Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид

№148 (3294) 10.12.2014

DSC_1641

Нуҳуми декабри соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар хусуси Созишнома дар бораи принсипҳои асосии ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати муштараки «Trans- Tajik Gas Pipeline Company Ltd».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич дода мешавад. Марҳамат.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2014 оид ба интихоби раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мегардад.

Матни пешниҳод ба шумо қироат карда мешавад:

«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодро оид ба интихоби раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоям:

DSC_1548

Шермуҳаммад Шоҳиён- раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини  раиси Комиссия Зокиров Саидбой -раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд

DSC_1648

Аъзои Комиссия

Наимова Вера Романовна- дотсенти кафедраи маданиятшиносӣ, омӯзгорӣ ва равоншиносии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон

Азизова Муистон Бердиевна –директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №98, шаҳри Турсунзода

Алиев Изатулло Қарахонович- директори дирексияи Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт- 80», шаҳри Душанбе

Ёрматова Олима Нигматовна- директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Сатторов Акбаралӣ Қурбоналиевич- раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон

Саидов Нуралӣ Шамсович- котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиё Раҳмон- муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»- и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳонидинович- мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Раҷабов Маҳмадёр Носирович – мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Шодмонбеков Юсуфбек Рустамбекович- мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев

Ҷамшедов Ҷамшед Назаршоевич- котиби илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А.М.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зоиров Муҳаммадборон Раҳмонович - сардори шуъбаи Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба нархгузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Файзова Муҳаббат Тағойбековна - раиси Ҷамоати шаҳраки «Обикиик»- и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

6 декабри соли 2014

№15/1-14»

Масъалаи интихоб намудани раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таври алоҳида ба овоз монда, ҷиҳати тасдиқи он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яклухт қабул гардид.

РАИС:- Аз номи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморо ба ин муносибат табрик менамоям. Дар назди Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи пурмасъулият гузошта шудааст.

Дар бораи  шаффоф гузаштани интихобот, риоя намудани талаботи қонунгузорӣ эътибори ҷиддӣ додан лозим аст. Он аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти шумо вобастагӣ дорад.

Имконият фароҳам  оварда шавад, ки дар маъракаи интихобот шаҳрвандон дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолона иштирок намоянд. Он дар рӯҳияи баланди сиёсӣ баргузор гардад.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шермуҳаммад Шоҳиён: -Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Миннатдории аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои дастгириатон мерасонам. Мо ба хубӣ дарк менамоем, ки  чӣ масъулияти баландеро бар уҳда дорем.

Доир ба қонунгузории интихобот ва такмили ин раванд тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки шумо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми беандоза доред. Мо дар ин заминаи қонунгузорӣ имкони ба таври демократӣ ва шаффоф гузаштани интихоботи  дарпешистодаро дорем. Ҳоло мутобиқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба интихобот тадбирҳо амалӣ карда мешаванд.

РАИС: — Дар хусуси Созишнома дар бораи принсипҳои асосии ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd» сухан ба директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» Шамсиддинзода Саидмуҳаммад дода мешавад.

Саидмуҳаммад ШАМСИДДИНЗОДА: — Муҳтарам Раис, вакилони мардумӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома дар бораи принсипҳои асосии ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd» дар доираи Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки 13 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкек ба имзо расонида, моҳи июни соли ҷорӣ дар парлумони кишвар ба тасвиб расида буд, омода карда шудааст. Аз рӯи Созишномаи байниҳукуматӣ аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК «Тоҷиктрансгаз» корхонаи ваколатдор ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти салоҳиятдор таъин карда шудаанд.

Баъд аз баимзорасии Созишномаи байниҳукуматӣ гуфтушуниди тарафҳо барои баимзорасонии Созишномаи саҳомон ва оинномаи ширкат оғоз гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ба ҷониби тоҷикистонӣ муяссар гардид, ки ба ин шартномаҳо тағйироти назаррас барои ҳифзи манфиатҳои иштирокчии тоҷикистонӣ ворид намояд. Ширкати муштараки мазкур 17-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Гонконг сабти ном карда шуд.

Аз моҳи феврал сар карда, гуфтушунидҳо бо ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи омодасозии «Созишнома оид ба қарз», «Созишнома оид ба гарав» ва «Созишнома оид ба принсипҳои асосӣ» бурда шуда, баъд аз маъқул донистани он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 сентябри соли ҷорӣ дар ҳузури роҳбарони ҳар ду ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуд. Ногуфта намонад, ки моҳи майи соли ҷорӣ ҳангоми сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати CNPC-и Ҷумҳурии Халқии Хитой Созишнома «Оид ба кумитаи идоракунӣ» низ ба имзо расонида шуда буд.

Мувофиқи созишномаҳои баимзорасида ҳар кадом тарафи ширкати муштарак ба фонди оинномавӣ ба миқдори 300 (сесад) миллион доллари ИМА ворид намоянд. Дар асоси замимаи 1-и Созишномаи байниҳукуматӣ маблағи саҳоми тоҷикистонӣ аз тарафи саҳоми хитойӣ ба тариқи қарзи дарозмуддат ба муҳлати 26 сол, ки аз он  шаш солаш имтиёзнок мебошад, ҷудо карда мешавад.

«Созишнома дар бораи принсипҳои асосӣ» аз 6 қисм, 44 модда ва 4 замима иборат аст. Қисми якуми он тафсир ва соҳаи истифодаи созишнома буда, он мафҳумҳо; муҳлати амал, ваколатҳо, манфиатҳои давлат ва саромягузор, интиқоли гази табиӣ ва ҳуқуқҳои сармоягузорро дар бар мегирад. Манфиатҳои давлат дар лоиҳаи мазкур бо роҳи гирифтани андози ягонаи муайянгардида, тариқи саҳоми давлатӣ гирифтани дивидентҳо, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва омӯзонидани мутахассисони маҳаллӣ ифода меёбад.

Қисми дуюми Созишнома уҳдадориҳои дорои аҳамияти умумидоштаро зикр менамояд, ки дар он: изҳорот ва кафолати кишвари қабулкунанда, сармоягузор, баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит, суғурта, ҳуқуқи замин, ҳифзи муҳити зист, стандартҳои техникӣ ва меҳнатӣ, дастрасӣ ба захира ва объектҳо ва инчунин амнияти лоиҳаро дар бар мегирад.

Қисми сеюми Созишнома андозҳо, низоми гумрукӣ ва истифодабарии асъори хориҷиро дар бар мегирад.

Қисми чоруми Созишнома иҷро, қисми 5 масъулият ва қисми 6 муқаррароти хотимавиро дар бар мегирад.

Маълумоти мухтасар оид ба хати газгузари сохташаванда пешниҳод мешавад. Ин хати чоруми газгузари Осиёи Миёна – Хитой (хатти D) мебошад, ки аз Ҷумҳурии Туркманистон сарчашма гирифта, ба воситаи қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон (200 км), Ҷумҳурии Тоҷикистон (391 км), Ҷумҳурии Қирғизистон (210 км) ба Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид мешавад. Ин хати газгузар нисбат ба хатҳои газгузари якум, дуюм, сеюм, ки аз Ҷумҳурии Туркманистон тариқи ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой меравад, қариб 1000 км кӯтоҳтар буда, вале аз масирҳои душворгузар мегузарад. Барои бунёди лӯлаи газгузари мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 45 адад туннел бо дарозии умумии 75 километр ва 24 адад гузариши зериобии лӯлаи газ ба нақша гирифта шудааст.

Қутри лӯлаи газгузар 1219 мм буда, диаметри туннелҳои пармашаванда 4,5х4,5 мебошад. Инчунин дар ин хати газгузар, ки бо фишори 100 атмосфера кор мекунад, оҳани тамғаи нодири S80 истифода бурда мешавад.

Сохтмони хати мазкур дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ширкатҳои муштарак сохта шуда, дар Ҷумҳурии Қирғизистон бошад, мустақиман аз ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой сохта мешавад ва ба Ҷумҳурии Қирғизистон барои транзит маблағ пардохт мешавад.

Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ барои сохтмони хати мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайр аз маблағи Оинномавии ширкати муштарак (600 млн.доллари ИМА), қарзи иловагӣ ба маблағи 2,6 млрд. доллари ИМА зарур аст, ки дар маҷмӯъ арзиши лоиҳа 3,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил менамояд. Ин маблағ низ аз тарафи ширкати муштарак тариқи қарз (кредит) аз ширкати молиявии Гонконг гирифта мешавад. Маблағе, ки аз тарафи ширкати ТАПЛАЙН ба ҶСК «Тоҷиктрансгаз» (300 миллион доллари ИМА) дода мешавад, аз рӯи гуфтушунидҳои пешакӣ ба мувофиқа расида, бо фоизи 2,7+либори (LIBOR) семоҳаро дар бар мегирад.

Ҳисобҳои қаблӣ нишон медиҳанд, ки даромади умумии корхонаи муштарак дар муддати 32 соли фаъолият 15 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, ба буҷети ҷумҳурӣ 1,248 млрд. доллари ИМА андози ягона (8 фоиз) ворид мегардад. Ба саҳоми тоҷикистонӣ бошад, 2,5 млрд. доллари ИМА суди саҳмияҳо пардохт карда мешавад. Аз рӯи нақшаи пешниҳоднамудаи ширкат корҳои сохтмонӣ бояд аз моҳи апрели соли 2015 оғоз ёбанд ва то ин муддат ҳамаи корҳои омодагӣ ба итмом расонида шаванд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро дастгирӣ кунед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Турдиматова Нодира Мирзоалиевна дода мешавад.

Нодира ТУРДИМАТОВА: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишнома дар бораи принсипҳои асосии ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd», ки 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014 таҳти рақами 2688 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd», ки муштаракан аз ҷониби Ширкати «Trans-Asian Pipeline (Hong Kong) Company Ltd»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» бо мақсади татбиқи Лоиҳа таъсис дода шуда, мутобиқи қонунгузории махсуси маъмурии Гонконги Ҷумҳурии Халқии Хитой амал мекунад, ба имзо расидааст.

Созишнома дар асос ва бо мақсади иҷрои Созишномаи байниҳукуматӣ баста шуда, ба ҷалб ва ҳифзи сармоягузорӣ равона гардидааст.

Созишнома аз 44 модда иборат буда, дар он мафҳумҳо, муҳлат, амал, ваколатҳо, муносибат бо созишномаҳои дигар, манфиатҳои иқтисодии давлат, идоракунии сармоягузорӣ, интиқоли гази табиӣ, тасдиқи ҳуқуқӣ, уҳдадориҳои дорои хусусияти умумӣ, андозҳо, воридоту содироти асъор, иҷрои намояндагони ваколатдор, масъулияти сармоягузорӣ, ҳифзи сармоягузорӣ, ҳалли баҳсҳо, огоҳнома ва ғайраро дар бар мегирад.

Мувофиқи моддаи 2-юми Созишномаи мазкур аз санаи эътибор пайдо кардани Созишномаи байниҳукуматӣ ба муҳлати 35 (сию панҷ) сол баста мешавад.

Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқи Созишнома дар бораи принсипҳои асосии ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd»-ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул рӯзи 3 декабри соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишнома дар бораи принсипҳои асосии ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ.