трансформатори нави сефазавии 40 МВА.
Маблағгузории корҳо дар доираи татбиқи лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва маблағҳои грантӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин бояд зикр намуд, ки маблағҳои Созишномаи грантӣ то ба расмият даромадани Созишномаи қарзӣ ҷудо карда намешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз афзалиятҳои стратегии давлат, ки дар марҳилаи кунунӣ барои татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои миллӣ нақши муҳим дорад, ин таъмини амнияти энергетикӣ мебошад.Таъмини пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти давлат ва ҷомеа, таъмини рушди устувору босуботи миллӣ бидуни тараққӣ додани соҳаи энергетика ғайриимкон аст.
Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Домуллоҷон Ҷабборов дода мешавад.
Домуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» 25 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 ноябри соли 2014 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Мақсади лоиҳаи «Таҷдид ва барқарорсозии НБО-и «Қайроққум» зиёд намудани иқтидори НБО-и «Қайроққум» аз 126 МВт то 142 МВт тавассути насби ду агрегати нави пуриқтидортар мебошад. Ин агрегатҳо талафоти обро кам намуда, бе зиёд гардидани харҷи об истеҳсоли қувваи барқро зиёд менамоянд.
Гранти Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим 11,0 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Анҷоми лоиҳа соли 2018 дар назар дошта шудааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
20 ноябри соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.
Хоҳиш менамоем барои тасдиқи Созишномаи мазкур овоз диҳед.
Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дода мешавад.
Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Ба муҳокимаи шумо Созишномаи қарзӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» пешниҳод мегардад.
Тавре дар баромади аввал зикр кардам, мақсади лоиҳа зиёд намудани иқтидори НБО-и «Қайроққум» аз 126 МВт то 142 МВт тавассути пурра иваз намудани таҷҳизоти фарсудашуда ва насби ду агрегати нави пуриқтидортар буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи ин лоиҳа ба ШСХК «Барқи Тоҷик» кафолати гирифтани қарзро додааст.
Созишномаи қарзии лоиҳаи мазкур аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба маблағи 50,0 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.
Бояд зикр намуд, ки хизматрасонии қарз пурра ба уҳдаи ШСХК «Барқи Тоҷик» гузошта шудааст, ки ин хавфи пардохти қарзро аз ҳисоби Буҷети давлатӣ пешгирӣ менамояд.
Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаҳои мазкур имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:
- муҳлати қарз – 15 сол;
- давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ – 3 сол;
- меъёри фоиз – Libor 6 моҳ (0.32565)+ 1 фоиз.
Шартҳои пешниҳоднамудаи қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамояд, зеро элементи грантии он бо дарназардошти маблағҳои дигари лоиҳа зиёда аз 35,0 фоизро ташкил медиҳад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2014 оғоз ёфта, то соли 2018 идома хоҳад ёфт.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Домулоҷон Ҷаборов дода мешавад.
Домуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи қарзӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» 25 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 ноябри соли 2014 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Мақсади лоиҳаи «Таҷдид ва барқарорсозии НБО «Қайроққум» ин зиёд намудани иқтидори НБО-и «Қайроққум»-ро аз 126 МВт то 142 МВт тавассути насби ду агрегати нави пуриқтидортар мебошад. Ба кор даровардани ин агрегатҳо талафоти обро кам намуда, бе зиёд гардидани харҷи об истеҳсоли қувваи барқро зиёд менамояд, ки дар натиҷа манфиатбахшии неругоҳи мазкур меафзояд.
Ҳаҷми умумии маблағҳои лоиҳа 75,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз ҷумла:
Қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 50,0 миллион доллари ИМА бо шартҳои зерин:
- муҳлати қарз – 15 сол;
- муҳлати истиёзнокӣ – 3 сол;
- меъёри фоизи қарз – Libor 6 моҳ + 1 фоиз.
Анҷоми лоиҳа соли 2018 дар назар дошта шудааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикршударо пурра ҷонибдорӣ намуданд.
20 ноябри соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳама кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.
Хоҳиш менамоем, ки барои тасдиқи Созишномаи мазкур, овоз диҳед.
Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи Созишномаи қарзии имтиёзнок байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дода мешавад.
Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Ба муҳокимаи шумо Созишномаи қарзии имтиёзнок байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум» пешниҳод мегардад.
Бояд зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон ба 527 миллиард кВт/соат қувваи барқ дар як сол баробар мебошад, аммо сатҳи азхудкунии захираҳо ҳамагӣ тақрибан 6 фоизро ташкил медиҳад. Бо дарназардошти ин ва ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 таҳти рақами 551 «Дар бораи тасдиқи Барномаи истифодаи самараноки захираҳои обии энергетикӣ ва сарфаҷӯии неруи барқ барои солҳои 2012-2016» таҷдиди НБО-и «Қайроққум» афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зарурияти гузаронидани асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-экологии таҷдиди НБО-и «Қайроққум» пеш омада буд.
Бо ин мақсад 21 ноябри соли 2012 Созишномаи грантӣ дар ҳаҷми 734,3 ҳазор доллари ИМА барои хизматрасонии машваратӣ ҷиҳати омода намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-экологии таҷдиди НБО-и «Қайроққум» байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шуд.
Дар доираи кумаки техникии мазкур ширкати мушовирии австриягӣ ҳисоботи натиҷавӣ вобаста ба асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-экологии таҷдиди НБО-и «Қайроққум»-ро омода намуд.
Мувофиқи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ – экологии омодагардида маблағи умумӣ барои таҷдиди НБО-и «Қайроққум» 157,2 миллион евроро ташкил медиҳад ва таҷдид ба ду марҳила ҷудо карда шудааст:
- марҳилаи аввал – таҷдиди сарбанди бетонӣ, бинои НБО ва иваз намудани ду агрегат мебошад, ки он иқтидори НБО-ро аз 126 МВт то 142 МВт зиёд менамояд;
- марҳилаи дуюм — иваз намудани 4 агрегати боқимондаи НБО-ро дар назар дорад, ки он иқтидори НБО-и «Қайроққум»-ро аз 142 МВт то 170 МВт мерасонад.
Тавре дар баромади қаблӣ зикр намудам, барои татбиқи марҳилаи аввали таҷдиди НБО-и «Қайроққум» ҷудо намудани 75,7 миллион доллари ИМА пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла қарзи имтиёзноки Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тавассути Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳаҷми 10,0 миллион доллари ИМА.
Қарзи имтиёзноки мазкур бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:
- муҳлати қарз – 40 сол;
- муҳлати имтиёзнокии қарз – 10 сол;
- меъёри фоизи қарз – аз 11 то 20 соли аввал – 2 фоиз ва аз 21 то 40 соли боқимонда – 4 фоиз.
- меъёри хизматрасонии бонкӣ – 0,1 фоиз.
Шартҳои пешниҳод намудани қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамояд, зеро элементи грантии он бо дарназардошти маблағҳои дигари лоиҳа зиёда аз 35,0 фоизро ташкил медиҳад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Домуллоҷон Ҷабборов дода мешавад.
Домуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи қарзии имтиёзнок байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» 25 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 ноябри соли 2014 №2665 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Мақсади лоиҳаи «Таҷдид ва барқарорсозии НБО-и «Қайроққум» ин зиёд намудани иқтидори НБО-и «Қайроққум»-ро аз 126 МВт то 142 МВт тавассути насби ду агрегати нави пуриқтидортар мебошад. Ба кор даровардани ин агрегатҳо талафоти обро кам намуда, бе зиёд гардидани харҷи об истеҳсоли қувваи барқро зиёд менамояд, ки дар натиҷа, манфиатбахшии стансияи мазкур меафзояд.
Қарзи Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим 10,0 миллион доллари амрикоиро бо шартҳои зерин:
- муҳлати қарз – 40 сол;
- муҳлати имтиёзнокӣ – 10 сол;
- меъёри фоизи қарз – 11-20 сол – 2 фоиз ва 21-40 сол – 4 фоиз;
- меъёри хизматрасонии бонкӣ – 0,1 фоизро ташкил медиҳад.
Анҷоми лоиҳа соли 2018 дар назар дошта шудааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикршударо пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Рӯзи 20 ноябри соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.
Хоҳиш менамоем, ки барои тасдиқи Созишномаи мазкур, овоз диҳед.
Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ