Гузориш аз ҷараёни сафари ҳайати парламентии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург

№40 (3186) 22.04.2014

1

Тавре хабар дода будем, рӯзи 15 апрели  соли 2014 ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буданд, таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳри   Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар карда буданд. Аз ҷараёни ин сафар гузориши Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро манзури хонандагон менамоем.

Дар фурудгоҳи шаҳри Санкт-Петербург ҳайати мақоми олии қонунбарори кишвари моро Котиби генералии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Алексей Сергеев истиқбол намуд. Мавсуф иброз дошт, ки солҳои охир муносибатҳои дипломатии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парламентҳои кишварҳои хориҷӣ, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ густариш ёфта истодааст. Дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарлумонӣ мулоқотҳои расмии роҳбарияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони парлумонҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шахсиятҳои шинохтаи давлатҳои хориҷӣ далели ин гуфтаҳост.

Рӯзи 16 апрели соли 2014 дар қасри таърихии «Таврический», ки ҳоло қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон  Убайдулло Давлатов, Амирқул Азимов, Олимҷон Салимзода, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон Давлаталӣ Давлатзода, вакилон Исмоил Талбаков, Саодат Амиршоева, Мунавара Кенҷаева ва Суҳроб Шарипов дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ роҷеъ ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё ва комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш, сиёсат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, сиёсати хориҷӣ фаъолона иштирок намуда, фикру андешаҳои хешро роҷеъ ба масоили дар ин чорабиниҳо баррасишуда иброз доштанд. Аз ҷумла муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ Иброҳим Абдуллозода ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Амирқул Азимов дар кори Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Созишномаи  Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок намуда, перомуни масъалаҳои ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар соҳаи бехатарӣ ва муқобилгузории таҳдидҳо, сарҳадот, мудофиа, амният ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози назар намуданд.

Узви Маҷлиси миллӣ Қаҳҳор Маҳкамов ва вакили Маҷлиси намояндагон Исмоил Талбаков, ки ҳамзамон раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва масъалаҳои ҳуқуқӣ мебошад, дар ҷаласаҳои корӣ атрофи  масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла истифодабарии қонунгузории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва таъмини вазъи ҳуқуқии ҳайати шахсии қувваҳои дастаҷамъонаи зудамали оперативӣ, таъмини хизматрасонии якҷоя дар шакли ҳарбӣ-иқтисодии техникӣ, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳо андешаҳои ҷолиб иброз доштанд.

Исмоил Талбаков оид ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамкориҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда дар кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ масъалагузорӣ намуд. Аз ҷумла мавсуф пешниҳод кард, ки маблағҳои андозҳои иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ супорида мешаванд, дар вақти ба нафақа баромадани онҳо ба инобат гирифта шаванд.

Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи пос доштани хотираи муҳофизони ватан, ходимони намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ» раиси Комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Давлаталӣ Давлатзода  ширкат варзида, перомуни ҷамъбасти чорабиниҳо оид ба ҷашнгирии 70-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бахусус Тоҷикистон ва абадан пос доштани хотираи онҳое, ки дар майдонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фавтидаанд, гузориши муфассал дод.