Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба фаъолияти Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар давраи аз 3 октябри соли 2012 то 28 июни соли 2013
Ҳамкасбони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар замоне ҷараён гирифт, ки тавассути идомаи сиёсати пешгирифтаи худ кишвари мо дар самти таҳкими заминаҳои устувори рушди минбаъдаи давлатдорӣ ва тақвияти мавқеву обруи худ дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Ба касе пӯшида нест, ки ҷаҳони муосир бо тазодҳои гуногуни иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар набард буда, ҳамарӯза эҳсос мекунем, ки таъсири онҳо бавосита ё бевосита моро низ дунболагир мешавад. Дар чунин шароити ҳассос таъмини рушди бонизоми иқтисодӣ, тақвияти ҳифзи иҷтимоии мардум, бегазанд нигоҳ доштани пояҳои маънавии ҷомеа ва ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ вазифаҳои муҳимтарини тамоми ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ ба шумор рафта, тақозо мегардад, ки ба ин раванд тамоми ҷомеа дастаҷамъона сафарбар шавад.
Албатта, дар шароити шиддат гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ ва мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳони муосир он кишварҳое бештар муқовимат карда метавонанд, ки низоми ҳуқуқии комилу пешрафта ва ба талаботи замона ҷавобгӯйро ташаккул дода бошанд. Ҳамзамон тазаккур бояд дод, ки худи ин равандҳо низ тақозо менамоянд, ки низоми ҳуқуқӣ пайваста дар рушду такомул бошад, вагарна метавонад аз зиндагии имрӯза қафо монда, боиси пайдоиши тазодҳои нав гардад. Вобаста ба ин, ягон кишвари дунё наметавонад аз низомҳои ҳуқуқии пазируфтаи муосир берун бошад. Дар ин самт мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки парламенти мамлакат ҳамчун ниҳоди қонунгузори кишвар, тайи солҳои фаъолияти худ на танҳо низоми ягонаи ҳуқуқиро дар дохили кишвар ташаккул дод, балки дар самти ворид шудан ба фазои ягонаи ҳуқуқии байналмилалӣ низ қадами устувор гузошт. Тасдиқи амиқи ин гуфтаҳо ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошад, ки яке аз шартҳои муҳими он мутобиқ намудани қонунгузории мамлакат ба низоми савдои байналмилалӣ мебошад. Вобаста ба ин раванди муҳим санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул ва ба қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки шумораи умумиашон қариб сад номгуйро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, бо ифтихор метавон зикр намуд, ки дар бахши воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ саҳми парламенти кишвар низ назаррас мебошад.
Имрӯз парламенти мамлакат ҷиҳати тақвияти ҳар чӣ бештари сохти давлатдорӣ, таҳким бахшидани волоияти қонун, барқарор ва нигоҳдории робитаи фазои ягонаи ҳуқуқӣ дар доираи бисёр созмонҳо ва иттиҳодҳои байнипарламентии гуногун нақши арзишмандро бар ҷой меоварад.
Вакилони арҷманд!
Раванди таҳкими давлатдорӣ равандест, ки пайваста дар таҳаввулот буда, маҳз тавассути он рушди минбаъда таъмин мешавад. Ин равандест, ки ташаббускорию навовариҳои пайвастаро тақозо намуда, усулҳои ҷадиди масъалагузорӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли он аз бисёр ҷиҳат ба донишу малака, сатҳи ҷаҳонбинӣ ва қобилияту дурандешии сарвари сиёсӣ вобастагии зич дорад. Дар низоми давлатдории имрӯзаи мо бошад, паёмҳои ҳамасолаи Сардори давлат ба ҳукми анъана даромада, ҳамчун барномаи фаъолият барои тамоми ҷомеаи Тоҷикистон пазируфта мешаванд, зеро дар онҳо вазифаҳо мушаххас баён гашта, натиҷагирӣ низ аз иҷрои онҳо осонтар мебошад.
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фарогири тамоми самтҳои асосии рушди ҷомеаи кишвар буд. Ҷиҳати фарқкунандаи Паёми имсола дар он буд, ки хусусияти пешбиникунандагии он чашмрас буда, ҳафт самти асосии рушди босуботи иқтисодӣ ва ҳафт самти рушди минбаъдаи давлатдорӣ, ки ҷанбаҳои сиёсию фарҳангӣ доранд, дақиқ муайян карда шуданд, зеро имрӯз тақозои воқеияти давр чунин аст, ки бе пайвастагии зичи омилҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ наметавон ба ҳадафи ниҳойии худ ноил гашт. Бинобар ин, тақвият бахшидан ва такмили сохтори ташкилӣ ва соҳавии иқтисоди кишвар, таъмини рушди босуръати соҳаи гидроэнергетика, идомаи ислоҳоти иқтисодӣ ва таъмини рушди босуботи минтақаҳои кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби ҳар чӣ бештари сармоя ва рушди бемайлони соҳибкорӣ ҳамчун самти афзалиятноки тараққиёти мамлакат, инкишофи имкониятҳои коммуникатсионии кишвар, тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд бо мақсади таъмини самаранокии идоракунии давлатӣ, ҳифз ва таҳкими давлатдории миллӣ, густариш бахшидани худшиносию худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватандории мардум, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии аҳолии кишвар, муттаҳид намудани ҷомеаи кишвар дар атрофи ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо», густариш додани фарҳанги сулҳ, бештар рӯ овардан ба масъалаҳои ҷавонон, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои халқи куҳанбунёдамон дар шароити ҷаҳонишавӣ ва арҷгузорию эҳтиром ба забони давлатӣ аз қабили муҳимтарин масъалаҳои рушду таҳкими минбаъдаи давлатдорӣ арзёбӣ гардиданд.
Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат самтҳои асосиву афзалиятноки бахшҳои ҷомеаи кишвар, ки ба такмилу навсозии қонунгузорӣ ниёзманд мебошанд, муайян гардида, усулҳои беҳтар намудани сохтори фаъолияти онҳо мушаххас шудааст. Дар санади мазкур дар бораи таҳияву қабули якчанд кодексу қонунҳо изҳори назар шудааст. Аз ҷумла дар бораи дар таҳрири нав таҳияву пешниҳод намудани кодексҳои меҳнат, манзил, гражданӣ ва ҷиноятӣ таъкид шудааст, ки қабули санадҳои мазкур дар фаъолияти иҷлосияҳои минбаъдаи Маҷлиси намояндагон ҳатман ба назар гирифта хоҳад шуд.
Вакилони арҷманд!
Тавре огоҳӣ доред, 5 сентябри соли 2012 Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он масъалаи қабули Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тасдиқи раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва қабул қарор гирифтанд.
Қабули Кодекси нави андоз яке аз он чорабиниҳоест, ки дар асоси нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 дар Маҷлиси намояндагон амалӣ карда шуд.
Дар Кодекси нави андоз барои фаъолияти соҳибкорӣ, истеҳсоли мол, хизматрасонӣ ва таъсиси корхонаҳои гуногун 240 имтиёз пешбинӣ гардида, танҳо дар соли ҷорӣ маблағи аз ҳисоби имтиёзҳое, ки ба буҷет ворид намешаванд, 3,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад ва барои ташаккули фаъолияти худи корхонаҳо сарф мешавад. Дар баробари ин, лозим ба ёдоварист, ки сарфи назар аз кам шудани шумораи андозҳо дар ҳаҷми 50 фоиз ва аз байн бурдани баъзе намудҳои он ва дигар имтиёзҳои андозии пешбинишуда, ҳоло ҳам нуктаҳое ҳастанд, ки таҷдиди назарро тақозо менамоянд. Бинобар ин, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тҷикистон доир ба ин масъала чунин зикр намуд: «Баъзе муқаррароти Кодекси андоз ҳоло ҳам таҳлили ҳаматарафаро талаб менамояд ва сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати омӯзиш ва такмили онҳо чораҳои зарурӣ андешанд». Албатта, дар Маҷлиси намояндагон низ дар ин самт чораандешиҳо амалӣ хоҳанд гардид.
Бо қарори Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон раиси Палатаи ҳисоб ва муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Бояд зикр кард, ки Палатаи ҳисоб, имрӯз пурра ба иҷрои вазифаҳои худ шуруъ намуда, роҷеъ ба фаъолияти худ ба Маҷлиси намояндагон гузоришҳо пешниҳод менамояд.
Вакилони гиромӣ!
Фаъолияти Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбута дар се бахш – намояндагӣ, қонунгузорӣ ва байнипарламентиву хориҷӣ ҷараён гирифта, тавассути қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон амалӣ карда шуд.
Дар ин давра Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тағйиру иловаҳо дар таҳрири нав қабул гардида, дар он масъалаҳои наве, ки дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба салоҳияти Маҷлиси намояндагон вогузор кардаанд, пурра ҷой дода шудаанд. Баъди таҳрир ва тағйиру иловаҳои нав, фикр мекунам, Дастури Маҷлиси намояндагон ҳамчун як санади кории фарогир ва баёнгари тамоми самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагон мавриди амал қарор гирифт.
Дар ҷараёни иҷлосия нақшаи ҳармоҳаи кории вакилон бо тасдиқи сарпарастони кумитаҳо барои шиносойӣ ба Раиси Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешуд. Сарфи назар аз баъзе такрорҳои ҷузъӣ дар нақшаҳои баъзе вакилон, аксари онҳоро ҳамчун барномаи кории якмоҳа ва дар маҷмуъ иҷлосиявии вакилон арзёбӣ кардан мумкин аст.
Дар Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон низ Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчун мақоми батанзимдароварандаи фаъолияти Маҷлиси намояндагон ҷиҳати амалӣ гардидани бахшҳои намояндагиву қонунгузорӣ ва байнипарламентии Маҷлиси намояндагон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон як силсилаи бузурги чораҷӯиҳоро мавриди арзёбӣ ва амал қарор дод. Лоиҳаи қонунҳо, созишномаҳо, протоколҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бо назардошти хулосаҳои кумитаҳо ва эроду ислоҳҳои аъзои Шӯро, дар Шӯро ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҷаласаҳои иҷлосия дар сатҳу сифати зарурӣ пешниҳод гардиданд. Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаҳои Шӯро маводи пешниҳодшуда бо равиши тозаи корӣ ва ҷиддияти тамом мавриди назар қарор гирифт. Натиҷаи ҳамин буд, ки аз ҷаласаҳои Шӯро якчанд лоиҳаи қонунҳо барои такмилу таҳрир ба кумитаҳо бозпас гардонида шуданд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз он иборат буд, ки пеши роҳи лоиҳаҳои қонунҳое, ки моҳиятан камарзиш буда, ду-се тағйиру иловаи ҷузъиро дар бар мегирифтанд, гирифта шуд. Ҳангоми ба миён омадани масъалаҳои ҳалталаб, инчунин таҳияи лоиҳаҳои муҳим гурӯҳҳои корӣ таъсис шуд. Натиҷаи фаъолияти пурсамари кори Шӯро буд, ки лоиҳаҳои қонунҳо дар шакли комилу пухта ба ҷаласаҳои иҷлосия пешниҳод мегардиданд.
Бояд зикр кард, ки дар ҷараёни иҷлосия 37 ҷаласаи Шӯро баргузор гардид, ки масъалаҳои роҷеъ ба бахшҳои гуногуни фаъолияти Маҷлиси намояндагонро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ҷараёни иҷлосия аз ҷумла Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба интишор намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири нав» қабул гардид, ки мутобиқи он ба қонунҳое, ки дар тайи чандин солҳо ба онҳо тағйиру иловаҳои зиёд ворид гардидаанд, дар таҳрири нав интишор мешаванд. Тавре маълум аст, на ҳама вазорату идораҳое, ки қонунҳо хоси фаъолияти онҳост, имкони дуруст ворид намудани тағйиру иловаҳоро доранд. Айни замон барои интишор 14 қонун пешниҳод гардида, дар ин самт фаъолияти гурӯҳи корӣ идома хоҳад ёфт.
Ҳамкасбони гиромӣ!
Тавре огоҳӣ доред, фаъолияти асосии мо дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Ҷаласаҳои иҷлосияи чорум низ бо усули нави корӣ ҷараён гирифта, ҳангоми баррасӣ, қабул ва тасдиқи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби вакилон дарки масъулият, ҷаҳду талоши дар сатҳи баланди касбӣ баррасиву қабул гардидани лоиҳаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ назар ба иҷлосияҳои гузашта бештар рӯйи кор омад.
Сарфи назар аз он ки лоиҳаҳои қонунҳо бо тайёрии комил ба ҷаласаҳои иҷлосия пешниҳод мешуданд, дар ҷараёни баррасиву қабул аз ҷониби вакилон боз ҳам ҷиддияти том ва омӯзиши ҳамаҷонибаи ҷузъиёти лоиҳаҳои мазкур зоҳир мегардид. Натиҷаи ҳамин ҷиддият буд, ки якчанд лоиҳаи қонун аз ҷаласаҳои иҷлосия барои таҳриру такмил бозпас гардонида шуд.
Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни ҷаласаҳои иҷлосия шаффофияти баррасии лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бештар ба амал омад. Метавон гуфт, ки дар ин давра мактаби хоси камолоти вакилӣ рӯйи кор омад, ки дар он таҷрибаву талоши қонунгузорӣ, андешаронии мустақилонаи вакилон ҳангоми баррасии лоиҳаҳо ва дигар хусусиятҳои нав ба вуҷуд омад. Ҳувияти намояндагиву қонунгузории вакилон шакл гирифта, ҷанбаи ҳуқуқии муҳокимарониашон қавӣ гардид. Дар баробари ин, ҷаласаҳои иҷлосия мисли иҷлосияҳои пешин бо риояи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбута, эҳтироми ҳамдигарии вакилон, бо оромиву тамкин ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифтанд. Натиҷаи ҳамин буд, ки ба Комиссияи одоби вакилон дар давоми иҷлосия ягон маротиба масъалаи баррасии одоби вакилон ворид нагардидааст.
Ҷаласаҳои иҷлосия далели равшани камолоти касбии вакилони даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон ба шумор рафта, як иқдоми муҳимеро дар рушди парламентаризми тоҷик амалӣ намуд.
Дар давраи сипаришуда 30 ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон доир шуда, 187 қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 28 қарор оид ба масъалаҳои гуногун мавриди баррасӣ ва қабул қарор гирифтанд. Дар он шумор 157 қонуни мукаммал ва тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, аз ҷумла 25 қонуни мукаммал, 64 тағйиру илова ба қонунҳо, як қонуни конститутсионӣ, 11 тағйиру илова ба қонунҳои конститутсионӣ, 19 тағйиру илова ба кодексҳо шомил мебошанд.
Дар шумори 37 санади дигари дар ин давра тасдиқнамудаи Маҷлиси намояндагон ҳамчунин 24 Созишнома, як Стратегия, ду Конвенсия, ду Ёддошт, як Дурнамо, се Протокол, як Оиннома, як Қарордод, як Шартнома ва як Барномаи давлатиро номбар кардан мумкин аст.
Ҳамкасбони арҷманд!
Даъвати чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои нахустини фаъолияти хеш ҷустуҷӯ ва ибтикору ташаббусҳои эҷодкоронаи самту паҳлуҳои тозаву навро оғоз намуд ва ин хусусиятҳо дар ҷараёни кори иҷлосияи чорум воқеиву муассир идома ёфтанд. Таҷрибаи қонунгузории вакилон дар ҷараёни ин иҷлосия бештар ғанӣ гардида, қонунҳои аз лиҳози сифату моҳият муҳим ва ба талаботи самтҳои афзалиятноки ҷомеаву кишвар мувофиқ мавриди таҳия, баррасӣ ва қабул қарор гирифтанд.
Сифати қонунҳо, ки дар ҷараёни иҷлосияи сеюм ҳамчун шиори фаъолият роҳандозӣ гардида буд, дар иҷлосияи чорум бештар рӯйи кор омад. Яъне, мо аз ҳар лиҳоз бештар ба сифати қонунҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ин хусусиятро шарти асосии фаъолияти иҷлосияи мазкур қарор додем.Фаъолияти қонунгузорӣ дар ҷараёни иҷлосияи чорум тамоми бахшҳои ҷомеаи кишварро фаро гирифта, ҳеҷ як соҳаи муҳим аз мадди назари эҷоди қонунҳои мукаммал ва ё тағйиру иловаҳо, фикр мекунам, барканор намонд. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки имрӯз дар тамоми бахшҳои фаъолияти давлатдориамон заминаи мукаммали ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.
Тавре худ шоҳиди ҳол ҳастед, ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории вакилон дар ҷараёни фаъолияти иҷлосияи чорум таври назаррас зиёд гардид. Аммо ин ҷо сухан дар бораи шумораи лоиҳаҳои қонунҳои пешниҳодшуда намеравад. Вакилон бо омӯзиши эҳтиёҷоти ҷомеаи кишвар ба қонунҳои зарурӣ дар ҳамҷоягӣ бо вазорату идораҳо ё муассисаҳои ғайридавлатӣ як силсила лоиҳаҳои муҳим ва саривақтиро таҳияву пешниҳод намуданд.
Яке аз хусусиятҳои хоси иҷлосияи чорум ин ташкили гурӯҳҳои корӣ аз шумули намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар бахшҳои марбута мебошад. Натиҷаи ҳамин буд, ки лоиҳаи қонунҳои тавассути гурӯҳҳои корӣ таҳияву пешниҳодшуда бо посухгӯйӣ ва сифати худ ба талаботи техникаи қонунгузорӣ фарқкунанда буданд.
Дар ҷараёни иҷлосияи чорум бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 лоиҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 лоиҳа, аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон 56 лоиҳа, аз ҷумла дар ҳаммуаллифӣ бо аъзои Маҷлиси миллӣ 11 лоиҳаи қонунҳо, пешниҳод ва қабул гардид.
Дар ин давра 25 қонуни мукаммал қабул карда шуд, ки 14 лоиҳаи қонунҳо бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз вакилони Маҷлиси намояндагон, 11 лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ҳамчунин 42 тағйиру илова ба қонунҳо аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон, 54 тағйиру илова аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва мавриди қабул қарор гирифт.
Ҳангоми таҳлили таркиби соҳавии қонунҳои дар ин давра қабулшуда маълум мешавад, ки оид ба рушди иқтисодиёт 17 қонун, танзими масъалаҳои иҷтимоӣ 6 қонун, ҳимояи ҳуқуқи инсон 34 қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният 17 қонун, такмили сохтори давлатӣ 7 қонун, масъалаҳои экологиву кишоварзӣ 9 қонун, илму маориф 11 қонун, масъалаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот 8 қонун ва масъалаҳои энергетикӣ, сохтмон ва саноат 9 қонун таҳияву мавриди қабул қарор гирифтааст.
Дар давоми иҷлосияи чорум низ таҳия ва пешниҳоди дастаҷамъонаи лоиҳаи қонунҳо аз ҷониби вакилон намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва минтақаҳои гуногуни кишвар, ки дар иҷлосияи сеюм рӯйи кор омада буд, бештар идома ёфт. Ҳамчунин пешниҳоди якҷояи гурӯҳи вакилон, Фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва вакилон – намояндагони ҳизбҳои дигар дар идомаи таҷрибаи иҷлосияҳои гузашта амалӣ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки таҷрибаи қонунгузории парламент зина ба зина сайқал ёфта, мо пайваста кӯшиш мекунем, то раванди таҳия ва баррасию қабули қонунҳо шаффоф бошад. Дар ин самт мо ҳамкориро бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ тақвият бахшида истодаем. Тасдиқи амиқи ин гуфтаҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» мебошанд, ки борҳо бо иштироки намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити гуногуни ахбор мавриди муҳокима қарор гирифта, таклифу пешниҳодҳои ирсолнамудаи онҳо низ ба инобат гирифта шудааст.
Хусусияти таҳия ва қабули қонунҳои мукаммал, на танҳо хоси иҷлосияҳои алоҳида, балки ҳамчун яке аз самтҳои пурсамари фаъолияти даъвати чорум зоҳир мешавад. Дар ҷараёни иҷлосия 25 қонуни мукаммал қабул карда шуд, ки тамоми соҳаҳои ҷомеаи кишварро фаро гирифтаанд. Аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ», «Дар бораи кооперативҳо», «Дар бораи маориф» ва ғайра дар ҳамин шуморанд.
Албатта, аксари кулли қонунҳо ва санадҳои дар ҷараёни иҷлосия қабулшуда барои имрӯзи кишварамон зарур ва муҳим ба шумор мераванд. Вале дар ин миён қонунҳое низ қабул карда шуданд, ки барои пешбурди соҳаҳои гуногуни ҷомеаи кишвар бештар муҳим ва саривақтӣ мебошанд, ки мехоҳам дар бораи баъзе аз онҳо маълумоти мухтасар ироа намоям.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», ки қабул ва назорати иҷрои он ба салоҳияти истисноии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб мебошад, мисли қонунҳои буҷет барои солҳои гузашта аз ҷониби вакилон бо ҷиддият ва баррасии ҳамаҷониба мавриди қабул қарор гирифт.
Дар таҳияи Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, афзалиятҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 ва дигар санадҳои стратегии дарозмуҳлату миёнамуҳлат бармеоянд, ба инобат гирифта шуд.
Дар соли 2013 ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ ба маблағи 12057,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла даромадҳои ҷории Буҷети давлатӣ – 9452,0 млн.сомонӣ муқаррар гардид. Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ дар соли 2013 нисбат ба соли 2012 бо ҳисоби номиналӣ 1895,0 млн.сомонӣ, аз ҷумла аз рӯйи даромадҳои ҷорӣ ба маблағи 1662,0 млн. сомонӣ афзоиш ёфт.
Дар давоми иҷлосия роҷеъ ба масъалаҳои гуногун якчанд тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷети мазкур ворид карда шуд.
Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки дар ин давра мавриди қабул қарор гирифт, «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» мебошад, ки бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллии кишвар, барои таъмини истиқлолияти энергетикию амнияти озуқаворӣ ва раҳойӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, мусоидат ба рушди воқеии иқтисодиёти миллӣ, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳар як сохтору мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад, таҳия шудааст. Масъалаи таъмини ҳадафҳои стратегӣ, ба монанди ислоҳоти идоракунии давлатӣ, волоияти қонун, пешгӯйӣ ва банақшагирии демографӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди бахши хусусӣ ва дастгирии табақаи миёнаи кишвар муҳтавои асосии Стратегияи мазкурро ташкил медиҳад. Барои татбиқи Стратегияи зикргардида беш аз 18 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, илова бар ин барои маблағгузории Барномаи мазкур аз Буҷети давлатӣ беш аз 12 млрд. сомонӣ равона карда мешавад ва маблағи он дар маҷмуъ 30 млрд. сомониро ташкил медиҳад.
Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои «Барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2013», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 № 976 тасдиқ шудааст, бо мақсади такмили қонунгузории соҳаи мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия гардидааст.
Кодекси мазкур дар заминаи қисми мурофиавии Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фаслҳои 3 ва 4) таҳия гардида, масъалаҳои пешбурд ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ, такмил дода шудаанд.
Дар он доираи фаъолияти мақомот ва шахсони ваколатдор васеъ гардида, дар баробари ин ваколати онҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат ва субъектони хоҷагидор мушаххас гардонида шудааст.
Дар Кодекси мазкур тартиби барасмиятдарорӣ, пешбурд, тартиби баррасӣ, қабули қарор, шикоят ба мақомоти болоӣ ва ё шахсони мансабдори болоӣ, ба суд, аз ҷумла ба коллегияҳои судии судҳои болоӣ аз рӯйи қарорҳои қабулгардида, тартиби иҷрои санадҳои қабулгардида ва дигар масъалаҳо мушаххас пешбинӣ шудаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» асоси ҳуқуқии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилу гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо мақсади дар онҳо ошкор ва бартараф намудани омилҳо ва сабабҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, шароитҳои ба паҳншавии коррупсия мусоидаткунанда дар бар гирифтааст. Зикр намудан ба маврид аст, ки татбиқи қонуни мазкур метавонад чораи муассир дар самти пешгирии амалҳои коррупсионӣ гардад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», ки дар таҳрири нав пешниҳод шуд, муносибатҳои ҳуқуқии гардиши силоҳи ғайринизомӣ, хизматӣ, ҷангӣ, дастии тирандозӣ ва силоҳи сард, ҳамчунин лавозимоти ҷангӣ ва патронҳои аслиҳаро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд ва ба ҳимояи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, моликият, таъмини амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии силоҳ равона шудааст. Зикр намудан ба маврид аст, ки танзими ҳуқуқии муносибатҳо вобаста ба гардиши силоҳ дар ҷомеа яке аз василаҳои муҳими пешгирии ҷинояткорӣ ба шумор рафта, ба боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобаста ба масъалаи мазкур мусоидат мекунад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ», ки таҳия ва қабули қонуни мазкур аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 бармеояд, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо гӯшту шир ва дигар маҳсулоти чорводорӣ нақши муҳим мебозад. Чорводорӣ яке аз соҳаҳои пешбарандаи кишоварзӣ ба шумор рафта, заминаи рушди он асосан ба вазъи воқеии чарогоҳҳо, ки дар ҷумҳурӣ майдони зиёда аз 3 млн. 854,7 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд, вобаста мебошад. То ин дам дар ҷумҳурӣ қонуне, ки вазъи ҳуқуқии чарогоҳҳоро ба танзим дароранд, вуҷуд надошт. Аз ин сабаб дар истифодаи чарогоҳҳо гуногунфаҳмӣ ҷой дошт. Қонуни мазкур бо мақсади аз байн бурдани ин нофаҳмиҳо ва муайян намудани вазъи ҳуқуқии чарогоҳҳо таҳия ва қабул гашта, ба бисёр масъалаҳое, ки имрӯз дар ҷомеа вобаста ба масъалаи зерин ба миён меоянд, ҷавоби дақиқи ҳуқуқӣ дода метавонад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» бо мақсади танзим намудани рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти экологӣ, дар ҳамбастагӣ мусоидат намудан ба таъмини амнияти озуқаворӣ таҳия шудааст.
Сол аз сол таваҷҷуҳ ба масъалаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бе халалдор намудани мувозинати экологӣ, меафзояд. Низоми биологии пешбурди истеҳсолоти кишоварзӣ на танҳо даст кашидан аз истифодаи нуриҳои минералии синтетикӣ ва пестисидҳо мебошад, балки он батадриҷ коҳиш додани истифодаи воситаҳои химиконӣ ва гузаштан ба хоҷагидорӣ тавассути татбиқи чораҳои алтернативии агрономиро дар назар дорад. Риояи тавозуни экологӣ дар раванди истеҳсолоти кишоварзӣ ва ба даст овардани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мақсади асосии корхонаи биологӣ мебошад, ки талабот ба он дар ҷаҳони имрӯза сол аз сол меафзояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» яке аз санадҳои муҳимест, ки тамоми муносибатҳоро дар соҳаи маориф ба танзим меорад. Дар таҳрири нав қабул гардидани он имконият дод, ки бори нахуст дар кишварамон мақоми муаллим ва нақши муассисаҳои таълимӣ ба чунин дараҷаи баланд бардошта мешаванд. Тавре маълум аст, маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади ҷараён бахшидан ба ислоҳоти маориф, рушди соҳа, аз ҷумла таъмини сатҳу сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳу сифати таълимгирандагон, мутобиқат ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ қабули қонуни мазкур аҳамияти муҳим дорад. Бо боварии том метавон гуфт, ки ин қонун дар соҳаи маорифи кишвар як тағйироту дигаргунии бузургро амалӣ хоҳад намуд. Дар ин қонун, дар баробари ворид намудани ислоҳот дар тамоми бахшу ниҳодҳои соҳаи маориф роҷеъ ба муаллим ва мақоми он дар ҷомеа, боби махсус бахшида шудааст, ки он мақоми омӯзгор, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони соҳаи омӯзгорӣ, ҳимояи шаъну шарафи омӯзгор, имтиёзҳои омӯзгорон, таъминоти моддии омӯзгорон ва бисёр масъалаҳои дигарро дар бар мегирад.
Тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он пайваста диққат медиҳад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ», ки дар ҷараёни иҷлосияи чорум қабул гардид, асосҳои танзими давлатии суғуртаи нафақавиро муқаррар намуда, вазъи ҳуқуқии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, заминаҳои пайдоиш ва тартиби татбиқи ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо ва ҷавобгарии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро муайян менамояд. Бо қабули қонуни мазкур корфармо муваззаф мегардад, ки барои корманд ҷиҳати таъмини маблағгузории қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ суғуртаи ҳатмии нафақавиро пардохт намояд. Суғуртаи ҳатмии нафақавӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки тибқи қонунгузории амалкунанда ба суғуртаи иҷтимоӣ, фаро гирифта шудаанд, пардохт карда мешавад.
Такмилу дар таҳрири нав пешниҳод намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ низ дар давраи иҷлосияи чорум идома ёфт. Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз қабили онҳост, дар таҳрири нав бо мақсади мутобиқ намудани он ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Қонуни конститутсионии мазкур танзими ҳуқуқии муносибатҳоро вобаста ба тартиби таъсису тағйир додани воҳидҳои марзию маъмурӣ, муайян намудани сарҳади онҳо, инчунин номгузорию номивазкунии онҳо ба амал бароварда, имконият медиҳад, ки баҳсҳои марзию маъмурии дар дохили кишвар пайдошаванда тавассути он ҳалли самараноки худро ёбанд.
Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз дастовардҳои муҳими иҷлосияи чорум мебошад, зеро ин Кодекс дар таърихи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон бори нахуст қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилию иҷтимоии муносибатҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ муқаррар менамояд, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозиро муайян карда, муносибатҳои ҳуқуқии ба фаъолияти шаҳрсозӣ вобастаро танзим месозад. Қабули Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мустаҳками ҳуқуқие мебошад, ки барои рушду нумуи соҳаи шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан барои рушди соҳаи меъморӣ ва боз ҳам зеботар гардонидани шаҳру деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Албатта, муваффақиятҳои зикршуда моро водор мекунанд, ки дар самти қонунгузорӣ боз як қатор корҳои дигарро ба анҷом расонем. Аз он ҷумла моро зарур аст дар самти интишори қонунҳо дар таҳрири нав кори зиёдро ба анҷом расонем, то ин ки тавассути он фаҳмишу дарки қонунҳо осон ва тағйиру иловаҳои воридшуда сари вақт ҷо ба ҷо карда шаванд.
Ҳамчунин моро зарур аст, ки дар ин самти фаъолияти худ робитаро бо дигар субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ боз ҳам густариш дода, таклифу пешниҳодоти онҳоро ҳанӯз дар марҳилаи таҳияи лоиҳа ба инобат гирифта, ба баррасии Маҷлиси намояндагон лоиҳаҳои сифатан баланд ва мазмунан мукаммал пешниҳод намоем.
Дар баробари ин, таҳлили хулосаҳои пешниҳодшаванда ба лоиҳаи қонунҳо низ нишон медиҳад, ки то ҳол дар баъзе мавридҳо муносибати рӯякӣ ба таҳлилу баррасии лоиҳаҳо ба чашм мерасад. Ҳолатҳое мавҷуданд, ки як кумита ба лоиҳаи пешниҳодшаванда зиёда аз даҳ таклиф пешниҳод намудаасту кумитаи дигар онро пурра ҷонибдорӣ намудааст. Бинобар ин, раисони кумитаҳоро зарур аст, ки дар оянда ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд.
Вакилони арҷманд!
Фаъолияти намояндагӣ яке аз бахшҳои муҳими Маҷлиси намояндагон ба шумор рафта, василаи муҳими густариши робита бо ҷомеа, огоҳӣ пайдо намудан аз вазъи воқеии иҷтимоию сиёсии кишвар, инчунин омили таҳкимбахшандаи фаъолияти ҳар як вакил маҳсуб меёбад. Бинобар ин, самти мазкур низ таҳти назорати роҳбарияти Маҷлиси намояндагон қарор дошта, барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ гузаштани онҳо чораҳои мушаххас дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ андешида шуданд.
Вакилон дар ин давра ду маротиба – аз 10 то 20 сентябри соли 2012 ва аз 30 апрел то 10 майи соли равон ба сафари хидматӣ баромада, бо интихобкунандагон мулоқоту вохӯрӣ баргузор намуданд. Ҳамчунин лозим ба ёдоварист, ки нахустин бор имсол вакилон тибқи ҷадвали тасдиқшуда, бе халалдор намудани фаъолияти иҷлосияи чорум, дар давоми ду моҳ мулоқоти миёнадаврӣ бо интихобкунандагони худ анҷом доданд, ки аз ҷараёни баргузории онҳо ҳам вакилон ва ҳам интихобкунандагон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷамъбасти гузоришҳои вакилон аз натиҷаи мулоқотҳояшон бо интихобкунандагон бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои чораҷӯйӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд. Дар асоси таъкид ва супоришҳои мо танҳо дархостҳои муҳим ва асосии интихобкунандагон ба гузоришҳо ворид гардида, дархостҳое, ки моҳияти маҳаллӣ доштанд, барои чораҷӯйӣ ба маҳалҳо ирсол карда шуд.
Фаъолияти намояндагии мо бо баргузории мулоқоту вохӯриҳои нақшавӣ дар маҳалҳо маҳдуд нашуда, қабули шаҳрвандон бевосита дар бинои Маҷлиси Олии мамлакат ва баррасии муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳии онҳо низ таҳти назорати қатъии роҳбарияти Маҷлиси намояндагон қарор дорад.
Дар ин давра муроҷиатҳои интихобкунандагон аз ҷониби вакилон ҳамаҷониба мавриди арзёбӣ қарор гирифта, дар доираи ваколат ва салоҳияташон ба ҳалли мусбии онҳо мусоидат карда шуд. Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар рӯзҳои муайяни ҳафта амалӣ гардида, иҷрои дархосту муроҷиати онҳо зери назорат қарор гирифт.
Дар ҷараёни иҷлосияи чорум ба унвони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 599 муроҷиат ворид гардида, тақрибан 966 нафар шаҳрвандон мавриди қабул қарор гирифтанд, ки шумораи умумиашон 1565 ададро ташкил дода, бештар аз шаҳри Душанбе (662 адад), вилояти Хатлон (373 адад), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (317 адад), вилояти Суғд (188 адад) ворид гардидаанд.Муроҷиатҳо аз лиҳози бахшу соҳа, аз ҷумла ба чунин хусусиятҳо ҷудо мешаванд: масъалаи муҳофизат ва истифодабарии самараноки замин, соҳаи кишоварзӣ ва муҳити зист (137 адад); манзили истиқоматӣ ва меъморию сохтмон (103 адад), масъалаҳои вобаста ба илму фарҳанг, таълиму тарбияи ҷавонон, корҳои маърифатӣ, равшаннамойӣ (90 адад), соҳаи тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (264 адад), масъалаҳои вобаста ба кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, аз ҳама зиёд (551 адад) ва ғайра.
Бояд гуфт, ки шумораи муроҷиатҳои такрорӣ 95 ададро ташкил дода, назар ба иҷлосияи гузашта коҳиш наёфтааст. Яъне, ҳоло низ дар самти баррасӣ ва ҳалли муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти гуногуни давлатӣ камбудиҳо ҷой доранд.
Дар маҳалҳо ҳоло низ масъалаи гирифтани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ, масъалаҳои хоҷагиву манзилӣ, меъморию сохтмонӣ, коммуналӣ, таъмини оби нӯшокӣ ва полезӣ, масъалаҳои вобаста ба кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ, меҳнат ва таъминоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баҳси манзили истиқоматӣ ва ғайра пурра ҳал нагардидаанд.
Дар муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳӣ муроҷиаткунандагон чораҳоеро, ки барои таҳкими минбаъдаи қонуният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дида мешаванд, маъқул мешуморанд. Доир ба масъалаҳои шарҳу баёндодаи ба ин ё он моддаи қонунҳо шумораи зиёди муроҷиатҳо ворид мегарданд. Ҳамчунин оид ба далелҳои риоя нагардидани қонун аз ҷониби баъзе мақомоти сохторҳои қудратӣ ва таъмин нагаштани адолати судӣ низ арзу шикоятҳо ворид шуда истодаанд.
Фикр мекунам, ки баҳри боз ҳам самараноктар амалӣ намудани фаъолияти намояндагии худ моро зарур аст дар оянда як қатор чораҳоро амалӣ намоем:
- якум, мониторинги ҳалли мусбии дархостҳои вакилиро ҷорӣ намуда, тавассути он аниқ муайян намоем, ки кадом мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои гузошташудаи вакилон бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд;
- дуюм, таҷрибаи баргузории мулоқотҳои миёнадавриро тақвият бахшида, кӯшиш намоем, ки самаранокии бештари чунин мулоқотҳоро ба даст оварем;
- сеюм, такмили заминаи моддию техникӣ ва дастрасӣ ба технологияҳои нави иттилоотӣ ба мо имконият медиҳад, ки минбаъд аз почтаҳои электронии худ баҳри густариши фаъолияти намояндагӣ васеъ истифода бурда, кӯмаку ҳамкориро бо интихобкунанда бештар ба роҳ монем.
Вакилони арҷманд!
Дар ҷараёни Иҷлосияи чорум фаъолияти байнипарламентӣ ва хориҷии Маҷлиси намояндагон, ки яке аз бахшҳои муҳиму таркибии парламенти кишвар ба шумор меравад, бо ҷанбаҳои нави корӣ ҷараён гирифт.
Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви як силсила созмонҳои байнипарламентии байналмилалӣ ва минтақавӣ дар бахши густариши ҳамкориҳо бо ин созмонҳо фаъолияти муайянро амалӣ намуда, ҷиҳати муаррифии симои нави сиёсии кишвар ва рушди парламентаризм фаъолияти густурда дорад.
Фаъолияти байнипарламентӣ ҳамчун ҷузъи таркибии сиёсати хориҷии мамлакат, дар баробари омӯзиши таҷрибаи қонунгузориву намояндагии кишварҳои дар ҳоли рушд, истифодаи қонунҳои намунавии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва масъалаҳои марбут ба ҳаёти парламентӣ ҷиҳати густариши робитаҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, бунёди корхонаҳои муштарак ва дигар масъалаҳои барои халқу кишварамон муҳим амалӣ карда мешавад. Бисёр масъалаҳои роҷеъ ба муносибатҳои дӯстона аз тариқи робитаи гурӯҳҳои дӯстӣ бо парламентҳои дигар кишварҳо, бо сафоратҳои ин кишварҳо мавриди ҳаллу фасл қарор дода мешаванд. Қобили зикр аст, ки дар ин иҷлосия таваҷҷуҳи намояндагони созмонҳои байналмилаливу байнипарламентӣ ба иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва суханронии онҳо дар ҳамоишҳову конфронсҳо бештар зоҳир гардид.
Яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти байнипарламентиро мулоқотҳои Раиси Маҷлиси намояндагон бо президентҳо, сарвазирони кишварҳо, раисони парламентҳо, сафирони давлатҳои хориҷӣ ва дигар шахсиятҳои маъруф ташкил медиҳад.
Ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як силсила чорабиниҳо, аз ҷумла дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, иҷлосияи умумии 38-уми ин созмон, ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ҷаласаи Ассамблеяи байнипарламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Ҷаҳони Чингиз Айтматов: ҳамгиройӣ ва гуфтугӯйи тамаддунҳо», инчунин ҳамоиши илмии АвруОсиёӣ дар мавзуи «Якпорчагии иқтисодии АвруОсиё: ташаккул ва рушд» дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия иштирок намуд.
Дар доираи сафари худ Раиси Маҷлиси намояндагон ба шаҳри Санкт-Петербург бо Раиси Думаи Давлатии ин кишвар Сергей Наришкин, Раиси Мажлиси парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Нигматулин вохӯриҳои судманд анҷом дод.
Дар ин давра Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Конфронси якуми Ассамблеяи Парламентии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шаҳри Исломобод низ сафар намуд. Зимни баргузории нишаст бо иштироки намояндагони баландпояи парламентҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ Оинномаи Ассамблеяи Парламентии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ба имзо расонида шуд. Инчунин дар доираи ин сафар вохӯриҳои Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон доктор Фаҳмида Мирзо, Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Алии Лориҷонӣ, Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Ҷемил Чичек, муовини Раиси парламенти Луи Ҷиргаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Неъматулло Ҷаъфарӣ, раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парламенти Туркия бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафо Кабакӣ баргузор гардида, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо байни парламентҳои кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин давра ҳамчунин зиёда аз 40 вохӯрию мулоқот ва қабули расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинони ӯ ва раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон бо ҳайатҳои расмӣ, сафирони фавқулодда ва мухтори давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои созмонҳову муассисоти байналмилалӣ доир гардиданд.
Махсусан мулоқотҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Парламентии Норвегия дар Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо таҳти роҳбарии ноиби Раиси Парламенти Норвегия Ахтар Чаудри, ҳайати парламентии Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳайати парламентии Ҷумҳурии Корея, ҳайати Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба фарҳанг, иттилоот, туризм ва варзиш, намояндаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Осакве, Президенти Ҷумҳурии Австрия Хайнс Фишер, ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон, раиси (Палатаи болоӣ) Шӯрои штатҳо Муҳаммад Ҳомид Ансорӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Анпис ҷолиб ва аз лиҳози корӣ муфиду самарабахш буданд.
Дар рафти ин мулоқоту вохӯриҳо асосан доир ба рушду тавсеаи равобити дуҷонибаю бисёрҷониба, ба роҳ мондани равобити байнипарламентӣ ва аз таҷрибаи ҳамдигар истифода намудан дар соҳаи қонунгузорӣ барои рушду нумуи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа суҳбату мулоқотҳо сурат гирифтанд.
Ҳамчунин дар ин давра вохӯрию мулоқотҳои муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев бо як силсила ҳайатҳои созмонҳову кишварҳои хориҷӣ доир гардид, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва хориҷии Маҷлиси намояндагон нақши муҳим бозид. Аз ҷумла сафари ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Амиршо Миралиев ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ҳайати вакилони парламенти Аврупо оид ба кор бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия амалӣ гардид. Дар доираи сафари корӣ ҳайати вакилони парламенти Тоҷикистон бо аъзои Кумитаи ҳамкории Парламенти Аврупо мавқеи Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ, алалхусус нисбат ба истифодаи оқилонаи захираҳои энергетикӣ, муаррифӣ намуданд.
Ҳамчунин мулоқотҳои муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо як силсила ҳайатҳои созмонҳову кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо муовини сардори Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ Каролине Садоуба ва сардори Дафтари намояндагии Кумитаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Северин Шоппаз баргузор гардид.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Ғаффорова Н.А. дар ҷаласаи Гурӯҳи таҳияи чораҳои молиявии мубориза бар зидди расмикунонии даромадҳо дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Париж ва Осло иштирок намуд. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Шабозов М.Ш. бо даъвати Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати табодули таҷриба, таҳкими муносибати дуҷониба ва тавсеаи ҳамкорӣ миёни ду кишвар, дар шаҳри Бишкек ва дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Санкт – Петербург ширкат варзид.
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои доимии оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология, доир ба назорати буҷет, оид ба илм ва маориф ва дигар комиссияҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар чорабиниҳои ин созмони бонуфузи байнипарламентӣ иштирок ва дар кори ҷаласаҳои онҳо суханронӣ намуданд.
Дар моҳи октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сайёри Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба фарҳанг, иттилоот, туризм ва варзиш дар сатҳи хуби корӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони парламентҳои Федератсияи Россия, Қирғизистон, Белорус ва Молдова иштирок намуданд.
Бояд зикр кард, ки чанде аз вакилони Маҷлиси намояндагон ба вазифаҳои раис ва муовини раиси комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб шудаанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар чорабиниҳои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия ва шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон иштирок намуданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайатҳои расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ва дар ҳайати ҳукуматӣ бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Белгия сафар карданд.
Ҳамчунин чанде аз вакилон дар чорабиниҳои Шӯрои парламентии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар шаҳри Исломободи Покистон, дар ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарламентии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Тиранаи Ҷумҳурии Албания ширкат доштанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо даъвати Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар мизи мудаввари «Таъсири гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҷамъият ва иттиҳодияҳо дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он – ҷустуҷӯйи роҳи ҳалли масъалаи марбут ба маводи мухаддир» дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бо даъвати намояндагии Фонди Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди аҳолӣ дар Форум – вохӯрии байналмилалии парламентҳо оид ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, дар шаҳри Даккаи Ҷумҳурии Бангладеш иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади рушди тақвияти ҳамкорию равобити дуҷониба миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парламентҳои Франсия, Арабистони Саудӣ, Кувайт ва Эстония Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис шуд.
Вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Тақвияту рушди парламентаризмро мо дар ҳама самтҳои фаъолият имрӯз метавонем мушоҳида намоем, ки баргузории муҳокимаҳои парламентӣ мисоли аниқи ин гуфтаҳоанд. Мо дар соли ҳисоботӣ ба он ноил гаштем, ки минбари муҳокимаҳои парламентиро дар ҳақиқат ба минбари гуфтугузорҳои рӯйиросту беғаразона бо ниҳодҳои гуногуни Ҳукумат мубаддал гардонидем. Дар ин давра муҳокимаҳои парламентӣ, чун соли пешин, дар ду сатҳ ташкил ва гузаронида шуданд – дар сатҳи кумитаҳо ва дар сатҳи Маҷлиси намояндагон.
Моҳи ноябри соли 2012 аз ҷониби Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ дар мавзуи «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми таҷрибавии дастгирии унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ёвон» ва моҳи майи соли 2013 дар мавзуи «Дар бораи тасдиқи нақшаи Стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014» муҳокимаҳои парламентӣ гузаронда шуд, ки ҳар ду мавзуъ ҳам барои имрӯзи ҷумҳурӣ мавзуъҳои муҳим ба шумор рафта, ҳалли онҳо барои коҳиш бахшидани сатҳи камбизоатӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ нақши муҳим мебозад. Ногуфта намонад, ки оид ба натиҷаҳои ҳар ду муҳоқима ҳам тавсияҳои зарурӣ қабул карда шуда, ба мақомоти дахлдори давлатӣ фиристода шуданд.
Яке аз мавзуъҳое, ки 11 июни соли равон аз ҷониби Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ бори нахуст оид ба иҷрои буҷети маҳаллии яке аз минтақаҳои калон ва сераҳолии кишвар — шаҳри Ваҳдат дар чор моҳи соли 2013 бо иштироки вазоратҳои молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид, ки чунин шакли баргузории муҳокимаҳо на танҳо дар ҷараёни иҷлосия, балки дар доираи фаъолияти Маҷлиси намояндагон бо роҳандозии паҳлуҳои нави корӣ нав ва фарқкунанда мебошад.
Яке аз мавзуъҳои муҳиме, ки вобаста ба он дар санаи 25 июн, яъне ҳамагӣ се рӯз пеш аз ин муҳокимаи ошкорои парламентӣ баргузор гардид, «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми маблағгузории «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» мебошад, ки чунин муҳокимаи парламентӣ оид ба масъалаҳои фарҳангӣ бори нахуст доир карда шуд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзуъ ишора намудаанд: «Дар баробари рушди босуръати ҷаҳони имрӯза нақш ва мақоми китоб ҳамчун сарчашмаи донишу тамаддун ва таҳаввулоти фарҳангиву маънавӣ пайваста боло меравад. Таи чанд соли охир татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ имкон доданд, ки ҳаҷми китобхонаҳои мамлакат рӯ ба афзоиш ниҳода, ниёзи хонандагон дар самти дастрасӣ ба дастовардҳои асри иттилоот ҳар чи бештар қонеъ гардонда шавад».
Бояд зикр кард, ки дар кишвари мо ба равнақи соҳаи фарҳанг, аз ҷумла рушди бахши китобдорӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин самт як силсила қонунҳои мукаммал қабул гардиданд, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» дар он шуморанд. Муҳокимаи парламентии мазкур далели он аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ба ҳеҷ як мавзуи барои халқу давлат муҳим, аз ҷумла мавзуъҳои маънавиёту фарҳанг бетараф буда наметавонанд.
Дар баробари ин, моро зарур аст, дар оянда дар интихоби мавзуи муҳокимашаванда назари ҷиддӣ дошта бошем ва масъалаҳоеро интихоб намоем, ки дар ҳақиқат ҳам имрӯз ҷомеа аз беҳшавии вазъи онҳо интизориҳои калон дорад. Яке аз чунин масъалаҳои муҳим, масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ аст, ки ҳалли мушкилиҳои мавҷуда дар ин самт кори тамоми ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ, аз он ҷумла парламент низ мебошад. Аз ин рӯ, зарур мешуморам, ки дар иҷлосияи навбатӣ масъалаи татбиқи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 ба муҳокимаи ошкорои парламентӣ бароварда шавад.
Ҳамчунин вобаста ба тақвияти ин самти фаъолият дар оянда моро зарур аст робитаҳои мавҷударо бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми навтаъсис буда, ваколати назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ ба уҳдаи он гузошта шудааст, бештар ривоҷ диҳем.
Вакилони гиромӣ!
Тавре огоҳӣ доред, дар ҷараёни даъвати чорум Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагон таъсис ёфта буд. Бо назардошти он ки мақсади асосии комиссия иштирок дар амалӣ намудани ҳадафҳои асосии таъмини ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва беҳдошти вазъи экологии кишвар ва минтақа мебошад, Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагон бо қарори ҷаласаи Маҷлиси намояндагон аз 10 апрели соли 2013 ба Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (яъне комиссияи доимӣ) иваз карда шуд, ки салоҳияти он дар Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст. Вобаста ба ин раис ва ҳайати Комиссия низ аз нав интихоб карда шуд. Акнун тағйири мақоми ҳуқуқии Комиссия масъулияти онро бештар намуда, баҳри фаъолтар намудани мавқеи он заминаи мусоидро фароҳам овард.
Дар ин давра аз ҷониби Комиссия озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзуи экология ва қадр намудани ғолибони озмун идома ёфт. Сомонаи интернетии комиссияи экологӣ фаъол гардида, бо маводи ҷолиби таваҷҷуҳ таъмин карда шуд.
Акнун Комиссияи экологиро зарур аст, ки мавқеи худро вобаста ба масъалаҳои гуногуни экологӣ боз ҳам фаъолтар намуда, баҳри самаранокии бештари фаъолияти худ коршиносони шинохта, олимон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ба муҳокимаи масъалаҳои муҳими экологии ҷомеа ҷалб намояд.
Вакилони гиромиқадр!
Мисли иҷлосияҳои дигар, дар давоми Иҷлосияи чорум низ фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар маркази таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори оммаи давлативу ғайридавлатӣ ва дигар расонаҳои хабарӣ қарор дошт. Бештар аз 70 нафар хабарнигорони дохиливу хориҷии парламентӣ аз фаъолияти ҷаласаҳои иҷлосияи чорум, ҷаласаҳои Шӯро ва кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон гузориш ва маводи таҳлилӣ омодаву пахш намуданд.
Дар давоми Иҷлосияи чорум аз тариқи Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» 58 барномаи «Парламент» намоиш дода шуда, шабакаҳои телевизионии кишвар аз ҷаласаҳои Шӯро, иҷлосия, муҳокимаҳои парламентӣ, мулоқоту вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳое, ки дар Маҷлиси намояндагон баргузор шуданд, хабару гузоришҳо пахш намуданд.
Ҳамчунин аксари вакилони Маҷлиси намояндагон аз тариқи расонаҳои хабарӣ оид ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, қонунгузорӣ, мулоқоту вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва масъалаҳои дигар баромад намуданд. Ҷиҳати ба таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаи кишвар расонидани тарафҳои гуногуни фаъолияти Маҷлиси намояндагон, ҷараёни таҳия ва қабули қонуну қарор ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ робитаҳои ҳар чӣ бештари Маҷлиси намояндагон бо воситаҳои ахбори омма ва расонаҳои хабарии гуногун мусоидати ҳамаҷониба менамояд.
Дар баробари ин, мизҳои мудаввар ва барномаҳои алоҳидаи телевизионӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон дар шабакаҳои телевизионии давлатӣ зери унвони «Дидгоҳ», «Мо ва минтақа», «Уфуқҳои равшан», «Афкор», «Инъикос», «Тафсир» ва ғайра баргузор гардиданд, ки тавассути онҳо намояндагони мардумӣ роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа – самтҳои асосии ҳаёти дохиливу хориҷии кишвар, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, саноат, илму маориф ва ғайра фикру андешаҳои худро баён доштанд.
Ҳамчунин тавассути шабакаи якуми радиои ҷумҳуриявӣ, радиои «Садои Душанбе», радиоҳои «Ховар», «Имрӯз нюс», «Азия плюс», роҷеъ ба мавзуъҳои гуногуни фаъолияти парламентӣ гузоришҳо пахш гардиданд.
Дар ҷараёни иҷлосия аксари рӯзнома ва ҳафтаномаҳои давлативу ғайридавлатӣ, аз ҷумла «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Народная газета», аксари ҳафтаномаҳои хусусӣ, сомонаҳои интернетӣ ва дигар расонаҳо дар мавзуъҳои гуногун ҷараёни аксари рӯйдодҳои Маҷлиси намояндагонро ба нашр расонданд.
Як хусусияти хоси Иҷлосияи чорум дар иртибот бо воситаҳои ахбори омма он аст, ки аксаран расонаҳои хабарии гуногун бо ташаббус ва ихтиёри худ ба паҳлуҳои фаъолияти гуногуни Маҷлиси намояндагон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, роҷеъ ба онҳо гузоришҳо ироа менамоянд.
Сомонаи интернетии парламент бо роҳандозии комил амалӣ гардида, дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маълумотҳо ҷойгир шуданд. Бояд зикр намуд, ки на ҳама гузориш, хабару мақола, мусоҳиба ва дигар маводи аз ҷониби расонаҳои хабарӣ мавриди интишор қарорёфта беғаразона ва аз рӯйи адолат навишта шудаву интишор меёбанд. Дар ин миён, агарчи хеле кам, аммо ба ҳар ҳол буданд баъзе мақолаву гузоришҳое, ки аз рӯйи ғаразе ё фармоише рӯйи коғаз омадани онҳоро хонанда ба осонӣ пай мебарад.
Ман дар мулоқотам бо намояндагони воситаҳои ахбори омма 11 марти соли равон ба муносибати Рӯзи матбуот дар Маҷлиси намояндагон дар ин бора муфассал суҳбат ороста, таъкид намуда будам, ки мо тайёрем, ҳама гуна мақолаву гузоришҳои танқидиро қабул кунем, ба шарте ки онҳо аз рӯйи инсофу ҳақиқат ва беғаразона иншо шуда бошанд.
Вакилони иззатманд!
Дар бораи тамоми ҷузъиёти фаъолияти Маҷлиси намояндагон муфассал сухан гуфтан, албатта, фурсати зиёдеро дар бар мегирад. Бинобар ин дар гузориш мазкур бештар паҳлӯҳои корӣ ва муҳими фаъолияти Иҷлосияи чорум ба назар гирифта шуд.
Дар давоми иҷлосия дар Маҷлиси намояндагон як силсила қарорҳои марбут ба тағйироти ҳайати вакилон низ амалӣ карда шуданд. Бо сабаби қатъ гардидани ваколатҳои вакил Латипов Рустам Баротович аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Восеъ № 39, Сафаров Зайниддин аз ҳавзаи мазкур вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардид. Дар ин давра муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокиров Саидбой дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда шуд.
Дар Иҷлосияи чорум инчунин панҷ нафар мутахассисон ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пурра гардидани фаъолияти ин мақом таъин гардиданд.
Вакилони арҷманд!
Дар ҷараёни Иҷлосияи чорум Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар бахшҳои ташкили кор, назорат, ташхиси ҳуқуқӣ,таъминоти ҳуҷҷатӣ, иттилоотӣ, молиявӣ, моддӣ – техникӣ ва дигар бахшҳои омодасозии шароити корӣ барои вакилони Маҷлиси намояндагон фаъолияти муайянро ба анҷом расонд. Роҷеъ ба паҳлуҳои асосии фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон чанде пеш ҳисоботи Роҳбари Дастгоҳ дар ҷаласаи иҷлосия шунида шуда буд, бинобар ин ҳоло роҷеъ ба баъзе ҷанбаҳои он мухтасаран чанд сухан ироа хоҳад шуд.
Албатта, ҳадафи асосии фаъолияти Дастгоҳ ва шуъбаҳои он фароҳам овардани шароити муносиби корӣ барои вакилони Маҷлиси намояндагон мебошад. Дар ин самт метавон гуфт, фаъолияти Дастгоҳ ва шуъбаҳои он беҳтар амалӣ карда шуд.
Таҳияи маводи Шӯро ва ҷаласаҳо, тартиб додани протоколҳо, стенограммаҳо, назорати ҷараёни муросилот ва муроҷиатҳо, лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фароҳам намудани шароити корӣ барои фаъолияти вакилон, таҳияи маводи хидматӣ, хизматрасонии техникӣ ва дигар масъалаҳо низ ба таври қаноатбахш ҷараён гирифтанд.
Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон тибқи Низомномаи нав, ки дар ҷараёни иҷлосияи сеюм қабул шуда буд, фаъолият менамояд, ки дар он вазифаҳои шӯъбаҳои Дастгоҳ ва кормандони он мушаххас зикр гардидаанд.
Кормандони Дастгоҳ мутобиқи талаботи низомномаи хизматчии давлатӣ аз аттестатсия гузашта, ходимони нав аз тариқи комиссияи озмун ба кор қабул карда шуданд.
Дар ин давра нашрияи «Ахбори Маҷлиси Олӣ» ҳар моҳ як маротиба ба нашр расида, теъдоди обунаи он 980 нусхаро ташкил дод, ки назар ба соли гузашта зиёд аст. Имсол низ нашрияи «Ахбори Маҷлиси Олӣ» ҷиҳати табодули ахбори парламентӣ ба Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Молдова, Белорус, Украина, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва китобхонаи Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ фиристода мешавад.
Ҷиҳати беҳтар гардидани сифати таҳриру тарҷума ва забони қонунҳо чораҳои амалӣ андешида шуда, дар ин бахш, метавон гуфт дар ҷараёни иҷлосияи чорум пешравии муайян мушоҳида мешавад. Чунин назарро дар бораи шуъбаи ҳуқуқ низ гуфтан мумкин аст. Аммо дар ин самт кори зиёд ҳанӯз дар пеш аст.
Дар давоми Иҷлосия вакилони Маҷлиси намояндагон барои истифодаи корӣ бо 43 адад компютер ва 43 принтер таъмин шуданд. Тамоми вакилон ба шабакаи Интернет пайваст буда, аз он фаъолона истифода мебаранд.
Рӯзномаи парламентии «Садои мардум» дар ҷараёни Иҷлосияи чорум роҳу равиши тозанигории мавзуъҳои парламентиро касб намуда, ҷиҳати шарҳи воқеияти қонун ва моҳияти он барои ҷомеа корҳои шоистаеро амалӣ намуд. Тамоми маводи шӯрову ҷаласаҳои иҷлосия, муҳокимаҳои парламентӣ, мизҳои мудаввар, гузоришҳо аз қабули Роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон, масъалаҳои марбут ба мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон, робитаҳои байнипарламентӣ, масъалаҳои роҷеъ ба қонунгузорӣ ва ғайра дар саҳифаҳои рӯзнома ба нашр расиданд. Теъдоди обунаи ин рӯзнома низ назар ба солҳои гузашта хеле афзоиш ёфт.
Вакилони гиромиқадр!
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро дар арафаи рӯйдодҳои муҳим, ки аз якояки мо дарки бештари масъулияти ватандориву огоҳии сиёсиро тақозо мекунад, ба анҷом мерасонад.
Дар ин даврони ҳассосу сарнавиштсози халқу кишвар, тавре маълум аст, ҳанӯз ҳам қувваҳое вуҷуд доранд, ки оромиву осудагии мардум барояшон хуш намеояд, дастовардҳои истиқлолият, рушду нумуи сохти давлатдории тоҷикон табъашонро нороҳат мегардонад.
Ҳоло низ бадхоҳони мардуми тоҷик ҳам дар дохил, ҳам дар хориҷи мамлакат мехоҳанд ниятҳои сиёҳи худро дар сарзамини мо амалӣ намуда, бори дигар кишварро ба вартаи даргириҳои сиёсӣ бикашанд. Аз ин лиҳоз, ба ҳар як фарди мардуми тоҷик, ба ҳар касе, ки имрӯзу ояндаи халқу Ватан барояш бетафовут нест, хусусан ба мову шумо, вакилони мардумӣ, сарфи назар аз ақидаву ҷаҳонбинии сиёсиамон, беш аз ҳарвақта лозим аст, ки бо бедории миллӣ ва ҳушёрии сиёсӣ ҷиҳати тақвияти сулҳу ваҳдат, якпорчагии марзу буми Ватани ягонаву воҳид бо самимият ва саъю талоши бесобиқа барои ба соҳили офият расонидани киштии амну амони миллат аз ҳеҷ гуна худгузариҳо сарфи назар накунем.
Иҷрои софдилонаи рисолати намояндагиву қонунофарӣ, дарки самимонаи масъулият ҷиҳати ба ҷо овардани вазифаву уҳдадориҳо дар назди интихобкунанда ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахс вакилони Маҷлиси намояндагонро аз рӯйдодҳои сиёсие, ки тақдири халқу Ватанро ҳал менамоянд, барканор гузошта наметавонад. Дар шароити кунунии сиёсиву иҷтимоии кишварамон барои ҳар як шахсе, ки воқеан мехоҳад бе худхоҳиву худнамоӣ ба халқу Ватан содиқона хидмат намояд, тамоми шароиту заминаи мусоид вуҷуд дорад.
Имрӯз танҳо давлати ҳуқуқбунёд ва қонунҳои замонавию муосир метавонанд ормонҳои миллии халқи моро бароварда сохта, роҳи рифоҳу саодат, рушду тараққиро ба ҳамагон бинамоянд. Давлатҳои дар ҳоли рушд танҳо бо низому заминаи муассири ҳуқуқӣ тавонистаанд некуаҳволии халқи худро таъмин намуда, яккатози ҷодаи рушду тараққӣ бошанд.
Имрӯз бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки бо ҷараёни фаъолияти Иҷлосияи чорум парламентаризми тоҷик ба таври воқеӣ шакл гирифт, институти амалӣ ва фаъоли парламенти касбии кишварамон дар сатҳи меъёрҳои қонунофарии кишварҳои пешрафтаи дунё рӯйи кор омад.
Вакилони арҷманд!
То анҷоми фаъолияти даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон камтар аз се як ҳиссаи вақт монд. Бинобар ин, ба ҳамаи мо лозим аст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда саъю талош намоем, то комёбиҳои дар ҷараёни даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон бадастовардаро, ки дар рушди парламентаризм ва фаъолияти намояндагиву қонунгузории кишвар марҳилаи навинеро ба вуҷуд овард, пурраву комилтар гардонем. Зеро тавре аз таҷрибаи даъватҳои гузашта маълум аст, барои аксарияти вакилон курсии вакили мардумӣ танҳо як бор муяссар мегардад. Аз ин рӯ, бори дигар мехоҳам таъкид намоям, ки вақти боқимондаро ҳар чӣ босамару муассир истифода барем, то ки дар назди халқу Ватан, дар назди интихобкунанда ва, аз ҳама муҳимаш, дар назди виҷдони худ, бо рӯйи сурху сари баланд посухгӯ шуда тавонем.
Дар охир ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ ҷараён гирифтани Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон даъвати чорум ба ҳамаатон, вакилони арҷманд ва ҳамаи онҳое, ки дар баргузории иҷлосия саҳми муносиб гузоштаанд, аз самими дил арзи сипос намуда, бароятон саломативу истироҳати бофароғат таманно дорам.
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон!