-мегӯяд вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодира Турдиматова
Соли равон аз қабули ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз - Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бист сол сипарӣ мешавад. Ҳамватанони азиз шоҳиди бевоситаи он буданд, ки бо назардошти пешрафти ҳаёти ҷомеа ва ташаккули низоми сохтори давлатӣ, зарурати такмили Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омада, ду маротиба, яъне солҳои 1999 ва 2003 дар асоси баргузории раъйпурсии умумихалқӣ мардуми кишвар барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он розигии худро иброз доштанд.Тибқи тағйиру иловаҳои соли 1999 воридшуда, баробари дигар навовариҳо, бори аввал дар низоми ҳокимияти давлатӣ парламенти касбӣ иборат аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфт. Маҳз аз ҳамон давра барои рушди парламентаризми миллӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта шуд. Парлумони кишвар ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нишонаҳои аввалиндараҷаи мавҷудияти давлати демократию ҳуқуқбунёд маҳсуб ёфта, бо фаъолияти худ тавассути таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон ва ҷомеа, тасдиқ кардани санадҳои байналмилалӣ дар пешрафти Тоҷикистони муосир нақши босазо дорад. Суҳбате, ки бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодира Турдиматова доир намудем, аҳамияти ин санади муҳимро дар рушди бемайлони кишварамон бозгӯйӣ менамояд.
-Нодира Мирзоалиевна, бамаврид мебуд, агар суҳбатамон бо ибрози андешаҳоятон бобати моҳияти Конститутсияи (Сарқонуни) кишварамон, оғоз ёбад.
- Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз конститутсияҳои беҳтарини дунё маҳсуб ёфта, дар он иродаи тамоми қишрҳои ҷомеа бо назардошти талабот ва эҳтиёҷоташон ифода ёфтааст. Агар таври мухтасар моҳияти онро бозгӯйӣ намоем, пас шоистаи зикр аст, ки дар он масъалаҳои муҳим, аз қабили ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, мақом ва салоҳияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мустақилияти ҳокимияти судӣ, ба зиммаи мақомоти прокуратура вогузор будани назорати иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ доштани давлат ва ғайра муқаррар гардидааст.
Дар саргаҳи қабули ин санади муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳама дар хотир дорем, ки дар Иҷлосияи XVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкил намудани комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид, ҳайати нави комиссия таҳти роҳбарии ин абармард тасдиқ гардида, ба таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия суръати тоза бахшида шуд.
Имрӯз бо бовари комил метавон гуфт, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои волои Конститутсия амалӣ шудааст. Аз ин хотир, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти миллиро доро мебошад, пурра ҷавобгӯйи талаботи нави замон буда, дарвоқеъ қонуни ваҳдати миллӣ ва муттаҳидкунандаи тоҷикону тоҷикистониён, таъминкунандаи рушду нумӯи давлати Тоҷикистон дониста мешавад.
-Коршиносон ба он назаранд, ки маҳз қабули ин санад марҳилаи нави рушди парламентаризми миллиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшидааст.
- Комилан дуруст аст. Бамаврид аст ёдовар шавам, ки тибқи тағйиру иловаҳои соли 1999 воридшуда, баробари дигар навовариҳо, бори аввал дар низоми ҳокимияти давлатӣ парламенти касбӣ иборат аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфт. Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки андешаи мазкур барҳақ аст. Боби сеюми Конститутсияи (Сарқонуни) мамлакат Маҷлиси Олӣ ном дошта, дар он тамоми ваколатҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаанд. Дар маҷмӯъ, моддаҳои 48-63–юми он ба самтҳои фаъолият ва ваколатҳои Маҷлиси Олӣ-парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Падидаи муҳими дигаре, ки дар Конститутсияи кишвар, аз ҷумла дар моддаҳои 59-62 таҷассуми худро пайдо намудааст, муайян гардидани зинаи муҳим-фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ аз ҷониби мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар, яъне тартиби қабули қонунҳо ба шумор меравад.
Дар асоси амалишавии ин меъёрҳои Конститутсия парламентаризми миллии Тоҷикистон рушду такомул ёфта, аз ҷониби парлумони мамлакат раванди қонунэҷодкунӣ, ки мақсаду мароми ин қонунҳо ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони кишвар мебошад, бомаром идома дорад. Таҷрибаи ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар самти муҳими фаъолияти субъектони ҳуқуқэҷодкунанда ба шумор рафта, бо такя ба меъёрҳои Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва таъмини риояи афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд, адолати иҷтимоӣ ва афкори ҷамъиятӣ амалӣ мегардад.
-Дар моддаи 33 – юми Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад». Бо назардошти ин нукта метавон гуфт, ки ҳуқуқҳои оила ва зан – модар дар он бояду шояд инъикос ва ҳимоя гардидааст.
- Бале, Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад, зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст.
Худованд ба зан-модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад.Тибқи талаботи моддаи 34-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд». Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯйи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.
Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.
Ҳама шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди заруриро қабул карда, амалӣ менамояд.
Ҳадафи қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад. Дар натиҷа, солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеӣ гузошта истодаанд.
Имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бо дарназардошти бахши хусусӣ, беш аз як миллион занону духтарон фаъолият доранд, ки ин нишондиҳанда 45 фоизи шумораи аҳолии машғули корро ташкил медиҳад. Овардани далели мазкур ба он хотир аст то ҳамватанони арҷманд муътақид гарданд, ки маҳз ба шарофати татбиқи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешравиҳои фавқуззикр рӯйи кор омадаанд.
- Мусаллам аст, ки афроди таълимдидаву тарбиягирифта, соҳибмаърифату донишманд ва худогоҳу худшинос, пеш аз ҳама, иззату эҳтироми падару модари худро ба ҷо оварда, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои муқаддаси Ватанро рисолати инсонӣ ва қарзи фарзандии худ медонанд. Бо мақсади тақвият бахшидани ин раванд, ки дар моддаи 34- уми Конститутсия инъикос ёфтааст, баъд аз муҳокимаи васеъ бо аҳли ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуд, ки он, ба эътирофи коршиносони маъруфи соҳаи ҳуқуқ, падидаи нодир маҳсуб мешавад. Назари Шумо ба ин масъала чӣ гуна аст?
-Таълиму тарбияи фарзанд, пеш аз ҳама, вазифаи муқаддаси падару модарон ва баъдан мактабу ҷомеа мебошад. Бояд гуфт, ки таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Бо назардошти мушкилоту масъалаҳои дар ин самт мавҷуда лозим дониста шуд, ки тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.Ҳадафи асосӣ аз қабули ин қонун ба воя расонидани насли солиму тарбиядида ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат мебошад, ки пешрафту тараққиёт ва ободии ояндаи Ватани маҳбубамон ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд.
Барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ зарур ва ногузир аст, ки дар заминаи иҷрои қонуни фавқ ва бо роҳи густариш додани арзишҳои неки ҷомеаи суннатии худ ин равандро беҳбудӣ бахшанд, то кӯдакону наврасони кишварамон ҳамчун инсонҳои андешаманду огоҳ ва соҳибмаърифату бофарҳанг ба камол расида, барои худ ва наслҳои оянда зиндагии шоистаро таъмин намоянд. Вале тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, баъзе афроди ҷомеа моҳият ва талаботи асосии ин қонунро ҳанӯз амиқ дарк накардаанд. Бо дарназардошти ин, масъулини соҳаро зарур аст, ки баҳри татбиқи талаботи қонуни мазкур бо истифодаи тамоми имкониятҳо, аз ҷумла неруи созандаи аҳли зиё ва умуман ҳамаи аъзои ҷомеа, тадбирҳои иловагӣ андешанд.
-Дар асоси амалишавии меъёрҳои Конститутсия парламентаризми миллии Тоҷикистон рушду такомул ёфта, аз ҷониби парлумони мамлакат раванди қонунэҷодкунӣ, ки мақсаду мароми ин қонунҳо ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони кишвар мебошад, бомаром идома дорад. Дар ин ҷода метавон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро номбар кард.
-Шумо ба яке аз масъалаҳои муҳим дахл намудед. Воқеан ҳам манфиату аҳамияти ҳар ду ин қонунро дар рушди тамоми бахшҳо эҳсос намуда истодаем. Ман болотар дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаҳоямро иброз доштам. Вобаста ба қонуни дигар-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд гуфт, ки таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани он тақозои замон ва амри муҳиму саривақтӣ буд. Занону модарони тоҷик дар баробари корҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ, пеш аз ҳама, кадбонуи хонадон ҳастанд ва сариштаи рӯзгор дар дасти онҳост.Сарфи оқилонаи буҷети оила яке аз шартҳои асосии рӯзгори муназзам мебошад, ки дар танзими он нақши занон хеле калон аст.
Маҳз бо назардошти аҳамияти ҳаётии ин масъала, яъне сарфаю сариштакорӣ ин қонун мавриди амал қарор гирифтааст.
Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам баъзе занону модарон барои ба намоиш гузоштани дороии хонадони худ маросимҳои одии анъанавиро ба маъракаҳои пуршукӯҳу дабдабанок табдил дода, ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд.
Дар урфият мегӯянд, ки агар зан ҳар рӯз ба андозаи сари сӯзан сарфа намояд, зиндагии худро ба низоми муайян медарорад. Бинобар ин, занону модарон дар танзими расму оинҳои мардумӣ ва риояи қонуни қабулшуда бояд намунаи ибрат бошанд, зеро татбиқи сиёсати давлат дар самти танзими расму оинҳои мардумӣ ҳам яке аз вазифаҳои асосии занон ба ҳисоб меравад.
Занону модарони тоҷик аз азал хушрӯзгору сариштакор буданд. Хусусан дар солҳои охир, ки бо сабаби буҳронҳои пай дар пайи иқтисодӣ нархи молу маҳсулот, аз ҷумла маводи озуқа, торафт баланд меравад, мо набояд ба исрофкорию зиёдаравӣ роҳ диҳем, зеро исрофкорӣ ношукрӣ аст ва исрофкоронро дини мубини ислом низ маҳкум мекунад.
Мо метавонем маблағҳои сарфашударо барои ободии хонаи худ ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои аҳли оила, таълиму тарбияи фарзандон, бо сарулибос ва асбобу ашёи хониш таъмин кардани онҳо харҷ намоем.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»