Дар кохи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар барои вохӯрӣ бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбек Маҳмадалиев мардуми зиёд ҷамъ омада, мехостанд оид ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти бештаре гиранд.
Аксарияти дар толор нишастагон кишоварзон буданд. Аз ин рӯ, аз нишондоди зерини Паём, ки «соли 2012 тавассути истеҳсолоти дохилии мамлакат талаботи воқеии аҳолӣ бо молҳои асосии хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 80 фоиз, тухм 75, ғалладона ва орд 50, биринҷ 80, картошка, сабзавоту полезиҳо ва меваҷот беш аз 100 фоиз таъмин карда шудааст», худро сарбаланд ҳис мекарданд, зеро онҳо дар таъмини ин нишондодҳо ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Оид ба Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон андеша ронда, Амирбек Маҳмадалиев, аз ҷумла зикр намуд, ки маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ то соли 2020-ум аз 12 то ба 16 фоизи Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ расонида мешавад. Ин имконият медиҳад, ки музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар ин давра аз дуюним то ба се баробар зиёд карда шавад.
Суханронии Амирбек Маҳмадалиев дигар паҳлуҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ дар бар гирифт.
Вакили мардумӣ дар ин ҷамъомад оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ибрози андеша намуд. Вохӯриро раиси ноҳияи Бохтар Абдуалим Исмоилов ҷамъбаст намуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба мо иттилоъ доданд, чунин вохӯриҳо бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Қурбонов ва Амир Қарақулов низ дар ин ноҳия баргузор гардиданд.
Д. СУЛТОНОВ, «Садои мардум»