Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров «Дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум аз 1 октябри соли 2013 то 30 июни соли 2014»
Вакилони арҷманди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне шиддат ёфтани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, авҷ гирифтани рақобат, бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва хавфи осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ, масъалаи ҳифзу тақвияти дастовардҳо ва давлату давлатдории миллӣ аҳамияти хеле муҳим пайдо мекунад. Зеро дар ин даврони ҳассосу мураккаби сиёсиву иҷтимоии минтақа ва дунё ҳеҷ як кишвари ҷаҳон аз тазодҳову бархӯрдҳои гуногун дар канор буда наметавонад.
Маълум аст, ки дар шароити шиддат гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ ва мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза он кишварҳое бештар муқовимат карда метавонанд, ки дорои низоми ҳуқуқии пешрафта ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии комил мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, иштирокчии фаъоли рӯйдодҳои муҳими минтақа ва байналмилалӣ, ташаббусгари чорабиниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таърихӣ-фарҳангӣ дар миқёси ҷаҳон ҳамеша ҷиҳати паст намудани шиддати авзои мураккаб, барқарор намудани сулҳу суботи кишварҳои минтақаву дунё саъю талош меварзад.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи кишвар ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадафҳои волои Давлату Ҳукумати кишвар саҳми муносиб мегузорад.
Вакилони гиромӣ!
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар замоне ҷараён гирифт, ки халқу давлати мо дар роҳи бунёди ҷомеаи навин қадамҳои устувор гузошта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самту ҳадафҳо ва стратегияҳои гуногунмуҳлати иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои ҷомеа саъю талош менамояд.
Тамоми фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат ҷиҳати муҳофизату ҳимояти ҳамаҷонибаи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллии тоҷикон, заминаи мусоид фароҳам овардан барои рушду нумӯи тамоми бахшҳои ҷомеаи кишвар тавассути қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷараён гирифт.
Тавре огоҳӣ доред, 6 ноябри соли гузашта интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки ин рӯйдод дар ҳаёти ҷомеаи кишвар ҳамчун ифодаи олии ҳокимияти халқ, раванди муҳими сиёсӣ, омили пешрафту рушди минбаъдаи давлати мо зоҳир гардид. Қобили тазаккур аст, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маъракаи муҳим, аз ҷумла Маҷлиси намояндагон ва вакилони он низ саҳми муносиб гузоштанд.
Ҳамчунин тавре огоҳӣ доред, дар кишвари мо имсол 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад. Конститутсия, ки дар шумори бузургтарин дастовардҳои Истиқлолияти давлатии кишвар қарор дорад, ҳамчун барномаи амали бунёди ҷомеаи навини демокративу дунявӣ, ҳуқуқбунёду ягона, санади тақдирофарин ва сарнавиштсоз мардуми моро ба сӯйи рушду тараққӣ ва ҳамқадамӣ бо кишварҳои пешрафтаи дунё роҳнамоӣ мекунад. Конститутсия ба ҳаёти ҷомеаи кишварамон ҳамчун омили қавии дигаргуниҳои куллии ҳаёти халқу мамлакат, комёбиҳои беназир ва рушду такомул, пойдории давлати тоҷикон, истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ бебозгашт ворид гардид. Тамоми рӯйдодҳои фарҳангиву таърихӣ ва иҷтимоие, ки дар кишварамон ба амал омадаанд, далели равшани дуруст дар амал татбиқ гардидани нишондодҳои ин санади таърихӣ мебошанд.
Вакилони гироми-қадр!
Мо дар фаъолияти қонунгузориамон бо истифода аз таҷрибаи иҷлосияҳои гузаштаи худ, метавон гуфт, ки ба сатҳи баланди камолоти қонунгузорӣ ноил гардидем. Мехоҳам зикр кунам, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар ҷараёни Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум мавриди баррасӣ, қабул ва тасдиқ қарор гирифтанд, аз лиҳози талаботи сифати қонунгузорӣ ва моҳияти амалии худ ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи кишвар дар миёни дигар иҷлосияҳо тафовути ҷиддӣ дошта, тамоми бахшҳои ҷомеаро дар бар гирифтаанд. Яъне, мо ба самтҳои қонунгузорӣ ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёна, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегияи миллии мамлакат доир ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, инчунин бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳанг, кишоварзӣ, саноату сохтмон, масъалаҳои байналмилалӣ ва ғайра таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудем. Албатта, самтҳои аз ҷониби Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ афзалиятбахшида дар мадди назар гирифта шуда, дар асоси омӯзиши эҳтиёҷоти ҷомеаи кишвар лоиҳаи қонунҳои ба танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва соҳаҳои афзалиятнок равонакардашуда бештар мавриди таҳияву қабул қарор гирифтанд. Дар ҳамин замина таҷрибаи ташкили гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи қонунҳо ба шумули намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин дар ҳаммуаллифӣ бо аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт.
Тавре маълум аст, ҳар як халқу миллат, аз ҷумла халқу кишвари мо низ дорои арзишҳои миллӣ ва хусусияти хоси кишвари худ мебошад. Мо кӯшиш кардем, ки чунин ҷанбаи қонунгузориро дар ҷараёни фаъолияти худ амалӣ намоем. Бояд гуфт, ки тамоми қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавриди қабул ва тасдиқ қароргирифтаи мо бо назардошти хусусияти иқтисодиёти миллӣ, мониторинги рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар таҳияву қабул гардиданд.
Аз ҳама муҳим мо фарҳанги қонунгузориро такмил додем ва ҷиҳати бештар густариш додани он заминаи мусоид фароҳам овардем. Мо мактаби қонунгузории кишварро самту ҷараёни тоза бахшидаву комил намудем.
Иҷлосияи панҷум ҳамчун Иҷлосияи хоси даъвати чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт ва дар тамоми бахшҳои фаъолияти мо ҳамчун мактаби камолоти қонунгузорӣ амалӣ гардида, таҷрибаву дониш ва малакаи қонунгузориву намояндагӣ ва байнипарламентии вакилони моро боз ҳам мукаммалтар гардонид. Мо тамоми имкониятҳои мавҷударо ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ ҷараён гирифтани ин иҷлосия истифода намудем.
Дар ин давра низ мо дар баробари иҷрои рисолати вакилии худ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар фаъолона ширкат варзидем. Иштироки вакилон дар чорабиниҳои муҳими сатҳи давлатӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ, ибрози назари онҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, ҷонибдории аксари кулли вакилон аз сиёсати роҳбарияти давлат далели он аст, ки вакилони мо дар сафҳои пеши бунёдкорони ҷомеаи навин саъю талош доранд.
Ҳамкасбони арҷманд!
Тавре огоҳӣ доред, дар давоми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон чаҳор ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими давлат ва ҷомеаи мо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз он шумор ду ҷаласаи якҷоя – таъйини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъйини ҳайати нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси намояндагон омода ва баргузор гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон низ робитаву ҳамкории зичи худро бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми ниҳодҳои давлатии кишвар дар сатҳи зарурӣ амалӣ намуда, ин ҳамкориҳоро ҷиҳати аз ҳар лиҳоз хубу босифат ҷараён гирифтани фаъолияти намояндагӣ, қонунгузорӣ ва хориҷии худ ба таври муаассиру судманд мавриди истифода қарор дод.
Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ҳамчун рӯйдоди муҳим арзёбӣ мешаванд. Дар ин Паёмҳо баробари тарҳрезӣ гардидани самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, роҷеъ ба бахшу соҳаҳои гуногуни вазорату идораҳо, аз ҷумла роҷеъ ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, тавсияву супоришҳои судманду саривақтӣ пешниҳод карда мешавад.
Тавре ҳамчун иштирокчии ин рӯйдоди муҳим огоҳӣ доред, 23 апрели соли равон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар он низ самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат мавриди баррасӣ ва тарҳрезӣ қарор гирифт.
Дар Паём, аз ҷумла роҷеъ ба чанде аз қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин зарурати қабули қонунҳои муҳиму саривақтии дигар таъкиду самтгириҳо иброз гардидаанд. Дар ин санади муҳим як силсила тавсияву супоришҳо пешниҳод гардидаанд, ки онҳо дар фаъолияти қонунгузории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди аввал қарор хоҳанд гирифт. Аз ҷумла, роҷеъ ба пешбурди самараноки сиёсати молиявӣ, идоракунии устувори молияи давлатӣ, афзоиши даромадҳои буҷет, такмили низоми андозбандӣ, шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, рақобатпазирии иқтисодиёти кишвар, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, иҷтимоиёт, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва бисёр бахшҳои дигар дар ин санади муҳим пешниҳодҳои муҳим манзур гардидаанд.
Дар Паём омадааст, ки ҷиҳати тадриҷан аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил додани кишварамон чораҷӯйӣ кунем ва бо ин мақсад барномаҳои дахлдорро роҳандозӣ намоем. Албатта, ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадаф, қабл аз ҳама, заминаи мусоиди ҳуқуқӣ тақозо карда мешавад, ки Маҷлиси намояндагон бояд дар ин самт фаъолияти ҳар чӣ муассиреро роҳандозӣ намояд.
Бояд зикр намуд, ки дар Паём роҷеъ ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, риоя ва иҷрои талаботи Конститутсия, волоияти қонун, баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон фикрҳои ҷолибе изҳор гардидаанд. Дар ин санади муҳим, аз ҷумла омадааст: «Имрӯз дар заминаи меъёрҳои Конститутсия андешаҳои муосири парламентаризми миллӣ рушду такомул ёфта, аз ҷониби парламенти мамлакат раванди эҷоди қонун, ки ҳадафи он ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва танзими муносибатҳои ҳаёти ҷомеа мебошад, бомаром идома дорад».
Тавре, ҳамкасбони гиромӣ, огоҳӣ доред, мо Иҷлосияи сеюмро ҳамчун иҷлосияи сифати қонунҳо эълон карда, ин равандро ҳамчунин дар иҷлосияҳои чоруму панҷум самту ҷараёни тоза бахшидем. Дар бораи сифати қонунҳо дар Паём низ омадааст, ки: «Сифати баланди қонун амалӣ гардидани ҳадафҳои асосии қабул ва самаранокии онро таъмин мекунад». Дар идомаи ин сухан зикр шудааст: «вазифаи мақоми олии қонунгузори кишвар, пеш аз ҳама, таҳия ва қабули қонунҳое мебошад, ки бо такя ба арзишҳои демокративу умумибашарӣ ҷавобгӯйи талаботи замони муосир бошанд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин намоянд». Бинобар ин, субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ вазифадоранд, ки ҳангоми таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо зарурат, аҳамият ва дурнамои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, асосҳои иқтисодиву молиявӣ ва тартиби амалишавии онҳоро дар маркази диққат қарор диҳанд.
«Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки вазъи имрӯзаи қонунгузорӣ гузаронидани мониторинги ҳуқуқиро тақозо дорад», -ҳамчунин зикр гардидааст дар Паём.
Вакилони гиромӣ!
Фаъолияти Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум низ мутобиқи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбута дар се бахш – намояндагӣ, қонунгузорӣ ва байнипарламентиву хориҷӣ ҷараён гирифта, тавассути қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон амалӣ карда шуд.
Фаъолияти Иҷлосияи панҷум дар асоси қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон — механизми ҳамоҳангсоз ва батанзимдароварандаи фаъолияти Маҷлиси намояндагон ба таври муассир рӯйи кор омад. Шӯро масъалаҳои пешниҳодшавандаро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ҷиҳати беҳтар гардидани сифати қонунҳо ва санадҳои дигар дар ҷараёни Иҷлосия усули нави муассирро амалӣ гардонид.
Мо тавонистем ҷараёни фаъолияти Шӯроро ҳамчун василаи роҳнамоии фаъолияти Маҷлиси намояндагон мукаммал гардонем. Мо боварӣ дорем, ки чунин падидаҳо ва усули кории Шӯро дар фаъолияти ояндаи Маҷлиси намояндагон низ мавриди корбурд қарор хоҳад дошт.
Бояд гуфт, ки дар ҷараёни Иҷлосияи ҷорӣ 39 ҷаласаи Шӯро баргузор гардида, 521 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре огоҳӣ доред, лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо ҷиддияти том, омӯзиши ҳамаҷониба баррасӣ ва бо қарори Шӯро ба ҷаласаҳои Иҷлосия пешниҳод гардиданд.
Дар баробари ин, бояд зикр кард, ки масъалае, ки то кунун ҳалли пурраи худро наёфтааст, дар муҳлати муқарраргардида таҳия ва ба Шӯро пешниҳод намудани лоиҳаҳои қонунҳо мебошад. Мо бо қарори Шӯро муҳлати баррасии лоиҳаҳои қонунҳоро дар кумитаҳо аз ду ҳафта то ду моҳ ва баъзан зиёдтар аз он низ муқаррар мекунем. Вале баъзан лоиҳаҳои қонунҳо дар ин муҳлат низ омода нагардида, аз кумитаҳо барои тамдиди муҳлати онҳо, дар баъзе ҳолатҳо зиёда аз як бору ду бор, муроҷиат ворид мегардад.
Дар чандин маврид лоиҳаҳои қонунҳо ба баррасии Шӯро аз лиҳози ҳуқуқӣ ва талаботи қоидаҳои забон ба таври муфассал арзёбӣ гардида, чанде аз онҳо ҷиҳати такмилу таҳрир ба кумитаҳо бозпас гардонида шуданд. Бо чунин сабабҳо ва сабабҳои номутобиқӣ бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар давоми Иҷлосия аз ҷаласаҳои Шӯро 32 лоиҳаи қонун бозпас гардонида шуд.
Ҳамчунин бояд зикр кунам, ки дар лоиҳаҳои қонунҳои ба Шӯро ва ҷаласаҳо пешниҳодгардида на ҳамаи ислоҳу таҳрирҳои аз ҷониби кумитаҳо, шуъбаҳои ҳуқуқ, тарҷума, таҳрир ва нашр воридгардида аз тарафи муаллифони лоиҳаҳо ва кумитаи масъул қабул карда мешаванд. Дар аксар маврид сабаби қабул нашудани онҳо низ нишон дода намешавад. Мо бояд дар фаъолияти минбаъдаамон ба чунин тарафи масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем.
Вакилони гиромиқадр!
Мақоми олии амалӣ гардидани фаъолияти Маҷлиси намояндагон ва марҳилаи ниҳоии мавриди баррасӣ қарор гирифтан ва қабул гардидани лоиҳаи қонунҳо, тасдиқ гардидан ва ба тасвиб расидани дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷаласаҳои Иҷлосия маҳсуб шуда, тавассути ҷаласаҳо тамоми бахшҳои фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор амалӣ гардидаву ба танзим дароварда мешаванд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ҷаласаҳои Иҷлосия ҳамчун мактаби хоси баррасиву қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зина ба зина мукаммал гардид, ки ин далели равшани камолоти касбии вакилон, фаъолияти қонунгузорӣ ва дигар бахшҳои Маҷлиси намояндагон мебошад. Тавре худ шоҳиди ҳол ҳастед, баррасии маводи ба ҷаласаҳо пешниҳодгардида ҳам аз ҷониби вакилон ҳам аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба тариқи саҳеҳу мухтасар, фарогири асли моҳияти масъала амалӣ карда мешавад.
Бояд гуфт, ки ҳангоми баргузории ҷаласаҳо, дар баробари риояи пурраи шартҳои баррасиву қабули қонунҳо ва дигар маводи пешниҳодгардида, ба эътибор гирифтани нуқтаи назари ҳамкасбон, суханрониву гузоришҳои баромадкунандагонро бо тамкин ва оромона гӯш кардан, ба эътибор гирифтани нуқтаи назари ҳамдигар дар мавриди баррасии сифату моҳияти қонунҳо дар давраи мазкур ба як усули оддии корӣ табдил ёфт. Фарҳанги қонунгузории аксари кулли вакилон дар ин давра низ такомул ёфта, ба марҳалаи камолот ворид гардид.
Фикр мекунам, беҳтарин дастоварди мо дар давраи тамоми даъват ва хусусан Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ин ба боварӣ ва эҳтироми ҳамдигар сазовор гардидани тамоми вакилон, сарфи назар аз мансубият ба ҳизбҳои гуногун ва ақидаҳои сиёсиашон ба шумор меравад. Мехоҳам бори дигар зикр намоям, ки тамоми вакилони Маҷлиси намояндагон, сарфи назар аз мансубияташон ба ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ ҳангоми ҳимояи манфиатҳои халқу Ватан ҳамфикру ҳамақида мебошанд.
Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни фаъолияти Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон 28 ҷаласаи Иҷлосия баргузор гардид, ки дар онҳо 181 қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди қабул ва тасдиқ қарор гирифтанд. Дар он шумор 2 қонуни конститутсионӣ, 6 тағйиру илова ба қонунҳои конститутсионӣ, 13 қонуни мукаммал, 69 тағйиру илова ба қонунҳо, 15 тағйиру илова ба кодексҳо, 31 созишнома, 2 конвенсия, 35 қарор, 1 дурнамо, 3 шартнома, 2 протокол ва 1 барнома мавриди қабул ва тасдиқ қарор гирифтанд.
Дар ин муддат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 лоиҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 73 лоиҳа, аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон 26 лоиҳаи қонун пешниҳод ва қабул гардиданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки масъалаи истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории вакилон дар ҷараёни фаъолияти Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум низ қобили таваҷҷуҳ буд. Дар ин давра бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилон аз як то ҳафт лоиҳаи қонун таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Дар давоми Иҷлосия аз ҷониби кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон дар самти таҳияву пешниҳод ва қабули лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти пурсамар амалӣ карда шуд.
Яке аз самтҳое, ки бештар ба он таваҷҷуҳ зоҳир намудем, ин аз байн бурдани мухолифати байни қонунҳо буд. Тавре огоҳӣ доред, ин масъала борҳо дар Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ зикр ёфта буд. Дар оянда низ дар ин самт корро идома хоҳем дод.
Дар ҷараёни Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар ҳар як кумита тақрибан то 40 ҷаласа баргузор гардида, то 160 санад барои хулосадиҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо қарори Шӯро барои таҳияву баррасӣ ба кумитаҳо шумораи зиёди лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ирсол гардидааст. Масалан, танҳо ба Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон 30 лоиҳаи қонун барои таҳияву баррасӣ пешниҳод карда шуд. Аз ҷониби ҳар як кумита барои беҳтар гардидани сифати қонунҳо то 1000 ва зиёда аз он таклифу пешниҳод манзур гардидааст, ки аксарияти онҳо дар ҷаласаҳои кумитаҳои масъул мавриди қабул қарор гирифтаанд, яъне ба лоиҳаҳои қонунҳо ислоҳ ворид карда шудааст.
Албатта, тамоми қонунҳои дар ҷараёни Иҷлосия қабулкардаамон ҷиҳати рушду нумӯи бахшҳои алоҳидаи кишвар нақши хос доранд. Вале дар ин миён чанде аз қонунҳо дар рушди саросарии мамлакат дорои аҳамияти муҳим мебошанд, ки баъзе аз онҳоро номбар мекунам:
Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» таҳия ва қабул карда шудаанд.
Дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» принсипҳои асосии фаъолият, салоҳият, интихоб, таъйин ва бозхонду озод намудани судяҳо, ҳавасмандгардонӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо, таъминоти моддию техникии судяҳо ва дигар фаъолияти онҳо, инчунин салоҳияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Дар қонуни нав салоҳияти Пленуми Суди Олӣ, Пленуми Суди Олии иқтисодӣ, раисони судҳои мазкур, судяҳо, Шӯрои адлия, муовинони раиси Шӯрои адлия, маркази таълимии судяҳо бо таври мушаххас зикр гардида, тадбирҳо дар самти муқовимат ба коррупсия ва риояи Кодекси одоби судя ба таври илова пешбинӣ гардидааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» бошад, бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ ва мутобиқ намудани он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва қабул гардидааст. Ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонӣ ва такмили меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ Қонуни намунавии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи сирри давлатӣ» мавриди истифода қарор дода шуд. Лоиҳаи қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифзи сирри давлатиро муайян намуда, дар тафовут аз санадҳои қонунгузории зикргардида дорои чанде нуктаҳои нав мебошад, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва системаи ягонаи ҳифзи сирри давлатиро ба манфиати таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод гардида, асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаро муқаррар менамояд.
Зикр кардан ҷоиз аст, ки дар шароити кунунӣ ҷинояткории муташаккилона яке аз масъалаҳои нозук ва хавфноки ҷомеаву давлат буда, ҳалли саривақтӣ ва стратегияи махсусро тақозо мекунад, ки мутаассифона, то имрӯз дар фазои қонунгузории кишвар чунин санади махсус бар зидди ин раванди иҷтимоию криминологӣ вуҷуд надошт. Тазаккур бояд дод, ки қонуни нав дар муносибати давлату ҷамъият ҷиҳати рушди бемайлони самтҳои мухталифи инкишоф, аз ҷумла суботу оромии ҷамъият тағйироти куллӣ ба вуҷуд хоҳад овард .
Буҷети давлатӣ дар асоси «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» аз рӯйи ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла даромадҳои ҷорӣ, грантҳо, қарзҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ва қарзҳои дигари давлатӣ, инчунин маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ташаккул ёфтааст.
Қобили ёдоварист, ки таҷрибаи ҳамкории вакилони Маҷлиси намояндагон бо Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи Буҷети давлатӣ яке аз падидаҳои иҷлосияҳои охири Маҷлиси намояндагон ба шумор меравад. Тавре огоҳӣ доред, бисёр дархосту пешниҳодоти вакилон ҳангоми таҳияи қонуни мазкур ба инобат гирифта шуд. Сарфи назар аз ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» дар ҳамаи кумитаву комиссияҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта ва ба он як силсила тағйиру иловаҳои нав ворид карда шуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» бо мақсади барпо намудани заминаи қонунгузории фаъолияти бонкии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Низоми бонкии исломӣ айни замон дар миқёси байналмилалӣ мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Дар бисёр кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Федератсияи Россия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон бонкҳои исломӣ фаъолият доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ талабот ба фаъолияти бонкии исломӣ ба миён омада, он ба васеъ намудани доираи амалиёти бонкӣ, пайдо намудани манбаъҳои нави ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи бонки исломӣ, инчунин амонатҳои дохилӣ мусоидат намуда, барои таъмини фазои ягонаи рақобатпазири ташкилотҳои карзии анъанавӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам месозад.
Мақсади асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» иборат аз мутобиқсозии меъёрҳои фаъолият дар соҳаи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ бо дигар қонунҳои амалкунанда ва шароити мусоид фароҳам овардан ба рушди соҳибкорӣ мебошад. Қонуни мазкур муносибатҳои муосири дастгирии соҳибкориро пешбинӣ намуда, ба беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ, таъмини бештари ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо аз тарафи давлат мусоидат мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки қонуни мазкур пурра ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ки Тоҷикистон ба узвияти он қабул гардидааст, мутобиқ мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» бо мақсади беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва муайян намудани механизми татбиқи он, беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ, роҳҳои амалӣ намудани пешбурдбахшии соҳа, ҳамчунин зиёд кардани ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қишлоқ, маҳсулоти чорво, самаранок ва оқилона истифода бурдани замин ва дигар захираҳои мавҷуда равона гардидааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ба беҳбудбахшии таълиму тарбияи томактабӣ, рушди қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ мусоидат мекунад.
Ҳадафи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти таҳия, экспертиза, нашр ва таъмину дастрасии адабиёти таълимӣ ва афзун намудани талабот нисбат ба сатҳи мазмуну муҳтавои адабиёти таълимие, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ба масъалаҳои беҳтар кардани иҷтимоиёти шаҳрвандони кишвар бахшида шудаанд.
Дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағийру иловаҳое пешниҳод гардидаанд, ки ба тартиби ташкили қитъаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар, зиёд намудани шумораи умумии номзадҳо, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод карда мешаванд, кам кардани гарави интихоботӣ, тартиби санҷиши нодурустии имзоҳо, зиёд намудани вақти эфир барои баромади номзадҳо ва ҳизбҳо, тағйир додани шакли бюллетени овоздиҳӣ ва тартиби пур кардани он, маҳдудкунии иштироки кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагон ва демократикунонии ҷараёни интихобот равона карда шудаанд.
Албатта, дар ин бахш қонунҳо зиёданд, вале бо ҳамин мисолҳо иктифо карда мешавад.
Вакилони арҷманд!
Тавре огоҳӣ доред, аксаран лоиҳаҳои қонунҳое, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол менамояд, аз ҷониби вазорату мақомоте, ки он лоиҳаҳо ба соҳаи фаъолияташон тааллуқ доранд, таҳияву пешниҳод гардида, минбаъд бо ҳамкории Маҷлиси намояндагон мавриди омӯзишу баррасӣ қарор мегиранд. Ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо принсипи ҳамкории соҳавии идоравӣ, ки дар асоси он лоиҳаҳо дар ҷаласаҳои васеи кумитаҳо бо иштироки мақомоти соҳавӣ баргузор мегарданд, амалӣ карда мешавад. Чунин шакли кор иштироки мутахассисони соҳавӣ ва дар сатҳи касбӣ таҳия гардидани лоиҳаҳои қонунҳоро таъмин менамояд.
Лозим аст, ки дар оянда низ лоиҳаҳои қонунҳо аз ҷониби якчанд мақомот таҳия гардида, барои баррасиву қабул ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шаванд. Дар таҷрибаи қонунгузории кишварҳои гуногун вобаста ба чигунагии бахшҳои дарбаргирифтаи лоиҳаи қонун иштироки чандин мақомоти соҳаҳои марбута бештар ба назар мерасад.
Мо ҳангоми омӯзишу баррасии лоиҳаҳои қонунҳо дар баробари намояндагони мақомоти давлатӣ аз иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ низ истифода намудем. Тавре огоҳӣ доред, дар чандин маврид назару пешниҳоди созмонҳои ғайридавлативу ҷамъиятӣ, иштирокчиёни конфронсу мизҳои мудаввар дар лоиҳаҳои қонунҳои мо мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Ҳамчунин ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, қабл аз ҳама, ҳолату шароити он соҳаи ҷомеаро, ки лоиҳаи қонун вобаста ба он таҳия мегардад, ба назар гирифтем. Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни Иҷлосия лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳам бо мақсади ба танзим даровардани масъалаҳои нави бамиёномада, ҳам ҷиҳати аз байн бурдани мухолифатҳову нуқсонҳое, ки дар қонунҳои қаблан қабулшуда вуҷуд доштанд, таҳия ва мавриди қабул қарор гирифтанд.
Мо дар фаъолияти минбаъдаи худ ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонунҳо аз хулосаву тақризҳои муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳаи ҳуқуқ ва забон, назари дигар мутахассисон ва аҳли ҷомеа бояд бештар истифода намоем.
Лоиҳаҳои пешниҳодшуда бояд аз экспертизаи ҳамаҷонибаи ҳуқуқӣ, молиявӣ, экологӣ ва дигар экспертизаҳои махсус гузаронда шаванд. Чунин шакли экспертизаҳо агар ба таври доимӣ ва ҳатмӣ амалӣ карда шаванд, ҷиҳати баланд бардоштани сифат ва таъсирбахшии лоиҳаҳои қонунҳо мусоидат хоҳанд намуд.
Экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаҳои қонунҳо – шакли таҳқиқоти махсусе мебошад, ки барои муайян намудани мутобиқати лоиҳа бо Конститутсия, мувофиқати он бо қонунгузории ҷорӣ ва шартномаҳои байналмилалӣ, инчунин муқаррар намудани сифати лоиҳаи қонун аз нуқтаи назари истифодаи қоидаҳои техникаи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.
Мо дар ҷараёни фаъолияти Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ҷиҳати баланд бардоштани моҳият ва сифати техникаи қонунгузорӣ чораҳои амалӣ андешидем. Зеро дараҷаи мукаммалсозии лоиҳаҳо, осонфаҳмии санадҳои меъёрӣ ва батанзимдарории қонунгузорӣ аз риоя намудани техникаи қонунгузорӣ бисёр вобаста аст. Тавре огоҳӣ доред, техникаи қонунгузорӣ ин системаи қоидаҳо ва усулҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ мебошад, ки мутобиқати пурра ва дақиқи шаклҳои дастурҳои меъёриро бо мундариҷаи онҳо амалӣ сохта, содаву осонфаҳмӣ, дастрасӣ ва фарогирии масъалаҳои мавриди танзим қароргирифтаро таъмин менамояд.
Таҷрибаи қонунгузорӣ шаҳодат медиҳад, ки риоя нагардидани техникаи қонунгузорӣ ва қоидаҳои забони адабӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ногузир ба сар задани хатоиҳои қонунгузорӣ сабаб мешаванд, ки дар натиҷа мухолифатҳо, носаҳеҳиҳо ва нофаҳмиҳои матн ба амал меоянд. Ва қонуне, ки дорои хатоиҳои зиёди қонунгузорӣ мебошад, ҳангоми мавриди амал қарор гирифтан низ мушкилоти муайянеро ба вуҷуд меоварад.
Риояи ҳамаҷонибаи техникаи қонунгузорӣ эҳтимолияти сар задани саҳву хатоиҳои гуногунро аз байн мебарад. Мутаассифона, дар кишвари мо қоидаҳои муайянкунандаи техникаи қонунгузорӣ ба таври пурра ҳанӯз вуҷуд надоранд, ки албатта, ин ҳол ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ба субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, гурӯҳҳои корӣ, хулосадиҳандагон, шуъбаҳои ҳуқуқ, тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилиҳои муайян ба бор меоранд. Сарфи назар аз ин, мо дар ҷараёни Иҷлосия ба масъалаи риояи талаботи техникаи қонунгузорӣ ва меъёри қоидаҳои забони тоҷикӣ бештар рӯ овардем.
Мехоҳам таъкид кунам, ки мо мактаби хоси қонунгузориву намояндагии тоҷикро на танҳо комил сохтем, балки онро барои ҷомеаи кишвар муаррифӣ намудем.
Вакилони гиромиқадр!
Моҳияти аксари аҳдномаҳо, созишномаҳои дутарафа ва ё байналмилалӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ мисли қонунҳо ҷиҳати рушду нумӯи бахшҳои алоҳидаи ҷомеаи кишвар хеле зиёд аст. Зеро нақши чунин созишномаву шартномаҳо, конвенсияву дурнамо, протокол ва барномаҳо низ дар самти бунёди муассисаҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои муштарак, сармоягузории бахшҳои алоҳида, кумакҳои бебозгашт ва ғайра хеле назаррас аст. Мо дар ҷараёни Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум низ як силсила чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мавриди баррасӣ ва тасдиқ қарор додем, ки ҳоло моҳияти чанде аз онҳоро шарҳ медиҳам.
Аз ҷумла «Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004» 29 октябри соли 2013 дар шаҳри Москва ба имзо расид. Тавре огоҳӣ доред, дар асоси Протоколи мазкур рухсатнома барои кор ба корманд ба муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ ба муддати се сол тамдид карда шуд.
Протоколи факултативии Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон ташаббусҳои Тоҷикистонро барои беҳтар намудани вазъи занон дар кишвар ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии эътирофшуда муаррифӣ намуда, барои баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ҳимоятгари ҳуқуқҳои занон мусоидат менамояд.
Бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин санадҳо «Дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии Рушд оид ба Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе» низ мавриди тасдиқ қарор гирифтанд, ки моҳиятан барои кишвари мо хеле заруранд.
Бояд зикр кард, ки чанде аз шартномаву созишномаҳо чандин сол пеш ба имзо расида бошанд ҳам, аз ҷониби баъзе вазорату мақомоти дигар то ҷараёни ҷаласаи панҷум барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод нагардида буданд. Аз ин сабаб аз баъзе мақомоти дохили кишвар ва давлатҳои тарафи дигари шартномаву созишномаҳо дар ин мавзӯъ чандин муроҷиат ворид гардид. Бинобар ин, бо супориши мо чунин санадҳо мавриди бозрасӣ қарор гирифта, дар ҷараёни Иҷлосия шумораи зиёдашон баррасиву тасдиқ гардиданд. Дар оянда низ дар ин самт мо корро идома хоҳем дод.
Вакилони иззатманд!
Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни даъвати чорум ду бахши дигари фаъолияти Маҷлиси намояндагон ҳамчун ҷузъи таркибии ин мақоми олӣ рӯйи кор омадаву шакл гирифтанд. Ман бахшҳои Комиссияи экологӣ ва муҳокимаҳои парламентиро дар назар дорам, ки имрӯз фаъолияти Маҷлиси намояндагонро бе мавҷудияти ин ду бахш тасаввур кардан имкон надорад. Зеро онҳо, метавон гуфт, ки дар рушди парламентаризми кишвар низ саҳифаҳои тозаеро ба вуҷуд оварданд.
Зери мафҳуми муҳокимаи парламентӣ шакли хоси фаъолияти мақоми намояндагии кишвар дар назар дошта мешавад, ки ҳадафи асосии он ошкор намудани нуқтаи назари иштирокчиёни он ва ба маълумоти аҳли ҷомеа расонидани масъалаҳои дар муҳокимаҳо мавриди баррасӣ қарорёфта мебошад. Рушди парламентаризми тоҷик на танҳо аз тариқи такмили ҷараёни қонунгузорӣ, балки тавассути татбиқи шаклҳои бештар муассир ва пурсамари фаъолияти парламентӣ амалӣ карда мешавад, ки муҳокимаҳои парламентӣ низ дар он шумор қарор доранд. Муҳокимаҳои парламентӣ ҳамчун институти ҳуқуқии парламентаризм дар мамлакати мо дар ҳоли ташаккулёбӣ мебошанд. Моҳияти чунин шакли муҳокимаҳо, дар баробари дигар хусусиятҳо, ба маълумоти мардум ва интихобкунанда расонидани масъалаҳои муҳимест, ки онҳо ба воситаи дигар ба он имконияти дастрасӣ пайдо кардан надоранд. Ба ин васила шаҳрвандон ҳамчун иштирокчии ҷараёни шаклгирии парламентаризми кишвар маҳсуб мешаванд. Таъсиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои пурсамартар баргузор гардидани муҳокимаҳои парламентиро боз ҳам бештар гардонид. Бо амалӣ гардидани тавсияву ҳадафҳои муҳокимаҳои парламентӣ ҳамкории ду шохаи ҳокимияти давлатӣ – қонунгузор ва иҷроия бештар ва пурсамар ҷараён хоҳад гирифт. Тавре таҷрибаи баргузории муҳокимаҳои парламентӣ нишон дод, гуфтугузори миёни мақоми қабулкунандаи қонуни Буҷети давлатӣ ва тарафи иҷрокунандаи он воситаи мувофиқ ва самаранок барои ҷалби тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳалли дастаҷамъонаи мушкилоти ҷойдошта мебошад.
Роҷеъ ба масъалаи муҳокимаҳои парламентӣ бояд зикр кунам, ки ин бахш на танҳо дар ҳаёти парламент, балки дар ҳаёти ҷомеаи кишвар низ мақоми шоистае пайдо кардааст. Моҳияти баррасии масъалаҳои вобаста ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» ва «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» дар Маҷлиси намояндагон ва тавсияҳои онҳо торафт бештар мегардад. Мо далели ин фикрро аз гузоришҳое, ки аз мақомоти гуногуни давлатӣ ба унвони Маҷлиси намояндагон ворид мегарданд, пайдо карда метавонем. Тавре огоҳӣ доред, чанд вазорату мақомот, аз ҷумла Вазорати кишоварзӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра роҷеъ ба фаъолияти худ ба Маҷлиси намояндагон гузоришҳо пешниҳод намудаанд. Бояд зикр намуд, ки мунтазам баргузор кардани муҳокимаҳои парламентӣ боиси баланд бардоштани масъулияти роҳбарони вазорату идораҳо ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ хоҳад шуд. Фикр мекунам, муҳокимаҳои парламентӣ маҷрои муайяни худро пайдо карда, дар оянда бо чунин ҷараён идома хоҳанд ёфт.
Дар давраи ҷараёни Иҷлосия аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» дар 9 моҳи соли 2013» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид, ки оид ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта тавсия ва қарори дахлдор қабул карда шуд.
Ҳамчунин 19 июни соли равон муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» дар Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар самти гузаронидани амалиётҳои молиявӣ аз буҷетҳои маҳаллӣ доир карда шуд. Чунин муҳокимаи парламентӣ оид ба масъалаҳои Буҷети давлатӣ бори нахуст гузаронида мешавад.
Санаи 24 декабри соли 2013 муҳокимаи парламентӣ вобаста ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013 оид ба аз худ намудани маблағҳои барои сохтмони асосӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҷудошуда дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Кумита рафти иҷрои тавсияҳои муҳокимаи парламентиро зери назорат қарор дода, тасмим гирифтааст, ки корҳои анҷомдодашударо вобаста ба масъала бо натиҷаи фаъолияти Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода, дар самти самаранокгардонии фаъолияти он чораандешии мушаххасро амалӣ намояд.
4 апрели соли 2014 бошад, муҳокимаи парламентӣ вобаста ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2014 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ҷиҳати татбиқи «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 қабул шудааст, доир гардид.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар давраи мазкур се муҳокимаи парламентӣ баргузор намуд, ки масъалаҳоро «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми маблағгузории «Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015», оид ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми маблағгузории «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014» мавриди муҳокима қарор дод. Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул ва тавсияҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ ирсол карда шуданд.
Аз ҷониби Кумитам Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ оид ба иҷрои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013» муҳокимаи парламентӣ гузаронда шуд, ки дар он бисёр масъалаҳо роҷеъ ба пардохт ва механизми нафақаи шаҳрвандони кишвар, ворид намудани технологияҳои иттилоотии муосир ва дигар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Вобаста ба муҳокимаҳои парламентии мазкур тавсияҳо қабул шуданд, ки риоя ва татбиқи амалии онҳо дигаргуниҳои ҷиддиро рӯйи кор хоҳад овард.
Аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар моҳи апрели соли ҷорӣ муҳокимаи парламентӣ оид ба иҷрои буҷети маҳаллии ноҳияи Ҳисор дар семоҳаи аввали соли 2014 баргузор шуд, ки дар он масъалаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи андоз мавриди омӯзиш қарор дода шуда, роҷеъ ба он тавсияву қарорҳои муҳим қабул гардиданд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия 29 ноябри соли 2013 бо иштироки васеи намояндагони ниҳодҳои Ҳукумат оид ба татбиқи талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парламентӣ доир намуд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти иҷрои тавсияҳои муҳокимаи парламентиро зери назорат қарор дода, тасмим гирифтааст, ки вобаста ба ин масъала корҳои анҷомдодашударо оид ба фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода, дар самти самаранокгардонии фаъолияти он чораҳои мушаххасро амалӣ намояд.
Вакилони арҷманд!
Аз ҷониби Комиссияи экологӣ, Комиссия оид ба одоби вакилон, Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон дар давоми Иҷлосия фаъолияти муайян амалӣ карда шуд.
Тавре пештар зикр кардам, Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон ҳамчун зерниҳоди Маҷлиси намояндагон рӯи кор омад. Аммо дар тайи фаъолияти тақрибан дусолаи худ саривақтӣ ва муҳимии мавҷудияти хешро собит намуда, на фақат дар доираи Маҷлиси намояндагон, балки дар доираи масъалаҳои экологии марбут ба мамлакат ва берун аз он як силсила корҳои назаррасро ба сомон расонд. Комиссияи мазкур ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои экологии кишвар, пешниҳоди воқеияти ҳол роҷеъ ба масъалаҳои алоҳида дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон факту далелҳои боэътимодро пешниҳод намуда, мавқеи худро дар миёни ҷомеаи экологии минтақа ва байналмилалӣ мустаҳкам намуд. Аз ҳамин ҷост, ки тавре шумо огоҳӣ доред, созмонҳову ниҳодҳои гуногуни экологӣ ҳангоми баррасии масъалаҳои гуногуни марбута тавсияҳои Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагонро низ ба эътибор мегиранд.
Моҳи октябри соли 2013 ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба масъалаи «Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо «Оид ба мушаххас намудани таъсири корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муҳити зист ва саломатии аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд ва муайян намудани зарари иқтисодии он» баргузор гардид, ки вобаста ба он қарори Комиссияи экологӣ қабул карда шуд. Тибқи қарори мазкур Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» то 5 ноябри соли 2014 бояд ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба мавзӯи мазкур гузориш пешниҳод намоянд.
Моҳи августи соли 2013 намояндагони Комиссия дар семинар оид ба масъалаи таъсир ба экология ва саломатии инсон аз тарафи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ, экологҳо ва дипломатҳо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, манфиатҳои тарафи Тоҷикистонро ҳимоя намуданд.
Аз ҷониби Комиссия як силсила чорабиниҳои экологӣ дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид, ки дар онҳо раис ва аъзои Комиссияи экологӣ иштирок намуданд. Озмуни ҷумҳуриявии маводи иттилоотии беҳтарин дар мавзӯи ҳифзи муҳити зист идома ёфта, ба ғолибони озмун мукофот супурда шуд.
Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои марбут ба одоби вакилиро мавриди баррасӣ қарор дода, якчанд муроҷиати хаттию шифоҳии интихобкунандагонро, ки дар онҳо роҷеъ ба баъзе масъалаҳои мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон сухан меравад, арзёбӣ намуда, оид ба онҳо тавсияҳо пешниҳод намуд.
Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор як силсила масъалаҳои марбут ба фаъолияти коргузорӣ ва молиявии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро вобаста ба масъалаҳои таъмини ташкилӣ, ҳуқуқӣ, коргузорӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ, молиявӣ, моддию техникӣ ва иҷтимоию маишии вакилони Маҷлиси намояндагон арзёбӣ намуд. Масъалаҳои мазкур аз ҷониби комиссия мунтазам мавриди таҳлилу санҷиш қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда, таъмини риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда чораҳои зарурӣ андешида шуд. Ҷиҳати сарфи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда, таъмини шароити мувофиқ барои фаъолияти бонизому самараноки вакилони Маҷлиси намояндагон тавсияҳо дода шуд.
Вакилони гиромӣ!
Мо дар ҷараёни Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум низ ба бахши намояндагии фаъолияти худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ бахшидем. Дар тайи иҷлосияҳои гузашта, ман бо итминони комил гуфта метавонам, мо ба боварию эътимоди интихобкунандагони худ бештар сазовор шудем. Ҳар чӣ бештар ворид гардидани дархосту муроҷиати шаҳрвандон ба Маҷлиси намояндагон далели он аст, ки онҳо ба ин даргоҳ бо чашми умеду орзуи ҳалли мушкилоти худ назар мекунанд ва дар аксар маврид ҳоҷати онҳо бароварда мешавад. Ин гуфтаро дар бисёр арзи сипосу миннатдорие, ки ба унвони роҳбарияти Маҷлиси намояндагон ва вакилони Маҷлиси намояндагон ворид мегарданд, дарёфт кардан мумкин аст.
Мо медонем, ки дар баробари рушду нумӯи бахшҳои ҷомеаи кишвар ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрванд ва интихобкунандаи мо низ сол то сол инкишоф меёбад, вай шахси огоҳу комилтар мегардад. Зиёд гардидани аризаву муроҷиати шаҳрвандон далели болоравии фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, муносибатҳои вакил ва интихобкунанда, мулоқоту вохӯрии вакил бо онҳо ҷиддият, баррасии ҳамаҷонибаи масъала ва ҳалли ниҳоии дархостҳои онҳоро тақозо менамояд. Аз ҳамин ҷост, ки мулоқот ва вохӯрии вакилон бо интихобкунанда дар заминаи комилан нави муносибатҳои ҷомеавӣ амалӣ мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати бештар манфиатнок ҳал гардидани арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон мо ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯйи роҳҳо ва усулҳои нави корӣ мебошем. Тавре огоҳӣ доред, мо дар иҷлосияи гузашта мулоқотҳои миёнадавриро ба роҳ мондем, ки чунин шакли кор натиҷаи хуб дод. Дар Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум низ ин шакли робита бо интихобкунандаро идома бахшидем.
Ҳамчунин ҷойи зикр аст, ки дар ҷараёни Иҷлосия бори нахуст фикр мекунам, дар давраи тамоми фаъолияти мақоми намояндагиву қонунгузори кишвар — қабули роҳбарияти Маҷлиси намояндагон ва вакилони алоҳида дар ҳавзаҳои интихоботӣ баргузор гардида, ҳамчун шакли нави муносибат бо муроҷиаткунанда рӯи кор омад, ки чунин шакли қабулу мулоқотҳо дар рушди парламентаризми миллӣ ҳамчун саҳифаи наве арзёбӣ мегардад. Фикр мекунам, идома додани чунин шакли қабул дар оянда низ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Мехоҳам зикр кунам, ки тамоми муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон, ки ба Маҷлиси намояндагон ворид гардиданд, то марҳилаи ҳалли ниҳоӣ зери назорати роҳбарияти Маҷлиси намояндагон қарор гирифтанд. Мо борҳо гузоришҳои вакилони алоҳидаро, ки ба унвони Раиси Маҷлиси намояндагон барои аз назорат баровардани муроҷиатҳои шаҳрвандон пешниҳод гардидаанд, бо сабаби ҳалли ниҳоӣ наёфтанашон ба вакилон бозпас гардонда, идомаи чораҷӯии муроҷиатҳои мазкурро тақозо намудаем.
Дар иртибот ба ин гуфтаҳо бояд зикр кард, ки дар давоми фаъолияти Иҷлосия 681 шаҳрвандон қабул шуда, дар ин муддат ба унвони Маҷлиси намояндагон 452 адад муроҷиати хаттӣ, дар маҷмӯъ 1133 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардид, ки аксари кулли онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷааш ба муроҷиаткунандагон хабар дода шудааст.
Баррасии арзу шикоятҳо нишон медиҳанд, ки муроҷиатҳои шифоҳӣ дар аксарият маврид ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мансуб буда, муроҷиатҳои хаттӣ аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ворид гардидаанд. Таҳлили хусусияти соҳавии муроҷиатҳо ошкор менамояд, ки ҳанӯз ҳам дар маҳалҳо мардум ҷиҳати ҳалли баъзе масъалаҳои муҳими худ барои кумак ба интихобкардаҳои худ муроҷиат менамоянд. Аризаҳо асосан оид ба таъмини нафақа, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ, таъмини манзили зист, баҳси манзили истиқоматӣ, дастрас кардани техникаи тиббӣ, таъминот бо оби нӯшокӣ, ситонидани андоз, расонидани кумаки моддию молиявӣ, бозҳисобии ҳама гуна нафақаҳо, таъмин бо ҷойи кор, кумаки тиббию санитарӣ, дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олӣ ва донишгоҳҳои хориҷи кишвар ва ғайра ворид гардида, қисмати зиёди муроҷиатҳо дар муҳлати муайяншуда таври мусбӣ ҳал гардидаанд.
Дар давраи мазкур ба кумитаҳо ва комиссияҳо 383 адад муроҷиат, ба шуъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 69 адад муроҷиат ворид гардид, ки ин арзу шикоятҳо мувофиқи мансубияташон барои баррасӣ ва чораандешӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо фиристода шудаанд.
Муроҷиатҳои шаҳрвандон бештар аз шаҳри Душанбе (424 адад), вилояти Суғд (180 адад), вилояти Хатлон (239 адад) ворид гардидаанд. Инчунин дар ин давра 59 муроҷиати такрорӣ, аз маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 50 муроҷиат ва 82 муроҷиати дастаҷамъона ворид гардидааст.
Тавре аз мазмуни муроҷиатҳо бармеояд, аз ҷониби на ҳама мақомот ҷиҳати ҳалли мушкилоти шаҳрвандон муносибати зарурӣ сурат мегирад. Мо, албатта, кӯшиш кардем, ки муроҷиати шаҳрвандонро дар муҳлати муқарраршуда ҳал намоем ё сабаби ҳал нашудани онро бо далелҳои мушаххас нишон диҳем.
Вакилони гиромӣ!
Дар давраи фаъолияти Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум низ мутобиқи санадҳои марбутаи амалкунанда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон аз 12 то 22 сентябри соли 2013 барои мулоқоту вохӯрӣ бо интихобкунандагон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари хидматӣ баромаданд.
Гузоришҳо аз натиҷаи сафари вакилони Маҷлиси намояндагон, ки дар онҳо муроҷиату дархостҳои интихобкунандагон ба унвони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои чораҷӯӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.
Дар гузоришҳои вакилон роҷеъ ба 97 масъала муроҷиату дархости интихобкунандагон манзур гардидааст, ки асосан ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, истифода ва андози замин, сохтмону таъмири иншооти таълимӣ, рушди соҳаи фарҳангу маориф, тандурустӣ, таъмиру сохтмони роҳу пулҳо, қарзҳои имтиёзноки бонкӣ, таъмини оби нӯшокиву полезӣ, баъзе мушкилоти рӯзгори мардум бахшида шудаанд.
30 декабри соли 2013 аз ҷониби вазорату идораҳои марбута оид ба иҷрои аксари бандҳои гузориши вакилон ба Маҷлиси намояндагон ҷавобҳои мушаххас ворид гардид. Тавре аз ҷавобҳо маълум мешавад, аксари дархостҳои интихобкунандагон дар ҷараёни иҷро қарор доранд.
Бояд гуфт, ки дар маҷмӯъ тақрибан 60 дар сади дархостҳои интихобкунандагон, ки тариқи ҷамъбасти гузоришҳои вакилон бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ барои чораҷӯӣ ирсол гардида буд, мавриди иҷро қарор гирифт. Қисмати иҷронашудаи дархостҳои интихобкунандагон асоси воқеӣ дошта, зарурияти иҷрои онҳо бояд аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо асоснок карда шаванд.
Мо ҳангоми ҷамъбасти иҷлосияҳои гузаштаамон таъкид намуда будем, ки аксари масъала ва дархостҳои интихобкунандагон, ки хусусияти маҳаллӣ доранд, аз ҷумла таъмири роҳҳои моҳияти маҳаллидошта, бунгоҳҳои тиббӣ, таъмири мактабу шифохонаҳо бояд ба воситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳал карда шаванд.
Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон аз 28 апрел то 4 майи соли ҷорӣ, ки дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли равон амалӣ карда шуд, қобили таваҷҷуҳ ва пурсамар ҷараён гирифт. Ҳоло ҷамъбасти гузоришҳои вакилон аз натиҷаи мулоқоту вохӯриҳо бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҷиҳати баррасӣ ва чораандешӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст, ки аз натиҷаи он ба Маҷлиси намояндагон хабар дода хоҳад шуд.
Вакилони арҷманд!
Фаъолияти байнипарламентӣ ва хориҷии Маҷлиси намояндагон ҳамчун ҷузъи таркибии мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар дар давраи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум низ мутобиқи талаботи меъёрҳои мавҷуда ҷараён гирифт.
Бояд зикр кард, ки дар замони мо робитаҳои байнипарламентӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи муносибатҳои байни давлатҳову халқҳо ҳар чӣ бештар ташаккул меёбанд.
Робитаҳои мутақобилаи мунтазами парламентҳо ҳамчун яке аз омилҳои муассири шаклгирии ҳамкориҳо ва далели рушди амиқи муносибатҳои байнидавлатӣ хидмат намуда, фаъолияти мунтазам ва пайвастаи онҳо дар самти рушди ҳамкориҳои дуҷониба аз таваҷҷуҳи тарафайн шаҳодат медиҳад. Ҳоло бинобар он ки робитаҳои аксари парламентҳо хосияти доимӣ мегирад, мафҳуми нисбатан нави «дипломатияи парламентӣ» ба вуҷуд омадааст. Дар замони ҳозира муносибатҳои байнипарламентӣ ҳамчун институти демократии намояндагӣ барои ҳалли бисёр масъалаҳои муосири давлат ва ҳуқуқ мусоидат менамоянд. Зеро дар доираи ҳамкориҳои байнипарламентӣ масъалаҳое ба монанди мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилона, камбизоатӣ, инчунин халъи силоҳ, энергетика, амнияти экологӣ ва ғайра фаро гирифта мешаванд.
Дар вазъияти кунунии мураккаби сиёсӣ ва шароити номусоиду печидаи дунёи имрӯза густариши робитаҳои байнипарламентӣ ва хориҷии Маҷлиси намояндагон низ мазмуну моҳияти нав пайдо мекунанд. Чунин робитаҳоро мо ҷиҳати амалӣ намудани ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагон дар доираи фаъолияти созмону ниҳодҳои байнипарламентии минтақавию байналмилалӣ, робитаҳои Гурӯҳҳои дӯстӣ бо парламентҳои кишварҳои хориҷӣ, истифодаи эҷодкорона аз қонунҳои намунавии аз ҷониби созмонҳои байнипарламентӣ пешниҳодгардида, иштирок дар чорабиниҳои созмонҳои парламентиву ғайрипарламентии хориҷӣ, инчунин ҳамкориҳои Комиссияи экологӣ бо созмонҳову ниҳодҳои экологии кишварҳои гуногун ба роҳ мондем.
Албатта, ҳадафи асосӣ аз амалӣ намудани чорабиниҳои мазкур тақвият бахшидан ва тариқи ниҳодҳои байнипарламентӣ ба аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани мазмуну моҳияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо бо фаъолияти байнипарламентӣ, мулоқоту қабулҳои худ, иштирок дар конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои байнипарламентиву хориҷӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани назари некбинонаи аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба воқеияти ҳоли Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», вазъи минтақа, ҷалби сармоя, бунёди корхонаҳои муштарак ва дигар масъалаҳо мусоидат мекунем. Дар ин замина ҷиҳати муаррифии сиёсати сулҳҷӯёна ва дарҳои кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ менамоем. Бо боварӣ метавон изҳор намуд, ки дар ин самт мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.
Дар ин давра як силсила қабулҳо ва сафарҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинони ӯ ва вакилони Маҷлиси намояндагон амалӣ гардиданд, ки асоси фаъолияти байнипарламентиву хориҷии Маҷлиси намояндагонро ташкил медиҳанд.
Мулоқотҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарият ва намояндагони мақомоти парламентии Федератсияи Россия ҷиҳати дар сатҳи нав густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳама самтҳо, бахусус муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамкориҳои парламентӣ, муносиботи дуҷониба дар чаҳорчӯбаи созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ нақши назаррас бозиданд.
Мулоқотҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, инчунин се мулоқот бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин дар шаҳрҳои Душанбе, Санкт-Петербург ва Москва баргузор гардид. Дар ин мулоқотҳо масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус ҳамкориҳои парламентӣ, шартномаҳои муҳимтарини дар чаҳорчӯбаи созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ баимзорасида – оид ба муҳоҷират, оид ба мақоми пойгоҳи низомии Федератсияи Россия, доир ба ҳамкориҳо дар бахши нафтрасонӣ, вазъияти минтақа, бахусус вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, таҳияи қонунҳои намунавӣ, тасдиқи шартномаҳои дуҷониба ва дигар масъалаҳои марбут ба манфиатҳои тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мехоҳам дар бораи сафари ҳайати парламентӣ таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 17 то 19 июни соли ҷорӣ бо даъвати Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин ба шаҳри Москва баргузор гардид, чанд сухан ироа намоям.
Зимни ин сафар мо бо Валентина Матвиенко — Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Сергей Наришкин — Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Константин Ромодановский – директори Хадамоти Федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия ва донишҷӯёну ҳайати Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии заминсозии шаҳри Москва мулоқот намудем.
Ҳангоми мулоқот бо роҳбарони Парламенти Россия ва Хадамоти Федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия як силсила масъалаҳои марбут ба густариши равобити ҳар чӣ бештари миёни кишварҳоямон дар бахшҳои гуногун, хусусан тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва беҳдошти масоили вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин пешниҳодҳои моро дар бобати ҳар чӣ зудтар ба тасвиб расонидани ҳуҷҷатҳо оид ба ташкили қабули муҳоҷирон ба кор, касбомӯзии мақсадноки ҷавонони тоҷик дар омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ ва литсейҳои Федератсияи Россия бо дарназардошти талаботи бозори меҳнати он кишвар, барҳам додани квотаҳо барои қабули муҳоҷирон ба кор, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ин мавзӯъ ҷонибдорӣ намуданд.
Сафари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Москва яке аз омилҳои муҳими густариши бештари равобити ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба шумор меравад.
Ҳамкориҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парламенти Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва чандин созмонҳои дигари бонуфуз дар ҳоли рушд буда, дар ин муддат Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайатҳо ва намояндагони онҳоро ба ҳузур пазируфт.
Мулоқотҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқ, Сарвазири Ҷумҳурии Таиланд Йинглак Шинаватра, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Коике, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғари Шеърдӯст, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Аббосалӣ Каром оглу Гасанов, cенаторони Сенати Ҷумҳурии Фаронса Андре Дюле – раиси Гурӯҳи байнипарламентии дӯстии Фаронса ва Осиёи Марказӣ, ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо роҳбарии Патрисия Флор, ҳайати вакилони Дания ва Шветсияи Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо таҳти роҳбарии Кент Херштед — намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ, Сафир ва сардори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе Эдуард Ауэр, ҳайати Шӯрои Иҷроияи Комиссияи озуқавории Созмони Милали Муттаҳид бо роҳбарии Стефани Ли, собиқ вазири корҳои хориҷии Украина ва Раиси амалкунандаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Леонид Кожара, узви Палатаи лордҳои Британияи Кабир Лорд Вейверли, ҳайати вакилони Парламенти Аврупо таҳти роҳбарии Элизабет Йегле, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонум Сюзан М. Элиот, Сафир ва роҳбари Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркус Мюллер ба масъалаҳои муҳими ҳамкориҳо бахшида шуданд.
Дар мулоқот бо Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Хуан Мендез роҷеъ ба саъю талоши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба тасвиб расонидан ва амалӣ намудани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муқобилият бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои ғайриинсонӣ пешниҳодҳои судманд ироа гардид.
Дар ин давра Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд кишварҳои ҳамсоя ва дӯст сафари корӣ ба анҷом расонид. Аз ҷумла барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуда, бо Раиси Жогорко Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон А.Ш. Жээмбеков вохӯрӣ намуд.
Ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё, Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Санкт-Петербург иштирок намуданд.
Бо даъвати Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Лориҷонӣ ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар кори Иҷлосияи 9-уми Конфронси Иттиҳоди Парламентии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуда, бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Лориҷонӣ дар шаҳри Теҳрон мулоқот намуд.
Дар доираи ин сафар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Ассамблеяи Парламентии Осиё доктор Муҳаммад Ҳодӣ Наҷот Ҳусейниён ва Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии (Парламенти) Ҷумҳурии Туркия Ҷемил Чичек суҳбат намуд.
Дар ин давра вохӯрию мулоқотҳои муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев бо Президенти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Туркия Кескин Лоран Корба – сардори Сарраёсати Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ва дигар намояндагони воломақоми созмони мазкур ва дигар шахсиятҳову ҳайатҳои расмӣ баргузор гардид.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.А.Ғафорова дар Конфронси Ассамблеяи парламентии Осиё дар мавзӯи «Қарни Осиё: ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, энергетика ва муҳити зист» дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон иштирок намуд. Ҳамчунин дар вохӯриҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.А.Ғафорова бо Эдуардес Стипрайс, муовини вазири корҳои хориҷии Латвия масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия баррасӣ гардиданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Ш. Шабозов дар ҷашни 75-умин солгарди Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек иштирок намуд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ин муддат бо даъвати Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар назди Шӯрои парламентии Ассамблеяи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои байналмилаливу давлатҳои алоҳида дар кори комиссияҳои доимии созмонҳои мазкур, баргузории интихоботҳои президентӣ, мизҳои мудаввар, конфронсҳо, форумҳои байналмилалии парламентӣ ва дигар чорабиниҳо дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Минск, Остона, Боку, Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон, Сиони Шветсия, Женева, Истамбул ва Анқараи Ҷумҳурии Туркия, Теҳрон, Алмаато, Димишқ ва дигар шаҳрҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ин муддат дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо ҳайатҳои гуногун, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ба вуқӯъ пайваст. Аз он шумор намояндагони Шӯрои Федератсияи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, намояндаи Парламенти Аврупо Анри Вебер, раиси Кумитаи мудофиа ва амнияти Шӯрои Федератсияи Россия В.А.Озеров, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия Павол Иван, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Куба Карлос де ла Консепсион, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Ричард Вуд, ҳайати Парламенти Аврупо, Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дидйе Леруа ва чанде дигаронро номбар кардан мумкин аст.
Фикр мекунам мулоқотҳо бо вакилони Маҷлиси намояндагон барои меҳмонони мо қобили таваҷҷуҳ буда, бо манфиати тарафайн сурат гирифт.
Дар ин давра бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон як силсила гурӯҳҳои дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парламентҳои чанде аз кишварҳои дигар таъсис дода шуда, ба гурӯҳҳои амалкунанда тағйирот ворид карда шуд. Қобили зикр аст, ки дар аксар маврид парламентҳои кишварҳои хориҷӣ ҳамчун хоҳишманд ва ташаббускори таъсиси гурӯҳи дӯстӣ бо Маҷлиси намояндагон баромад карда, аз таъсис ва рӯйхати аъзои гурӯҳи дӯстӣ дар парламентҳои кишвари худ ба мо хабар додаанд.
Ҳамкасбони гиромӣ!
Дар баробари ҷараёни бахшҳои асосии фаъолияти кориамон чанде аз чорабинӣ ва рӯйдодҳои дигари иловагӣ низ амалӣ карда шуданд, ки баъзе аз онҳоро мехоҳам номбар кунам. Аз ҷумла моҳи ноябри соли 2013 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Н.Ғафорова Онлайн-конференсияи машваратӣ-мубоҳисавии занон баргузор гардид, ки дар кори он вакилзанони Маҷлиси намояндагон бо занони фаъоли вилояти Суғд роҷеъ ба эҷоди фазои мусоиди қонунӣ барои фароҳам овардани шароити беҳтар барои занону духтарон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо, ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва ҳалли мушкилоти занон мубоҳиса намуданд.
Моҳи марти соли ҷорӣ, тибқи Дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилзанони Маҷлиси намояндагон Бизнес-симпозиуми занони соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир гардид.
Бо ташаббуси Кумита оид ба иқтисод ва молия ва бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ барои истифодабарии вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои дахлдор «Дастур оид ба ҷараёни буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Фарҳанги истилоҳоти иқтисод, молия ва буҷет дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр гардида, барои истифода дастрас карда шуд.
Дар моҳи феврали соли ҷорӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Ғайримарказикунонии фискалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Методологияи буҷети гражданӣ» барои вакилони Маҷлиси намояндагон гузаронида шуд.
Чанде пештар китоби «Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» бо сифати хуб ва ороиши ранга ба нашр расид, ки аз ҷониби раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Имомов Азизмат таҳия гардидааст.
Тавре, вакилони гиромӣ, огоҳӣ доред, бинобар ба вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидани раиси Кумита оид оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ҷабборова Марҳабо Тӯхтасуновна, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидани муовини раиси кумитаи мазкур Махфират Хидирова, раиси ноҳияи Ёвон таъин гардидани Маҳмадалиев Амирбек Темурович ва муовини Котиби Генералии Созмони Ҳамкории Шанхай таъин гардидани раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Ҳақдодов Маҳмадшариф Маҳмудович ваколатҳои вакилиашон қатъ карда шуд. Ҳамчунин ваколатҳои вакил Қарақулов Амир бо сабаби вафоташ қатъ гардид.
Вакилони арҷманд!
Тавре маълум аст, дар марҳилаи кунунӣ нақши матбуот дар инъикоси воқеияти ҳоли рӯйдодҳои ҳар як кишвар, ҳар як ниҳоди давлативу ҷамъиятӣ хеле зиёд аст. Аммо матбуот ҳангоми инъикоси матолиби худ бояд беғаразонаву аз рӯйи меъёрҳои қабулшудаи хабарнигорӣ фаъолият намояд.
Бояд гуфт, ки мо дорои рӯзномаи парламентии худ «Садои мардум» мебошем, ки бо теъдоди зиёда аз 30 ҳазор ба нашр расида, тамоми паҳлуҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагонро дар саҳифаҳои худ инъикос месозад. Дар ҷараёни фаъолияти Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум низ ин рӯзнома ҳар чӣ бештар роҳу равиши тозанигории мавзӯъҳои парламентиро касб намуда, ҷиҳати муаррифии парламент барои ҷомеа корҳои шоистаеро амалӣ гардонд. Дар баробари инъикоси рӯйдодҳои муҳими кишвар ва хориҷ аз он, тамоми маводи Шӯрову ҷаласаҳои Иҷлосия, муҳокимаҳои парламентӣ, мизҳои мудаввар, гузоришҳо аз қабули роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон, масъалаҳои марбут ба мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон, робитаҳои байнипарламентӣ, қонунгузорӣ ва ғайра дар саҳифаҳои рӯзнома ба нашр мерасанд. Доир ба мавзӯъҳои парламентӣ, қонун ва шарҳи он, ҳаёти ҷавонон, муҳити зист, дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа ва мушкилоти мардум рубрикаҳои гуногун ташкил карда шудааст.
Ҳамчунин рӯзномаи «Ҷумҳурият», дигар рӯзномаҳо ва радиову телевизионҳои давлатӣ фаъолияти моро барои аҳли ҷомеа ба таври зарурӣ инъикос менамоянд. Бар илова аз ин аксари нашрияҳову расонаҳои шахсиву хусусӣ роҷеъ ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон гузоришу хабарҳо ба нашр мерасонанд, ки аксари гузоришоти онҳо беғаразонаву воқеъбинона аст. Дар ин миён хабару мақолаҳое низ иншо гардидаанд, ки баъзе паҳлуҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагонро мавриди таҳлил қарор дода, на ҳамеша воқеияти ҳолро рӯи коғаз овардаанд.
Ман дар мулоқотҳои ҳарсолаам ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик як нуктаро такроран иброз медорам, ки мо ҳамеша ҷонибдори гузоришҳои воқеӣ мебошем. Мо танқидро низ қабул дорем, ба шарте ки он беғараз ва бе ҳадафҳои пасипардагӣ навишта шуда бошад. Бори дигар изҳор менамоям, ки мо ба ҳеҷ ваҷҳ садди роҳи фаъолияти шаффофи воситаҳои ахбори омма нахоҳем шуд ва ҳеҷ гуна мушкилот дар ин самт барои хабарнигорон эҷод нахоҳем кард, зеро мо омодаи ҳамкорӣ бо ҳамаи расонаҳо ва дигар воситаҳои ахбори омма мебошем. Аммо ин ҳамкорӣ бояд шаффоф, созанда ва воқеъбинона бошад.
Дар ҷараёни Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум роҷеъ ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон аз тариқи шабакаҳои гуногуни телевизион ва радиои давлатию ғайридавлатӣ гузоришҳои зиёде интишор гардидаанд. Вакилони Маҷлиси намояндагон дар 146 барномаҳои телевизионии Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» роҷеъ ба мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла дар мавзӯи фаъолияти намояндагиву қонунгузорӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, шарҳи қонунҳо суҳбат намуданд. Аз ҷониби хабаргузориҳои дигар роҷеъ ба фаъолияти парламенти касбии мамлакат беш аз 200 хабару гузоришҳо интишор гардидаанд. Ҳамчунин тариқи Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» 58 барномаи «Соати парламентӣ» пахш гардид, ки дар онҳо ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Маҷлиси намояндагон муаррифӣ гардид.
Қобили тазаккур аст, ки иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон тариқи воситаҳои ахбори омма оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти парламенти касбии мамлакат бештар гардид.
Вакилони иззатманд!
Мисли Иҷлосияҳои гузашта Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум низ фаъолияти худро тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон ва Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон амалӣ намуд. Масъалаҳои ташкили кор, назорат, ташхиси ҳуқуқӣ, таҳриру тарҷума, таъминоти ҳуҷҷатӣ, иттилоотӣ, молиявӣ, моддӣ-техникӣ ва дигар бахшҳои омодасозии шароити корӣ барои вакилони Маҷлиси намояндагон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуд.
Дар ин давра ҷиҳати беҳдошти шароити кории вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи он як силсила тадбирҳо амалӣ карда шуд. Аз ҷумла баъди таъмири ошёнаҳои дуюму сеюми собиқ бинои Вазорати корҳои хориҷӣ қисме аз вакилон ва кормандони шуъбаҳои Дастгоҳ ба утоқҳои нави корӣ гузаштанд. Ҷиҳозонидани утоқҳои корӣ, таҷҳизоти муосири компютерӣ, таъмини воситаҳои нақлиёт ва ғайра дар шумори корҳоеанд, ки дар ҷараёни иҷлосия амалӣ карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки ҳоло вакилони Маҷлиси намояндагон ва ходимони Дастгоҳ бо компютерҳои муҷаҳҳаз таъмин буда, аз шабакаи Интернет самаранок истифода мебаранд.
Барои ҳамаи вакилон, кумитаву комиссияҳо, шуъбаҳо ва ходимони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон почтаи электронӣ таъсис дода шуда, ҷиҳати амалӣ намудани барномаи давлатии Ҳукумати электронӣ чораҳои мушаххас андешида шудааст. Бори нахуст толори ҷаласаи Иҷлосияҳо бо техникаи компютерии ҳозиразамон ҷиҳозонида шуд, ки вакилон акнун аз шакли электронии маводи ҷаласаҳо истифода мебаранд. Маводи ҷаласаҳои Иҷлосия, аз ҷумла лоиҳаи қонунҳо, созишномаҳо, хулосаҳои кумитаҳо ва дигар мавод тавассути почтаи электронӣ барои корбарӣ ба вакилон ирсол карда мешавад. Ҳамчунин робитаи байни шуъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо вакилон, кумитаву комиссияҳо тавассути почтаи электронӣ амалӣ карда мешавад.
Бо арзи миннатдорӣ бояд зикр намоям, ки ин тадбирҳо бо дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.
Ҷаласаҳои Шӯро ва Иҷлосияҳо, таҳияи маводи зарурӣ, тартиб додани протоколҳо, назорати ҷараёни муросилот ва муроҷиатҳо, лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи маводи хидматӣ, хизматрасонии техникӣ ва дигар масъалаҳо низ ба таври зарурӣ ҷараён гирифтанд.
Масъалаи тариқи озмун ба кор қабул карда шудани ходимони Дастгоҳ идома дода шуда, барои хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати дарёфти рутбаҳои навбатӣ аттестатсия гузаронда шуд.
Дар давраи сипаришуда 179 адад қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон, 158 адад қарори Маҷлиси намояндагон, 60 қонун барои нашр намудан дар «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид. Дар ин давра нуҳ шумораи нашрияи «Ахбори Маҷлиси Олӣ» ба нашр расид. Теъдоди обунаи он назар ба соли гузашта афзоиш ёфта, 980 нусхаро ташкил дод.
Бояд зикр кард, ки сифати таҳриру тарҷума ва забони қонунҳо дар давоми Иҷлосия беҳтар гардида, ҷараёни таҳияи хулосаҳои ҳуқуқӣ низ ба маҷрои нав ворид гардиданд. Чунин равия дар оянда низ бояд нигоҳ дошта шуда, дар самти баланд бардоштани савияи касбии кормандони шуъбаҳои таҳриру тарҷума ва ҳуқуқ ташкил намудани бозомӯзӣ ва чорабиниҳои тахассусӣ ба мақсад мувофиқ хоҳад буд.
Вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум имрӯз кори худро ба анҷом мерасонад.
Аз лиҳози моҳият Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум як навъ ҷамъбасти дастовардҳои иҷлосияҳои гузаштаи даъвати чорум маҳсуб мегардад. Дар ин Иҷлосия ҳам мактаби қонунгузорӣ, ҳам маъракаи мулоқот бо интихобкунанда, ҳам равобити хориҷӣ ба давраи камолоти худ ворид гардиданд. Албатта, зиндагӣ ҷараён дорад, ҷомеа рушду нумӯъ меёбад ва талабот ба қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамеша вуҷуд хоҳад дошт. Аммо бояд гуфт, ки мо бо ин Иҷлосия ва бо ин даъват меъёрҳои воқеии заминаи қонунгузориву намояндагиро барои даъватҳои оянда тарҳрезӣ намудем.
Тавре огоҳӣ доред, то анҷоми даъвати чорум вақти на чандон зиёд мондааст, зеро Иҷлосияи шашум ва охирини Маҷлиси намояндагон тақрибан панҷ моҳро дар бар мегирад. Бинобар ин ба мо лозим аст, ки аз фурсати боқимонда низ мисли иҷлосияҳои гузашта ҳар чӣ пурсамартар истифода намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бомуваффақият ҷамъбаст гардидани даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон тамоми саъю талош ва донишу таҷрибаи худро ба харҷ диҳем.
Вакилони арҷманд!
Тавре худ шоҳид будед, ҳамагӣ се рӯз пеш мо 17-умин солгарди Ваҳдати миллиро дар саросари кишвар ботантана таҷлил намудем. Танҳо ба шарофати сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ мо тавонистем ба рушду нумӯъ ва дастовардҳои арзанда ноил гардем. Мехоҳам дар ин замина таъкид намоям, ки айни замон аз ҷониби қувваҳои муайян ҳам дар минтақа, ҳам дар чандин кишварҳои ҷаҳон нооромиҳову бархӯрдҳои сиёсиву низомӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Тавре аз рӯйдодҳои охир маълум мегардад, дар ин даврони барои халқу кишвар сарнавиштсоз ҳанӯз ҳам қувваҳое вуҷуд доранд, ки мехоҳанд оромиву осудагии мардуми моро халалдор намоянд, кишварро дубора ба вартаи нооромиву даргириҳо тела диҳанд.
Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон, ба тамоми неруҳои солимфикри кишвар, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ лозим аст, ки беш аз ҳарвақта ба хотири нигоҳ доштану боз ҳам таҳким бахшидани сулҳу Ваҳдати миллӣ, якпорчагии марзу буми Ватани ягонаву воҳид, бо бедории миллӣ ва ҳушёрии сиёсӣ самимона саъю талош намоянд. Ҷойи қаноатмандист, ки вакилони мо дар ин амри хайр саҳми муносибу арзанда мегузоранд.
Мо дар фаъолияти минбаъдаамон низ бояд корро тавре ба роҳ монем, ки рисолати намояндагиву қонунгузорӣ ва дигар бахшҳои фаъолиятамонро дар назди интихобкунандаи худ комилан иҷро карда тавонем.
Дар охир ба шумо, вакилони арҷманд ва ҳамаи онҳое, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ ҷараён гирифтани Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум саҳмгузорӣ намуданд, аз самими дил арзи сипос намуда, бароятон саломативу истироҳати бофароғат таманно дорам.
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон!