Мо омодаи муколама ҳастем

№70 (3055) 10.06.2013

Вазъи экологӣ ва чораҳои андешида оид ба ҳифзи муҳити зист дар минтақаи КВД «Талко»

 Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва маълумотномаи ҳаракати экологии Ӯзбекистон дар хусуси партовҳои наздисарҳадии Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (минбаъд КВД «Талко»), ки гӯё вазъи экологии ноҳияҳои ҷанубии Ӯзбекистонро вайрон месозад, шинос шуда,  чунин зикр менамояд:

Заводи Алюминийи Тоҷикистон (ҳоло КВД «Талко») соли 1975 ба истифода дода шуда буд. Солҳои 1980 — 1990 дар заводи алюминий зиёда аз 7 ҳазор нафар коргарон аз Ӯзбекистон кор мекарданд. Иқтисодиёти ҳар ду кишвар ба системаи ягонаи хоҷагии халқ дохил буд ва масъалаҳои экологӣ характери байнисарҳадӣ дошта, дар асоси манфиати тарафайн, бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ якҷоя омӯхта ва ҳал карда мешуд. Чунин тарзи ҳамкорӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолиятии кишварҳоямон низ давом мекард.

Намунаи чунин ҳамкорӣ ба имзо расидани Созишнома байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳамкорӣ ва беҳтар намудани вазъи экологӣ дар минтақаи таъсири манфии заводи алюминии тоҷик» аз 17 ноябри соли 1994 мебошад.

Барои иҷрои ин Созишнома Барномаи муштараки корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба беҳтар намудани ҳифзи муҳити зист дар минтақаи КВД «Талко» барои солҳои 1996-2000 тарҳрезӣ шуда буд. Дар чаҳорчӯбаи ин Барнома чор конфронсу семинарҳои илмӣ-амалӣ гузаронида шуд, ки 2-тои он дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид.

Дар асоси Созишнома КВД «Талко» дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳошияи иҷрои барномаи иҷтимоӣ  чор амбулаторияи тиббӣ бо таҷҳизоти пурра ва як бунгоҳи тиббӣ, 30 чоҳи обкашӣ ва се мактаб ҳар яке барои 240 нафар хонанда сохта, ба истифода дода буд. Барои сохтмони иншоотҳои номбурда 37,8 млн. рубл (нархномаи соли 1993) сарф шуд. Ғайр аз ин, барои ба охир расонидани бунёди  дигар иншоотҳои иҷтимоии ба нақшагирифта корхона ба ҷониби Ӯзбекистон  маблағи 910,0 млн. рубл гузаронида, 59,6 тонна маҳсулоти алюминий ба маблағи 28,5 млн. рубл дода буд.

Дар асоси шартҳои Созишнома тарафҳо бояд барномаҳои муштараки илмӣ-техникӣ ва экологӣ – назоратӣ, азназаргузарониҳои мавсимӣ ва дигар чорабиниҳоро амалӣ менамуданд.

Дар давраи солҳои 1989 то 1994 гирифтани намуна барои ташхиси якҷоя дар ҳудуди Ӯзбекистон ва таҳқиқи он дар озмоишгоҳҳои МЛНЗПС-и ноҳияи Сари Осиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва КВД «Талко» гузаронида мешуд. Ташхисҳои гузаронидашуда нишон дод, ки дар ин давра, ба ғайр аз соли 1989, ягон ҳолати баланд шудани партови миёнамоҳонаи фториди гидроген дар ҳавои атмосфера, ки аз меъёри муқарраргардидаи ҳадди ҷоизи ғилзати он (ПДК) зиёд бошад, ба қайд гирифта нашудааст. Барои тасдиқи ин маълумотнома аз октябри соли 1991 ва сентябри соли 1993 бо имзоҳои сардори озмоишгоҳи Узгидромет А. Эшов, мудири озмоишгоҳи санитарӣ-гигиении стансияи санитарӣ-эпидемиологии ноҳияи Сари Осиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Шоназаров ва нозири ҳифзи табиат А. Х. Бобочалов мавҷуданд.

Барои таъмини табодули ҳаррӯзаи иттилооти тарафайн ва назорати муштараки вазъи ҳавои атмосфера КВД «Заводи Алюминийи Тоҷик» алоқаи телефонии мустақимро барқарор намуда, аз ҳисоби худ се пости назорати шабонарӯзиро дар ноҳияҳои Сари Осиё ва Дашнабоди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҷҳизонида буд, ки дар ҳолати ҳозира бо сабабҳои ба мо номаълум тамоман ғайримуҷаҳҳаз шудаанд.

Созишномаи байни ҳар ду кишвар ба муҳлати се сол баста шуда, баъдан ба муҳлати панҷ соли дигар тамдид мешуд. Аммо иҷрои бандҳои асосии он ғайриимкон гардид, зеро Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷониба марзи давлатиашро баст ва тарафи Тоҷикистон имконияти бо мутахассисони ӯзбек якҷоя гузаронидани ягон намуди андозагирии ҳолатҳои замин ва муҳити ҳаворо дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон надошт. Муҳлати Созишнома соли 2002 ба охир расида, бо сабабҳои номбурда тамдид нашуд.

Ҷониби Тоҷикистон чандин маротиба кӯшиши барқарор намудани ҳамкории муштаракро кард. Ҳамин тариқ, тибқи Протоколи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодию савдо (шаҳри Душанбе, феврали соли 2009) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи ҳукуматиро оид ба омӯзиши таъсири корхонаҳои саноатӣ ба вазъи экологии минтақаҳои баҳсноки Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис дод. Дар доираи Протоколи мазкур Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳифзи табиат лоиҳаи «Барномаи амал оиди омӯзиши таъсири корхонаҳои саноатӣ ба вазъи экологии минтақаҳои баҳсноки Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешниҳод намуд. Тарафи Тоҷикистон пешниҳоди худро ба он илова намуд, ки моҳи ноябр ва декабри соли 2009 ба мақомоти расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилоъ дода шуд. Мутаассифона, қисмати ояндаи ин ҳуҷҷат номуайян монда, барои баррасии якҷоя татбиқ нагардид.

Сарфи назар аз мушкилоти молӣ, ки аз таъсири буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ бармеояд ва ҳамчунин аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамасола баланд бардоштани пардохти иловагии ҳамлу нақли мол (борҳо) ба ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз он, ки ба болоравии нархи маҳсулоти истеҳсолшуда таъсири калони худро мерасонад, КВД «Талко» мунтазам барномаи азнавсозии истеҳсолот ва ҳалли масъалаҳои экологиро амалӣ менамояд.

Бояд зикр намуд, ки технологияи истеҳсоли алюминий яке аз технологияҳои навтарин ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи истеҳсолоти металлургӣ мебошад. Дар КВД «Талко» аз замони ба кор даромаданаш  дастгоҳҳои навтарини чангу ғубортозакунанда насб гашта, раванди технологияи муосир истифода бурда мешуд. Бо назардошти аз лиҳози маънавӣ ва ҳам техникӣ  фарсуда гардидани таҷҳизот минбаъд чораҳо оид ба ҷорӣ намудани технологияи муосир ҷиҳати таҷдид ва дошта гирифтани омехтаҳои  зарарнок дар партовҳои ба атмосфера дар лӯлаҳои технологии дар баландии 120 м ҷойгирбуда ҳаматарафа омӯхта ва барои камкунии таъсир ба муҳити зист амалӣ карда шуд.

Бо мақсади навсозии техникӣ, ҳам аз нигоҳи таъмини бехатарии истеҳсолот, сарфаи энергия, экология ва ҳам таъмини рақобатпазирии ширкат дар бозори ҷаҳонии алюминий КВД «Талко» танҳо дар давоми панҷ соли охир ба азнавсозии истеҳсолот 464, 1 млн. сомонӣ (тақрибан 100 млн. доллари ИМА) маблағҳои молиявӣ сарф намуд.

Барои мисол, ширкати норвегиягӣ «Флект» дар асоси шартнома бо КВД «Талко» таҷҳизоти замонавии газтозакуниро дар ду блоки корхона насб намуд ва коллекторҳои газбарорӣ ва сарпӯши электролизерҳо азнавсозӣ гардида, соли 2011 насби ду лӯлаи дудбарорӣ ба анҷом расид. Ин номгуйи нопурраи корҳо дар самти азнавсозии корхона мебошад.

Маблағгузории КВД «Талко» ва хароҷот барои гузаронидани чорабиниҳои асосӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамасола афзоиш меёбанд. Дар ҳафт соли охир ширкат барои ин мақсадҳо қариб 190 млн. сомонӣ (тақрибан 40 млн. доллари ИМА) равона кардааст. Аз ин ҳисоб дар соли 2006-ум  17, 5 млн. сомонӣ, соли 2007 -ум 19, 4 млн. сомонӣ, соли 2008 -ум 28, 4 млн. сомонӣ, соли 2009 -ум 29, 1 млн. сомонӣ, соли 2010 -ум 30, 1 млн. сомонӣ, соли 2011 -ум 31, 0 млн. сомонӣ ва дар соли 2012 ин хароҷот то 32, 2 млн. сомонӣ зиёд гардид.

Вобаста ба партовҳои моддаҳои зараровар бошад, дар аввал барои КВД «Талко» тибқи лоиҳа ҳадди ҷоизи партовҳо дар ҳаҷми 34090,30 тонна/сол муқаррар гардида буд, ки ғилзати моддаҳои зараровар аз меъёри муқарраргардида (ПДК) зиёд набуд. Таҳлили тамоюли партовҳои моддаҳои зараровар нишон медиҳад, ки дар муқоиса ба соли 1988 (соли истеҳсоли алюминийи аз ҳама зиёд – 457 ҳазор тонна), ҳаҷми партовҳо 37,5 ҳазор тонна/сол ташкил медод ва нисбат ба давраи ҳозира 1,5 маротиба коҳиш ёфтааст. Зиёда аз 80 фоизи ҳаҷми партовҳои солонаро гази оксиди карбон (СО) ташкил медиҳад.

Дар КВД «Талко» технологияи босамари  ҳавотозакунӣ истифода мешавад. Тозакунии партовҳои моддаҳои зараровар бо ду роҳ амалӣ карда мешавад, ҳангоми хушк будан дар электрофилтрҳо ва ҳангоми намнокӣ дар таҷҳизоти газтозакунӣ (скрубберҳо) бо маҳлули сода ва ишқори махсус,  ки он то 95-98 фоиз тозакуниро аз партовҳои моддаҳои зараровар таъмин менамояд. Ҳамасола бо истифода аз технологияи муосир зиёда аз 1700 тонна партовҳои истеҳсолии корхона коркард мешавад.

Дар корхона ҳам аз лиҳози сохтор ва ҳам функсионалӣ системаи идоракунии ҳифзи муҳити зист ташаккул ёфтааст, ки он дар асоси талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ инкишоф меёбад. Масъалаҳои экологиро зерсохторҳои фаннӣ бо ҷалби ташкилотҳои махсусгардонида, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳо пеш мебаранд, ки мунтазам мониторинги ҳолати муҳити зист, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ вобаста ба омӯзиши ҳолати экосистемаҳо ва саломатии аҳолӣ дар минтақаи КВД «Талко» ва ҳудудҳои ҳамсарҳади он гузаронида мешаванд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 дар сохтори КВД «Талко» пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии металлургия таъсис дода шуд, ки мақсади асосӣ (оинномавӣ) ва вазифаҳои он гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ ва таҳияи технологияҳои илман асосноки инноватсионӣ барои гузариши КВД «Талко» ба ашёи хоми маҳаллӣ, паст кардани таъсири манфии партовҳо ба муҳити зист, такмили равандҳои технологӣ ва конструксияи электролизерҳо барои истеҳсоли алюминий мебошад.

Дар соли 2008  корхона ба стандарти байналмилалии ИСО-9000 гузашт ва аз соли 2010 инҷониб корҳо оид ба сертификатсияи ширкат барои гузаштан ба системаи ҳамгироишудаи менеҷмент оғоз гашта, аллакай ба охир мерасад, ки он стандартҳои байналмилалии ИСО- 14000 ва OHSAS 18000-ро дар бар мегиранд. Ҳамин тариқ, КВД «Талко»  дар  Осиёи Марказӣ аввалин истеҳсолкунандаи алюминийи аввалия ва аввалин корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон мегардад, ки сертификати ИСО-14000-ро соҳиб шавад ва  фаъолияти он ба стандартҳои байналмилалии экологӣ мувофиқ гардад.

Ҳамаи амалҳои зикршуда ҳам барои кам кардани таъсири манфии истеҳсолоти алюминий ба муҳити зист, инчунин ноил шудан ба иқтидорҳои саноатии рушдкунанда дар асоси татбиқи истеҳсолоти муосири автоматикунонида ва механикунонида равона гардидааст. Ҳамаи ин шаҳодати ҷидду ҷаҳди КВД «Талко» дар мусоидати ҳалли масъалаҳои экологӣ дар минтақа ва мутобиқат ба стандартҳои байналмилалии экологӣ мебошад. Аз ҷумла аз рӯйи шартҳои Протоколи Киото, ки Тоҷикистон иштирокчии он аст.

Равшанӣ андохтан ба масъалаи таъсири байнисарҳадии КВД «Талко» ба муҳити зист ва саломатии аҳолии дар марзи Ӯзбекистон иқоматдошта аз мавқеи як тараф бе баҳисобгирии ақидаи тарафи дигар ва ба эътибор нагирифтани натиҷаи корҳои гузаронидаи КВД «Талко» барои кам шудани оқибати фаъолияти он ба муҳити зист тарафҳоро намегузорад, ки ба як  хулосаи ба ҳар ду ҷониб мувофиқ биёянд.

Ба ғайр аз ин, далелҳо ва рақамҳои овардаи ҷониби Ӯзбекистон саволҳои мантиқиро оид ба усули ҳисоб ва дараҷаи саҳеҳнокии онҳо ба вуҷуд меоварад. Тавре ки маълум аст, арзёбии илман асоснокшудаи таъсири экологии корхонаҳои саноатӣ ба муҳити зист, саломатӣ, генофонди аҳолии таҳҷойӣ, низоми экологии минтақа, мушоҳидаҳои бисёрсола бо истифодаи таҷҳизоти махсус ва ҷалби мутахассисони баландихтисосро талаб мекунад. Сабаби бадшавии вазъи саломатӣ дар ин ё он мавзеъ низ метавонанд дигар омилҳо, ба мисли камбизоатии оила ва бадтар шудани таркиби ғизо, истифодаи зиёди маҳсулоти воридотие, ки дар таркибашон маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта зиёданд, мушкилоти дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва ғайра бошанд.

Дар бораи он ки КВД «Талко» ба муҳити зист таъсири манфӣ намерасонад, ҳосили бойи ҳамасола рӯёнидаи боғпарварон ва ангурпарварони шаҳри Турсунзода шаҳодати он мебошад. Дар минтақаи таъсири корхона дар водии Ҳисор ягон зуҳуроти ғайримуқаррарии касалии аҳолӣ ва ҳайвонот ба қайд гирифта нашудааст. Дар шаҳри Турсунзода дар муқоиса бо дигар минтақаҳои Тоҷикистон шумораи аз ҳама зиёди дарозумрон (24 нафар), синнашон зиёда аз 100 -сола ба қайд гирифта шудааст.

Дар навбати худ ҷониби Тоҷикистон низ метавонад далелҳои илман исботшудаи вайроншавии ҳолати экологӣ аз ҷониби Ӯзбекистонро ҳамчун далел пешниҳод намояд. Дар ноҳияҳои Бекобод ва Олмалиқи ҳудуди Ӯзбекистон корхонаҳои бузургтарини металлургӣ, сементбарорӣ ва барқу гармидиҳӣ ҷойгир шудаанд, ки дар тӯли зиёда аз ним аср таври ҷиддӣ бо партовҳо ва пасмондаҳои худ ҳудудҳо, ҳавои атмосфера  ва захираҳои обии ноҳияҳои шимолии Тоҷикистонро ифлос мекунанд. Дар он ҳудудҳое, ки гирифтори ин таъсири манфӣ мебошад, зиёда аз 600 ҳазор нафар аҳолии ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Зафаробод зиндагӣ мекунанд. Олимон зарари моддии расонидашударо садҳо миллион доллари ИМА тахмин мекунанд, аммо асос ин, ки зарари асосӣ ба саломатии одамон мерасад ва дар ин бора, масалан, дар иттилооти «Тоҷикистон: Дар маҳалли ҳамсарҳад бо Ӯзбекистон одамон оби ифлосшуда аз партовҳои химиявиро менӯшанд ва дар ин корхонаи Ӯзбекистонро гунаҳгор меҳисобанд», ки дар сомонаи «Фергана. ру» чоп шудааст, хабар дода мешавад.

Аз рӯйи дарки принсипҳои ахлоқи байналмилалӣ, анъанаҳои чандасраву дӯстию ҳамсоягии ҳамешагии халқиятҳои ҳар ду кишвар тарафи Тоҷикистон ба даъвои муқобил ҷавоб намедиҳад. Алалхусус, шитобкорона истифода намудани чораҳои «адекватӣ» номақбул мебошад, ки он дар бисёр ҳолатҳо натиҷаи баръакс медиҳад.

Ба мақсади арзёбӣ намудани вазъи экологии ҳудудҳои баҳснок, ба вуҷуд овардани муносибати мувофиқашуда барои ҳалли ихтилофҳои мавҷуда байни тарафҳо ба мақсад мувофиқ аст, ки дар сатҳи намояндагони парламентҳои ҳар ду кишвар муколама оғоз гардад ва гурӯҳи ҳамкории байнипарлумонӣ оид ба масъалаҳои экологӣ бо ҷалби коршиносони мустақили байналмилалӣ таъсис дода шавад. Маҳз ба ин амал парламентҳои Белгия, Латвия, Нидерландия, Индонезия ва дигар сиёсатмадорони хориҷӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ҷониби Ӯзбекистон омадааст, даъват намудаанд, на ба айбдоркунии ҷониби Тоҷикистон.  Дар навбати аввал ба мақсад мувофиқ аст, ки салоҳияти ин гурӯҳ муайян карда, нақшаи азназаргузаронии муштараки ҳолати корхонаҳои байнисарҳадии ҳар ду кишвар таҳия шавад. Чунин тарзи кор дар охир ба кишварҳои мо имконияти ба вуҷуд овардани комплекси ягона ва аз ҳама муҳим муносибати бохирадона барои таъмини ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи табиатро медиҳад.

Маҳз чунин муносибат ба ҳукуматҳои ҳар ду давлат имконият медиҳад, ки механизмҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисодӣ ва дигарҳоро барои беҳтар намудани вазъи экологӣ ва санитарию эпидемиологӣ дар минтақаҳои баҳсноки ҳамсарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ ва фаъол гардонанд.

Танҳо бо чунин ташаббускорӣ ва бо чунин чораҳо мумкин аст боварии дуҷониба мустаҳкам гардад, ҳифзи саломатӣ ва ҳимояи манфиатҳои экологӣ, иқтисодӣ ва ё дигар манфиатҳои аҳолии ҳар ду кишвар ва минтақа дар маҷмуъ таъмин карда шавад.

Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон