19 сентябри соли 2013 таҳти раёсати Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳо «Дар бораи ташкил намудани комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Таъсиси участкаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ аз Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 10, 12 ва 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори худ дар 68 ҳавзаи интихоботӣ Комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил кард.
Бо мақсади таъмини иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд, Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки участкаҳои интихоботӣ дар намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ташкил карда мешаванд.
Мувофиқи қарори мазкур дар бештар аз 20 шаҳрҳои калон ва ҷумҳурии Саха (Якутия)-и Федератсияи Россия, шаҳрҳои Минск, Алмаато, Остона, Бишкек, Тошкент, Ашқобод, Киев, ҷумҳуриҳои исломии Эрон, Афғонистон, Покистон, давлатҳои Мисри Араб, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ИМА, Япония, Ҷумҳурии Халкии Хитой, Ҳиндустон ва ғайра нуқтаҳои овоздиҳӣ ташкил дода мешаванд.
Инчунин участка ва нуқтаҳои интихоботии дар хориҷи кишвар ташкил ёфта, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд натиҷаҳои овоздиҳиро оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи ҳавзавӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмансур №3 пешниҳод намоянд.
Дар ҷаласа доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»