28 марти соли 2014 ҷаласаи Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодов доир ба таҳияи лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки тӯли даҳсолаи охир дар Тоҷикистон дар рушди давлатию сиёсӣ ва иқтисодӣ тағйироти назаррас ба вуҷуд омад. Дар ин давра санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрӣ қабул гардид, ки ба мустаҳкам намудани системаи мафҳумҳо ва институтҳои ба иқтисодиёти бозорӣ нигаронида, эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, рушди соҳибкорӣ равона гардида, ҳавасмандии муайяни доираи васеи сохторҳои молиявӣ ва сармоягузории хориҷиро барои иштирок дар амалисозии лоиҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар Тоҷикистон ба вуҷуд овард.
Ривоҷ ёфтани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва уҳдадориҳои он оид ба муназзам сохтани қонунгузорӣ ва стандартҳо, аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар савдо, вобаста ба ҳамроҳшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, истифодаи усулҳои самараноки идоракунӣ ва расмиётро, аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тақозо дорад.
Мақсади асосии таҳияи лоиҳаи Кодекси экологӣ аз такмили асосҳои ҳуқуқии танзими давлатии ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ дар асоси мувозинати манфиатҳои экологӣ ва иқтисодии ҷомеа ва дар ин замина таъмини амалишавии ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба муҳити зисти солим мебошад.
Вазифаҳои асосии таҳияи Кодекси экологӣ аз ҳамоҳанг сохтани қонунгузории миллӣ бо стандартҳои байналмилалии экологӣ, таҳлили муқоисавии таҷрибаи қонунэҷодкунии чаҳонӣ ва қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибати системавӣ барои танзими муносибат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мутобиқ ба давраи ҳозираи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳлили қонунгузории экологии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шакли маҷмӯи ягона- Кодекси экологӣ ҷамъ овардани он иборат мебошад.
Принсипҳои асосии таҳияи Кодекси экологӣ аз инҳо иборатанд: ихтисор ва сода намудани расмиёти идоракунии ҳифзи муҳити зист; додани қисми расмиёт ба истифодабарандагони табиат бо нигоҳ доштани назорати давлатӣ; муносиб кардани талаботи экологӣ то дараҷаи аз лиҳози иқтисодӣ ва технологӣ мувофиқ; кам намудани дахолати маъмурӣ ба фаъолияти хоҷагидорӣ; додани бартарӣ ба усулҳои танзими иқтисодӣ; мақсаднок истифода бурдани механизми иқтисодии пешгирии ифлосшавии муҳити зист.
Заминаи асосӣ барои таҳияи Кодекси экологӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011 № 1021 «Дар бораи Консепсияи пешгӯии рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки дар он ба мақсади таъмини ҳифзи муҳити зист, инчунин иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ба танзим даровардани муносибат оид ба масъалаҳои иттилоот ва мониторинги экологӣ, экспертизаи экологии ҷамъиятӣ, аудити экологӣ, ҳифзи иқлим, ҷорӣ намудани механизмҳои самараноки ҳавасмандгардонии субъекти фаъолияти соҳибкорӣ ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист пеш омадааст.
Дар чорчӯбаи амалисозии Консепсияи пешгӯии рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» (дар таҳрири нав), Кодекси ҷангал (таҳрири нав), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», «Дар бораи иттилооти экологӣ», «Дар бораи мониторинги экологӣ», «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Дар бораи аудити экологӣ» ва ғайра қабул гардида, ба як қатор қонунҳо тағйиру иловаҳо ворид шудааст.
Лоиҳаи Кодекси экологӣ аз 2 қисм (умумӣ ва махсус), 10 фасл, 33 боб ва 236 модда иборат буда, бо риояи техникаи қонунэҷодкунӣ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», таҳия гардидааст.
Қисми умумии Кодекси экологӣ аз 7 фасл, 21 боб ва 155 модда иборат буда, дар онҳо мафҳумҳои асосӣ ва принсипҳои ҳифзи муҳити зист, танзими давлатии муносибатҳои экологӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, банақшагирии чорабиниҳо оид ба рушди экология дар ҷумҳурӣ муайян карда шудааст.
Дар фаслҳо ва бобҳои алоҳидаи қисми умумӣ меъёрҳо оиди бамеъёрдарории экологӣ, танзими техникӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, экспертизаи экологӣ, аудити экологӣ ва иҷозати экологӣ, механизмҳои танзими иқтисодии ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии табиат, мониторинги экологӣ ва кадастри захираҳои табиӣ, баҳисобгирии истифодабарандагони табиат ва манбаъҳои ифлосшавии муҳити зист, инчунин маърифати экологии аҳолӣ, таҳқиқотҳои илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи табиат оварда шудаанд.
Дар қисми умумӣ инчунин меъёрҳо оид ба танзими иқтисодӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва механизми таъмини кафолати амнияти экологӣ, инчунин ҳавасмандгардонии иқтисодии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият дар соҳаи экология нишон дода шудаанд.
Қисми махсуси Кодекси экологӣ аз 3 фасл, 12 боб ва 81 модда иборат буда, дар онҳо меъёрҳо оид ба талаботи экологӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, аз ҷумла ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва ба истифода додани корхона, иншоот ва дигар объектҳо, инчунин асосҳои ҳуқуқии ҳифзи захираҳои табиӣ, аз ҷумла ҳифзи захираҳои замин ва хок, қаъри замин, об, ҳавои атмосфера, иқлим ва қабати озонии Замин, ҳифзи ҷангал ва дигар олами растанӣ, ҳифзи олами ҳайвонот, объектҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва асосҳои ҳуқуқии таъмини ҳуқуқвайронкунии экологӣ ва муқаррароти хотимавӣ муайян карда шудааст.
Ҳамзамон дар бобҳо ва моддаҳои алоҳидаи Кодекс меъёрҳо дар бораи иҷозатҳои комплексӣ ва таъсири имконпазир ба муҳити зист, расмиёти таҳия ва додани иҷозатҳои комплексӣ ва назорати иҷрои онҳо бори аввал ворид карда шудааст.
Бо дарназардошти рушди муносибатҳои иқтисодӣ ба воситаи такмили институти ҳуқуқи моликият ба захираҳои табиӣ ва васеъ намудани усулҳои гражданӣ-ҳуқуқии танзими муносибатҳои экологӣ, таҳияи Кодекси экологӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ ва мустақилияти қонунгузории экологӣ дар системаи ҳуқуқи кишвар мусоидат менамояд.
Қабули Кодекси экологӣ имкон медиҳад, ки шароити ҳуқуқӣ барои нигоҳдории муҳити зисти мусоид, ҳамчун асоси рушди устувори ҷомеа ва саломатии аҳолӣ, кам кардани таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ба муҳити зист бо роҳи ҳавасмандкунӣ бо усулҳои иқтисодӣ, инчунин кам кардани хароҷоти буҷетӣ барои барҳам додани зарар ва хароҷоти иҷтимоӣ аз оқибатҳои манфии таъсири техногенӣ ба муҳити зист ташкил карда шавад.
Амалӣ намудани ҳавасмандгардонии давлатӣ ба воситаи меъёрҳои Кодекси экологӣ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти экологии тоза ва хизматрасониҳои экологӣ ва аз ин ҳисоб барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд гардидани қисми даромади буҷети ҳама самтҳо, рақобатпазир гардидани маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Лоиҳаи Кодекси экологӣ аз ҷониби аъзои Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони соҳаҳои гуногун таҳия гардидааст.
Бо мақсади ҷалби ҷомеа дар раванди қабули қарор оид ба қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо дастгирии Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи Кодекси экологӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ, ноҳияи Рашт, шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе гузаронида шуд.
Дар муҳокимаҳои ҷамъиятӣ мутахассисони соҳаи экология, олимон, ҳуқуқшиносон, намояндагони ташкилотҳои экологии ҷамъиятӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, идораву корхонаҳо, ки фаъолияташон бевосита ба ҳифзи муҳити зист алоқаманд мебошад ё ба ҳолати он таъсир мерасонад, шаҳрвандон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокимаҳои ҷамъиятии Кодекси экологӣ аз ҷониби иштирокчиёни он таклифу пешниҳод ва тавсияҳо дода шуд, ки онҳо ба лоиҳаи Кодекс ворид гардиданд.
Лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад.
Дар муҳокимаи лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Комиссия фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати такмили он фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ