Вакил ва интихобкунанда

Мулоқотҳо дар Роштқалъаю Хоруғ ва Бартангу Язгулом

№50 (3196) 16.05.2014

Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар робита ба Паёми навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом дод.

Аз ҷумла мулоқоти Мирганд Шабозов бо сокинони ноҳияи Роштқалъа ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ баргузор шуд. Мирганд Шабозов дар ҷараёни мулоқот оид ба пешрафти босуботи кишвар, стратегияи рушди барномаҳои милливу минтақавӣ сухан ронда гуфт, ки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар зарфи 7 соли охир ба маротиб афзоиш ёфтааст. Вобаста ба ин гуфта шуд, ки мизони сатҳи камбизоатӣ нисбати 7 соли гузашта 33 фоиз коҳиш ёфта, сатҳу сифати зиндагӣ дар Тоҷикистон рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Мирганд Шабозов хотирнишон кард, ки Ҳукумати кишвар, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар мавриди таъмини шароити кори кормандони соҳаи буҷетӣ талоши зиёд ба харҷ медиҳад.

Таъкид гардид, ки дар Паёми имсола низ соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифта, ин соҳа ҳамчун соҳаи афзалиятнок хонда шуд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Имомёрбек Қаландарбеков иштирок дошт.

***

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фаҳмонидани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор навоҳии ВМКБ сафар карданд.

Яке аз чунин гурӯҳҳо, ки ба он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, Бибидавлат Авзалшоева ва Умаралӣ Ҳисайнов шомил буданд, дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон вохӯриҳо доир карданд.  Мулоқотҳои нахустини онҳо бо сокинони деҳаҳои Мотравн, Будун ва Андарбаки Ҷамоати деҳоти Язгулом баргузор гардида, вакилони мардумӣ оид ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар суҳбат оростанд. Яке аз самтҳои асосии дар Паём зикрёфта беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум маҳсуб меёбад. Шаҳодати он Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ оиди Барномаи рушди водии Язгулом мебошад ва тибқи он дар муддати кӯтоҳ дар ин минтақаи дурдаст сохтмони шаш неругоҳи хурди барқи обӣ дар назар дошта шудааст. Айни замон сохтмони неругоҳи барқи обӣ, ки тавоноиаш аз 600 киловатт зиёд мебошад, бо маблағгузории давлати Кореяи Ҷанубӣ идома дорад.

Дар маркази ноҳияи Ванҷ низ мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Акрамшо Фелалиев, Назрулло Ҷонов ва Умаралӣ Ҳисайнов баргузор гардид. Вакилон диққати ҳозиринро ба он ҷалб намуданд, ки тоҷикистониён ният доранд бо ҳидояти Сарвари давлат кишварашонро аз мамлакати аграрӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил диҳанд. Дар ин ҷода қадамҳои нахустин гузошта шудааст ва он рӯз дур нест, ки ин нияти нек амалӣ гардад. Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки соли равон дар ноҳияи Ванҷ сохтмони корхонаи дӯзандагӣ, корхонаи коркарди ангат, корхонаи коркарди мева ва сохтмони бинои якчанд мактабҳо дар назар дошта шуда, аллакай дар бархе аз онҳо сохтмон оғоз ёфтааст. Таҳкурсии бинои корхонаи дӯзандагӣ барои 50 ҷойи корӣ низ гузошта шуда, моҳи августи соли равон ба истифода дода мешавад.

Дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон низ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хуш пазируфтанд. Дар дурдасттарин ҷамоатҳои деҳот — Бартанг ва Басид мардуми зиёде ба мулоқот омада буданд.

Дар рафти суҳбат маълум гардид, ки сокинони водии Бартанг аз муҳтавои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ бохабаранд. Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки соли 2013 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоии водии Бартанг ба тасвиб расид, ки он аз 66 банд иборат буда, рушди ҳама соҳаҳоро дар бар мегирад. Аз рӯйи ин Барнома сохтмони ду бинои маъмурӣ оғоз ёфта, дар наздиктарин вақт алоқаи мобилӣ бо деҳаҳои дурдасти Ҷамоати деҳоти Басид ба роҳ монда мешавад. Илова бар ин, васеъкунии қитъаҳои алоҳидаи роҳи автомобилгарди Вомар-Сипонҷ-Рошорв-Савноб ва азнавсозии кӯпрукҳо дар назар дошта шудааст.

Чунин вохӯриҳо дар дигар навоҳии ВМКБ низ баргузор гардида, ҳозирин оид ба Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       фикру ақидаҳои хешро иброз доштанд.

 

Ш. ШОҲҚОСИМОВ,

«Садои мардум»