Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқотҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон ва аҳли ҷомеа дар сатҳи баланд доир мегарданд.
Мулоқотҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Ғафорова ва вакили Маҷлиси намояндагон Абдузафар Иномов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хотирмон баргузор гардиданд.
Дар ҷамоатҳои деҳоти Овчӣ — Қалъача ва Ёваи ноҳия мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Ғафорова бо интихобкунандагон судманд доир гардида, интихобкунандагон оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, қонунҳои таҳия ва қабулнамудаи солҳои охир, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва робитаи парламент бо ҷомеа маълумоти муфассал гирифтанд. Дар мулоқот, аз ҷумла зикр гардид, ки сатҳи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯйи талаботи меъёрҳои ҳуқуқии кишварҳои пешрафтаи дунё буда, ба рушди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи мутамаддин мусоидатгаранд.
Назира Ғафорова ба саволҳои интихобкунандагон, ки масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ҳуқуқиву шахсиро дар бар мегирифтанд, посух дод.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдузафар Иномов дар ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор, Исмоилов ва Ғозиёни ноҳия бо мардум мулоқот намуда, роҷеъ ба сиёсати имрӯзаи Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, фаъолияти парламенти кишвар, дастгирии давлатии иҷтимоӣ маълумот дод.
Бахусус мулоқоти вакили номбурда дар бошишгоҳи саҳройии №2-юми хоҷагии деҳқонии «Махсум» — и кооперативи истеҳсолии ба номи Қушатови ноҳия хотирмон ва судманд баргузор гардид. Деҳқонони хоҷагӣ аз беҳтар шудани сатҳи зиндагии худ, ки асосаш амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва додани замин ба соҳиби аслиаш мебошад, ёдовар шуданд.
Дар ин вохуриҳо мардум аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти парламенти касбии кишвар ва вакилони он изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон мулоқот доир намуд.
Ҳангоми мулоқот бо хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №49-и маҳаллаи Равшангарон ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 5, 24, 18, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Маҳмадалӣ Ватанов оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханрониҳои Сарвари давлат дар мулоқот бо ҷавонони Тоҷикистон ва ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Ҳамзамон вакил аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ёдовар шуда, ҷавононро ба донишомӯзӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ даъват кард.
Вакил диққати ҳозиринро ба муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ ҷалб намуд. Ӯ аз ҷумла зикр кард, ки заминаҳои ҳуқуқии интихобот ва ҳуқуқи шаҳрвандон ба интихоб кардан ва интихоб шудан пеш аз ҳама аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Чунин мулоқотҳои судманд бо интихобкунандагон дар маҳаллаҳои «Маърифат», «Қаротегин», «Бӯстон» ва «Наврӯз» низ баргузор гардид.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов дар қасри фарҳанги ноҳияи Ховалинг бо фаъолону сокинони ноҳияи мазкур вохӯрии нахустини худро доир намуд.
Мавсуф бо интихобкунандагон дар хусуси фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи баъзе қонунҳои батасвибрасида, ҳамчунин доир ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ва дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани итихоботи дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат кард.
Сафаралӣ Раҷабов баъд ба Ҷамоати деҳоти «Шугнов» омада, ба фаъолияти муассисаҳои тозатаъсиси ин мавзеи дурдасти ноҳия шинос шуд. Бинои литсейи хонандагони фаъоли мавзеъ бо маблағгузории корхонаи заршӯйии «Одина» бунёд ёфтааст. Сафаралӣ Раҷабов зимни суҳбат иброз намуд, ки бунёди чунин таълимгоҳ дар кишвар воқеан ҳам камназир аст.
Ӯ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо интихобкунандагон мулоқот кард. Сипас, раиси деҳоти «Боғгайӣ» Абдукарим Абдураҳимов ва муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Субҳи меҳнат» Нурулло Ҳасанов оид ба масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи артиш ва ҳалли мушкилоти имрӯзаи нашрияҳои ноҳиявӣ ва чанде аз интихобкунандагон доир ба масъалаҳои гуногун таклифу пешиҳодҳо иброз намуданд.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»
Як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги шаҳраки «Дӯстӣ»-и ноҳияи Қумсангир бо интихобкунандагон мулоқот карданд.
Вохӯриро раиси ноҳия Холмурод Раҳмонов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Вакилони парлумони касбии мамлакат Мусаябшо Назриев, Эшбӯрӣ Эсанқулов ва Ашурбек Расулов дар атрофи Паёми имсолаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханрониҳои ӯ дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат ва ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати самимона намуданд. Вакилони мардумӣ перомуни вазъи ҷумҳурию ҷаҳон, пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва масоили дигари марбут ба рушди кишвар ибрози андеша намуданд.
Дар ин мулоқоти самимию муфид чанде аз интихобкунандагон низ суханронӣ ва ба вакилони мардумӣ барои мунтазам ба назди интихобкунандагон ташриф оварданашон сипосгузорӣ намуданд.
Чунин як мулоқоти муфиди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омӯзишгоҳи ҳунарҳои техникии №34-и ноҳия низ барпо гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагон Мусаябшо Назриев ҳамчунин дар ноҳияи Панҷ бо интихобкунандагонаш вохӯрд. Дар ин ноҳияи сарҳадӣ вазъияти имрӯзаи кори саҳро ва маъракаи пахтачиниро ба назар гирифта, ӯ бо интихобкунандагон бештар дар сари кор, ҳангоми истироҳати нисфирӯзии онҳо мулоқотҳо доир намуд. Дар Ҷамоати деҳоти «Меҳвар» бошад, мавсуф бо табибон, кормандони соҳаи маориф, пирони рӯзгор ва ҷавонон дар атрофи дастуру нишондодҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суҳбатҳои судманд анҷом дод.
Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ мулоқотҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон барпо гардиданд.
Давлат Султонов, «Садои мардум»
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои интихоботии «Истаравшан – 23» ва «Ғончӣ-24» Лутфулло Саидмуродов ва Саттор Холов дар толорҳои макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ, чойхонаҳои маҳаллаҳо, ҷамоатҳои деҳот, муассисаю корхонаҳои тавлидотии шаҳру навоҳии Истаравшан, Ғончӣ ва Шаҳристон бо ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву ташкилот, хоҷагиву муассиса ва сокинони ин шаҳру навоҳӣ мулоқотҳои судманд анҷом доданд.
Онҳо ҳини ин чорабиниҳо роҷеъ ба фаъолияти мақомоти олии қонунгузори кишвар, аз ҷумла Маҷлиси намояндагон, таҳияи лоиҳаҳои қонуну санадҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ва ҳамчунин роҷеъ ба фаъолияташон ҳамчун вакили халқ дар назди интихобкунандагон гузориш доданд.
Вохӯрию мулоқотҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Саидмуродов, ки худ олими шинохта, доктори илмҳои иқтисод, профессор аст, аз ҳарвақта дида, бештар муассир буд. Номбурда ба ҷуз аз вохӯриҳо бо мардум ва радду бадали андешаҳо, омӯзиши дархосту пешниҳод ва талабу хоҳиши интихобкунандагон дар ҷойҳо бо мушкилоти мавҷудаи мардум ошно гардид. Масалан, ӯ якҷо бо вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан аз ҳавзаи интихоботии № 3, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии № 31 Собирҷон Акрамов ва намояндагони дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 14 ба номи О.Лутфӣ дидан карда, бо рафти фаъолияти мактаб, иштироки хонандагон дар дарсҳо ва корҳои ободонию созандагии он шинос гардид.
Мактаби мазкур ҳанӯз соли 1966 бунёд ёфта, яке аз мактабҳои замонавии ин қаламрав ба ҳисоб рафта, муддати 47 сол инҷониб рӯйи таъмирро надида буд. Ҳамин сол сарварашро дигар карданд. Директори нави он Ҳусейн Юсуфов, ки 27 сол инҷониб дар ҳамин таълимгоҳ ба ҳайси омӯзгори таърих ва 14 сол инҷониб вазифаи муовини директор оид ба таълимро иҷро мекард, дар зарфи роҳбарии ҳамагӣ 6-7 моҳааш тавонист, ки мактабро аз таъмири ҷиддии ҷорӣ барорад. Гузашта аз ин, омӯзгорони мактаб дар саҳни он бо вуҷуди танқисии оби нӯшокиву полезӣ ниҳолҳои нав шинонида, парвариши зироатҳои полезиро ба роҳ мондаанд. Ба ҷуз он ки дар мактаб 28 синфхона ва панҷ роҳрав таъмир шудааст, бо истифода аз кӯмаку дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, дастпарварони ҳамин мактаб Сабурҷон ва Одилҷон Маъруфовҳо, Нурулло ва Сайфулло Орифовҳо, ҳоҷӣ Мазбут Бойҷонов толорҳои азими варзишиву теннис, маҷлисгоҳ ва ғайра аз фарш сар карда, то сақф ва дару тирезаҳо билкулл нав гардиданд. Соҳибкорон ин иншоотро пурра бо маводи ороишӣ низ таъмин намуданд.
- Корҳои ободонии мактаб порсол бо шарофати дастгирии раиси шаҳри Истаравшан, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Абдуллоев оғоз шуд,- мегӯяд сарвари мактаб Ҳусейн Юсуфов. — Он кас барои таъмири куллии бинои асосии таҳсил ва тунукапӯш кардани бомҳои толорҳои варзишию маҷлисгоҳ дасти мадад дароз карданд. Ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ -дастпарварони мактаб низ бо талқини он кас сурат гирифт,- гуфт директори мактаб.
Вакили халқ Лутфулло Саидмуров аз чунин навгониҳои мактаб хушнуд гардида, ваъда дод, ки бо кӯмаки Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва дигар ташкилотҳои дахлдор барои ҳалли мушкилоти қазияҳои мавҷудаи мактаб, аз ҷумла дастрас кардани партаҳои хонандагон, мизу курсиҳо, таъминот бо оби нӯшокиву полезӣ ва ғайра кӯмак хоҳад кард.
- Ман се сол аст, ки бо интихобкунандагони худ дар шаҳри Истаравшану ноҳияи Шаҳристон мулоқотҳо доир мекунам ва аз ҳар мулоқот то мулоқоти дигар эҳсос дорам, ки диду назару тафаккури мардум нисбат ба Давлат, Ҳукумат, дастовардҳои муяссаршудаи кишвар тозатару амиқтар мешавад,- мегӯяд Лутфулло Саидмуродов. -Мардум шукри озодӣ, ободӣ ва соҳибихтиёрию Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро мекунанд.
Албатта, дар рӯзгори имрӯзаи мардум камбудиву норасойиҳо низ ҷой доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин фармудаанд: «Дар зиндагии ҷомеаи мо ва ҳаёти кишварамон ҳанӯз ҳам мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб мавҷуданд».
Аз ин рӯ, аксари муроҷиати мардум аз танқисии оби нӯшокӣ, мушкилоти мавҷуда дар кори тақсими замин, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, қитъаи наздиҳавлигии замин барои сохтмони манзил ва ба ҳамин монанд масъалаҳо иборат мебошад. Мо ҳамаи ин дархосту пешниҳод ва талабу хоҳиши интихобкунандагонро ба Маҷлиси намояндагон ва дигар ташкилоту вазоратҳои дахлдор мерасонем ва худамон ҳам давра ба давра то мулоқотҳои оянда аз пайи ҳалли он масъалаҳо мешавем, — гуфт дар хотима Л.Саидмуродов.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»