10 июни соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш, ки дар раъси як ҳайати бонуфузи давлатӣ ба кишвари мо бо сафари расмӣ ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Раиси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар Шукурҷон Зуҳуров меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳонашро ба сарзамини тоҷикон ва Парламенти Тоҷикистон самимона хайра мақдам гуфта, барояшон аз сафари мазкур бардошти таассурот ва хотироти нек таманно намуд.
- Мо ба рушди равобити ҳамаҷониба, аз ҷумла тиҷоратию иқтисодӣ ва бахши сармоягузорӣ имкониятҳои бузург ва таваҷҷуҳи тарафайн дорем. Сафари давлатии Сарвари давлати мо ба Ҷумҳурии Латвия моҳи феврали соли 2009 ҷиҳати таҳкими равобити дуҷониба ҳамчун рӯйдоди муҳим арзёбӣ гардид. Дар доираи ин сафар якчанд санади ҳамкорӣ ба имзо расида, барои тавсеаи равобити тарафайн заминаи мусоид фароҳам оварданд. Мо боварии комил дорем, ки сафари Шумо баҳри рушди муносиботи мавҷуда нақши муассир хоҳад гузошт. Сарфи назар аз сатҳи қаноатбахши муносибатҳо миёни кишварҳоямон, як силсила масъалаҳое вуҷуд доранд, ки ҳалли онҳо саъю талоши тарафайнро тақозо менамоянд. Масоили марбут ба экология, фазои иттилоотӣ, мубориза алайҳи экстремизм ва таҳдидҳои терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, масъалаҳои марбут ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ғайра аз он шуморанд. Боварӣ дорам, ки ҳангоми мулоқотатон бо Президенти мо масъалаҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, — афзуд номбурда.
- Дар радифи ҳамкориҳои дигар мо мехоҳем равобити парламентиро низ тавсеа бахшем. Бояд гуфт, ки мо ҳанӯз соли 2012 дар Маҷлиси намояндагон Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагонро бо Сейми (Парламенти) Ҷумҳурии Латвия ташкил карда будем. Густариш бахшидани равобити парламентӣ имконият медиҳад, ки дар бахшҳои рушди парламентаризм, қонунгузорӣ ва ғайра табодули таҷриба амалӣ карда шавад. Масалан, барои вакилони мо масъалаи чигунагии қонунгузорӣ дар бахши тиҷорати хурду миёна, таҷрибаатон дар самти ислоҳоти ҷомеа ва дигаргуниҳои демократӣ қобили таваҷҷуҳ мебошанд, — таъкид намуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.
Мавсуф ҳамчунин дар бораи сохтори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷараёни таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ ба меҳмони олиқадр маълумоти муфассал ироа намуд.
Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш аз пазироии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров изҳори миннатдорӣ карда, қаноатмандии худро аз ин сафар иброз намуд.
Мо мехоҳем дар оянда ҳамкориии миёни кишварҳо ва халқҳоямон боз ҳам рушд ёбад. Ба мардуми тоҷик барору комёбиҳои беназир орзуманд ҳастам, — гуфт меҳмон.
Дар мулоқот ҳамчунин муовини раиси Парламенти (Сейми) Ҷумҳурии Латвия Андрейс Клементевс ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия Эдгарс Ринкевичс роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкориҳои миёни ду кишвар, аз ҷумла парламентҳо, изҳори назар намуданд.
Дар мулоқот муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон ва чанде аз раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суратгир А. ИСОЕВ