Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Маҳфузгоҳҳои маводи радиоактивӣ зери назорати доимӣ қарор мегиранд

№150 - 51 (4100 - 01) 14.12.2019

Ёздаҳуми декабри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум ­баргузор гардид.

DSC_0357РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 60 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи Созишномаи ҳошиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба фаъолият дар доираи Ҳисоби барқарорсозии муҳити зист барои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. Дар хусуси Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­рот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (қисми якум)»

7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд»

8. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»

10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»

11. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»

12. Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»

13. Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020.

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Дар бораи Созишномаи ҳошиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба фаъолият дар доираи Ҳисоби барқарорсозии муҳити зист барои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Заробиддин Қудрат дода мешавад.

ФАЙЗУЛЛОЗОДА Заробиддин Қудрат:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо дастгирии Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти солимгардонии партовгоҳҳои радиоактивии ҷумҳурӣ, ки аз истеҳсолоти даврони шӯравӣ мерос мондаанд, дар робита бо вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади тибқи талабот анҷом додани корҳои безараргардонӣ ва муайян намудани дурнамои корҳои солимгардонӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2016 таҳти №505 «Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024» тасдиқ гардида, «Барномаи татбиқи Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2016-2024» ба тасвиб расид, ки тибқи нишондоди нақшаи чорабиниҳои он, корҳои солимгардонии партовгоҳҳои радиоактивии ҷумҳурӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.

Натиҷаи талошҳои чандинсола буд, ки бо дархосту пешниҳоди ҳукумати ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон соли 2013 Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Нақшаи ҷомеаи байналмилалӣ дар бартараф намудани таҳдиди радиатсионӣ дар Осиёи Марказӣ» қабул гардида, ҳамон сол ба Комиссияи Аврупо пешниҳод карда шуд, ки дар самти гирдоварии маблағҳо ва безараргардонии партовгоҳҳои радиоактивии давлатҳои Осиёи Марказӣ лоиҳаҳои заруриро таҳия ва амалӣ намояд.

Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 партовгоҳи аз истеҳсолоти уран меросмонда мавҷуд мебошад, ки ҳаҷми партовҳои радиоактивии дар онҳо маҳфуз 55,0 млн. тоннаро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла:

1. Партовгоҳи «Деҳмой» бо ҳаҷми 36,0 млн. тонна

2. Партовгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳаҷми 400,0 ҳазор тонна

3. Партовгоҳи «Харитаи 1-9» («Карта 1-9») бо ҳаҷми 3,0 млн. тонна

4. Партовгоҳи навбати I-II (Хвостохранилище I-II очереди)-и шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) бо ҳаҷми 1,7 млн. тонна

5. Партовгоҳи навбати III (Хвостохранилище III очереди)-и шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) бо ҳаҷми 1,8 млн. тонна

6. Партовгоҳи навбати IV (Хвостохранилище IV очереди)-и шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) бо ҳаҷми 4,1 млн. тонна

7. Партовгоҳи №3-и шаҳри Истиқлол бо ҳаҷми 1,2 млн. тонна

8. Хоктӯда ё «Отвал»-и фаб­рикаи зуҳуроташ пасти шаҳри Истиқлол бо ҳаҷми 2,0 млн. тонна

9. Партовгоҳи №2-и Адрасмон бо ҳаҷми 4,0 млн. тонна

10. Хоктӯдаи №3-и шаҳри Хуҷанд бо ҳаҷми 350,0 ҳазор тоннаро дар бар мегиранд.

Бо дарназардошти баланд будани сатҳи афканишот дар партовгоҳҳои радиоактивии мавзеъҳои «Деҳмой» ва «Табошар»-и ҷумҳурӣ ва ҳаҷман зиёд будани партовҳо, аввалан ин партовгоҳҳо барои гузаронидани асосноккунӣ ва баҳодиҳӣ ба Комиссияи Аврупо пешниҳод гардида буданд (фони табиӣ, ки бояд аз 20 микрорентген/соат баланд набошад, аксаран дар ин мавзеъҳо баланд буда, дар баъзе ҳолат то ба 1500 микрорентген/соат мерасад).

Ҳамин тариқ, аз тарафи Комиссияи Аврупо барои омӯзиш ва муайян намудани ҳолати партовгоҳҳои радиоактивии мавзеъҳои «Деҳмой» ва «Табошар»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 барои интихоби иҷрокунандагони корҳо озмун эълон гардида, дар он консорсиуми «Wismut»-и Ҷумҳурии Федеролии Олмон ғолиб омад ва аз тарафи он лоиҳаи «Гузаронидани баҳодиҳии маҷмӯии таъсири экологӣ ва асосноккунии техникӣ-иқтисодии идоракунӣ ва барқарорсозии иншооти меросии истеҳсоли уран дар мавзеи «Деҳмой» ва «Табошар»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуд.

Лоиҳаи мазкур охири соли 2017 барои гирифтани иқдоми минбаъда, яъне гирдоварии маблағҳо ба Комиссияи Аврупо пешниҳод гардид. Тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда, ҳаҷми маблағҳои барои партовгоҳҳои радиоактивии мавзеъҳои «Деҳмой» ва «Табошар»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобкардашуда 33,1 млн. евроро ташкил медиҳад, ки аз он барои партовгоҳҳои мавзеи «Деҳмой» 24,5 млн. евро ва барои партовгоҳҳои мавзеи «Табошар» 8,6 млн. евро зарур мебошад.

Дар маҷмӯъ, дар суратҳисоби барқарорсозии муҳити зист барои Осиёи Марказӣ дар Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (ЕБРР) бояд бо дастгирии донорон зиёда аз 100,0 млн. евро гирдоварӣ карда шавад.

Барои гирдоварии маблағҳо бо ташаббуси Комиссияи Аврупо дар Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (ЕБРР) «Фонди барқарорсозии муҳити зист дар Осиёи Марказӣ» таъсис ёфт. Ҳадаф аз он бомуваффақият ва тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои солимгардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран зарардидаи давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Бо мақсади муваффақона амалӣ гардидани лоиҳаҳо Комиссияи Аврупо тасмим гирифтааст, ки то таъсис додани фонд маблағи донорҳоро аз кишварҳои иқтидорманд ҷалб намуда, онро минбаъд барои барқарорсозӣ ва солимгардонии ҳудудҳои муайяни зарардидаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар асоси асосноккунии дақиқи техникию иқтисодӣ равона намояд.

Дар доираи таъсиси фонд аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд «Қоидаи ҳисоб» қабул шуд, ки таркиби идоракунӣ ва тартиби истифодабарии он тибқи талабот ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, амалӣ карда мешавад. Ҳуҷҷати мазкур яке аз асосҳои ҳуқуқӣ барои ба имзо расонидани созишномаи ҳошиявӣ миёни давлатҳое мебошад, ки дар доираи нишондодҳои он фонди мазкур дар ҳудудҳои муайяни онҳо барои солимгардонӣ маблағгузориро анҷом медиҳад.

Тибқи талаботи Қоидаи ҳисоб «Созишномаи ҳошиявии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба фаъолият дар доираи Ҳисоби барқарорсозии муҳити зист барои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, моҳи декаб­ри соли 2017 ба тасвиб расонида шуд. Бо мақсади амалӣ намудани нишондоди созишномаи мазкур, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи ҳошиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба фаъолият дар доираи Ҳисоби барқарорсозии муҳити зист барои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба баррасии шумо — муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Дар амалишавии талаботи созишномаи ҳошиявӣ омилҳои манфӣ дида намешаванд ва оқибатҳои сиёсии он танҳо дар рушди тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Комиссияи Аврупо ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои беҳтар гардонидани муҳити зисти минтақа ва дар маҷмӯъ сайёра, нигаронида шудааст.

Мақсади асосии ба тасвиб расонидани созишномаи мазкур, тибқи талаботи байналмилалӣ, гирд овардани маблағҳо аз кишварҳои иқтидорманд дар ҳисоби махсуси Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва равона сохтани фаъолияти минбаъдаи онҳо, тибқи нишондоди созишнома, ба гирандагони маблағҳо, яъне давлатҳои Осиёи Марказӣ, мебошад.

Баъди тасдиқ гардидани созишномаи ҳошиявии мазкур аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зерин анҷом дода мешаванд:

1. Шартномаи грантӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баста мешавад.

2. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи грант муайян карда мешавад.

3. Барои интихоб намудани иҷрокунандаи корҳои солимгардонӣ озмун (тендер) эълон карда мешавад.

4. Гурӯҳи идоракунии лоиҳаҳо дар назди гирандаи грант таъсис меёбад.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки баҳри тибқи талаботи байналмилалӣ ва муваффақона амалӣ намудани лоиҳаи солимгардонии мавзеъҳои «Деҳмой» ва «Табошар»-и ҷумҳурӣ, ки дар шафати минтақаҳои аҳолинишини кишвар ҷойгир мебошанд, созишномаи ҳошиявии пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Кӣ савол дорад? Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Масъа­лаи мавриди баррасӣ ниҳоят муҳим буда, барои саломатии аҳолии кишвар манфиатовар аст. Саволи ман чунин аст: Таъсири маводи радиоактивии уран то 500 сол боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, аҳолие, ки дар минтақаи радиоактивӣ, аз ҷумла дар Деҳмой ва Табошар зиндагӣ мекунанд, аз таъсири шуоҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешаванд? Ҳамчун меросбари Иттиҳоди Шӯравӣ, Федератсияи Россия чӣ гуна кумак мерасонад?

ФАЙЗУЛЛОЗОДА Заробиддин Қудрат: — Ин мавзӯи воқеан ҳам муҳим буда, ягона партовгоҳе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, дар Табошар воқеъ аст ва ба аҳолии атрофи он зарар намерасонад. Дигар партовгоҳҳое ҳастанд, ки барои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ сохтани онҳо анҷом додани кори зиёд зарур мебошад. Бо тасдиқ ва амалӣ кардани созишномаи мавриди баррасӣ корҳои банақшагирифта анҷом дода, партовгоҳҳо ба талаботи байналмилалӣ мувофиқ гардонида мешаванд.

Дар бахши ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия метавон гуфт, ки он дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад. Мо бо Вазорати иқтисоди Россия дар самти безараргардонии берилий шартнома баста, ҳамкорӣ дорем. Ҳамчунин созишномаи дигар дар ҳаҷми 850 миллион рубли русӣ баста шуда, барои анҷоми корҳои безараргардонӣ дар партовгоҳҳои Деҳмой ва Табошар истифода хоҳад шуд.

РАИС: - Сухан ба вакил Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.

Саидҷаъфар Усмонзода: — Ҳаҷми партовгоҳҳо ҳоло зиёд шуда истодаанд ё дар ҳаҷми пештара боқӣ мондаанд? Бовар дорам, баъди тасдиқи созишнома грант ҷудо карда мешавад. Оё барои амалӣ кардани корҳои пешбинишуда механизми зарурӣ, мутахассисони соҳиби малака мавҷуданд? Онро кадом ташкилот амалӣ менамояд?

Файзуллозода Заробиддин Қудрат: - Масоҳати партовгоҳҳои аз давраи шӯравӣ боқимонда зиёд намешавад, зеро дар ин самт ҳоло фаъолият надорем. Корхонаҳои давлатие, ки ҳоло дар самти мазкур фаъолият доранд, ба корҳои беза­раргардонии партовгоҳҳо машғуланд.

Дар мавриди аз ҷониби кадом ташкилот истифода шудани маб­лағҳои грантӣ мавқеи Вазорати саноат ва технологияҳои нав чунин аст, ки ба ин кор бояд ташкилоти давлатӣ машғул шавад. Ман дар назар дорам корхонаи «Фулузоти нодири Тоҷикистон»- ро ки дар шаҳри Бӯстон ҷойгир аст. Он маълумоти мавҷударо роҷеъ ба масъалаҳои партовгоҳҳо дар ихтиёр дорад. Дар корхона мутахассисон фаъолият менамоянд. Мониторинге, ки онҳо дар самти мазкур мегузаронанд, маълумоти лозимиро дар бораи партовгоҳҳои радиоактивӣ ҷамъ овардааст. Онҳо моҳияти муносибат ба партовгоҳҳоро хуб дарк менамоянд.

Бинобар ин, мо хоҳишманди онем, ки татбиқи лоиҳа ба зиммаи ин корхона гузошта шавад.

РАИС: - Боз кӣ савол дорад? Кӣ сухан гуфтан мехоҳад?

Сухан ба вакил Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ: - Қабл аз ҳама миннатдории худ ва сокинону интихобкунандагони ҳавзаи интихоботиро барои пешниҳоди созишномаи мазкур иброз менамоям. Мо интизори ин созишнома будем. Зеро безараргардонӣ ва ҳифзи муҳити зисти мавзеъҳои аҳолинишин аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими минтақа ба ҳисоб меравад.

Корхонаи «Фулузоти нодири Тоҷикистон», ки партовгоҳҳо ба он мансубанд, солҳои охир барои безараргардонии партовгоҳҳо ба қадри имкон маблағ хароҷот менамояд. Тасдиқи созишномаи мазкур бошад, барои андешидани чораю тадбирҳои безараргардонии партовгоҳҳо ­шароит фароҳам меорад. Хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Исмоилзода Зуфар Муртазохон дода мешавад.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи ҳошиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба фаъолият дар доираи Ҳисоби барқарорсозии муҳити зист барои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 январи соли 2017 дар шаҳри Лондон ба имзо расида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки дар доираи амалисозии лоиҳаҳои безараргардонии партовгоҳҳои аз истеҳсолоти урани аз даврони шӯравӣ боқимонда ва ҳудудҳои аз он зарардида, бо ташаббуси Комиссияи Аврупо дар Бонки аврупоии таҷдид ва рушд «Фонди барқарорсозии муҳити зист дар Осиёи Марказӣ» таъсис шуд. Ҳадаф аз таъсиси он бомуваффақият ва тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои солимгардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран зарардидаи давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Бо дарназардошти муваффақона амалӣ шудани лоиҳаҳо, Комиссияи Аврупо тасмим гирифт бо таъсиси фонд маблағҳои донорҳоро аз кишварҳои иқтидорманд ҷалб намуда, минбаъд барои бо талаботи зарурӣ анҷом додани корҳои безараргардонӣ дар ҳудудҳои муайяни зарардидаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар асоси асосноккунии дақиқи техникию иқтисодӣ маблағҳоро равона созад.

Бояд иброз намуд, ки амалишавии ибтикори пешгирифта яке аз беҳтарин амалҳо барои безараргардонии партовгоҳҳои радиоактивӣ ва дар ин асос беҳтар намудани вазъи муҳити зист ва муҳимтар аз ҳама, ҳифзи саломатии мардум дар минтақаҳои алоҳидаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаи мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 5 декабри соли 2019 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамояд, ки Созишномаи ҳошиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба фаъолият дар доираи Ҳисоби барқарорсозии муҳити зист барои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи ҳошиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба фаъолият дар доираи Ҳисоби барқарорсозии муҳити зист барои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид­зода Зоҳир Озод дода мешавад.

 САИДЗОДА Зоҳир Озод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Қайд кардан бамаврид аст, ки роҳандозии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар фазои мутақобилан судманд ҷараён гирифта, ҷавобгӯи манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад. Тоҷикистону Беларус дар бисёр масъалаҳои муҳими байналмилалию минтақавӣ мавқеи яксон дошта, ҷонибдори ҳамгироии бештару фарогир мебошанд.

Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус 28 июни соли 2019 ба имзо расида, татбиқи муқаррароти он робитаҳои ду кишвари дӯстро ба сатҳи сифатан нави ҳамкории дарозмуддат мебарорад.

Шартномаи мазкур аз 15 модда иборат буда, муқаррароти моддаҳои он ба тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои зерини калидӣ нигаронида шудаанд:

- таъмин ва таҳкими амнияти миллӣ ва минтақавӣ, сулҳу субот;

- мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нави амниятӣ;

- рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ, ҳарбӣ — техникӣ;

- рушди муштарак ва истифодаи инфрасохтори нақлиётии миллӣ ва байналмилалӣ;

- тавсеа ва таъмиқи ҳамкориҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ, илмӣ — техникӣ;

- ҳамкорӣ байни шохаҳои ҳокимияти қонунгузор ва иҷроияи Тарафҳои аҳдкунандаи олимақом;

- рушди ҳамкориҳо дар соҳаи гуманитарӣ;

- ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ.

Қисми хотимавии шартнома масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо, тартиби эътибор пайдо намудан ва қатъ гардидани онро ба танзим медарорад.

Бо дарназардошти ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъа­ла ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода дода мешавад.

Олим САЛИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус 28 июни соли 2019 дар шаҳри Минск ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2019 таҳти № 2469 шартнома барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Шартномаро дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул намояндагони кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 4 декабри соли 2019 якдилона ҷонибдорӣ карданд.

Мундариҷаи шартнома серпаҳлу буда, соҳаҳои гуногуни самтҳои ҳамкории Тоҷикистону Беларусро дар бар мегирад. Асоси ҳуқуқии онро Аҳднома оид ба дӯстии абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус (аз 5 апрели соли 2001) ташкил медиҳад.

Мақсади аввалиндараҷаи шартнома ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои дуҷонибаи ҷавобгӯ ба иқтидор ва талаботи воқеии рушди феълии Тоҷикистону Беларус буда, ҳамчун заминаи муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ба рушду тавсеаи ҳамкории минбаъда дар ҳама самт мусоидат менамояд.

Шартнома ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошад. Пешниҳод менамоям, ки барои тасдиқи он, ки саҳифаи наве дар муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои Тоҷикис­тону Беларус ба ҳисоб меравад, овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус» ба овоз монда шуда, қарор гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири ­молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ дода мешавад.

ҲАЛИМЗОД Абдураҳмон Достӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ҷиҳати иҷрои супоришҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати молия таҳия гардидааст. Бинобар ин, мақсади таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур мусоидат ба татбиқи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020», таъмини амнияти озуқавории кишвар, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ки ба васеъ гардидани манбаъҳои андозбандӣ ва воридшавии маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ нигаронида шудааст, иборат мебошад.

Бо дарназардошти ин, тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, ба ширкатҳои дар ин самт фаъолияткунанда, яъне Ширкати муштараки Тоҷикистон — Хитой «Чжунтай Хатлон Син Силу» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии «Водии Заррин» барои воридоти молу таҷҳизоти ёрирасон, аз қабили пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обёрӣ, таҷҳизоти зеристгоҳи барқӣ, қисмҳои эҳтиётии онҳо ва қубурҳои баландфишори пластикӣ, ки ҳангоми ба гардиши кишоварзӣ дохил намудани заминҳои бекорхобида мусоидат менамоянд, имтиёзҳо дар шакли озодкунӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пешбинӣ шудааст.

Қаблан ба ширкатҳои мазкур бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешбинӣ гардида буд.

Бинобар сабаби дар охири соли молиявӣ ба имзо расидани санадҳои зерқонунӣ вобаста ба тасдиқи Номгӯйи молҳои воридшаванда (қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 таҳти № 803, № 804) ва маҳдуд будани вақт молу таҷҳизоти ёрирасон пурра ворид нагардида, онҳо бо дарназардошти уҳдадориҳои иловагии ширкатҳои мазкур вобаста ба гардиши кишоварзӣ (дохил намудани масоҳати заминҳои бекорхобида воқеан солҳои 2016, 2017 ва 2018) ворид карда шуда, то ҳол дар ҳолати нигоҳдории низоми гумрукӣ қарор дорад.

Бояд қайд намуд, ки дар баробари барқарорсозии заминҳои бекорхобидаи минтақаи Қародуми ноҳияи Ҷайҳун ва минтақаҳои дигари вилояти Хатлон, аз ҷониби ширкатҳои мазкур корхонаҳои саноатии коркарди пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки ба рушди истеҳсол, коркард ва таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат менамоянд.

Аз шумо, муҳтарам вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба муовини вазири молия савол доред? Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим Ғаффоров: - Ин оё ҳамон 15 ҳазор гектар замине аст, ки ба муддати 49 сол барои истифода ба Ҷумҳурии Халқии Хитой дода будем?

РАИС: - Кӣ ба ин масъала равшанӣ меандозад? Дар толор намояндаи Ширкати муштараки Тоҷикис­тону Хитой «Чжунтай Хатлон Син Силу» Муҳриддин Шералиев ҳузур дорад. Марҳамат, сухан ба шумо, муҳтарам Шералиев.

Муҳриддин ШЕРАЛИЕВ: - Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ! Мувофиқи созишнома, дар назар аст, ки мо ба ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой 15 ҳазор гектар замин ҷудо мекунем, то ин ки дар онҳо барои пешбурди соҳаи кишоварзӣ фаъолият анҷом диҳанд. Бо сабаби он ки ҳоло дар ноҳияи Данғара маҷмааи бузурги нассоҷӣ бунёд карда истодаем ва маблағгузорӣ ба он зиёд шуд, қисме аз он заминҳоро мо ба ноҳияҳо баргардонидем.

Масъала, мавзӯи муҳим мебошад. Ҳамаи вакилони Маҷлиси намояндагон аз вилояти Хатлон медонанд, ки дар минтақаи Ғараутии ноҳияи Дӯстӣ солҳои пеш шароити ниҳоят ногувор ҳукмрон буд. Пойгоҳҳои обкашӣ, ки солҳои 60 — уми садаи гузашта бунёд шуда буданд, тамоман фартут ва аз кор баромадаанд. Ширкате, ки мо даъват кардем, ба уҳда гирифт, ки пойгоҳҳои обкаширо ба тартиб меорад, насосҳо насб намуда, онҳоро ба истифода медиҳад. Бинобар ин, дар солҳои аввал маблағгузорӣ барои ин корҳо зиёд шуд. Ҳоло дар як қисми заминҳое, ки ба парвариши пахта ихтисос дода шудааст, ширкат ба ҷамъ овардани ҳосилнокии баланд (ҳатто дар баъзе қитъаҳо ба 67,6 сентер аз ҳар як гектар) ноил гардид. Дар умум, дар минтақаи Ғараутӣ имсол ширкати муштарак ба ҳисоби миёна 34 сентнер аз ҳар як гектар пахта ҷамъ овард. Дар ноҳияи Данғара ҳосилнокӣ 27 сентнерро ташкил намуд. Ҳамин тариқ, бо фароҳам овардани шароит ширкати муштарак ба афзун намудани ҳосилнокии майдонҳои пахта ноил шуда истодааст.

РАИС: - Ҳадафи асосии созишнома чӣ аст? Мо маҳсулоти истеҳсолшударо пурра ба ҷониби Хитой медиҳем? Барои мо чӣ мемонад?

Муҳриддин Шералиев: - Сабаби асосии ҷалби маблағҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, пеш аз ҳама, дар он аст, ки мо ҳоло имкони андешидани тадбирҳои лозимаро барои афзун намудани ҳосилнокии пахтазор надорем. Барои мисол, ҳоло дар минтақаи Ғараутӣ 32 насоси обкашӣ васлу ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, 8 адади он дар ноҳияи Қубодиён насб гардид. Ҳоло боз панҷ насоси дигарро харида оварда, насб карданианд.

Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрату тавони харидории ҳатто як адад чунин насосро надорад. Мақсади асосии мо омӯхтан ва баҳра бурдан аст.

Ҳамчунин, таҷрибаи дигарро ширкати муштарак ҷорӣ намуд. Он бо хоҷагиҳои деҳқоние, ки маблағи кофӣ надоранд, шартнома баста, дар заминҳои онҳо пахта кишт намуда, барои чорабиниҳои агротехникӣ маблағ ҷудо кард. Дар ҷавоби ин хоҷагиҳои деҳқонӣ вазифадор шуданд, ки ҳосили ҷамъовардаашонро ба ин ширкат фурӯшанд.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

 Ҷобирзода Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади таҳияи он мусоидат ба татбиқи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020» ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ дохил намудани заминҳои бекорхобида, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан истеҳсоли пахта барои корхонаҳои саноатии коркарди пахта ва маҳсулоти саноатии он, таъмини амнияти озуқавории кишвар, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ки ба васеъ гардидани манбаъҳои андозбандӣ ва воридшавии маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ нигаронида шудааст, иборат мебошад.

Қабули қонуни мазкур барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот дар ҷумҳурӣ ва бо об таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон мусоидат менамояд.

Бо дарназардошти ин, тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба ширкатҳои дар ин самт фаъолияткунанда – Ширкати муштараки Тоҷикистону Хитой «Чжунтай Хатлон Син Силу» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии «Водии Заррин» барои воридоти молу таҷҳизоти ёрирасон имтиёзҳо барои озодкунӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пешбинӣ шудааст.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод шудааст, ки ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» «Имтиёзҳои андозӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида барои соли 2019» илова ворид мешавад. Аз ҷумла, қисми 16 бо мазмуни зерин илова мегардад:

«16. Дар соли 2019 воридоти пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обёрӣ, таҷҳизоти зеристгоҳи барқӣ, қисмҳои эҳтиётии онҳо ва қубурҳои баландфишори пластикии аз ҷониби ширкати муштараки Тоҷикистону Хитой «Чжунтай Хатлон Син Силу» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳоди аграрии «Водии Заррин», ки номгӯйи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад». Аз ҷониби ширкатҳои мазкур марҳилаи аввали азхудкунии заминҳои бекорхобида дар масоҳати 4835 га ба анҷом расонида шуда, марҳилаи дуюми азхудкунии заминҳо дар масоҳати 3084 га оғоз гардида, марҳилаи сеюм барои солҳои 2020 — 2021 дар масоҳати 4040 га барқарорсозии заминҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар маҷмӯъ, қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои дастгирии соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, ба рушди истеҳсол ва коркарди пахта бо таҷҳизоти муосири замонавӣ таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзии ширкатҳои мазкур равона мегардад.

Дар хулосаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни зикргардида ҷонибдорӣ шуд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

 Абдуҳалим ҒАФФОРОВ:

- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ!

Фирдавсии бузург фармудааст:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Масъалаи баррасишаванда хеле муҳим аст. Чунки чаро солҳои шӯравӣ аз як гектар то 65 сентнер пахта ҷамъоварӣ кардан мумкин буду ҳоло не?

Ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 170 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд буда, аксари мутлақи онҳо ҳатто як трактор надоранд. Ҳол он ки соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон колхозу совхозҳо 37143 автомашинаи боркаш доштанд. Шумораи мошинҳои пахтачин ҳоло 67 ададро ташкил менамояд. Вақте ки заминаи моддӣ-техникӣ вуҷуд надорад, имкон намеёбем, ки заминро ғамхорона нигоҳубин карда, аз он ҳосили дилхоҳ рӯёнем.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 декабри соли 2018), аз ҷумла, омадааст, ки заминҳо бояд коркард ва заминҳои нав мавриди истифода қарор дода шаванд.

Соли 2015 беш аз 46 ҳазор гектар замини обӣ аз коркард берун монд. Барои пурра коркард намудани замин техникаю таҷҳизоти зарурӣ лозим аст ва ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ин самт бояд чора андешанд. Аз ин рӯ, пешниҳод менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба вакил Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад.

Мирзоанвар АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ!

Ҳосилнокии заминро танҳо 1 августи соли оянда муайян кардан мумкин аст, зеро то ин муддат ҳосили ҷамъоварда ба корхонаҳои коркард дохил шуда, ба нах табдил меёбад. Ҳаҷми нахи омодашуда баёнгари он хоҳад буд, ки дар ҷумҳурӣ чӣ қадар пахта ҷамъоварӣ гардида, аз ҷумлаи он чӣ қадар содирот ва чӣ андозаи дигар дар дохили ҷумҳурӣ коркард шудааст.

РАИС: — Сухан ба вакил Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, мехоҳам ба як чиз равшанӣ андозем. Дар қитъаи заминҳое, ки ҳоло ширкати муштарак аз онҳо 67 сентнерӣ аз ҳар гектар ҳосил рӯёнидааст, чӣ гуна нурӣ ва доруҳо истифода шуда истодаанд? Магар баъди гузашти солҳо он дигарбора ба биёбон табдил намеёбад?

РАИС: — Ин аз ҷумлаи салоҳиятҳои Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аст. Марҳамат, шурӯъ аз мавсими кишт то ҷамъоварии ҳосил метавонад назорати ин ҳамаро роҳандозӣ кунад ва хулосаашро пешниҳод намояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии  масъала  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло дода мешавад.

 МАШРАБЗОДА Ҳамидулло Маҳмадулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва  маб­лағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, тибқи тартиби муқарраргардида, аз 5 то 15 марти соли 2018 дар раванди баҳогузории самаранокии низоми миллии кишвар дар самти зикршуда аз тарафи коршиносони байналмилалӣ қарор дошт.

Зимни баҳогузорӣ коршиносон баъзе аз номутобиқатии қонунгузории кишварро бо талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) ошкор намуданд. Аз ҷумла, баъзе номутобиқатӣ ба ниҳоят паст будани ҷаримаҳои пешбинишудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мебошад. Аз тарафи коршиносон қайд гардид, ки паст будани ҷаримаҳо таъсири манфиро ба баланд будани масъулиятнокии субъектони ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мерасонад. Бинобар ин, бо мақсади ҷавобгӯ будан ба талаботи байналмилалӣ ва рафъи номутобиқатии ошкоршуда, лоиҳаи қонуни мазкур, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, таҳия гардида, зинаҳои мувофиқакунониро тибқи тартиби муқарраршуда тай намуд.

Дар лоиҳаи зикршуда ворид намудани чунин тағйиру иловаҳо пешниҳод шудааст. Аз ҷумла:

Дар санксияи моддаи 5271 маблағи ҷарима ба шахсони мансабдор аз 100 то 200 (пештар аз 50 то 100), ба соҳибкорони инфиродӣ аз 300 то 500 (пештар аз 100 то 200) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 1000 то 2000 (пештар аз 300 то 500) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баланд бардошта шудааст.

Ҳамчунин, дар санксияи қисми 4 моддаи 578 маблағи ҷарима ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои эъломия накардан ё нодуруст эъломия кардани интиқоли асъори хориҷӣ, асъори миллӣ ё воситаҳои гардони манзуршавандаи аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда пешбинӣ шудааст.

Инчунин, ҷаримаҳо нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ дар санксияи моддаҳои 4744, 476, 478, 566 ва 6031-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси камбудиҳое, ки нисбат ба тавсияҳои 8 ва 24 ФАТФ ошкор гардидаанд, баланд бардош­та шудаанд.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба тақвияти низоми миллӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мусоидат менамояд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2019 таҳти № 2464 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонугузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз субъектони фаъол дар муқовимат бо экстремизм, терроризм, паҳнкунии силоҳи қатли ом ва намудҳои дигари ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, маблағгузории онҳо ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда мебошад.

Дар робита ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 муассис ва аъзои Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (минбаъд — ГАО) мебошад. Ва фаъолияти гурӯҳи (ташкилоти) мазкур ҳамчун мақомоти минтақавӣ чун Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) аз ҳамоҳангсозии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар минтақа иборат аст.

Лоиҳаи қонуни мазкур, дар мувофиқа бо талаботи Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ, ҷиҳати мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи тавсияҳои ФАТФ ва рафъи камбудиҳое, ки дар Ҳисоботи баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносон – баҳогузорони Гурӯҳи АвруОсиё (ГАО) ошкор шудаанд, омода ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, татбиқи он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» овоз диҳед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуквайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло дода мешавад.

МАШРАБЗОДА Ҳамидулло Маҳмадулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ – тавсияҳои ФАТФ ва рафъи камбудиҳое, ки дар Ҳисоботи баҳодии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносон – баҳогузорони Гурӯҳи АвруОсиё ошкор шудаанд, таҳия гардидааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, ба қисми 4 моддаи 578 тағйиру илова ворид шудааст, ки он барои эъломия накардан ё нодуруст эъломия кардани интиқоли асъори хориҷӣ, асъори миллӣ ё воситаҳои гардони манзуршавандаи аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ мегардад.

Қайд кардан зарур аст, ки тибқи қисми 1 моддаи 45 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусодираи ашёе, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, аз ҷониби суд таъин карда мешавад. Бинобар ин, дар қисми 1 моддаи 93 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд баррасии қисми 4 моддаи 578 ба салоҳияти суд гузошта мешавад.

Қабул ва татбиқи қонуни мазкур маблағгузории иловагиро аз буҷети  давлатӣ талаб наменамояд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Содиқова Насиба Нуруллоевна дода мешавад.

Насиба СОДИҚОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба назар гирифтани талаботи тавсияи 32 Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) ба қисми 4 моддаи 578 тағйирот пешниҳод шуда, минбаъд барои эъломия накардан ё нодуруст эъломия кардани интиқоли пули миллӣ, асъори хориҷӣ ё воситаҳои гардони манзуршавандаи аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия гардидааст.

Онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мақомоти дахлдор ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло дода мешавад.

МАШРАБЗОДА Ҳамидулло Маҳмадулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қисми якум) дар робита ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека», инчунин, бо дарназардошти ҳадафҳои ислоҳоти гарави молу мулки манқул, ки аввали ҳамин сол қувваи ҳуқуқӣ гирифт, таҳия ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст. Ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур мукаммалгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати беҳтар намудани фазои муносибатҳои пулию молии байни субъектон, дастгирӣ ва мусоидат ба фаъолияти сармоягузорию қарздиҳӣ, баланд бардоштани масъулияти қарзгирон ва дар ин замина таъмини суботи низоми бонкии кишвар мебошад.

Бояд қайд кард, ки мушкилӣ ва монеаҳои дар қонунгузории ипотека ҷойдошта моҳият ва таъиноти ин тарзи таъмини иҷрои уҳдадории пулиро заиф гардонида, садди роҳи рушди фаъолияти бонкӣ ва муносибатҳои қарзӣ шудаанд. Дар чунин ҳолат ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба суиистифодаи қарздор дучор гардида, имконияти онҳо барои аз ҳисоби гарави амволи ғайриманқул рӯёнидани маблағи қарзӣ басо мураккаб ва мушкил гардидааст. Зеро меъёрҳои қонуни амалкунандаи ипотека яктарафа ва беасос ба манфиатҳои қарздор – гаравдеҳ бартарият медиҳанд. Бинобар ин, баҳси байни қарздеҳ — гаравгир ва қарздор — гаравдеҳ беасос ва бе зарурият тӯл кашида, ба истеҳсолоти иҷрои маҷбурӣ бо қонуни ипотека монеаҳои сунъӣ эҷод шуда, масъалаи рӯёнидан то охир ҳалли худро намеёбад.

Бо дарназардошти мушкилиҳои ҷойдошта, лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда, аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ бо мақсади ислоҳоти гарави молу мулки ғайриманқул омода гардида, амалӣ гардидани банди 10.4 Нақшаи чорабиниҳо  оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ барои солҳои 2019- 2022- ро бо дарназардошти муроҷиат ва таклифҳои Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон таъмин менамояд.

Ба лоиҳаи қонуни мазкур тағйиру иловаҳои зерин ворид карда мешаванд:

1. Заминаи ҳуқуқии ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба молу мулке, ки аз ҳисоби он бо созиш ё маҷбурӣ рӯёниш анҷом дода мешавад, дар Кодекси гражданӣ, ки қонуни умумӣ мебошад, мушаххас ишора карда мешавад. Дар натиҷа, муқаррароти қонунҳои махсус, аз ҷумла қонуни ипотека, оид ба гузариши ҳуқуқи моликият ба ғолиби савдо ё гаравгир дар Кодекси гражданӣ ифодаи умумии худро ёфта, заминаи ҳуқуқии чунин рӯёниш мукаммал таъмин карда мешавад. Дар робита ба ин, ба қисми 2 моддаи 242 Кодекси гражданӣ сархати нав илова карда шуд.

2. Мазмуни муқаррароти қисми 2 моддаи 377 Кодекси гражданӣ мушаххас карда, андозаи ниҳоии хатогии қарздор, ки ҳангоми рӯёниш ночиз ва номутаносиб дониста мешавад, бо дарназардошти омӯзиши қонунгузорӣ ва таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, дар мувофиқа бо мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дақиқ карда шуд. Тағйиру иловаи мазкур баҳсҳоеро, ки дар заминаи гуногунфаҳмӣ ва шарҳи субъективии қисми 2 моддаи 377 Кодекси гражданӣ ба миён омада метавонанд, аз байн мебарад. Дар лоиҳа на зиёда аз 10 фоиз муқаррар ва пешниҳод шудани меъёр, ҳамчун андозаи баланди маъмул, ба манфиати гаравдеҳон муқаррар карда мешавад.

Аз шумо, муҳтарам вакилон, хоҳишмандем лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Содиқова Насиба Нуруллоевна дода мешавад.

 Насиба СОДИҚОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ! 

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти муроҷиат ва таклифҳои Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ҷиҳати такмили низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини суботи низоми бонкӣ, мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии гарави молу мулк, хусусан ҳуқуқи истифодабарии замин,  таҳия гардидааст. Меъёри пешниҳодшуда барои баргардонидани қарзҳои батаъхирафтодаи ташкилотҳои қарзӣ ва бартараф намудани монеаҳои сунъии ба гаравгир гузаштани молу мулки ба гарав гузошташуда, дар сурати баргузор нашудани савдои оммавӣ, мусоидат хоҳад кард.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи қонуни мазкурро дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мақомоти дахлдор ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳодоти худро ба мақомоти дахлдор иброз намуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи баррасишавандаро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, бо мақсади такмили он ду таклиф ҷиҳати фаҳмо ва равон будани сабку усул пешниҳод гардида, бо розигии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қисми якум) ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» овоз диҳед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум) ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд», оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Икром Ислом дода мешавад.

УМАРЗОДА Икром Ислом:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд», бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 11 августи соли 2014, № 10562 (31-3) дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ иборат аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдор бо истифода аз таҷрибаи дигар давлатҳо таҳия шудааст.

Мақсади қабули он гузаронидани иқдоми якдафъаина оид ба авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва мусоидат намудан ба пешгирии бешаҳрвандӣ мебошад.

Қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷие, ки таҳти амали қонуни мазкур қарор мегиранд, бо роҳи бақайдгирии онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои истиқомати доимӣ мондан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба онҳо додани гувоҳномаи иқомат амалӣ карда мешавад.  Мувофиқи маълумоти мавҷуда, аз охири соли 2014 то 31 марти соли 2016 танҳо дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Истаравшан, Шаҳритуз, Қубодиён, Шаҳристон, Ғончӣ ва Шаҳринави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20360 шахси бешаҳрванд ба қайд гирифта шудаанд, ки аксарияти онҳо шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буда, шаҳрвандиашон номуайян аст.

Мушкилоти вобаста ба мавҷуд набудани шиносномаҳои амалкунанда бештар ба занҳо ва кӯдакони деҳот таъсири манфӣ мерасонад, зеро 65 фоизи шахсонеро, ки шаҳрвандӣ надоранд, занҳо ташкил медиҳанд.

Тибқи лоиҳа, шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷии давлатҳои қаблан дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ қарордошта аз ҷавобгарии маъмурии пешбининамудаи моддаҳои 497, қисми 2 моддаи 498, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 499 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷавобгарии ҷиноятии пешбининамудаи қисми 1 моддаи 335 ва моддаи 336 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд.

Шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии маъмурии пешбининамудаи моддаи 470 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонуни мазкур мақоми ҳуқуқии худро қонунӣ гардонидаанд, озод карда мешаванд.

Нисбат ба лоиҳаи қонуни мазкур экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаронида шуда, муайян гардидааст, ки дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия мавҷуд нестанд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мухолифат надорад ва амалӣ гаштани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро  талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

 САФАРЗОДА  Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд», бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии аз ҷониби давлат гузаронидани иқдоми якдаъфаина оид ба авфро вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, озод намудани онҳо аз ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои алоҳида, ки бо вуруд ва иқомати онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд буда, аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, муайян месозад.

Мақсади лоиҳаи қонуни мазкур  қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва мусоидат намудан ба пешгирии бешаҳрвандӣ мебошад.

Мутобиқи моддаи 1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон — шахсе, ки дар рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад, мебошад.

Мутаассифона, «бешаҳрвандӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷа ва оқибатҳои ногувори барҳамхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, муҳоҷират, надоштани қобилияти қабул намудани шаҳрвандии давлатҳои нави соҳибистиқлол аз ҷониби собиқ шаҳрвандони шӯравӣ, ақдҳои никоҳи омехта, камбудиҳо дар қонунгузории миллӣ, инчунин, монеаҳои низомӣ ва маъмурие мебошад, ки барои қабул ё тасдиқ намудани шаҳрвандӣ халал медиҳанд.

Мувофиқи маълумоти аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ва созмонҳои байналмилалӣ даст­расшуда, дар кишвар шумораи зиёди шахсони бешаҳрванд ба қайд гирифта шудаанд, ки аксарияти онҳо шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буда, шаҳрвандиашон номуайян аст.

Ҳангоми бақайдгирӣ сатҳи пасти раванди огоҳшавии аҳолии минтақа мушоҳида гардида, муайян шудааст, ки аксарият бо тартиби гирифтани шиноснома ё шаҳодатнома барои таваллуди кӯдакон шинос нестанд. Баъзеҳо дорои шиносномаи шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ буда, эътибори онро то ҳол амалкунанда меҳисобанд. Мушкилиҳо вобаста ба мавҷуд набудани ҳуҷҷати амалкунанда бештар ба манфиати занҳо ва кӯдакони деҳот таъсир мерасонанд, зеро 65 фоизи шахсонеро, ки ба қайд гирифта шудаанд, занҳо ташкил медиҳанд, ки шаҳрвандӣ надоранд.

Ҳолати зиёдро вохӯрдан мумкин аст, ки шахси шаҳрвандиаш номуайян ҳангоми гирифтани шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдакон, бинобар набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти онҳо, ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад. Далели мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳолати наандешидани тадбирҳои қатъӣ, муаммоҳои бешаҳрвандӣ ба наслҳои навбатӣ таъсир расонида, душвориҳо бемайлон инкишоф хоҳанд ёфт. Илова бар ин, сари вақт ба қайд нагирифтани таваллуди кӯдак аз ҷониби волидайн дар муддати муқарраргардида боиси ҷарима ва хароҷоти иловагии молиявӣ гардида, сабаби афзудани бешаҳрвандии кӯдакон мешавад.

Ашхосе, ки шаҳрвандии худро исбот карда натавонанд, берун аз ҷамъият монда, байни ҳама табақаи камбизоат ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ заифу истисноӣ қарор мегиранд. Онҳо бо монеаҳои ҷиддӣ барои дастрасӣ ба ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон – ҳуқуқҳои сиёсӣ, ишғол намудани мансаби давлатӣ, имконияти гирифтани шиноснома ва сафар намудан, ҷустуҷӯи кор ё дастрасӣ ба таълим, ҳимояи иҷтимоӣ, тандурустӣ, адолати судӣ, бақайдгирии издивоҷ ё таваллуди кӯдак, кушодани ҳисобҳои бонкӣ ва дороии молумулкӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Тибқи лоиҳа, шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷии давлатҳои қаблан дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ қарордошта аз ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ вобаста ба вайрон кардани тартиби иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, убури сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии маъмурӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳое, ки ба тартиби муқарраршудаи иқомати шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷӣ алоқаманд мебошанд, озод карда мешаванд.

Мувофиқи қонунгузории амалкунанда, шахсони мазкурро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан манъ аст. Ҳамчунин, бо сабаби будубоши ғайриқонунӣ ба баъзе аз онҳо додани ҳуҷҷатҳои дахлдор ғайриимкон мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд», бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати такмил ёфтани лоиҳаи қонуни мазкур 44 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 23 – тоаш пазируфта, ба лоиҳа ворид карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» иқдоми навбатии инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон буда, барои ба ҳаёти муътадилу комили шаҳрвандӣ баргаштан ва барасмиятдарории мақоми ҳуқуқии онҳо равона шудааст. Баъд аз қабули қонуни мазкур онҳо метавонанд ба муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқ ворид шуда, барои таъмини шароити арзандаи ҳаёт ва инкишофи озодонаи худ ва фарзандонашон аз кафолатҳои давлатӣ истифода намоянд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан оид ба ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир дода мешавад.

МАҶИДЗОДА Ҷурахон Зоир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» шаҳодати сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат бар асоси аҳдномаҳои байналмилалӣ мебошад.

Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонуни номбурда аз моддаҳои 16 ва 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки дар қисми 2-юми моддаи 16 омадааст: «Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд». Бинобар ин, қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва мусоидат намудан ба танзимдарории пешгирии бешаҳрвандӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки дар баробари соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ҳатто деҳаҳое ҳастанд, ки пурра ба ин муаммо гирифтор шудаанд.

Мувофиқи қонунгузории амалкунанда, шахсони мазкурро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан манъ аст. Ҳамчунин, бо сабаби будубоши ғайриқонунӣ ба баъзеи онҳо додани ҳуҷҷатҳои дахлдор ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, қонунигардонии ҳуқуқӣ вобаста ба авфи онҳо зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.

Зимнан, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқу озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрвандони Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Тибқи лоиҳа, шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷии давлатҳои қаблан дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ қарордошта аз ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ вобаста ба вайрон кардани тартиби иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, убури сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии маъмурӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳое, ки бо тартиби муқарраршудаи иқомати шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷӣ алоқаманд мебошанд, озод карда мешаванд.

Бинобар ин, аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор доранд», мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон, модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда шуда, пас аз он яклухт қабул карда шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Икром Ислом дода мешавад.

УМАРЗОДА Икром Ислом:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми  огоҳонӣ  ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст. Он ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23 апрели соли 2014 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ доир ба масъалаҳои пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо аз тарафи ҷавонону наврасон баён гардидаанд, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар доираи Гурӯҳи кории байниидоравӣ бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ аз ҳисоби намояндагони Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон, кор бо занон ва оила, оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва такмил дода шудааст.

Лоиҳаи қонун аз 4 боб ва 29 модда иборат буда, он бо мақсади муайян намудани низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, инчунин, муқаррар кардани ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар ин самт таҳия шудааст.

Боби якум «Муқаррароти умумӣ» ном дошта, дар он мафҳумҳои асосии дар қонун нишондода, қонунгузории ҷумҳурӣ дар ин самт, принсипҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ҷой дода шудааст. Боби дуюм ба субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ваколатҳои онҳо бахшида шудааст. Боби сеюм – «Пешгирии умумӣ ва инфиродӣ» ба масъалаҳои пешгирии умумӣ, инфиродӣ, асосҳои гузаронидани корҳои инфиродии пешгирӣ нисбат ба ноболиғон ва чораҳои инфиродии огоҳонӣ дахл карда, дар боби чорум — «Муқаррароти хотимавӣ» ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ шудааст.

Дар лоиҳаи қонун мафҳумҳои «низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», «субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», «кирдорҳои зиддиҷамъиятии ноболиғон» ва ғайра  оварда шудаанд.

Ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун таҷрибаи давлатҳои дигар (Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқис­тон, Ӯзбекистон ва ғайра) низ ба инобат гирифта шудаанд.

Қонуни мазкур имкон медиҳад, ки ҳуқуқҳои ноболиғон аз рӯи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак пурра таъмин карда шаванд. Қонун асоси ҳуқуқии ҳамкории байнисоҳавии мақомоти давлатиро (шахсони мансабдорро) оид ба огоҳонии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон муқаррар намуда, ба мукаммал гардидан ва самаранокии фаъолияти онҳо, инчунин, ба баланд бардоштани масъулияти падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), шахсони мансабдори мақомоти дахлдори давлатӣ мусоидат менамояд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии  ҳуқуқии амалкунанда мухолифат надорад ва амалӣ гаштани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлуда Зайнӣ дода мешавад.

МИРЗОЗОДА Мавлуда Зайнӣ:

- Муҳтарам  Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 апрели соли 2014 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «имкониятҳои техникаву технологияҳои муосир, бахусус интернет, имрӯз барои рушди илму фарҳанг ва пешрафти ҳаёти ҷомеа нақши муҳим доранд.

Аммо тавре мушоҳида мешавад, имрӯз шабакаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет, аз ҷониби шахсон ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятпеша бо мақсади ҷиноятҳои киберӣ, яъне, барои паҳн намудани ғояҳои ифротгароёнаву тундравона, бахусус дар байни ҷавонон ва ноболиғон, васеъ истифода мегарданд. Вобаста ба ин, ҳама мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа, алалхусус дар байни наврасону ҷавонон, бо дарназардошти воқеияти имрӯза, аз ҷумла пешгирӣ кардани таъсири манфии ҷаҳонишавии фарҳангӣ ва дар ин раванд таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд. Ҳарчанд то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар ин самт кори зиёде амалӣ гардидааст, вале вазъи риояи қонун ва тартибот дар кишвар, аз ҷумла дар байни  ноболиғон, ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад».

Бинобар ин, Пешвои миллат ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигари аз ҷониби ноболиғон содиршавандаро ҳамаҷониба омӯхта, зарур донистанд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳкунӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Ҳамин тавр, ҷиҳати иҷро намудани талаботи Паёми зикргардида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми ноябри соли 2019 таҳти №532 барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон манзур гардид.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста  ба низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон танзим менамояд. Лоиҳаи қонуни мазкур муқаррар ва муайян намудани салоҳияти мақомот, идораҳои ваколатдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар таъмини низоми огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар кирдорҳои зиддиҷамъиятии ноболиғонро фаро мегирад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» тамоми расмиётро гузашта, кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмил 131 таклифу пешниҳод манзур намуданд, ки аз онҳо 91-тоаш қобили қабул дониста шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории мамлакат мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маб­лағгузории иловагиро талаб наменамояд. Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода дода мешавад.

 МИРАЛИЁН Қиёмиддин Абдусалимзода:

-  Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Барои Тоҷикистон, ки кишвари ҷавонтарин дар ҷаҳон, аз ҷумла дар байни кишварҳои рушдёбанда ба ҳисоб меравад, таҳия ва ба амал баровардани низомҳои рушди сиёсати давлатии ҷавонон бисёр муҳим ва аҳамиятнок арзёбӣ мегардад. Зеро тавре дар фасли 4-уми «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» оварда шудааст, «Сармояи инсонӣ омили муҳими рушди истеҳсолот ва иқтисодиёт маҳсуб меёбад, ки аз сифати он пешрафти тамоми соҳаҳо вобастагии зич дорад».

Тавре аз номи қонун барме­ояд, низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғонро ташкил намуда, ҳамчун механизми баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ноболиғон, эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгаро, равона сохтан ба тарзи ҳаёти солим ва интихоби роҳи дуруст дар ҷомеа (барои ноболиғон) баромад менамояд. Ташаббуси мазкур давоми мантиқӣ ва ё василаи такмилдиҳандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» буда, аз волидон ва шахсони ивазкунандаи онҳо, илова бар ин, аз омӯзгорон, хизматчиёни давлатӣ ва дар умум аҳли ҷомеа, тақвият бахшидани корҳоро дар самти тарбияи ҳуқуқӣ ва идеологии ҷавонон ва ноболиғон тақозо менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғонро ҳамчун фаъолияти инфиродӣ ва маҷмӯии субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва мақомоти дигари давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар фаъолият дар самти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд, муқаррар намудааст. Яъне, низоми мазкур тамоми субъектҳои дахлдорро барои таҳия ва амалӣ сохтани чораҳои пешгирикунандаи ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон масъул мегардонад. Тарз ва шакли корбариро бошад, қонун ҳамчун пешгирии умумӣ ва инфиродӣ ифода менамояд. Шакли пешгирии умумӣ хусусияти сиёсӣ дошта, тадбирҳоро дар самти таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии дахлдор, ташвиқоти ҳуқуқӣ дар миёни аҳолӣ ва ҷамъоварии маълумот ҷиҳати тақвияти корҳо фаро мегирад. Шакли пешгирии инфиродӣ бошад, корро бевосита бо объект – ноболиғони ҷабрдида, бепарастор, оворагард ва ғайра пешбинӣ менамояд.

Ҳамин тариқ, лоиҳаи қонуни мазкур дарвоқеъ як низоми устувореро ташкил медиҳад, ки татбиқи босамари он метавонад ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва ноболиғон, зимнан, паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа боис гардад.

Масъалаи дигар, ки дар шароити рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ бисёр муҳим арзёбӣ мегардад, ин назорати ҷараёни татбиқи қонун мебошад, зеро дар ҳар ҷое талабот ҳаст, он ҷо рушд аст. Аз ин рӯ, аз тамоми субъектҳо татбиқи босамари меъёрҳои муқарраргардида, ҳамчунин, аз мақоми ваколатдори давлатӣ мунтазам гузаронидани мониторинги ҳуқуқӣ  тақозо мегардад. Ҳамчунин, зарур аст, ки дар ҷараёни татбиқи қонуни мазкур мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, бо дарназардошти ташкили омӯзишҳои дахлдор дар байни онҳо, фаъолона ҷалб карда шавад.

Бо дарназардошти маълумоти боло ва аҳамиятнокии масъала, хоҳиш менамоям лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ  ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон, боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда шуда, пас аз он яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминов Ҳикмат Ҳалимович дода мешавад.

Ҳикмат МУМИНОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мувофиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» (№ 42, аз 1 августи соли 2003) Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми танзимкунандаи давлатӣ оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ (минбаъд –мақоми танзимгар) муқаррар шудааст, ки сиёсати ягонаи давлатиро амалӣ намуда, фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатиро дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ ҳамоҳанг менамояд ва инчунин:

- иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) намудҳои фаъолияти истифодаи моддаҳои радиоактивиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;

- меъёрҳо ва қоидаҳое, ки ба бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи ҷисмонӣ, банақшагирии зидди садама, баҳисобгирӣ ва назорат ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда алоқамандро тасдиқ менамояд;

- ба иҷрои меъёр, қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ ва шартҳои иҷозатнома (литсензия) назорат мекунад;

- ба кормандоне, ки дар объект­ҳои истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда машғул мебошанд, талаботи касбӣ муқаррар менамояд.

Мувофиқи сархати 5 моддаи 3, моддаи 7 ва сархатҳои 4, 5, 6 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» (№ 69, аз 9 декабри соли 2004) ва бандҳои 6, 7, 10 ва 11 Низомномаи «Танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 482, аз 3 декабри соли 2004) тасдиқ гардидааст, аз ҷониби мақоми танзимгари давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ дар доираи салоҳият корҳои вобаста ба иҷозатномадиҳӣ, назорати риояи талабот оид ба бехатарии радиатсионӣ, боздоштани амали иҷозатнома, инчунин, дар мавриди вайрон кардани талаботи меъёр ва қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ чораҳои маъмурӣ меандешад.

Бояд қайд кард, ки мутобиқи моддаи 124 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани қоида, меъёрҳо ва талаботи бехатарии радиатсионӣ ҷазои маъмурӣ муқаррар гардидааст ва баррасии он тибқи моддаи 961 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар қисми 1 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» (№ 1269, аз 25 декабри соли 2015), ки рӯйхати мақомоти санҷишӣ ва мавзӯи санҷишҳо дарҷ гардидааст, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми санҷишкунанда ва дар рӯйхати мавзӯъҳои санҷишӣ оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ қайд карда нашудааст.

Пас аз қабули қонуни мазкур гузаронидани санҷиш дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ тибқи банди 24 қисми 1 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ҳамчун риояи шартҳои иҷозатномавӣ амалӣ мегардид.

Мутаассифона, пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур, банди 24, қисми 1 моддаи 10, яъне риояи шартҳои иҷозатномавӣ хориҷ карда шудааст (аз 18 июли соли 2017, № 1459), ки он гузаронидани санҷишҳоро дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ пурра истисно намуд.

Боиси ёдоварист, ки аз моҳи июли соли 2017 дар зиёда аз 300 муассисае, ки дар фаъолияташон манбаъҳои афканишоти ионофарро истифода мебаранд, назорати риояи қоидаҳои таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ аз мадди назари мақомоти танзимгар дур монд.

Айни замон назорати субъекти хоҷагидории дараҷаи таваккалашон баланд, ки дар фаъолият  маводи радиоактивии фаъолнокияшон баландро истифода менамоянд ва нисбат ба онҳо реҷаи махсуси муҳофизати ҷисмонӣ талабот муқаррар шудааст (аз ҷумла, назорати сабти камеравӣ, системаҳои хабардиҳандаи ҳаракат, системаи сигналдиҳӣ ҳангоми ғайриқонунӣ ворид шудан ва ғайра), берун аз зери назорат мондаанд ва мақоми танзимгар наметавонад ҳолати бехатарии онҳоро мавриди санҷиш қарор диҳад. Бе санҷиш ва назорати ҷиддӣ мондани чунин объектҳо метавонад боиси ба вуқӯъ пайвас­тани садамаҳои ҷиддии радиатсионӣ гардида, сабаби шуохӯрии барзиёди кормандон, беморон, аҳолӣ ва муҳити зист гардад.

Дар муассисаҳои тиббӣ бошад, аз мадди назар дур мондани фаъолияти дастгоҳҳои рентгенӣ, аз ҷумла, назорати таъмини сифати дастгоҳҳо ва назорати дозиметрӣ, метавонад ба шуохӯрии барзиёди кормандон, беморон ва шахсоне, ки дар ҳуҷраҳои ҳамҷавор кор мекунанд, оварда расонад.

Лозим ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба қатори давлатҳои дорои саноати коркарди маъдани уран мансуб аст. Дар натиҷаи фаъолияти зикршуда якчанд маҳфузгоҳе ба вуҷуд омад, ки дар онҳо миллионҳо тонна партови радиоактивии дарозумр нигоҳ дошта мешаванд. Дараҷаи таваккалнокии объектҳо вобаста ба фаъолият ниҳоят баланд мебошад ва назорати онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» номаҳдуд муайян шудааст. Солҳои охир фаъолияти солимгардонии маҳфузгоҳҳо дар ҷумҳурӣ оғоз, теъдоди ширкатҳои хориҷие, ки фаъолияташон ба солимгардонии  онҳо алоқаманд аст, зиёд шудааст ва бе санҷиш гузоштани ин самт матавонад боиси садамаи ҷиддии радиатсионӣ гашта, ба аҳоливу муҳити зист таъсири фалокатовар расонад.

Илова бар ин, чунин вазъ метавонад ба дастрасии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ ба гурӯҳҳои номатлуб, ҷинояткор ва террористон боис гардида, дар омода намудани силоҳи қатли ом истифода бурда шавад. Дар асоси талаботи Қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, давлатҳои аъзо нисбати қабул намудани қонунгузорӣ бо мақсади пешгирӣ намудани паҳншавии силоҳи ядроӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва воситаҳои дастрасии онҳо уҳдадоранд қонунгузориро ба талаботи қатъномаи мазкур мутобиқ намоянд. Ғайр аз ин, тибқи моддаҳои 19 ва 20 Конвенсияи муттаҳида оид ба муомилоти бехатар бо сӯзишвории истифодашуда ва партовҳои радиоактивӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ратификатсия шудааст, санҷиши фаъолиятҳои дар боло зикршуда аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ бояд ба роҳ монда шавад. Лозим ба ёдоварист, ки тибқи моддаи 10 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёри санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Бинобар ин, баҳри бартараф намудани мухолифат дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» тақозо мешавад. Ворид намудани илова мухолифати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бартараф намуда, назорати давлатиро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионии аҳолӣ ба танзим медарорад. Қабули қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

Сафаралӣ РАҶАБОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонун ҷиҳати пешбинӣ намудани мақоми санҷишӣ ва мавзӯи санҷиш дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ таҳия гардидааст. Вобаста ба ин, пешниҳод мешавад, ки ба қисми 1 моддаи 10 қонуни амалкунанда банди 26 бо мазмуни зерин:

«26) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ» илова карда шавад.

Мутобиқи он, мақоми ваколатдори давлатӣ дар доираи ваколат санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро вобаста ба таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ анҷом медиҳад.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуданд. Он ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Содиқова Насиба Нуруллоевна дода мешавад.

Насиба СОДИҚОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон 5-8 августи соли 2019 баён доштанд ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2019 пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати содагардонӣ, оммафаҳм ва дастрас будани амали ҳуҷҷатгузории иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ, инчунин, таъмин намудан бо ҷойҳои корӣ, таҳия шудааст.  Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ҳуқуқ дорад  барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ иҷозат диҳад.

Аз ҷониби кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқ ҷиҳати такмили лоиҳа ду пешниҳод ворид гардид, ки ба лоиҳа ворид карда шуданд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Хоҳишмандам лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»- ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

Сафаралӣ РАҶАБОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Амирзода, С. Абдураҳмонзода, А. Ҳомидзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ш. Раҳимзода ва Д. Мансурӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии лоиҳаи қонун мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоиди соҳибкорӣ, мебошад. Вобаста ба ин, ба моддаҳои 1,5,7,14 ва 24 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда,  ба моддаи 11 сархати ҳафтум бо мазмуни «- суғуртакунонӣ», ба моддаи 17, сархати шашум бо мазмуни «- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст» илова шуда, қисми 2 моддаи 20 дар таҳрири зерин оварда мешавад:

«2. Барномаҳои мақсадноки дастгирии давлатии соҳибкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 июни соли 2019 таҳти № 2216 барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, дар хулосаҳо ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмил 55 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 54-тоаш қабул шуд ва  дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид гардиданд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни зикргардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Кабиров Мизроб Саидович дода мешавад.

Мизроб КАБИРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ҳамчун мақоми иҷроияи Маҷлиси намояндагон соли 2019 баҳри татбиқи сиёсати созанда ва икдомҳои тамаддунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо такя ба дас­туру раҳнамоиҳои Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, фаъолияти самаранокро ҷиҳати рушду нумӯи меъёрэҷоднамоӣ ва парламентаризми муосир равона сохт.

Дар иртибот ба ин, қайд менамоем, ки кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар тайёр кардани лоиҳаи қонунҳо, ҷаласаҳои Шӯро ва иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон, анҷоми корҳои омодагӣ дар баргузоршавии муҳокимаҳои парламентӣ, сафарҳои хизматии вакилон ва иштироки онҳо дар ҷаласаҳои созмонҳои байналмилалӣ, чорабиниҳои оммавии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва берун аз он саҳми муносиб гузоштанд.

Хизматчиёни давлатӣ ва ҳайати техникию хизматрасон баҳри таъмини корҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, коргузорӣ, таҳлилӣ, нашрӣ, молиявӣ, моддию маишии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла, эҳтиёткорона муносибат намудан ба моликияти давлатӣ, сарфаю сариштакорӣ, иҷрои сифатноки уҳдадориҳои хизматӣ, корҳои мураккаб ва таъҷилӣ, пешвозу гусели арзандаи меҳмонони воломақоми кишварҳои хориҷӣ, иштироки фаъол дар ҳашарҳои идоравӣ, сабзазоркунии бинои Маҷлиси Олӣ муваффақона фаъолият намуданд ва итминон дорам, ки минбаъд боз ҳам хубтар меҳнат хоҳанд кард.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 2018 сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагонро барои соли 2019 тасдиқ намуд. Маблағҳои ҷудогардида модда ба модда дар сметаи хароҷот тақсим гардида, сарфи он дар асоси талаботи қонунгузорӣ ва таҳти назорати бевоситаи Вазорати молия сурат гирифт. Дар ин хусус маълумотномаи муфассал бо нишон додани рақамҳои мушаххас ба шумо, вакилони арҷманд, дастрас шудааст.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2019» -ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2019» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Ба баррасии масъала «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020», ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардид, барои хароҷоти Маҷлиси намояндагон 19 605 000 сомонӣ ҷудо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2020 дар доираи маблағи зикргардида таҳия ва пешниҳод шудааст.

Рӯйхати вазифаҳои Маҷлиси намояндагон 176 нафар бо фонди ҳармоҳаи музди меҳнат ба маблағи 812 490 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Шумораи кормандони техникӣ ва ёрирасони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 165 нафар бо фонди ҳармоҳаи музди меҳнат дар ҳаҷми 108 158 сомонӣ пешниҳод шудааст.

Дар маҷмӯъ, сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2020 дар ҳаҷми 19 605 000 сомонӣ пешниҳод мешавад.

Маблағҳои зикргардида барои таъмини зарурати Маҷлиси намояндагон ва сохторҳои он кифоя мебошанд ва бовар дорем, ки дастгоҳи Маҷлиси намояндагон истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои ҷудошударо таъмин менамояд.

Лоиҳаи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2020 дар ҷаласаи якҷояи Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор ва Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия 6 декабри соли 2019 ҷонибдорӣ ёфт.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории қабули сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2020, тасдиқи сохтор ва басти вазифаҳои Маҷлиси намояндагон, ки аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд, овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2020» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ