Мардум дар мулоқотҳо фаъолона иштирок мекунанд

№124 (3425) 16.09.2015

- Як ҳафта боз дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ваҳдат вохӯрию мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон идома дорад. Дар ин ҷамъомадҳо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ширкат варзида, бо вакилони хеш мубодилаи афкор мекунанд ва ба саволҳояшон ҷавоб мегиранд.

Аз ҷумла дар деҳоти «Чӯянгарон», «Симиганҷ» ва ба номи Карим Исмоилов мулоқоти интихобкунандагон бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазоқулов судбахшу хотирмон буд,- иттилоъ дод мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр Убайдулло Абдулвосиев.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазоқулов дар ин вохӯриҳо оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум давоми моҳҳои сипаришуда, Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун неъмати бебаҳо, риояи анъанаҳои миллӣ, дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҳаракатҳои бадхоҳ ва ғайра маълумот дода, ба саволҳои интихобкунандагон ҷавоб гардонид.

Вохӯрии навбатии вакили Маҷлиси намояндагон                        Ҷ. Муртазоқулов дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13 баргузор гардид. Дар он роҳбарону масъулони деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон, собиқадорону ҷавонон иштирок намуданд. Суҳбати гарму самимӣ, пеш аз ҳама, роҷеъ ба ташрифи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат, корҳои ободонию созандагии кишвар, таълиму тарбияи фарзандон ҷараён гирифт. Дар навбати худ роҷеъ ба ҳодисаҳои рӯзҳои охир баамаломада, гаравидани баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ изҳори ташвиш карда шуд. Фаъолони деҳот ба намояндагӣ аз мардум суханронӣ карда, дастгирии ҳамаҷонибаи хешро аз сиёсати Президенти мамлакат ва нақшаҳои бунёдкоронаи Давлату Ҳукумат  баён доштанд.

 Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»

 

 

Дар деҳоти «Меҳробод»-и ноҳияи Файзобод бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Асозода вохӯрӣ доир гардид. Дар он раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолони ноҳия, омӯзгорон, имом-хатибони масҷидҳо ва намояндагони ҷавонон ҷамъ омада буданд.

Раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, суханро ба Хайрулло Асозода дод. Номбурда дар оғози суханрониаш роҷеъ ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, қарору қонунҳои қабулшуда мухтасар гузориш дода, сипас ба таври муфассал роҷеъ ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар суханронӣ кард. Дар ин замина аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар корҳои созандагии кишвар, татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат бештар саҳмгузорӣ карда, нисбат ба равандҳои ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд. Вакил таъкид намуд, ки имрӯз аз ҳарвақта дида, бояд ба тарбияи наврасону ҷавонон диққат диҳем, то ки онҳо фирефтаи ҳар гуна мубаллиғони бегона нашуда, ба роҳҳои бад нараванд.

Интихобкунандагон низ ба гуфтаҳои вакили Маҷлиси намояндагон ҳамовоз шуда, иброз доштанд, ки баҳри таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, пешрафту шукуфоии Ватан, таълиму тарбияи фарзандон  саъю талош меварзанд. Онҳо роҷеъ ба мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои бартарафнамоии онҳо низ ибрози назар карда, бо саволҳо ба вакили худ муроҷиат намуданд.

 К. Бурҳониддин,

«Садои мардум»

 

 

Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе интихобкунандагон ба хотири мулоқот бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Лутфия Раҷабова– раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва Насиба Содиқова– узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ҷамъ омаданд.

Аз ҷумла роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, раисони кумитаҳои шаҳраку маҳаллаҳо, имом-хатибони масҷидҳои панҷвақтаю ҷомеъ ва намояндагони дигари аҳолии ноҳия барои вохӯрӣ ва гуфтугӯйи ошкоро бо вакилони худ ҳозир шуда буданд.

Баъд аз гузоришҳои расмӣ доир ба фаъолияти парламенти касбӣ дар ҳайати кумитаҳо ва комиссияҳои он дар давраи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум вакилон таваҷҷуҳи ҳозиринро бештар ба пурзӯр намудани тарбияи ҷавонон дар шароити ҳассоси кунунӣ ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани онҳо, алалхусус баланд бардоштани ҳисси миллию хештаншиносии насли ҷавон, ҷалб намуданд.

Доир ба гаравидани гурӯҳе аз ҷавонон ба ҷараёнҳои бегонаю ифротгаро, зуҳуроти бегонапарастию тақлиди номуносиб дар тарзи либоспӯшию зоҳирпарастӣ гуфтугӯйи озоду ошкоро сурат гирифт.

Суҳбатҳои самимонаю озодона бори дигар собит карданд, ки дар ҳалли мавзӯъҳои мубрами рӯз вакилон ва интихобкунандагони онҳо ҳамфикру ҳамақида мебошанд.

 Саттор УМАРОВ,

«Садои мардум»

 

 

Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад.

Аз ҷумла вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комил Салимзода шурӯъ аз 10 сентябр дар деҳоти «Ғӯлакандоз», «Гулхона» ва шаҳраки «Пролетар»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуд. Комил Салимзода дар ин мулоқотҳо доир ба фаъолияти  ҳафтмоҳаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба бархе аз қонунҳои ҷорӣ, қабули қонунҳои нав ва ҳамзамон рушду шукуфоии Тоҷикистон дар давоми 24 соли истиқлолият ибрози андеша намуд.

Номбурда комёбиҳои Тоҷикистонро дар ин муддат, таъмини сулҳу оромӣ, наҷот бахшидани давлат ва миллати тоҷикро аз парокандагиву парешонӣ беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар замони истиқлолият хонд. Вай афзуд, ки дар чунин шароити ҳассос, ки манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ ва фаъолияти ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ тақвият ёфта, хатаре ба амният ва суботи минтақа эҷод кардаанд, бояд мардум зиракии сиёсиро аз даст надода,  дар мубориза бар зидди унсурҳои манфӣ ва падидаҳои номатлуб устувор ва собитқадам бошанд.

Дар ҷараёни ин мулоқот миёни вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комил Салимзода ва сокинони деҳот  атрофи мавзӯъҳои доғи рӯз суолу ҷавоб сурат гирифт.

 А. Салимзода, «Садои мардум»

 

 

Ҳафтаи дуюм аст, ки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрави Абдуназар дар шаҳри Панҷакент бо интихобкунандагон аз ҳавзаи интихоботии  Панҷакент №21 вохӯриву мулоқотҳо баргузор намуда истодааст.

Тавре мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент Шоҳида Худойбердиева иттилоъ дод, тибқи нақша ин вохӯриҳо дар ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо, корхонаву ташкилот ва хоҷагиву муассисаҳо доир гардиданд.

Аз ҷумла мулоқоти вакил бо сокинон дар деҳоти «Саразм», «Чинор», «Фароб» ва Беморхонаи марказии шаҳр бо кулли кормандони соҳаи тандурустӣ, дар шуъбаи маориф бо омӯзгорон ва собиқадорони соҳа, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо фаъолони шаҳру деҳот хотирмон гузашт.

Дар вохӯриҳо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вакилони маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳаллаҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ин мулоқотҳо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрави Абдуназар оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, таркибу сохтори он, кумитаҳо, татбиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( аз 23 январи соли 2015) бармеоянд, иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихобкунандагон маълумоти муфассал дод.

Мавсуф дастовардҳои дар зарфи 24 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастомадаро мавриди таҳлил қарор дода, вазъи имрӯзаи ҷаҳон, амалҳои ғайри қобили қабули ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро дар мамолики хориҷӣ, шомилшавии баъзе аз ҷавонони гумроҳи тоҷик ба ин гурӯҳҳоро мавриди гуфтугӯ ва танқид қарор дода, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ба қадри оромию ободӣ, сулҳу осоиши имрӯза расида, пеши роҳи чунин тахрибкориҳо ва ҳодисаҳои номатлубро гиранд.

Интихобкунандагон дар навбати худ ҷонибдории хешро аз сиёсати оқилонаи Ҳукумат, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд. Ҳамчунин аз тарафи интихобкунандагон ба вакили Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои кушодашавии сарҳади Тоҷикистону ӯзбекистон, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, зиёд намудани маоши кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, тақсимоти замини наздиҳавлигӣ барои эҳтиёҷмандон, таъминоти аҳолӣ, махсусан маркази шаҳр бо оби нӯшокӣ, сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ ва ғайра дархосту пешниҳодҳо намуданд.

- Ҳамчунин интихобкунандагон миннатдории худро ба Сарвари давлат барои кумаку дастгириашон баҳри ривоҷу равнақ ёфтани корҳои ободонию созандагӣ дар Панҷакенти бостонӣ иброз доштанд. Мардуми шаҳру деҳоти Панҷакент шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар, аз Ҳукумати мамлакат намуда, баҳри боз ҳам ободу зеботар гардонидани шаҳри азизашон — Панҷакенти бостонӣ заҳмату талош хоҳанд варзид,- гуфт дар поёни суҳбат мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Шоҳида  Худойбердиева.

 

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»