Ҳабдаҳуми марти соли 2015 соати 9 дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба кори худ шурӯъ намуд.
Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарафи ифтитоҳи ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вакили калонсолтарин- Ғаффоров Абдуҳалим муяссар гашт. Ғаффоров Абдуҳалим то интихоб шудани Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷлосия раисӣ кард.
РАИСИКУНАНДА: -Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон! Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум! Ҳозирини гиромиқадр!
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ифтитоҳ ва пешбурди кори Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба зиммаи ман вогузор гардид.
Тавре огаҳӣ доред, якуми марти соли 2015 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум барпо гардид ва дар он мувофиқи протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои овоздиҳӣ аз 4 миллиону 319 ҳазору 395 нафар интихобкунандагони ба рӯйхатҳо дохилшуда 3 миллиону 791 ҳазору 727 нафар иштирок карданд, ки ин 87,7 фоизи интихобкунандагонро ташкил медиҳад. Дар бюллетенҳои интихоботӣ маҷмӯан 285 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуда буд.
Дар натиҷаи овоздиҳӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ҳизби аграрии Тоҷикистон 11,8 фоиз (се вакил), Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 7,6 фоиз (ду вакил), Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 65,2 фоиз (16 вакил), Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5,5 фоиз (як вакил) овози интихобкунандагонро соҳиб шуданд.
Ҳамин тавр, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 вакил аз ҳавзаҳои якмандатӣ, 22 вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб гардиданд.
Бо иҷозати шумо, рӯйхати ҳамаи вакилони интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, мехонам. (Рӯйхат хонда шуд).
Вакилони муҳтарам!
Иҷозат диҳед, шуморо ба муносибати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб шуданатон табрик намуда, ба шумо дар ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар фаъолияти пурсамар ва муваффақият орзу намоям.
Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!
Дар кори ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум мувофиқи рӯйхати бақайдгирии пешакӣ аз 63 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон 63 нафар ҳозир шуданд. Бо вуҷуди ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш мекунам, ки ба воситаи системаи электронии овоздиҳӣ аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 63 нафар вакилон ҳузур доранд.
Вакилони муҳтарам!
Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
РАИСИКУНАНДА:- Вакилони муҳтарам!
Дар кори ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳузур доранд. Инчунин раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дорад.
Вакилони муҳтарам!
Дар асоси банди 137 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тартиби инъикоси рафти ҷаласаҳои Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро тавассути воситаҳои ахбори омма муайян намоем.
Барои пешниҳоди лоиҳаи қарор сухан ба вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Низом Қосим дода мешавад. Марҳамат.
Низом ҚОСИМ:-Муҳтарам Ҷаноби Олӣ! Муҳтарам раисикунанда, вакилони муҳтарам!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби инъикоси ҷараёни кори ҷаласаҳои иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод мешавад:
1.Ҷараёни кори ҷаласаҳои иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ таври мухтасар инъикос карда шавад.
2.Дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» маводи ҷаласаҳои иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пурра чоп карда шавад.
3.Маводи ҷаласаҳои иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба воситаи АМИТ «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», рӯзномаҳои ВМКБ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар шакли мухтасар чоп карда шавад.
РАИСИКУНАНДА: -Аз вакилони гиромӣ хоҳиш мекунам оид ба лоиҳаи қарори мазкур мавқеи худро муайян намоянд. Қарор қабул шуд.
РАИСИКУНАНДА:- Вакилони муҳтарам!
Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи ҷаласаро тасдиқ намоем.
Ба баррасии шумо масъалаҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
1. Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Дар бораи интихоб намудани Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Дар бораи муқаррар намудани шумораи муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Дар бораи пешниҳод ва интихоб намудани муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Дар бораи таъсис додани кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Дар бораи интихоб намудани раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Дар бораи таъсис додани Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. Дар бораи интихоб намудани ҳайати кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9. Дар бораи таъин намудани Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Доир ба тасдиқи рӯзномаи ҷаласа чӣ гуна пешниҳодҳо доред? Нест? Ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, нисбат ба тасдиқи рӯзномаи пешниҳодгардидаи ҷаласа мавқеи худро муайян намоед. Марҳамат.
Қарор қабул шуд.
РАИСИКУНАНДА:- Вакилони муҳтарам!
Ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем.
Масъалаи якуми рӯзнома — «Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Ба мо лозим аст, ки ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳоро оид ба интихоби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намоем.
Сухан аз рӯи ин масъала ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ №18 Оқилзода Нурулло дода мешавад. Марҳамат.
Нурулло ОҚИЛЗОДА:- Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам раисикунанда ва вакилони гиромӣ!
Ба маълумоти шумо рӯйхати ҳайати зерини Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад:
1.Ватанов Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич -вакил аз ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ №1
2.Шарипов Садриддин Файзиевич -вакил аз ҳавзаи интихоботии Турсунзода №5
3. Турсунова Гулбаҳор — вакил аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд №13
4. Салимзода Олим -вакил аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ №22
5. Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович -вакил аз ҳавзаи интихоботии Абдураҳмони Ҷомӣ №28
6. Рузадоров Муҳабатшо -вакил аз ҳавзаи интихоботии Ванҷ №40
7. Хайринисо Юсуфӣ -вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.
РАИСИКУНАНДА:- Оид ба номзадҳои пешниҳодшуда чӣ андеша доред? Ба овоз мемонам. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш мекунам, ки нисбат ба интихоб намудани ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро муайян намоед. Марҳамат.Қарор қабул шуд.
РАИСИКУНАНДА:- Ҳоло барои гузаронидани ҷаласаи Комиссияи баҳисобгирии овозҳо ҷиҳати интихоб намудани раис ва котиби Комиссия дар кори ҷаласа то панҷ дақиқа танаффус эълон карда мешавад. Бинобар ин, аз ҳайати комиссияи мазкур хоҳиш карда мешавад, ки ба кори худ шурӯъ намоянд.
РАИСИКУНАНДА:- Сухан ба вакил аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ № 22 Салимзода Олим дода мешавад. Марҳамат.
(Вакил Салимзода Олим протоколи рақами 1-и Комиссияи баҳисобгирии овозҳоро қироат менамояд).
РАИСИКУНАНДА: — Пешниҳод аст, ки Протоколи рақами 1-и Комиссияи баҳисобгирии овозҳо ба маълумот гирифта шавад.
РАИСИКУНАНДА:- Вакилони муҳтарам!
Ба баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа — «Дар бораи интихоб намудани Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Хотиррасон менамоям, ки мутобиқи моддаи 53- юми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон интихоб карда мешавад.
Мувофиқи банди 23-юми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадҳоро ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон пешбарӣ мекунанд.
Доир ба ин масъала чӣ гуна таклифу пешниҳод доред?
Ҳоло сухан ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Сафаров Олимҷон Ҷусупович дода мешавад.
Олимҷон САФАРОВ:- Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Таклиф мекунам, ки номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешбарӣ карда шавад.
Ман бо итминони комил гуфта метавонам, ки Шукурҷон Зуҳуров ба вазифаи баланду пурмасъулияти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум воқеан ҳам сазовор ва арзанда мебошанд.
Баъди ба Истиқлолияти давлатӣ ноил гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Сарвари давлат, ҳам дар солҳои нооромиҳои кишвар, ҳам дар солҳои барқарорсозии баъдиҷангӣ ва минбаъд ҳам Шукурҷон Зуҳуров яке аз ҳамсафону ҳамфикрони наздики Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, хизматҳои шоистае ба анҷом расонидаанд.
Тавре огоҳӣ доред, таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров даъвати чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи наву пурсамар ворид гардида, мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат ҳам дар миёни аҳли ҷомеаи кишвар, ҳам дар миёни ҷомеаи байнипарламентӣ сазовори обрӯ ва мақоми шоиста гардид.
Аз ин лиҳоз, вакилони гиромӣ, аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки номзадии муҳтарам Шукурҷон Зуҳуровро ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ҷонибдорӣ намоед.
РАИСИКУНАНДА:- Вакилони муҳтарам!
Ҳоло хоҳиш мекардам, ки андеша ва нуктаи назари худро нисбат ба номзад ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум иброз намоед.
Хайринисо ЮСУФӢ: — Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон! Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ман низ пешниҳоди вакил Сафаров Олимҷонро ҷонибдорӣ намуда, таклиф менамоям, ки номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ба мақоми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дастгирӣ карда шавад.
Боварӣ дорам, ки ҳамаи вакилони даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон бо шахсияти арҷманд Шукурҷон Зуҳуров шинос ҳастанд ва аз фаъолияти пурсамарашон дар кулли риштаҳои ҷомеаи кишварамон огоҳии комил доранд.
Ҳамагон медонем, ки даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров фаъолияти густурдаву доманадорро дар бахшҳои қонунгузориву намояндагӣ ва байнипарлумонӣ тақвият бахшида, дар таърихи парламентаризми тоҷик падидаи тозаеро оғоз намуд.
Бо итминони комил гуфта метавонам, ки Шукурҷон Зуҳуров ба вазифаи волои пурмасъулияти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум номзади воқеан сазовору шоистаанд.
Тамоми фаъолияти Шукурҷон Зуҳуров ба хидмати ин миллати бузург ва Ватани хуҷаста нисор мешавад. Аз ин хотир, аз ҳамаи шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоем, ки номзадии Шукурҷон Зуҳуровро ба мақоми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ҷонибдорӣ намоед.
Рустам ЛАТИФЗОДА: — Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳозирини гиромиқадр!
Сараввал иҷозат диҳед, тамоми вакилони иззатмандро барои интихоб гаштанашон табрику муборакбод намоям.
Вакили мардумӣ будан ифтихор аст ва аз ҷониби дигар, сазовор гаштан ба чунин эътимоди бузург дар назди ҳар яки мо масъулияти баландро пеш мегузорад.
Шахсан Шукурҷон Зуҳуровро аз соли 1993 мешиносам. Қисми зиёди мо -вакилон дар даъвати чоруми Маҷлиси намояндагони кишвар фаъолияти якҷояи кории хуб ва судманд доштем ва аз маҳорати кордонию хислатҳои неки инсонии ин шахс бевосита огоҳ ҳастем.
Таҳти раисии Шукурҷон Зуҳуров фаъолияти қонунэҷодкунии даъвати гузаштаи Маҷлиси намояндагон сифатан хуб гашт ва онро мардуми кишвар сазовор баҳои баланд дод. Дар ин давра бисёр қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гаштанд, ки бешубҳа, ба таҳкими қонунгузории мамлакат, рушди иқтисодиёт ва беҳ гаштани шароити зиндагии мардум мусоидат кардаанд.
Хислатҳои беҳтарини инсонӣ, ҳисси рафоқат, дар ҳама ҳолат омода будан ба кумаку дастгирии ҳамкорон ва дар як вақт роҳбари сахтгир, ҷиддӣ ва масъулиятшинос ва ҳамчунин дар назди дигар вакилон ва кормандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагон чунин талабот гузоштанро ҳар як шахс, ки бо Шукурҷон Зуҳуров фаъолият кардааст, хуб медонад.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчун номзад ба мансаби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси арзанда мебошанд ва бинобар ин, аз вакилони гиромиқадр хоҳишмандам, пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.
Дилшод ИСМАТУЛЛОЕВ: — Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Бо камоли қаноатмандӣ мехоҳам чанд сухани самимии худро дар бораи шахсияти Шукурҷон Зуҳуров изҳор намоям.
Шукурҷон Зуҳуров ҳанӯз дар рӯзҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ, иродаи матини худ, муҳаббати худро ба Ватан, халқ, гиромидошти арзишҳои миллӣ нишон дода, дар паҳлуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими сулҳу оромӣ ва пойдор намудани ваҳдати миллӣ дар мамлакат, талошҳои зиёд кард.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали кориам дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Шукурҷон Зуҳуров роҳбари ҳалиму хоксор, ботамкину фозил, ҳамзамон серталабу адолатпарвар ва содиқу вафодорро эҳсос кардам.
Фаъолияти минбаъдаи корӣ, эҳсоси манро нисбат ба фазлу эҳсони он кас зиёд намуд. Мо- вакилон, аз шакл ва усули корбарии ин шахси соҳибтаҷриба бархӯрдор гашта, метавон гуфт, як мактаби калони парламентаризмро ба худ касб кардем.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум интихоб гардидани Шукурҷон Зуҳуров нишонаи бузурги боварии роҳбарияти ҷумҳурӣ ва вакилони мардумӣ мебошад.
Кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун мақоми олии қонунгузор ва фаъолияти вакилони мардумӣ дар давраи роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров, тобиши тозае касб намуда, мазмуну сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда беҳтару хубтар шуданд.
Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчун роҳбар, доимо фазои корие фароҳам меоварданд, ки вакилон, дар баррасии мавзӯъҳо сокиту бетараф буда наметавонистанд. Аз роҳбарони мақомоту идораҳои гузоришдиҳанда дар мавриди иҷрои супоришу дастурҳо пайваста пурсиш ба амал меоварданд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун мақоми намояндагӣ, дар ин давра вохӯрии вакилонро бо интихобкунандагони мамлакат як амри муҳиму ҳатмӣ дониста, барои иҷро ва ҳалли муроҷиатҳои шаҳрвандон низ саҳми намоён гузоштааст.
Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчун Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кори Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар созмонҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, барои дар сатҳи баланд муаррифӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаи хешро боқӣ гузоштаанд.
Бо боварии пурра гуфта метавонам, ки фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров такмил ёфта, парламент санадҳое қабул хоҳад кард, ки барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки мақсади ниҳоии он фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба ҳар як фарди кишвари азизамон мебошад, асос мешаванд.
РАИСИКУНАНДА: - Боз кӣ хоҳиши сухан кардан дорад?
Таклиф шуд, ки ба баромадҳо хотима дода шавад.
Вакилони муҳтарам!
Мутобиқи банди 25 Дастури Маҷлиси намояндагон номзади пешниҳодгардида ба рӯйхати овоздиҳии пинҳонӣ оид ба интихоби Раиси Маҷлиси намояндагон дохил карда мешавад.
Номзадии вакил Шукурҷон Зуҳуров ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагон ҳаматарафа баррасӣ шуд. Аз ин рӯ, ман масъалаи ба бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ оид ба интихоб намудани Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани номзадии вакил Шукурҷон Зуҳуровро ба овоз мемонам. Марҳамат. Қарор қабул шуд.
РАИСИКУНАНДА: — Вакилони муҳтарам!
Барои гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ ва муайян кардани натиҷаи он мо Комиссияи баҳисобгирии овозҳоро интихоб кардаем.
Ҳоло барои шарҳи тартиби гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ сухан ба раиси Комиссияи баҳисобгирии овозҳо, вакил аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ №22 Салимзода Олим дода мешавад. (Салимзода Олим тартиби баргузории овоздиҳии пинҳониро шарҳ медиҳад).
РАИСИКУНАНДА: - Барои гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ дар кори ҷаласа 20 дақиқа танаффус эълон карда мешавад.
РАИСИКУНАНДА: — Вакилони муҳтарам!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред! Дар толор 63 нафар вакил ҳузур доранд.
Ҳоло сухан ба раиси Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ №22 Салимзода Олим дода мешавад.
(Вакил Салимзода Олим протоколи №2 Комиссияи баҳисобгирии овозҳоро оид ба интихоб намудани Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти вакилон мерасонад).
РАИСИКУНАНДА: — Ба раиси Комиссияи баҳисобгирии овозҳо саволҳо ҳаст? Нест? Таклиф ҳаст, ки гузориши раиси Комиссияи мазкур дар бораи натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ оид ба интихоб намудани Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумот гирифта шавад.
Ҳамин тариқ, аз рӯи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ вакил Шукурҷон Зуҳуров Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб гардид.
Доир ба ин масъала ба мо зарур аст, ки қарор қабул намоем. Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори зерини Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад. (Раисикунанда лоиҳаи қарорро мехонад).
Хоҳиш мекунам, мавқеи худро муайян намоед. Марҳамат.
Қарор қабул шуд.
РАИСИКУНАНДА: — Вакилони муҳтарам!
Иҷозат диҳед, аз номи худам ва аз номи ҳамаи шумо муҳтарам Шукурҷон Зуҳуровро барои интихоб шуданашон ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум табрику муборакбод намуда, дар иҷрои ин вазифаи пурмасъул ба ин кас саломативу барори кор орзу намоем.
РАИСИКУНАНДА: — Вакилони муҳтарам!
Ҳоло барои пеш бурдани кори ҷаласа сухан ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дода мешавад. Марҳамат.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров: -Ҷаноби Олӣ, асосгузори давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам вакилони арҷманд!
Пеш аз ҳама, ман мехостам ба ҳар яки шумо барои ин боварӣ, пешниҳод ва дастгирӣ ба вазифаи хеле масъулиятнок, мансаби олӣ — Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданатон аз самими дил миннатдорӣ ва арзи сипос намоям.
Мо дар давоми панҷ соли оянда корҳои зиёдеро бояд ба анҷом расонем. Ин солҳои хеле муҳим ва ҳалкунанда, мумкин тақдирсози миллату давлати мо низ гарданд. Ман имрӯз дар аввали кор мехостам зикр намоям, ки Парламенти Тоҷикистон набояд фақат ба қабули қонунҳои нав, тағйиру иловаҳо ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳо, шартномаҳо, ки ин, албатта, вазифаи асосии мо аст, машғул бошад, балки ман бисёр умед дорам, чӣ тавре ки Ҷаноби Олӣ таъкид карданд, Парламенти имрӯза дар давоми панҷ соли оянда бояд дар амалӣ намудани ҳамаи он қонунҳои муҳими баррасӣ ва қабулгардида саҳмгузор бошад. Инчунин аз тарафи дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, аз ҷумла Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат лоиҳаи қонунҳо пешниҳод менамоянд. Муҳим он аст, ки бояд, кори асосиамонро софдилона ба анҷом расонем. Дар амалӣ шудани қонунҳо, барномаҳои давлатӣ ман фикр мекунам, ки Парламенти тоҷик масъулият ва ҷавобгарӣ дошта бошад. Албатта, барномаҳое, ки аз тарафи Роҳбари давлат, Парламент ва Ҳукумат тасдиқ шудаанд, бисёр муҳим буда, барои беҳбудии ояндаи мардуми Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард. Бо ин мақсад мо бояд, ки дар муҳокимаҳои ҷиддии парламентӣ, масъалаҳои ҳаётан муҳиму давлатӣ, фаъолияти ниҳодҳои давлатиро баррасӣ кунем. Парламенти Тоҷикистон бояд, ки масъул ва ҷавобгари ҳаёти ҷомеаи кишвари Тоҷикистон низ бошад. Ман ба дастгирии ҳар яки шумо умед мебандам ва боварӣ дорам, ки мо метавонем дар масъалаи вобаста ба сиёсати давлатамон, масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоиёт, пойдории сулҳ, ваҳдату субот дар ҷомеаамон ба дастуру ҳидоят, ки аз Паёмҳои Президенти муҳтарами мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, бештар ва бештар таваҷҷуҳ намоем ва бо ин роҳ ба Роҳбари давлат, Ҳукумати Тоҷикистон кумак карда тавонем.
Ман фикр мекунам, ки вакилони даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро бо ҳамин нияту орзуҳо шурӯъ мекунанд.
Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарбияи кадрҳое, ки оянда сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат, Ҳукумати Тоҷикистонро бо дили тоза, бо виҷдони пок, бо саъю талош бурда метавонанд, ғамхории доимӣ зоҳир мекунанд. Ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муҳайё намудани шароити хуби корӣ барои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо эҳсос мешаванд.
Бори дигар аз самими дил аз номи худам ва аз номи ҳамаи шумо, вакилони гиромӣ, ба Ҷаноби Олӣ арзи сипос ва миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Ба ҳамаатон ташаккур, саломат бошед.
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Кори ҷаласаро давом медиҳем.
Мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки Котиботи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем.
Ба баррасии шумо номзадии вакилони зерин пешниҳод карда мешавад:
Раиси Котибот:
Сироҷов Шарофидин- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҳисор №7
Аъзои Котибот: Абдуалимов Баҳром Абдулазимович- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур № 3;
Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Истаравшан №23.
Оид ба ин номзадҳо чӣ гуна таклифу пешниҳодҳо доред? Ба овоз мемонам.
Хоҳиш мекунам, нисбати қабули қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
Вакилони муҳтарам!
Мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки барои баҳисобгирии овозҳо дар ҷаласаҳои Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Комиссияи баҳисобгирии овозҳоро интихоб намоем.
Ба баррасии шумо номзадии вакилони зерин пешниҳод карда мешавад:
Раиси комиссия:
Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.
Аъзои комиссия:
Сӯфиев Хайрулло Сабзалиевич – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Сомонӣ № 8;
Исмоилзода Зуфар Муртазохон- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ғончӣ № 24.
Оид ба ин номзадҳо чӣ гуна таклифу пешниҳодҳо доред?
Қабул карда шавад? Дигар таклиф нест? Нест?Ба овоз мемонам.
Хоҳишмандам, нисбат ба қабули Қарори мазкур, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
Вакилони муҳтарам!
Мутобиқи банди 247 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки барои назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум гурӯҳи назоратиро ташкил намоем.
Ба баррасии шумо номзадии вакилони зерин пешниҳод карда мешавад:
Роҳбари гурӯҳ:
Сафаров Олимҷон Ҷусупович- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.
Аъзои гурӯҳ:
Қодирова Мусалам Асомидиновна- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Шаҳринав № 6;
Садриддинов Бадриддин Талбакович- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Қубодиён №31.
Оид ба ин номзадҳо чӣ гуна таклифу пешниҳодҳо доред?
Қабул карда шавад? Дигар таклиф нест? Нест? Ба овоз мемонам.
Хоҳишмандам, нисбат ба қабули қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
Аз вакилоне, ки ба ҳайати Котибот, Комиссияи баҳисобгирии овозҳо ва Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ интихоб шудаанд, хоҳиш мекунам, ба иҷрои вазифаашон шурӯъ намоянд.
Вакилони муҳтарам!
Масъалаи навбатии рӯзнома — «Дар бораи муқаррар намудани шумораи муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда мешавад.
Пешниҳод мекунам, ки як нафар муовини якум ва ду нафар муовинони Раис дар сохтори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.
Таклифҳои дигар нест? Нест? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани шумораи муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба овоз мемонам.
Хоҳишмандам, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.
Масъалаи навбатии рӯзнома:- «Дар бораи пешниҳод ва интихоб намудани муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Ба баррасии шумо ба вазифаи муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии вакил Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор пешниҳод карда мешавад.
Марҳамат, ягон савол ҳаст? Нест?
Хоҳишмандам, мавқеи худро доир ба ин масъала муайян намоед. Дар бораи муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор Қарор қабул шуд.
Ба баррасии шумо ба вазифаи муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии вакил Хайринисо Юсуфӣ пешниҳод карда мешавад.
Марҳамат, ягон савол ҳаст? Нест?
Хоҳишмандам, мавқеи худро доир ба ин масъала муайян намоед.
Дар бораи муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Хайринисо Юсуфӣ Қарор қабул шуд.
Ба баррасии шумо ба вазифаи муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии вакил Фелалиев Акрамшо Саидшоевич пешниҳод карда мешавад.
Марҳамат, ягон савол ҳаст? Нест?
Хоҳишмандам, мавқеи худро доир ба ин масъала муайян намоед.
Дар хусуси муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Фелалиев Акрамшо Саидшоевич Қарор қабул шуд.
РАИС: -Вакилони муҳтарам!
Ҳоло бо камоли эҳтиром сухан ба Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода мешавад.
Марҳамат Ҷаноби Олӣ!
(Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин шумора чоп шуд).
РАИС: — Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Иҷозат диҳед, аз номи вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок, суханони самимӣ ва баҳои баландатон нисбати Маҷлиси намояндагон, нисбати мо — вакилон ба Шумо сидқан изҳори сипосу ташаккур намоям.
Мо — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳамаи он боварие, ки имрӯз дар ҳаққи мо изҳор намудед, самимона кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.
Мо бо камоли масъулият дарк менамоем, ки танҳо ягонагӣ, сулҳу субот, ваҳдати тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҳамқадамӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо халқи моро ба сӯи рушду тараққӣ, зиндагии ободу шукуфо роҳнамоӣ менамояд.
Саъю талоши беназири Шуморо дар роҳи ободии кишвар ва беҳбудии зиндагии мардум мо самимона ҷонибдорӣ менамоем ва боварии комил дорем, ки тамоми мақсаду мароми волои Шумо дар роҳи хидмат ба халқу Ватан бо дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон амалӣ хоҳанд гардид.
Мо ҳамеша ба ҳамкорӣ ва ёриву дастгириятон умед мебандем ва итминони комил дорем, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Роҳбари он самимона саъю талош хоҳанд намуд.
Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба хотири беҳбудии зиндагии мардум ва ободии ҳар чӣ бештари Тоҷикистони азиз саломатии бардавом, хушбахтиву хотири шод ва дар фаъолияти бузурги давлатдориатон комёбиҳои беназир таманно менамоем!
РАИС: - Муҳтарам вакилон! Кори ҷаласаро давом медиҳем.
Масъалаи навбатии рӯзнома: -«Дар бораи таъсис додани кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Мутобиқи банди 57- уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки кумита ва комиссияҳои зерини Маҷлиси намояндагон таъсис дода шаванд:
1. Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон
2. Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният
3. Кумита оид ба иқтисод ва молия
4. Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин
5. Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот
6. Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон
7. Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ
8. Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ
9. Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия
10. Комиссияи экологӣ
11. Комиссия оид ба одоби вакилон
12. Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор.
Таклифҳои дигар нест? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон»- ро ба овоз мемонам.
Хоҳишмандам, доир ба ин масъала мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.
Масъалаи дигари рӯзнома- «Дар бораи интихоб намудани раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанов Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич — раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон,
Маҷидзода Ҷурахон Зоҳир -раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният,
Шариф Раҳимзода — раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия,
Латифзода Рустам Барот — раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин,
Салимзода Олим — раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот,
Раҷабова Лутфия Нусратовна — раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон,
Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон — раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ,
Холиқзода Абдураҳим Ғафор- раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ,
Шарипов Садридин Файзиевич -раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия,
Бобоев Олимҷон — раиси Комиссияи экологӣ,
Давлатов Муродулло Исматович — раиси Комиссия оид ба одоби вакилон ва Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад-раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор интихоб шуданд.
Инчунин дар бораи таъсис додани Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб намудани ҳайати кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Масъалаи дигари рӯзнома-«Дар бораи таъин намудани Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ баррасӣ шуд.
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулов Ҳамрохон Ҳасанович Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ