Мулоқоти муфид

№116 (3101) 19.09.2013

DSC_2533

18 сентябри соли 2013 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх(КБСС)-ро ба ҳузур пазируфт.

Суҳбат дар атрофи масоили ҳамкориҳои ба ҳар ду ҷониб судманд ҷараён гирифт. Нахуст Амиршо Миралиев ба меҳмонон мухтасар оид ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди ободонӣ,  созандагии Давлат ва Ҳукумати кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат  маълумот дода, нақши ҷомеаи ҷаҳониро дар барқарорсозии сулҳу субот, кӯмакҳои ташкилотҳои башардӯстона, аз ҷумла Кумитаи байналмилалии Салиби Сурхро, ба мардуми ҷумҳурӣ махсус таъкид кард. Вай ҳамчунин таваҷҷуҳи меҳмононро ба масъалаҳое, ки вобаста ба  онҳо бо КБСС дар оянда ҳамкориҳоро вусъат бахшидан мумкин аст, ҷалб намуд.

Дар ин робита муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Амиршо Миралиев  иброз дошт, ки мо омодаем барои фаъолияти минбаъдаи пурсамар ва манфиатбахши КБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоем.

Сардори Сарраёсати КБСС оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лоран Корба аз пешниҳоди маълумоти муфассал ва пазиройии самимона изҳори миннатдорӣ ва ин мулоқотро судманд арзёбӣ кард. Вай низ дар бораи фаъолияти КБСС дар кишварҳои ҷаҳон ахбори мухтасар пешниҳод карда, роҷеъ ба самтҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад.

Зимни мулоқот як нуктаи ҷолиб махсус таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ ягона давлатест, ки оид ба фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар қонуни махсуси худро дорад.

Дар мулоқот роҳбари Намояндагии минтақавии КБСС барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Жак Вийетта, сардори намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Северин Шаппаз, корманди КБСС Валерий Ярмак ва котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов иштирок доштанд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

Суратгир А. ИСОЕВ