Вакил ва интихобкунанда

Мулоқотҳо судманд буданд

№57 (3042) 14.05.2013

Дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод  мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирова ва Мироҷиддин Ҳакимов бо интихобкунандагон атрофи муҳтавои асосии Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Дар он фаъолону сокинони шаҳраки Файзобод ва деҳоти «Ҷавонон» иштирок доштанд.

Вохӯриро раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимов кушода,таъкид дошт, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат бурду бохти мамлакат ва ҳамаи соҳаҳои зиндагии мардум-иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу сиёсатро мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор дода, самтҳои асосии фаъолиятро барои як соли оянда мушаххас сохтаанд.

Дар ин робита, зимни суханронии хеш муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Махфират Хидирова зикр кард, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлатамон ҳадафҳои стратегӣ ва ҷории сиёсати иқтисодӣ, механизмҳои татбиқи онҳо дар силсилаи асноди барномавӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ муфассал инъикос ёфтаанд, ки онҳо қаноатбахш амалӣ мешаванд. Аз ҷумла Президенти мамлакат дар ин боб чунин таъкид доштанд: «Мақсади асосии мо — тақвияти пайгиронаи рушди босуботи иқтисодии Тоҷикистон ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, бахусус тавассути таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳамзамон бо ин, инкишофи босуръати соҳаҳои бунёдӣ дар заминаи рушди бахши хусусӣ мебошад, ки дар давраи гузариш рушди устувори иқтисодиёти моро таъмин менамояд».

Сипас, Махфират Хидирова аз дастгирии табақаи камбизоат, бахусус ятимони пурра бесаробон ёдовар шуд, ки ин масъала низ дар Паём махсус таъкид шудааст.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мироҷиддин Ҳакимов доир ба фаъолият ва нақши Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти ҳаёти кишвар ҳарф зада, ҳамзамон таъкид дошт, ки муҳтавои асосии Паём, ки сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва хориҷии давлатро дар бар мегирад,  дар навбати аввал ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбудӣ бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ равона шудааст.

Вакилон ҳамзамон атрофи чораҷӯйиҳо ҷиҳати амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегӣ, таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат, маориф ва фарҳанг бо интихобкунандагон суҳбат карданд.

Чунин вохӯриҳои судманд дар  деҳотҳои «Меҳробод», «Файзобод», «Қалъаи дашт» ва «Мискинобод» низ доир гардиданд.

 Низомиддини Шамсиён, ноҳияи Файзобод