Бо мақсади ташвиқу тарғиби нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 апрели соли 2013) вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддин Сироҷов ва Акрамшо Фелалиев дар ноҳияи Ҳисор бо интихобкунандагон вохӯриву мулоқотҳо оростанд.
Дар вохӯриву мулоқотҳое, ки дар ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор, Шарора ва ҷамоатҳои деҳоти Ориён, Ҳисор, Деҳқонобод, Хонақоҳи Куҳӣ, Алмосӣ, Дурбат, Навобод ва Сомон доир гардид, нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Вакилони Маҷлиси намояндагон нуктаҳои Паёмро муфассал шарҳ дода, таъкид доштанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуда, корҳои азими бунёдкориву созандагие, ки оғоз гардида буд, тадриҷан ба иҷро мерасанд. Ҳоло таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи буҷети кишвар самтҳои асосии стратегияи сиёсати давлатиро ташкил медиҳад. Зимни вохӯриҳо дар ҷамоатҳои деҳоти дурдасти ноҳия – Ориён, Алмосӣ ва Хонақоҳи Кӯҳӣ бо фаъолону аҳли зиё, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон, раисони маҳаллаҳо, сарварони мактабҳо ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд ва баҳри татбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳдошти сатҳи зиндагии шаҳрвандон, аз ҷумла мардуми деҳот дархосту пешниҳод ва таклифҳои судманд иброз гардид.
Сокинони ноҳияи Ҳисор бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ изҳор доштанд, ки сиёсати роҳбарияти Давлату Ҳукуматро таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуда, кӯшиш хоҳанд кард, ки дар иҷрои супоришу дастурҳои дар Паём зикргардида ҳиссаи муносиб гузоранд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»