Дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло мулоқот намуд.
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдуллоро ба муносибати ба ин мақом таъин гардиданаш табрик намуда, паёми шодбошӣ ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ӯ расонида, муваффақиятҳо орзу намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси Ҳукумати ваҳдати миллиро барои мардуми афғон дастоварди бузург унвон карда, чунин гуфт:
- Бовар дорам шумо дар ин мақоми олӣ бо садоқату фидокорӣ, дили софу беғубор ба нафъи миллати худ фаъолияти пурсамар намуда, ба рушди муносибатҳои таърихан дӯстонаи мо такони ҷиддие хоҳед бахшид.
Ҳамчунин Шукурҷон Зуҳуров зикр намуд, ки тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти олии кишвари мо таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва Сарвари давлати мо ҳамеша дар баромадҳои худ густариши ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо ҳамсоягони наздики худ, бахусус Афғонистон, пайваста таъкид менамоянд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот инчунин аз иштироки фаъоли ҳар ду кишвар дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Созмони Конфронси Исломӣ ва рушди ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамкориҳои парлумонӣ, иқтисодию тиҷоратиро яке аз меҳварҳои асосии густариши муносибатҳои дуҷониба қаламдод намуданд.
Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло барои ташрифи як ҳайати баландпояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Шукурҷон Зуҳуров изҳори сипос намуда, Тоҷикистонро яке аз кишварҳои азизу самимие номид, ки дарвозаҳояш ҳамеша ба сӯи Афғонистон боз аст.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон,- изҳор дошт ӯ, — ягона кишваре аст, ки ҳамеша дар лаҳзаҳои вазнину душвор дар паҳлуи мардуми Афғонистон буд. Мо инро пос медорем ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем.
Ҳукумати ваҳдати миллӣ омода аст бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандеро ба роҳ монад. Ҷониби Афғонистон ҳамеша алоқаманди густариш ёфтани муносиботи гуногунсоҳаи худ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
- Мо ҳамаи он созишнома ва қарордодҳоеро, ки дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат бо ҷониби Тоҷикистон ба имзо расонидаем, иҷро хоҳем кард, - гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло.
Худи ҳамон рӯз, баъди боздид аз Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳайати намояндагии Тоҷикистон ба Ватан баргашт.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.