Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Шаҳринав №6 Сабоҳат Муқумова доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ вохӯрию мулоқотҳо доир намуд.
Мулоқоту вохӯриҳои Сабоҳат Муқумова бо мақсади фаҳмонидани мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 апрели соли 2013 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид, ҳамчунон оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои ҳавзаи интихоботӣ, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳо, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, тандурустӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ бо кормандони соҳаи фарҳанг, иҷтимоиёт, соҳибкорон ва намояндагони ҷавонону занон баргузор шуд.
Сабоҳат Муқумова зимни суханрониҳояш дар ин мулоқоту суҳбатҳо бо пешниҳоди далелу рақамҳои мушаххас аз дастовардҳои мамлакат давоми ҳафт соли охир дар соҳаҳои сиёсату иқтисод, саноат, кишоварзӣ, илму маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҳамчунон оид ба рӯйдоди муҳимтарини охир –воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва ба ин васила ҳамроҳ гардидан ба низоми ягонаи байналмилалии тиҷорат муфассал ҳарф зад.
- Паёми имсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори кишвар фарогири ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷӣ мебошад ва ҳуҷҷати муҳимест баҳри рушди минбаъда, -иброз дошт зимни суханрониҳояш Сабоҳат Муқумова ва ҳамчунон илова кард:
- Дар натиҷаи рушди устувори иқтисоди кишвар Маҷмуи Маҳсулоти Дохилии кишвар аз 9,3 миллард сомонии соли 2006 то ба 36,2 миллиард сомонӣ дар соли 2012 афзуда, даромади пулии аҳолӣ 4,2 баробар зиёд шуд. Ҳаҷми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ давоми ҳафт соли охир аз 1,7 миллиард сомонӣ то ба 12,2 миллиард сомонӣ дар соли 2013 афзоиш ёфт.
Пайваста ба афзоиши ҳаҷми буҷети давлатӣ барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ шароит фароҳам омад. Соли ҷорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона шудани беш аз 6,4 миллиард сомонӣ, ки беш аз нисфи буҷети давлатиро ташкил медиҳад, шаҳодати гуфтаҳои болост. Умуман, дар назар аст, ки маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ то соли 2020-ум аз 12 то 16 фоизи Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ расонида мешавад. Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои мушаххас ва мутобиқ ба Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 сатҳи камбизоатӣ ба 30 фоиз расонида мешавад. Барои татбиқи ин Стратегия беш аз 30 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 12 миллиард сомонии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад. Амалӣ гардидани ҳуҷҷати барномавии мазкур имкон медиҳад, ки рушди устувори иқтисодӣ, идоракунии самаранок ва татбиқи афзалиятҳои кишвар таъмин ва сатҳу сифати зиндагӣ хеле баланд бардошта шавад.
- Мулоқоту вохӯриҳо бо интихобкунандагон ва пешниҳоду дархостҳояшон барои фаъолияти мо, вакилони Маҷлиси намояндагон, хеле кӯмак мерасонад, -мегӯяд Сабоҳат Муқумова. – Аксарияти пешниҳоду дархостҳои онҳо барои такмили қонунҳои амалкунанда замина фароҳам меорад. Пешниҳодоти интихобкунандагон бештар ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дахл доштанд.
Дар ҷараёни мулоқотҳо интихобкунандагон дар хусуси ободонии маҳал, танқисӣ аз оби нӯшокӣ, таъмирталаб будани мактабҳо, роҳҳо, эҳтиёҷот ба замини наздиҳавлигӣ, ҷудо намудани замин барои майдончаҳои варзишӣ, таъмир ва бунёди толорҳои варзишӣ, таъмири муассисаҳои томактабӣ, нокифоя будани ҷойи кор барои занону ҷавонони деҳот ва як зумра масъалаҳои дигар таклифу пешниҳод иброз доштанд, ки бо истифода аз салоҳият ва ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ман пешниҳодҳои дорои аҳамияти маҳаллиро ба роҳбарони шаҳр ва ноҳияҳои дахлдор расонидам. Таклифҳои дигарро барои баррасӣ ва чораҷӯйӣ ба мақомоту идораҳои дахлдор ирсол менамоям.
Бисёр хушоянд аст, ки сокинони ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳисор ва шаҳри Турсунзода Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо қаноатмандии зиёд пазируфта, миннатдориашонро ба Сарвари давлат, Парламент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ғамхориҳои ҳамешагӣ, дастгирӣ, қабули қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии ҳимоякунандаи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон иброз доштанд ва омодагии хешро бо мақсади амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳнати содиқона изҳор намуданд.
Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»