Гузориш аз ҷараёни сафари ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

№18 (3164) 25.02.2014

садо 2 парл осиё

Тавре хабар дода будем, бо даъвати  Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон  ҷаноби оқои доктор Алии Лориҷонӣ 16 феврали соли 2014 ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи 9-уми Конфронси Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, ки рӯзҳои 18-19-уми феврал дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид, ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуда буданд.

Нимаи дуюми рӯзи аввали сафар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати ҳамроҳони ӯ — вакилони Маҷлиси намояндагон Давлаталӣ Давлатзода, Низом Қосим, Зиёратшо Саъдулло ва Абдузафар Иномов бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои доктор Алии Лориҷонӣ  дар шаҳри Теҳрон мулоқот намуданд.

Шукурҷон Зуҳуров зимни суҳбат салому эҳтиромот ва орзуҳои неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷаноби доктор Алии Лориҷонӣ расонида, гуфт, ки пеш аз ҳама, мехоҳам ба Шумо ва роҳбарияти олимақоми Ҷумҳурии Исломии Эрон барои даъвати ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҷиҳати боздид аз давлати ба мо дӯст, бародар, ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва истиқболу пазироии хеле самимона изҳори миннатдорӣ намоям.

Боиси қаноатмандист, ки миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият менамояд. Боздиди мутақобилаи ҳайатҳои парлумонии кишварҳоямон далели ин гуфтаҳо мебошад. Имрӯз вақти он расидааст, ки ин ҳамкориҳоро густариш диҳем.

Парламенти Тоҷикистон барои пешбурду ривоҷи ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон саҳми худро гузошта, талош дорад, ки барои тақвияти муносибатҳо заминаи зарурии ҳуқуқиро фароҳам оварад. То имрӯз дар ин самт санадҳои зиёди танзимкунандаи ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расидаанд, ки равобити муштаракулманофеи ду давлатро дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва ғайра дар бар мегиранд.

Бо вуҷуди ин, ҳанӯз имконоти истифоданашуда дар муносиботи Тоҷикистону Эрон вуҷуд дорад ва мо бояд аз ин имконот ба таври лозим истифода намоем, зеро мавриди истифода қарор додани ҳамаи ин зарфиятҳо барои боз ҳам наздик шудани миллати тоҷику эронӣ мусоидат менамояд.

Ҳоло равшан гардидааст, ки барои ҳамкориҳо миёни кишварҳои мо дар риштаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва нафту газ имкониятҳои хеле зиёд вуҷуд доранд ва пайваста густариш додани онҳо ба манфиати ҳар ду кишвар мебошад, зеро таҳкиму рушди равобити иқтисодӣ метавонад, барои афзудани нақши минтақавии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг мусоидат намояд.

Алҳол ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Эрон ба сатҳи шоиста баромадааст. Самти стратегии ҳамкориҳои мо, албатта, бахши энергетика ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дар ин бахш дорои иқтидори бузург аст, вале тавре ба Шумо маълум аст, кишвари мо барои бо қувваи барқ таъмин намудани аҳолӣ дар фасли зимистон ба мушкилот дучор меояд.

туркия

Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба саҳми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бунёди иншооти гуногуни хурду бузург дар қаламрави ҷумҳурии мо ибрози назар намуда, бо дасти бародарони тоҷику эронӣ бунёд ёфтани нақби мошингарди «Истиқлол» ва сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2»-ро гувоҳи рӯз аз рӯз густариш пайдо кардани робитаҳои байни Тоҷикистону Эрон ва ба сатҳи олии ҳамкорӣ расидани ин равобит арзёбӣ кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иҷрои тарҳи Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» — ро яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи энергетика ва робитаҳои иқтисодии ду кишвар медонанд.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамзамон доир ба мушкилоте, ки дар анҷоми муваффақонаи нақби «Истиқлол»  ҷой дорад, изҳори андеша намуда, зикр кард, ки бартарафсозии ин мушкилот ба таҳкими муносибатҳои созандаи кишварҳоямон мусоидат хоҳад намуд. Раиси Маҷлиси намояндагон аз ин мушкилот мушаххасан ёдовар шуда, ҳамтои эронии худро хоҳиш кард, ки ба ҳалли ин масъала мусоидат намояд.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳити созгор ва ҷалбсозандаи сармоягузориро дар қаламрави кишвар фароҳам овардааст, ки барои сармоягузорони хориҷӣ кафолати сармоягузориҳо, озодкунӣ аз пардохти андози фоида ва андоз аз арзиши иловашуда, озод намудан аз супоридани боҷи гумрукиро пешбинӣ менамояд. Тоҷикистон иштироки сармоягузорони эрониро дар таъсиси корхонаҳои муштарак хуш мепазирад.

Шукурҷон Зуҳуров зикр намуд, ки тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти олии ҷумҳурии мо таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аз таърихи соҳибистиқлол шудани ҷумҳурии мо оғоз гирифтааст, соҳаҳои мухталифи фаъолиятҳои иқтисодию тиҷоратиро фаро мегиранд.

- Мо, ҳамчунин аз вазъи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, омӯзиш ва инчунин гиромидошти мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва адабии муштарак изҳори қаноатмандӣ менамоем,- гуфт дар анҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои доктор Алии Лориҷонӣ иброз дошт, ки пеш аз ҳама, мехостам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав ба ин мақом интихоб гардиданаш табрик гуфта, ба ӯ  ва мардуми шарифи Тоҷикистон комёбиҳо орзу намоям.

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои доктор Алии Лориҷонӣ тадбирҳои муҳими сиёсии Тоҷикистонро таи солҳои охир, бахусус бо ҷалби ҳама аҳзоби сиёсӣ гузаронидани интихоботи Президентиро қадами устуворе дар пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистон, падидаи умедбахшу оқилонаи сиёсати бунёдкорона ва созандагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ намуд.

-Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон,- иброз намуд доктор Алии Лориҷонӣ, — таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз марҳилаи душвориҳои гузариш ба сохти нави тараққиёт, ба даврони нави бунёдкорӣ ворид шуда, ҳамрадифи кишварҳои комилҳуқуқи сайёра гардидааст.

-Ман хеле шодам, ки дар ҷаҳон имрӯз Тоҷикистонро бо номи Эмомалӣ Раҳмон — сиёсатмадори маъруф мешиносанд ва самимона пазироӣ менамоянд.Хушбахтона, имрӯз чӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва чӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тавсеа ва густариш додани робитаҳои ҳамаҷониба дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, шароиту заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Итминон дорам, ки миёни давлатҳо ва парлумонҳоямон бо истифода аз чунин шароити мусоид ҳамкориҳои бештаре амалӣ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин доктор Алии Лориҷонӣ аз пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров оид ба мушкилоти нақби «Истиқлол» ёдовар шуда, ба ниҳодҳои масъул ҷиҳати ҳалли ҳар чӣ зудтари қазияи мазкур супориш дод.

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои доктор Алии Лориҷонӣ ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот аз иштироки фаъоли ҳар ду кишвар дар ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус дар чорчӯбаи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (СҲИ),Созмони Конфронси Исломӣ (СКИ) ва рушди ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратиро яке аз меҳварҳои асосии густариши муносибатҳои дуҷониба қаламдод намуд. Таъкид шуд, ки истифода аз таҷрибаи якдигар, дар заминаи таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои муҳими байналмилалӣ барои парлумонҳои ҳарду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг муҳим аст.

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои доктор Алии Лориҷонӣ Тоҷикистонро яке аз асоситарин шарики иқтисодии кишвараш дар минтақаи Осиёи Марказӣ унвон карда, изҳор дошт, ки Эрон хостори тавсеа ва таъмиқи ҳар чӣ бештари муносибот бо Тоҷикистон дар ҳамаи арсаҳо мебошад.

- Муваффақият ва пешрафтҳои Тоҷикистон ин муваффақият ва пешрафти Эрон аст ва кишвари мо ҳамеша аз дастовардҳои бузурге, ки миллати бародари тоҷик ба он сазовор мешавад, хушҳол буда, ин дастовардро дастоварди худаш медонад,- изҳор дошт доктор Алии Лориҷонӣ.

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои доктор Алии Лориҷонӣ натиҷаи сафари ҳайати парламентии Тоҷикистонро ба кишвари худ муфид арзёбӣ намуда, самараи  онро барои миллат ва кишвараш муҳим хонд.

  ***

Рӯзи 18 феврали соли 2014 дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин бо Дабири кулли Ассамблеяи Парлумонии Осиё доктор Муҳаммад Ҳодӣ Наҷот Ҳусейниён мулоқот намуд.

Дар ҷараёни ин мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз ҷумла иброз намуд, ки парламенти касбии доимоамалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аъзои  фаъоли Ассамблеяи Парлумонии Осиё буда, дар ҷаласаҳои ин  созмон фаъолона иштирок менамояд.  Боиси сарфарозист, ки мо дар паҳлуи ҳамдигар фаъолият намуда, ҳамеша аз мавқеъҳои муштараки кишварҳои созмони мазкур пуштибонӣ менамоем. Имрӯз Ассамблеяи Парлумонии Осиё ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносиботи байналмилалӣ ва байнипарлумонӣ, на танҳо дар сатҳи минтақавӣ, балки дар миқёси ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров зикр намуд, ки Ассамблеяи Парлумонии Осиё   муҳим будани худро ҳамчун ниҳоди байнипарлумонӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва ироаи пешниҳодҳои ҷолиб ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти ҳам минтақавӣ ва ҳам ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ исбот намудааст.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин изҳор дошт, ки парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои узвият дар Ассамблеяи Парлумонии Осиё таҷрибаи фаъолияти парлумонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳодро пурра омӯхта, аз ин таҷрибаҳо дар фаъолиятҳои қонунофарии худ истифода кардааст.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассамблеяи Парлумонии Осиё,  фаъол намудани кори гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ, густариши муносибот дар заминаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, захираҳои обӣ,  фарҳанг  ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки Ассамблеяи Парлумонии Осиё дар самти муносиботи байнипарлумонии байналмилалӣ ба яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва ман умедвор ҳастам, ки ҳамкорӣ бо ин созмон,  на танҳо обру ва нуфузи ниҳоди моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар мебардорад, балки раванди устувореро дар рушду равнақи парлумонҳои кишварҳои аъзои он ба вуҷуд хоҳад овард.

Дабири кулли Ассамблеяи Парлумонии Осиё доктор Муҳаммад Ҳодӣ Наҷот Ҳусейниён, зимни мулоқот иброз намуд, ки Ассамблеяи Парлумонии Осиё моҳи сентябри соли 1999 дар Дакка, Бангладеш бо мақсади мусоидат намудан ба таҳкими ягонагӣ, сулҳ ва асосҳои бунёдии ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати таҳким бахшидан ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва демократия таъсис ёфтааст.

- Ассамблеяи Парлумонии Осиё, -гуфт  доктор Муҳаммад Ҳодӣ Наҷот Ҳусейниён, — даъват менамояд, ки дар доираи дурнамо рушди ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва экологии халқҳои Осиё ҳамаҷониба ривоҷ дода шавад.

Дар чанд соли охири фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Осиё аъзои он тавонистанд доир ба санадҳои зиёде ҳамкорӣ намоянд, ки яке аз онҳо Аҳдномаи дӯстии Осиёст.

- Ҳамкориҳои Ассамблеяи Парлумонии Осиё  бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир рушду равнақ ёфта истодааст. Иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон дар чорабиниҳои Ассамблеяи Парлумонии Осиё  яке аз сабабҳои асосии таҳкими ин муносибот ба шумор меравад, -гуфт дар анҷоми мулоқот доктор Муҳаммад  Ҳодӣ  Наҷот Ҳусейниён.

Ассамблеяи Парлумонии Осиё ҳоло яке аз бузургтарин ташкилоти парлумонӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад, ки дар он 41 давлат ба сифати аъзо ва 17 кишвар ба сифати нозир, аз қабили Австралия, Озарбойҷон, Ҷопон, Умон, Зеландияи нав, Қатар ва дигар кишварҳо фаъолият мекунанд.

***

Дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии (Парлумон)-и Ҷумҳурии Туркия Ҷемил Чичек, ки рӯзи 18 феврал сурат гирифт, масъалаи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ баррасӣ гардид.

- Мо ҷонибдори густариш бахшидани ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумони Ҷумҳурии Туркия ҳастем. Вакилони парлумони мо дар баробари ба даст овардани муваффақиятҳо дар заминаи таҳия ва қабули қонунҳо, ҳамчунин бо парлумонҳои кишварҳои дигари дӯст, аз ҷумла парламенти Ҷумҳурии Туркия табодули таҷриба мекунанд.

Мо густариш ёфтани муносибатҳои байни ду кишварро дар ҳама  соҳаҳо шурӯъ аз тиҷорату иқтисод то маорифу фарҳанг, инчунин ворид шудани сармоягузории Туркияро ба иқтисодиёти Тоҷикистон истиқбол менамоем.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар бораи мавҷуд будани имконоти зиёди ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ ба ҳамтои туркии худ иттилоъ дода, изҳор дошт, ки мо метавонем на танҳо содироти пахта, балки кишт ва коркарди онро ба роҳ монем.

Шукурҷон Зуҳуров бо таваҷҷуҳ ба афзоиши интиқоли бору маҳсулот миёни ду кишвар илова намуд, ки азбаски тайи солҳои охир интиқоли борҳо байни Тоҷикистон ва Туркия афзоиши назаррасеро касб кардааст, мо пешниҳод мекунем, ки ширкатҳои туркӣ ин равандро афзоиш диҳанд.

Дар мулоқот, ҳамчунин роҷеъ ба вазъи Афғонистон ва минтақа низ табодули назар карда шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намудани сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии тамоми минтақаи Осиёро бе таъмини амнияту пешрафти Афғонистон имконнопазир медонад. Мо, узви  Иттиҳоди Парлумонии давлатҳои аъзои Созмони  Ҳамкориҳои Исломӣ бояд якҷоя кӯшиш намоем, ки дар ин кишвар сулҳу суботи доимӣ пойдор гардад.  Ҳамзамон, мо Туркияро ба ҳайси саҳмгузори пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон дидан мехоҳем.

Дар заминаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф Раиси Маҷлиси намояндагон хостори афзоиши теъдоди бурсияҳо барои Тоҷикистон, хусусан дар бахши тахассусҳои техникӣ дар Ҷумҳурии Туркия шуд.

Шукурҷон Зуҳуров дар фароварди суҳбат аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия ёдовар шуда, ин сафарро саҳифаи тозае дар таърихи муносиботи ду кишвари дӯст арзёбӣ намуд. Дар ҷараёни ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони воломақоми Туркия мулоқот намуда, оид ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи  сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ ва ғайра табодули назар намуданд. Бояд қайд кард, ки дар  ҷараёни ин сафар дар ҳузури роҳбарони ду кишвари дӯст  санадҳои лозима ба имзо расиданд.

Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии (Парлумон)-и Ҷумҳурии Туркия Ҷемил Чичек низ сатҳи муносиботи парлумони кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қаноатбахш арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки мо бояд барои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳоямон талоши ҷиддӣ ва кӯшиши бештаре дошта бошем.

Ҷемил Чичек шомил гардидани Тоҷикистонро ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо қадами нек арзёбӣ намуда, — Тоҷикистон кишварест, ки мо онро хеле дӯст медорем, — гуфт.  Дар муносибатҳои давлатиамон низ ягон масъалаи сиёсии ҳалношуда нест. Муносиботи кишварҳои мо дар сатҳи олӣ ниҳоят хуб ҷараён доранд, вале мо бояд барои боз ҳам тақвият ёфтани ин равобит фазои қонунгузории мамлакатҳои худро такмил диҳем ва ҷиҳати густариш пайдо кардани ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсату иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ заминаи мусоидеро ба вуҷуд орем.

Мавсуф аз пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳадаф аз онҳо таҳкими муносиботи гуногунсоҳа бо Ҷумҳурии Туркия мебошад, истиқбол намуда, зикр кард, ки ин таклифҳои ироашударо дар сатҳи давлату ҳукумати худ баррасӣ ва ҷиҳати мавриди амал қарор додани онҳо иқдом хоҳем кард.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва дигар соҳаҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

***

Рӯзи 18 феврали соли 2014 дар шаҳри Теҳрон иҷлосияи 9-уми Конфронси Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ таҳти раёсати Раиси Конфронси мазкур, Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон  ҷаноби оқои доктор Алии Лориҷонӣ  ба кори худ шурӯъ намуд.

Дар оғоз раёсати Кумитаи умумии нуҳумин Конфронси маҷолиси исломӣ аз кишвари Судон ба Ирон гузашт.   Намояндагони маҷлисҳои Нигерия ва Тунис низ ба тартиб ба унвони ноиби аввал ва дуввуми раиси Кумитаи умумии Иттиҳодияи маҷолиси кишварҳои исломӣ интихоб шуданд. Кумитаи умумии Иттиҳодияи маҷолиси кишварҳои исломӣ муташаккил аз ҳамаи кишварҳои узв аст, ки аз ҳар кишвар ду нафар ба унвони узв дар он ҳузур доранд.

Дар радифи  57 давлати узви Созмони Конфронси Исломӣ  Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва вакилони Маҷлиси намояндагон Давлаталӣ Давлатзода, Низом Қосим, Зиёратшо Саъдулло ва Абдузафар Иномов муаррифӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1992 ба узвияти ин Созмони бонуфуз пазируфта шудааст. Кишвари мо дар доираи узвияташ ба ин Созмон ҳамеша ҷонибдори густариши муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳони ислом аст.   Созмони Конфронси Исломӣ соли 1969 таъсис гардида, Созмони байналмилалии байнидавлатӣ мебошад, ки 57 давлати мусулмоннишинро ба ҳам муттаҳид месозад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Конфронси Исломӣ  бо кишварҳои аъзо дар бахшҳои тиҷорат, нақлиёт, энергетика, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кишоварзӣ, саноат, фарҳанг ва маориф ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ мондааст.

Узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Созмони Конфронси Исломӣ ба тақвияти фаъолияти гуногунҷанбаи кишварҳои аъзои ин Созмон такони тоза хоҳад бахшид.

Созмони мазкур  имрӯз бузургтарин ва бонуфузтарин Созмони  мусулмонӣ дар миқёси ҷаҳон аст, ки ҳадафҳои расман эъломнамудаи он — «таҳкими ҳамдилии исломӣ, тақвияти талошҳои давлатҳои мусулмонӣ, баррасӣ ва таҳияву танзими муносибати яксон дар ҳалли масъалаҳои мубрами замони муосир ба хотири хайру рифоҳи мардумони мусулмон» мебошад.

Оинномаи Созмон, ки соли 1972 қабул шудааст, баробарии комили давлатҳои аъзо, адами мудохила дар умури дохилӣ, эҳтироми ҳуқуқи худмухторӣ, ҳаққи ҳокимият, истиқлол, инчунин принсипҳои асосии Созмонро инъикос  менамояд.

Ниҳоди мазкур дорои мақоми нозир дар СММ аст ва дар шаҳрҳои Нйю-Йорк ва Женева намояндагии доимӣ дорад.

Дар оғози кори Конфронси мазкур дар назди иштирокчиён Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Ҳасани Руҳонӣ, сарони парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар шахсиятҳои барҷастаи олами ислом баромад намуда, роҷеъ ба аҳамият ва зарурати кори Конфронс ибрози назар намуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар Конфронс вобаста ба масъалаи баррасишаванда суханронӣ намуд.

***

Маърӯзаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фарогири мавзӯъ ва масъалаҳои муҳиму сатҳи ҷаҳонидошта буд, аз ҷониби ширкаткунандагони ин Конфронс бо иҳтимом ва самимияти хоса шунида шуд.

Дар хотимаи кори Конфронс вобаста ба масъалаҳои  муҳокимашудаи иҷлосияи 9-уми Конфронси Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ  қарори дахлдор қабул карда шуд.

Дар доираи сафар ҳайати парламентии Тоҷикистон аз осорхонаи таърихию фарҳангии «Кохи Гулистон»-и шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон дидан намуд.

Ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19 феврали  соли 2014 ба шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон ташриф оварда, бо истифода аз шароити мусоид бо остондори вилояти Хуросон  мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо табодули таҷрибаи пешқадами якдигар, барномарезиҳои иқтисодиву техникӣ,  маҷмӯи равобити дӯстона, ҳамкориҳои барои ҳар ду кишвар судмандро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бо ҳамин сафари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба поён расид.

Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон