Вакил ва интихобкунанда

Густариши худогоҳии миллӣ

№53 (3038) 03.05.2013

Дар робита бо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  30 апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассиса, раисони маҳаллаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷамъомад доир гардид.

 

Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Сайнуриддин Алиев дар ҷамъомад  бо сухани  ифтитоҳӣ баромад намуда, ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов  сухан дод.

Маҳмадалӣ Ватанов дар суханронии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба муҳтавои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, аз ҷумла зикр кард, ки мақсади асосии Сарвари давлат  ва Ҳукумат тақвияти пайгиронаи рушди босуботи иқтисоди кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани  сатҳи некуаҳволии мардум мебошад. Тоҷикистон аз давлати камдаромад ба қатори давлатҳои бо даромади миёна арзёбишаванда  ворид мегардад.

Чунин пешбинӣ шудааст, ки Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ соли 2020 нисбат ба соли ҷорӣ беш аз 80 фоиз афзоиш меёбад.

Маҳмадалӣ Ватанов инчунин оид ба фаъолияти мақомоти қонунгузорӣ ва субъектҳои  ташаббуси қонунгузорӣ маълумот дод. Бо мақсади ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ, тавре дар Паём омадааст, кодексҳои меҳнат ва манзил, гражданӣ ва ҷиноятӣ дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод мешаванд.

Ҳамон рӯз дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №72 ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанов ва Махфират Хидирова бо кормандони соҳаи маориф баргузор шуд. Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Махфират Хидирова ба он нуктаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки раванди таълиму тарбия аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат дониста мешавад. Имсол маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми ду миллиарду 131 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбати соли 2000-ум 57 баробар зиёд мебошад. Аз 1 сентябри соли ҷорӣ маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ ба андозаи 30 фоиз, ҳамаи намудҳои нафақа ва стипендия ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешаванд.

Вакилон Маҳмадалӣ Ватанов ва Махфират Хидирова инчунин оид ба таълиму тарбияи насли наврас, густариши ҳамаҷонибаи худшиносиву худогоҳӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии мардум, ки аз Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, сухан ронданд.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»