Мулоқот бо Анри Вебер

№35 (3181) 09.04.2014

рахимов1

7 апрели соли 2014 дар доираи ҳамкориҳои байнипарламентӣ  мулоқоти раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимов бо вакили   Парламенти Аврупо ҷаноби Анри Вебер, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо бобати рушди муносибатҳои байнипарламентӣ, табодули таҷриба ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Аврупо дар самтҳои гуногун ибрози назар намуданд.

Ш. САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон