Кор бо вакилон ва кормандони дастгоҳ барояш ифтихори баланд буд

№55 (3040) 08.05.2013

Муаррифинома

Безимени-1Назрулло Абдулваҳҳобов  10 майи соли 1938 дар деҳаи Чавроғи собиқ ноҳияи Кангурт дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Пас аз хатми синфи ҳафтуми зодгоҳаш таҳсилро дар мактаб-интернати давлатии ба номи Т.Г. Шевченкои деҳаи Кангурт давом дода, онро соли 1957 хатм  намуд. Солҳои 1957-1962 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб таҳсил кардааст.

Фаъолияти кориаш соли 1962 оғоз ёфта, солҳои 1962-1966 дар мактабҳои миёнаи рақами яки ба номи С. Айнии деҳаи Ҷартеппа ва мактаби миёнаи ба номи В.И. Ленини маркази ноҳияи Данғара омӯзгор буд.

Солҳои 1966-1970 дар вазифаҳои инструктори шуъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия, 1970-1972 котиби Кумитаи  иҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Данғара кор кардааст.

Солҳои 1972-1974 шунавандаи Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд буд.

Минбаъд солҳои 1974-1987 котиби Кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони вилояти Кӯлоб, 1987-1990 намояндаи Шӯрои оид ба корҳои дини назди Шӯрои Вазирони СССР дар вилояти Хатлон, сардори шуъбаи корҳои муассисаҳои хизмати маишии гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, 1990-1993 мудири шуъбаи хоҷагӣ-молиявии Кумитаи иҷроияи Шӯрои  депутатҳои меҳнаткашони вилояти Кӯлоб, 1993-1996 сардори қароргоҳи дар Кӯлоббудаи Ҳукумати  вилояти Хатлон  буд.

Н. Абдулваҳҳобов солҳои 1995-2000 дар вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли  2000 то ба нафақа баромадан (соли 2004) масъулияти басо муҳим — роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Солҳои баъдӣ (2005-2007) ӯ сардори раёсати хоҷагӣ-маъмурии Дастгоҳи Вазорати алоқаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007- 2010 муовини (озоди) Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон буд.

Назрулло Абдулваҳҳобов бо ду медали  «Барои меҳнати шуҷоатнок» (солҳои 1976 ва 1986) ва унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998) қадрдонӣ шудааст.

 

Кам роҳбаронеро дучор шудаам, ки ба шароити кор ё зисти рӯзноманигорон таваҷҷуҳ зоҳир карда бошанд. Моҳи майи соли 1999 роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назрулло Абдулваҳҳобов ғайричашмдошт ба идораи рӯзномаи  «Садои мардум» омад ва ҳамроҳи сармуҳаррир Б. Абдулвоҳидов ҳуҷраҳои кории ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникиро аз назар гузаронд. Сипас, бо ҳайати эҷодии рӯзнома суҳбат орост.

Рӯзноманигорон чун ҳамешагӣ «ҳама чиз дорем, шароити хуби корӣ муҳайёст» ва ғайраҳо гуфта, намехостанд меҳмонро бо талабу дархостҳояшон хаста кунанд. Вале айёнро ҳоҷати  баён набуд.

Назрулло  Абдулваҳҳобов супориш дод, ки масъалаи таъмирро худи идораи рӯзнома бар зимма гирад, мебелу палос, қолин ва дастгоҳҳои техникиро бошад, аз ҳисоби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадя мекунад.

Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваъдааш вафо кард.

Баъди даҳ сол бо Назрулло Абдулваҳҳобов ҳамсуҳбат гардидам ва нахуст он лаҳзаҳоро ёдовар шудам.

- Бале, хуб дар хотир дорам. Дар оғоз аҳли қалами рӯзномаатон хоксорӣ  карданд. Пас ба қавле «кушода шуданд». Ман ба Раиси онвақтаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов (равонаш шод бод) ин масъаларо арз доштам. Он кас гуфтанд, ки чизе тавонед, кӯмак расонед. Чизе дар ихтиёри Дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба идораи шумо кӯмак расондем. Шарт нест ҳамаашро ном барем. Худатон инро хуб медонед.

Ман аҳли қалам, олимон, адибон, журналистон  ва санъаткоронро дӯст медорам ва ҳама вақт қадри тавон онҳоро дастгирӣ мекардам.

- Мехостем  яке аз ин иқдомҳоро ба хонандагони рӯзнома хотиррасон намоед.

- Айёми дар вазифаи котиби Кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони вилояти Кӯлоб рӯйи кор буданам, боре ба ҳолпурсии  олими ҷавон Достӣ Шариф  (ҳоло доктори  илмҳои таърих, профессор-Т.Н.) ба хонаи умумияшон даромадам. Ҳашт нафар олими ҷавон дар як бинои кӯҳна, дар хонаи дуҳуҷрагӣ зиндагӣ доштанд. Хона на қубури обгузар  дошту  на хати гармидиҳӣ. Дер боз рӯйи  таъмирро  надида буд. Олимони ҷавон хонаро бо бухории тунукагӣ гарм мекарданд…

Баъди суҳбат бо Достӣ  Шариф маълум шуд, ки ӯ 11 сол инҷониб дар навбати хона қарор дорад, аммо ҳеҷ не навбаташ расад. Таъриф нашавад, бо дахолати банда аз биное, ки барои кормандони ҳизби коммунисти  вилояти Кӯлоб сохта буданд,  ба ӯ ордери хонаи сеҳуҷрагиро  супурданд.

- Шояд шумо низ дар зиндагӣ бо пастиву баландиҳои зиёд рӯ ба рӯ шудаед ва аз ин сабаб ба қадри одам, зиндагии хушу хурсандона мерасед ва ниҳоят, некӣ карданро қарзи асосии хеш медонед.

- Шояд чунин бошад. Ман 10 майи соли 1938 дар деҳаи Чавроғи собиқ ноҳияи Кангурт  ба дунё омадаам. Дар оила ҳафт нафар будем. Се апа, се хоҳар  ва як писар.

Ёдам меояд, ки моро набераҳои Ҳайдарбой мегуфтанд. Бобоям шахси давлатманде будааст. Вале дороии мо ба авлоди бойҳо монанд набуд. Зиндагии муқаррарӣ  доштем.

Баъдҳо, чун ақлам даромад, фаҳмидам, ки аз бобои сарватмандамон ба мо танҳо як обгирак, як зарфи дастшӯйӣ ва як зарфи равғанпазӣ, ки ҳар се мисин буданд, ба мерос мондаасту халос.

Падарам  ҳамеша насиҳат мекарданд, ки танҳо бо меҳнати  ҳалол инсон соҳиби давлат ва эҳтиром мешавад. Ҳоло даврае  омадааст, ки бояд илм  омӯзед, соҳиби хату савод шавед. Беҳуда нагуфтаанд, ки:

Гирди номи падар чӣ мегардӣ,

Падари хеш шав, агар мардӣ.

 

Соли 1947 падарам маро ба синфи якуми деҳаамон бурд. Ҳангоми таҳсил дар мактаб ба омӯзиши илмҳои дақиқ – физика, химия ва риёзиёт таваҷҷуҳи зиёд доштам. Бо кӯмаки муаллимон  ва мураббияҳои  меҳрубон Сафар Сайдалӣ, Соҳиби Ҳувал, Солеҳ Икром, Самияллоҳи Ҳошим, Аббоси Сайдалӣ, Қурбоншоҳ Ҷоншоев, Хатича Исҳоқова  соҳиби хату савод шудам. Баъдтар таҳсилро  дар мактаб- интернати давлатии ба номи Т.Г. Шевченкои деҳаи Кангурт давом  дода, соли 1957 мактаб-интернатро бо баҳои хубу аъло хатм намудам.

Фаъолияти меҳнатиям баъд аз хатми факултети физикаю математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб (соли 1962)  аз мактаби миёнаи рақами яки ба номи С. Айнии деҳаи Ҷартеппаи ноҳияи  Данғара оғоз ёфт.

- Шумо низ, чун аксар роҳбарон, фаъолияти кориатонро аз омӯзгорӣ оғоз кардаед. Чӣ тавр шуморо ба кори ҳизбӣ ва давлатӣ ҷалб намуданд?

- Он солҳо  шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара омӯзгорони беҳтаринро ба мактаби марказии ноҳия – мактаби миёнаи ба номи В.И. Ленин  ҷамъ меовард. Дар ин мактаб таълим ба забони тоҷикӣ ва русӣ буд. Маро низ баъди се соли омӯзгориам барои кори оянда ба ин мактаби овозадор гузарониданд. Пас аз як сол ба Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Данғара даъват намуданд.

Албатта, яку якбора ба кори ҳизбӣ нагузаштам. Кормандони шуъбаи идеологии ҳизби коммунисти ноҳия фаъолияти корӣ ва дониши сиёсиву ташкилотчигиамро ҳаматарафа санҷида, баъд ба кори ҳизбӣ даъват карданд.

20 декабри соли 1969 маро котиби  Кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Данғара  интихоб карданд. Он айём коғазу коғазбозӣ ба авҷи аълояш расида буд. Ҳар моҳ камаш ду маротиба маҷлисҳои кумитаи иҷроия  ва дар ҳар ду моҳ сессияи Совети депутатҳои меҳнаткашони ноҳия баргузор мешуд. Аз ҳамон солҳо кору муносибати ман бо депутатҳо оғоз ёфт ва ин ҳамкорӣ маро то Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон овард.

Албатта, тӯли ин солҳо лаҳзаҳои хубу хотирмон хеле зиёд буд ва ҳамчунон лаҳзаҳое ҳастанд, ки ба хотир оварданашон он қадар гуворо нест. Ҳам рӯзҳои некро аз сар гузаронидааму ҳам рӯзҳои вазнинро.

- Ба андешаи ман, фаъолияти пурсамари шумо дар Дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 10 сол буд. Он замони нобасомони тундрав на ба ҳар кас муяссар мешуд, ки дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кунад…

- Ман мақсадатонро фаҳмидам. Вақте ки дар ҷумҳурӣ ва вилояти Кӯлоб роҳбарон тез-тез иваз мешуданд, беҳокимиятӣ ва ноумедӣ дар қаламрав ба амал омад. Баъди маслиҳату машваратҳои пай дар пай Эмомалӣ Раҳмонро раиси Кумитаи иҷроияи намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб намуданд.

Пас аз як моҳ бошад,  дар Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд доир гардид, вакилон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Аз ин пас, ба ҷанги ҳамватанӣ хотима гузошта ва сулҳу субот дар кишвар тадриҷан таъмин шуд. Баргардонидани гурезаҳо ба Ватан  оғоз ёфт, зиндагӣ маҷрои нав ва умедбахш гирифт.

Ҳамон айём бо пешниҳоди Сардори давлат  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб қароргоҳи ҳукумати вилоят таъсис ёфт, зеро вилояти Хатлон ташкил шуд ва ду вилоятро ба ҳам муттаҳид карданд. Маро сардори қароргоҳ таъин намуданд. Бар зиммаи ман ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои минтақавии вилоят вогузор шуд. Сокинони Кӯлоб сарсон нашуда, ба маркази вилоят нарафта, дар ин мақомот корашонро ба сомон мерасонданд.

Он вақт маҷлису ҷамъомадҳои минтақавии вилоят маҳз тавассути ҳамин қароргоҳ барпо мегардид. Бо вуҷуди ҷушу хурӯши фаъолият, ман аз кору борам қаноатманд набудам. Бисёр мехостам таҷрибаи тӯли солҳо андӯхтаамро  ба манфиати ҷомеа бахшам.

Боре Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо Амиршо Миралиев барои гузаронидани ҷаласа  ба шаҳри Кӯлоб  омад. Тарзи коргузориям ба ӯ маъқул шуд ва баъди чанде маро ба шаҳри Душанбе даъват намуданд.

Ҳамин тавр, аз моҳи  ноябри соли 1995 фаъолияти кории минбаъдаам дар вазифаи ниҳоятдараҷа масъулиятнок – роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2004 роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Т.Н.) оғоз ёфт.

- Ёдам ҳаст, дар яке аз иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  шумо ба ин вазифа – роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбарӣ шудед…

- Агар хотираам  фиреб надиҳад, ин санаи 20 ноябри соли 1995 буд. Барои чунин боварӣ аз Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон як умр сипосгузорам, зеро тавассути инсоншиносӣ ва қадрдонии Ҷаноби Олӣ ман аз нав ба ҷараёни ҳаёти фаъолонаи сиёсиву ҷамъиятӣ ворид шудам. Албатта, кор дар Дастгоҳи  Маҷлиси Олӣ масъулияти баландро тақозо дошт. Аз рӯзҳои аввал Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов маро хуш қабул карданд.  Он вақт Маҷлиси Олӣ якпалатагӣ буд. Маҷлисҳои иҷлосия дар ҳар се моҳ як бор даъват мешуданд. Ҳар моҳ ду бор маҷлисҳои Шӯро мегузашт. Дар ҷаласаҳо масъалаҳои қонунгузорӣ ва инчунин масъалаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодиву ҷамъиятии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор мегирифт. Дар ҳар Иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ мекард.

Ба ман, чун роҳбари Дастгоҳ, лозим омад, ки сохтори Дастгоҳро  аз нав тартиб дода, барои тасдиқ пешниҳод кунам. Шуъбаҳоро аниқ, низоми коргузориро ба роҳ мондем.

Он вақт танҳо дар Кумитаи сохтори давлатӣ (раиси кумита Р. Мӯсоева) ҳамагӣ як компютер мавҷуд  буду халос. Бо Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сафаралӣ Раҷабов маслиҳат карда, ба хулоса  омадем, ки ҳар кумита бояд дорои компютери ҳозиразамон бошад. Ҳамин тариқ, тамоми кумитаҳо ва шуъбаҳои парлумонро бо техникаи компютерӣ муҷаҳҳаз намудем. Дар толори иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти нави овоздиҳии электрониро насб кардем.

Аз ин хусус бо ширкати украинии «Рада» шартнома баста, тахминан дар байни шаш моҳ, дар соли ҷашнгирии 1100-солагии Давлати Сомониён тарзи нави овоздиҳии электрониро ба роҳ мондем, ки барои депутатҳо хеле қулай  буд.

- Баъдҳо шумо дар Парлумони дупалатагӣ низ роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон шуда кор кардед. Оё байни ин палатаҳо фарқияте буд?

- 26 сентябри соли 1999 тариқи райъпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҷумҳурӣ тағйиру иловаҳо  ворид шуданд. Мувофиқи он бояд Парламент аз ду палата иборат мешуд. Маҷлиси намояндагон дар асоси касбӣ  ва Маҷлиси  миллӣ дар асоси даъват. Аз ин рӯ, фарқият миёни ин ду Маҷлис зиёд буд. Вақте ки моҳи феврали соли 2000 интихоботи вакилони  Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, парламенти касбӣ таъсис ёфт.

Ман дубора  роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудам.

Албатта, роҳу равиши корро дигар кардан лозим меомад. Ташвишу тараддуд зиёд шуд. Агар дар Маҷлиси Олӣ депутатҳо дар се моҳ як бор  даъват мешуданду дар як моҳ ду бор ҷаласаи Шӯро мегузашт, дар Маҷлиси намояндагон вакилон доимӣ буданду ҳар ҳафта пайваста ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон мегузашту ҳам Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин давра ҳама раисони кумитаҳо ва вакилон бо ҳуҷраҳои корӣ, мебели нав, воситаи алоқа, инчунин бо мошинҳои хизматӣ таъмин гардиданд. Сохтмону тармими толори нав барои ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон анҷом ёфт.

Мутобиқи моддаи 36 банди 8 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилон соле ду-се маротиба ба сафари хизматӣ мерафтанд, бо интихобкунандагонашон вохӯриву мулоқотҳо меоростанд. Ҳамчунин ба хориҷи кишвар ба сафари корӣ мебаромаданд. Ҳалли ҳамаи ин масъалаҳо бар дӯши роҳбари  Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне банда буд. Чун роҳбари Дастгоҳ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба сафарҳои корӣ ва хориҷӣ, таҳкими дӯстию ҳамкориҳои мутақобилан судманд кӯшиши зиёд ба харҷ медодам.

Иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақташ доир мегардид. Таъминоти хуби моддию техникӣ барои самарабахш  гузаронидани иҷлосияҳо ва ҷаласаҳои кумитаҳо муҳайё буд.

Ба таъмири асосии бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намуда, онро дар муддати кӯтоҳ анҷом додем. Имрӯз бинои Парлумони Тоҷикистон яке аз шоҳкориҳои меъмории халқамон маҳсуб ёфта, бо зебоиаш меҳмонони пойтахтро мафтун месозад.

Дар ин байн аз кору фаъолияти ҳам Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Маҷлиси намояндагон китобҳои рангаи суратдори муҷалло  чоп шуданд, ки он аз ҳаёти вакилон ва парламенти  Тоҷикистон нақл мекунад.  То тавонистам, барои пешрафти кори Парламенти касбӣ заҳмат кашидам.

Бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ҳанӯз аз давраҳои котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) буданаш шинос будам. Сайдулло Хайруллоев  маро ҳамеша дастгирӣ мекард.

Назари неки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Дастгоҳро нисбати худ ҳис мекардам ва  бароям мояи ифтихор буд. Вале ҳар кореро  оғозу анҷом аст. 20 январи соли 2004 маро бо иззату эҳтироми зиёд ба нафақа гуселонданд.

Дар нафақа бошам ҳам, аз дастовардҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон огоҳӣ дорам ва аз онҳо хушҳол мегардам. Ифтихор аз он дорам, ки шогирдам Ҳамрохон Расулов ҳамроҳ бо Таваккал Зарифов анъанаҳои некро побарҷой нигоҳ медоранд. Ба онҳо барор мехоҳам.

- Ба қавли вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тӯхта Почомуллоев « …. рафиқ Абдулваҳҳобов бардаму бақувват, кордон, аз уҳдаи кор мебарояд. Чаро мо ба нафақа  гусел  кунем? Бигузор корашро давом диҳад!»…

- Дар ҳаёти ҳар шахс ҷараёни зиндагӣ ду паҳлу дорад. Яке хуб, яъне бо обруйи баланд фаъолияти меҳнатиро ҷамъбаст намудану дигаре аз ҳаёти  ҷомеа бо камбуде дур шудан. Ман якумашро интихоб кардам…

Як ҳафта дар хона осуда нишаста, аз ташвиши кори ҳаррӯза озод шудам, вале дилкашолӣ ба кори ҳаррӯза, ба хотир овардани чеҳраҳои шиноси ёру дӯстон диламро тазйиқ медод. Хонашинӣ  ба дилам зад. Муовини раиси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Таваккал Зарифов  ёрӣ расонду ман аз моҳи марти соли 2005  ба сифати сардори Раёсати хоҷагӣ – маъмурии Дастгоҳи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор баромадам. Вазири алоқа Саид Зубайдов одами меҳрубон, шахси бомаърифат ва мутахассиси варзидаи соҳаи алоқа ба ҳисоб мерафт. Дар давраи роҳбарии ӯ соҳаи алоқа дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба яке аз соҳаҳои муосиру замонавӣ табдил ёфт.

Афсӯс сохтор нав шуду Вазорати алоқа барҳам хӯрд. Зубайдов низ аз кор рафт. Ман ҳам дар мақомоти нави алоқа монданамро муносиб надонистам, агарчӣ роҳбари нав ба кор даъват кард. Хостам тамоман аз кори давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар канор бошам ва ба навиштани хотираҳоям машғул шавам.

- Мо шуморо дар ҷаласаҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон медидем, ки иштироки фаъолона доштед…

- Бале, баъди як моҳи аз кор рафтанам аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зада гуфтанд, ки фардо дар Маҷмаи давлатии «Кохи Ваҳдат» Анҷумани сеюми Ҳаракати ваҳдати миллӣ  ва эҳёи  Тоҷикистон  баргузор мегардад ва ман ба он ҷо даъватӣ ҳастам. Дар ин анҷуман Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  интихоб шуданд ва ҳангоми танаффус ба ман муроҷиат карданд:

- Хуб дам гирифтед. Ҳоло дар пеш кор зиёд аст. Якҷоя кор мекунем.

Пешниҳоди Ҷаноби Олӣ ба ман рӯҳу неруи тоза бахшид. Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон созмони мардумист. Яке аз ниҳоди фаъол ва босуботи он Шӯрои кӯҳансолон ба ҳисоб меравад, ки он дар мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ кори зиёд ба сомон мерасонад.

Ман ҳамчун муовини Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон роҳнамуни (куратори) Шӯрои кӯҳансолон  будам. Низомномаи корӣ тартиб дода, дар маҷлиси Шӯро маслиҳат кардем, ки ҳар моҳ  маҷлиси якҷоя мегузаронем, яъне бо Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон. Дар маҷлисҳоямон масъалаҳои гуногуни ҳаёт – иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маориф ва ғайра мавриди муҳокима қарор мегирифт.

- Дар раванди кор иштироки аъзои Шӯрои кӯҳансолон чӣ гуна буд, зеро синну соли бештарашон ба ҷойе расидааст…

- Шӯрои кӯҳансолон  аз шахсиятҳои шинохта ва маъруфи  кишвар: Қаҳҳор Маҳкамов, Иззатулло Ҳаёев, Султон Мирзошоев, Акбар Мирзоев, Талбак Назаров, Мирзо  Бобоев, Нодир Одилов – раиси Шӯро, Фозил Тоҳиров, Холмурод Шарифов, Гулафзо Савриддинова, Мукаррама Қосимова, Бозгул Додхудоева, Мӯсо Диноршоев, Мунзифа Ғаффорова, Худоӣ Шарифов, Адолат Раҳмонова, Ҳабибулло  Табаров, Муҳиба Ёқубова, Кароматулло Мирзоев, Ӯрун Кӯҳзод ва дигарон иборат буд. Ман дар муддати кӯтоҳ тавонистам ин шахсони машҳурро ба Шӯрои кӯҳансолон ҷалб намоям, зеро то ба он дам аксарашон аҳён-аҳён ба Шӯрои куҳансолон меомаданд.

- Шӯрои кӯҳансолон ба кӯмаки моддӣ ва техникӣ ниёз дошт?

- Бо кӯмаки собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев соҳиби мошини сабукрави хизматӣ шудем. Роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ раисаш Ҳаким Солиев) ба мо ду адад компютер ва принтер ҳадя намуд. Раёсати ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» (роҳбараш  Тоҷиддин Пиров), Иттифоқи «Тоҷикматлубот» (раисаш Сироҷиддин Валиев) аз ҷиҳати моддӣ кӯмак расониданд.

Дар ин байн фаъолияти ташкилотҳои ибтидоиро дар маҳалҳо санҷидем. Дар баъзе ноҳияҳо аъзои Ҳаракатро аз нав интихоб намудем.

Алҳол дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ин ниҳод шахсони соҳиби обруву эътибори баланд фаъолият  доранд. Онҳо ҳидоятгари роҳи рост ҳастанд ва мардум ҳама вақт  ба гуфтаи онҳо гӯш медиҳанд.

- Фарзандонатон  соҳиби касбу кор шудаанд…

- Шукри Худованд фарзандонам ҳама соҳиби маълумоти олианд, дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд. Нахустфарзандамон — Тоҷинисо дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 90- уми шаҳри Душанбе омӯзгор аст. Сайфулло ду маълумоти олӣ дорад ва алҳол мушовири раиси филиали дар Кӯлоббудаи Бонки миллии Тоҷикистон мебошад. Темурҷон  дастпарвари факултети меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ буда, айни замон сардори бахши лаборатории Агентии «Тоҷикстандарт» мебошад. Рустам факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, ҳоло ба сифати муовини директори Институти лоиҳакашии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Писари хурдиам Баҳромҷон  корманди соҳаи гумруки шаҳри Кӯлоб аст.

Инак, қариб 60 сол  мешавад, ки бо ҳамсарам  Раҷабмоҳ зиндагии аҳлона дорем  ва дар давлати фарзандону наберагон истироҳату фароғат менамоем. Дар вақтҳои фориғ қаламу коғаз ба даст гирифта, китоби хотираҳоямро бо номи «Қиссаҳои зиндагӣ» (Душанбе, «Шарқи озод», 2008) ва «Сайри андеша» (Душанбе, «Шарқи озод», 2013)-ро навиштам.

- Ташаккур барои суҳбат.

 Мусоҳиб Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»